Имрӯз, 4 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба муносибати 1045- солагии донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ Ибни Сино Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори симпозиум ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар олимону пажуҳишгарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори симпозиум президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ифтихор аз он дорад, ки дар партави сиёсати илму олимпарваронаи Асосгузори сулҳу вадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пажуҳишгарону донишмандони зиёдро аз кишварҳои гуногуни олам дар Тоҷикистони биҳиштосо, дар сарзамини миллате, ки чунин як нобиғаи нотакрорро ба мисли Абуалӣ ибни Сино ба дунё оварда, ба воя расонидааст ва осори безаволи ӯро дар хизмати кулли инсоният гузоштааст, истиқбол намуда, дар якҷоягӣ Симпозиуми байналмилалиро дар мавзуи “Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илм, фалсафа ва тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор менамояд.
Таъкид гардид, ки Ибни Сино аз зумраи он мутафаккиронест, ки доир ба ҳаёт ва осораш муҳақиқони зиёде дар гузашта ва имрӯз сухан гуфтаанд. Аз ин рӯ, мехостем, ки танҳо бо зикри чанде аз комёбиҳои ин Пири ҳакимони Машриқзамин дар рушди илмҳои давронаш, хусусан дар илмҳои табиию риёзӣ, мақоми баланди ӯро дар илми ҷаҳонӣ муаррифӣ созем.
Мусалам аст, ки аз кулли осори Ибни Сино ёздаҳ асар ба соҳаи табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ бахшида шудаанд. Муҳимтарин асари Ибни Сино “Қонуни тиб”, ки иборат аз 5 ҷилд аст, аз серхонандатарин асарҳои ӯ дар гузашта ва даврони муосир ба ҳисоб рафта ба аксари забонҳои Аврупо тарҷума шудааст. Дар “Қонуни тиб” Ибни Сино назарияи умумии тиб, анатомия, физиология, ҷарроҳӣ, ташхис, тарзи табобат, маводи доруворӣ ва пешгирии бемориҳои гуногунро шарҳу тафсир дода, бемориҳои зуд паҳншаванда ва музмин, яъне хроникиро баррасӣ кардааст.
Гуфта шуд, ки саҳми Ибни Сино дар рушду такомули илми ботаника низ хеле бузург аст. Ба ин соҳаи илм ӯ “Китоби набот”-ро бахшида, дар “Қонуни тиб” низ бахшҳои зиёдеро дар ин самт таълиф кардааст. Дар “Китоби набот” бештар аз 500 номгӯйи растаниҳои шифобахшро меоварад, ки дар тибби қаблӣ ва муосираш мавриди истифода қарор дошта як иддаи онҳоро барои таҳқиқ дар оянда пешгӯи кардааст.
Зикр гардид, ки дар рушду нумуи соҳаи кимиё бошад, Ибни Сино хусусияти моддаҳои ғайриорганикиро, аз қабили оҳан, минералҳо ва пайвастагиҳои кимиёвӣ шарҳу тафсир дода, бо танқиди баъзе назарияҳову таълимот оид ба табдили металҳои беқиммат ба тилло фикру мулоҳизаҳои ҷолибе пешниҳод кардааст. Таснифоти моддаҳои кимиёвӣ, ки Ибни Сино пешниҳод намудааст, аз таснифоти Ҷобир ибни Ҳайён ва Муҳаммад Закариёи Розӣ бо соддагиву нодирӣ фарқ мекунад.
Қайд гардид, ки Ибни Сино дорои ақли фавқулода ва фарогир, дониши густурда дар бисёр бахшҳои илми асримиёнагӣ буд. Бузургтарин дастоварди мутафаккир дар он аст, ки ӯ бар хилофи алкимёгарон ё алхимикҳои замони худ, аввалин шуда усули дурусти гузаронидани реаксияҳои кимиёвӣ ва таҳқиқотро бо истифода аз доруҳои гуногуни кимиёвӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон нишон дод.
