Озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар амал тадбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки муассиси озмуни мазкур Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар баргузории озмун масъулин бевосита саҳми бориз доранд.
Имрӯз (17.09.2024) даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давом ефта истодааст. Дар робита ба ин Директори Институти математикаи ба номи А.Чураеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рафти даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат", аз номинатсияи Математика ва Технологияи иттилооти байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти типи нав шаҳри Душанбе баргузор гардид дидан намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" соли сеюм аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар амал тадбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки муассиси озмуни мазкур Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар баргузории озмун масъулин бевосита саҳми бориз доранд.
Имрӯз (17.09.2024) даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар 7 номинатсия байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти типи нав баргузор гардида истодааст .
16 сентябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география ва технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" Зайнура Азимӣ - муовини Раиси вилояти Суғд, Мадина Набизода - сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳайати комиссияи озмун, ҳакамон ва масъулони озмун ширкат доштанд.
Нахуст, Зайнура Азимӣ - муовини Раиси вилояти Суғд зимни баромади худ қайд намуд, ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ҳамасолаи ин озмун иқдоми наҷибест, ки суннати неки ниёгон — омӯзиши илмро эҳё намуда, дар тарбияи ҷавонони хештаншиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир нақши муассир мегузорад.
Дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар самти илмҳои дақиқу риёзӣ ва табиӣ дар чунин сатҳ таҷрибаи нахустин буда, баргузорӣ ва сатҳу сифати он давра ба давра ташаккул меёбад.
Аз соли 2021 инҷониб озмуни мазкур баргузор гардида, натиҷаҳо баёнгари онанд, ки он ба ҳадафи асосии худ – ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир расида истодааст. Тайи солҳои охир озмун завқи муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгарону муҳаққиқон ва ихтироъкоронро ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бедор намуда, барои ихтироъкориву навоварӣ заминаи мусоид фароҳам сохт. Далели ин гуфтаҳо иштироки фаъолона ва густардаи хонандагону донишҷӯён ва муҳаққиқон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ аст.
Соли ҷорӣ 1266 нафар ба даври сеюм роҳ дода шуданд, ки 1054 хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 181 донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 31 омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.
Барои баҳогузории холисона ва муайян кардани ғолибони даври вилоятӣ ҳайати ҳакамони босалоҳият аз ҳисоби адибон, докторону профессорони донишгоҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ, масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доварӣ ва беҳтаринҳоро интихоб ва ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод хоҳанд кард.
Дар идома, аз ҷониби муовини Раиси вилоят ҳайати комиссияи озмун ба иштирокдорон муаррифӣ гардида, ба ҳамаи довталабон дар раванди озмун муваффақиятҳо таманно гардид.
Имрӯз, 16-уми сентябри соли равон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" дар Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз гардид.
Дар ифтитоҳи озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, ректори донишгоҳи мазкур ва дигар меҳмонону шахсони расмӣ, инчунин довталабон иштирок намуданд. Муовини раиси вилоят ва дигар иштирокдорон вобаста ба ҳадафи ташкили озмун, ҷоизаҳо, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф ва дастгириҳои раиси вилояти Хатлон ёдовар шуданд.
Ба иттилои масъулини Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон аз санаи 16-ум то 21-уми сентябри соли 2024 даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар Донишгоҳи давлатии Данғара гузаронида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки аз рӯйи номинатсияи математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ ва ихтироъкориву навоварӣ аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят довталабон ширкат варзида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегиранд. Имрӯз бошад аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиёда аз 300 нафар довталаб ширкат намуда, донишу маҳорати худро санҷиданд.
Аъзои ҳакамони озмун вобаста ба номинатсияҳо аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таъйин гардида, рафти баргузории озмунро зери назорати ҷиддӣ қарор дода истодаанд. Довталабонро аз рӯйи талабот баҳогузорӣ мекунанд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода дар ҷаласа таъкид намуд,ки ба шаффофияти озмун ва роҳхат гирифтани довталабони арзанда диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Комиссияи назоратӣ ҳамарӯза фаъолияти худро пурзӯр намуда, ба таъмини шаффофият дар баҳогузорӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Ҳадафи аслӣ пешниҳод шудани довталабони арзанда ва ғолибият дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон
Озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар амал тадбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки муассиси озмуни мазкур Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар баргузории озмун масъулин бевосита саҳми бориз доранд.
Имрӯз (16.09.2024) даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" дар тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид. Дар робита ба ин масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рафти баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат", ки дар Муассисаи давлатии гимназия - парваришгоҳи ба номи Б. Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид назорат намуданд.
21 августи соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, дар китобхонаи марказии шаҳр бо рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, шинос гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар назди китобхона, бо ҳакамону масъулон ва иштирокчиёни он суҳбат ороста, ҳакамони озмунро ба шаффофу одилона баҳогузорӣ кардан ба донишу малакаи довталабони озмун ҳидоят намуд.
Таъкид дошт, ки Ҳукумати кишвар хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бисёр имтиёзҳоро фароҳам оварда, довталабони соҳибистеъдод ва забондонро барои роҳ ёфтан ба муассисаҳои олии кишвар ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.
Тули чанд соли охир аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон миёни тамоми қишрҳои ҷомеа озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои дарёфти чеҳраҳои наву муваффақ роҳандозӣ карда мешавад.