Бояд гуфт, ки шайхурраис Ибни Сино дар таърихи адабиёти мо ба унвони бунёдгузори жанри рубоии фалсафӣ низ шинохта шудааст. Воқеан, дар чаҳорчўби рубоӣ баён намудани андешаҳои амиқи фалсафӣ зеҳни хос ва истеъдоди фавқулодаро тақозо дорад. Тавони андешаи нозуку фарогир, маҳорати хеле волои суханварӣ ва садоқат ба фарҳанги миллию забони модарӣ ба Ибни Сино имкон додаанд, ки нахустин шуда, андешаҳои фарогири фалсафию равоншиносӣ ва мантиқиро ба таври хеле муҷаз тавассути рубоӣ баён намояд.
Дар идома ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ дар суханронии хеш иброз дошт, ки Абуалӣ ибни Сино, ки дар кишварҳои ғарбӣ бо номи Авитсенна машҳур аст, на танҳо ҳамчун файласуфи ақлгаро, балки ба ҳайси табиби ҳозиқ, мутафаккири донандаи тамоми илмҳои иҷтимоию табиатшиносии давронаш, олими энсиклопедист ва ҳамчун нобиғаи кулли инсонияти мутамаддин ба ҳар яке аз илмҳои ба он машғулгардидааш навгониҳои зиёд ворид сохта, равиши рушду такомули ин илмҳоро барои чандин садсолаҳои минбаъда муайян намудааст.
Таъкид гардид, ки маҳз ҳамин хизматҳои беназири ӯро барои инсоният ба эътибор гирифта, дар назди бинои ЮНЕСКО дар қатори Абурайҳони Берунӣ, Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Умари Хайём ҳайкали Ибни Синоро гузоштаанд. Илова бар ин, ЮНЕСКО ибтидо аз соли 2003 дар ду сол як маротиба ба олимон мукофоти ба номи Ибни Синоро дар соҳаи этикаи илм месупорад. Созмонҳои ҷаҳонии асторономӣ дар рӯйи Моҳ кратереро бо номи Ибни Сино гузоштаанд. Солҳои 2008-2015 каталоги Ибни Сино вуҷуд дошт, ки дар он бо дастгирии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ номгӯйи донишгоҳу мактабҳои олиии тиббии кулли кишварҳои оламро ворид месохтанд ва ҳоло он бо номи “Феҳристи ҷаҳонии мактабҳои тиббӣ” низ ёд мешавад. Ин каталог, чунонки таъсисдиҳандагони он иброз доштаанд, бо сабаби “синтези донишҳои Шарқ ва Ғарб, таъсири бузург ба рушди тиб ва тандурустӣ” аз ҷониби Ибни Сино ба чунин ном сазовор дониста шудааст.
Гуфта шуд, ки Ибни Сино соли 980 дар хонадони Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино, ки аз тоҷикони Балх буда, дар даврони Оли Сомон, дар замони ҳукмронии Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ дар чоряки охири қарни даҳум ба Осиёи Миёна, ба пойтахти давлати Сомониён ҳиҷрат намуда буд, чашм ба олами ҳастӣ кушодаааст. Модараш низ аз тоҷикзанони гирду атрофи Бухоро, аз деҳаи Афшана буд. Ибни Сино аз хурдсолӣ ба омӯзиши илмҳои динӣ, сарфу наҳви забонҳои тоҷикию арабӣ, сабкшиносӣ ва шеър шуруъ карда, онҳоро то даҳсолагӣ ба пуррагӣ аз бар намуд. Баъд аз ин риёзиёт, мантиқ ва фиқҳро омӯхта, ба тадриси илмҳои фалсафӣ ва табиӣ, махсусан тиб оғоз кард.
Дар идома сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ва дигар олимону пажуҳишгарон суханронӣ намуда, саҳми Ибни Синоро дар ташаккули тамаддуни ҷаҳон, рушду тақвияти илми тиб, фалсафа ва мантиқ беназиру нодир арзёбӣ карданд.
Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ байни Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.