Дар баргузории ин озмунҳо садҳо нафар шахсиятҳо донишу маҳорату истеъдодашон муайян шуда, аз ҷониби давлату ҳукумат қадршиносӣ низ мешаванд, албатта ин илмпарварию маорифпарварии Роҳбари давлатро нишон дода, таваҷҷуҳи мардумро ба китобхонию донишандузӣ ҷалб мекунад.
Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар тамоми шаҳру ноҳияҳо омодагиҳо бо маром идома доранд.
Бо мақсади назорати омодагиҳо ва рафти озмуни зикршуда имрӯз намояндаи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар минтақаи Рашт иштирок намуда, рафти омодагиҳо ба озмунро назорат намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 24 майи соли равон дар толори калони маҷлисии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Масъалаҳои фарҳанги муосири бадеии тоҷик» бахшида ба бузургдошти файласуф ва санъатшиноси тоҷик Саъдулло Раҳимов баргузор гардид.
Дар оғоз директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АМИТ, Маҳмадизода Нозим Давлатмурод миззи мудавваро ифтитоҳ карда, қайд кард, ки воқеан, фарҳанг сатҳи муайяни таърихии рушди ҷомеа, неруи эҷодӣ ва қобилияти инсон, ки дар шаклу намудҳои гуногуни ташкили ҳаёт, таҳияи арзишҳои моддию маънавӣ зоҳир мегардад, фаҳмида мешавад. Ченаки муайянкунанда, асоси ҳаётии инсон ва чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ баҳо додаанд: “Фарҳанг ҳастии миллат аст”.
Қайд гардид, ки вобаста ба вусъатёбии раванди бархӯрди тамаддунҳо донишмандони ҷомеашиноси тоҷикро масъулияту вазифа пеш меояд, ки беш аз пеш ҳимоят аз арзишҳои фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷикон ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани онҳо талош варзанд.
Дар идомаи ин андешаҳо доктори илмҳои фалсафа, профессор Б. Самиев ба масоили фарҳанги ҷомеаи муосири кишвар таваҷҷуҳ дода, зикр дошт, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанги тоҷик чӣ дар даврони шӯравӣ ва чӣ дар давраи истиқлол саҳми фарҳангшиноси варзида, олими пурмаҳсул Саъдулло Раҳимов беназир аст, зеро шодравон на танҳо дар таҳқиқ ва баррасии фарҳанги зебоишиносии тоисломии миллати тоҷик, балки дар рушд ва рафъи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи фарҳанги зебоишиносии миллӣ хидматҳои бориз кардааст.
Доктори илмҳои фалсафа аз Институти фармасевтии ш.Тошкент Х. Абдураҳманов дар мавзуи “Манбаъҳои иҷтимоӣ-ахлоқии ташаккули фарҳанги ҷавонон” сухан гуфта, қайд кард, ки минбаъд корҳои пажуҳишӣ дар соҳаи фарҳанг байни олимони ин ду кишвар вусъат дода шуда, боварии комил дорам таҳқиқҳои арзандае дар ин ҳамкориҳо рӯи кор меояд. Мавсуф доир ба татбиқи сиёсати ҷавонон дар Ӯзбекистон ибрози андеша карда, тазаккур дод, ки олимони ҷавони ду кишвар, ки ояндаи пешрафти илмҳои ҷомеашиносӣ ва фарҳанг аз онҳо алоқамандӣ дорад, бояд чунин ҳамоишҳои илмӣ миёни олимони ҷавони ду кишвар беш аз пеш ба роҳ монда шавад.
Дар ин миззи мудаввар олимони соҳа зиёд иштирок доштанд ва онҳо роҷеъ ба пешрафту мушкилотҳои ҷойдоштаи фарҳанг мубодилаи афкор карда, хулоса карданд, ки пешрафти соҳаи фарҳанг аз пажуҳишҳои фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавонони болаёқат вобастагии ногусастанӣ дорад.
Баргузории даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фукрӯғи маърифат” тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01 январи соли 2024 № АП – 481, дар тамоми вилояту шаҳру ноҳияҳо бо маром идома дорад.
Шахсиятҳои масъулгаштаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ниҳодҳои дар тобеияти академиябуда, ки барои ташкил ва бо шафофият баргузории Озмун ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва назорати рафти баргузории Озмуни мазкур сафарбар карда шуда буданд, дар ҷойҳои муайяншуда иштироки фаъолона нишон дода, шафофияти рафти баргузории озмунро назорат карда истодаанд.
Имрӯз 24.05.2024 бо мақсади иҷрои ин масъулияти бар душ дошта Раҳимзода Алишер Орзу - директори Институти математикаи ба номи А. Ҷураеви АМИТ ва Ҳамроев Умедҷон – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти астрофизикаи АМИТ ба ноҳияи Лахш ташриф оварда, шафофият ва баргузории рафти озмуни зикршударо аз рӯи 7 наминатсия назорат доранд. Гуфтан ба маврид аст, ки масъулини АМИТ – ро муовини соҳавии раиси ноҳияи Лахш - Абдулазиззода Насиба, мудири маорифи ноҳия - Аброров Турабег, мудири рушди истеъдодҳои ноҳия – Қамаров Қурбоналӣ бо як масъулияти баланд ҳамроҳӣ намуданд.
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар соли 2024 ва амри президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт кормандони Раёсати АМИТ ва ниҳодҳои дар тобеияти АМИТ буда барои назорати рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф шуда буданд, ки айни ҳол дар минтақаҳои муайяншуда иштирок доранд.
Имрӯз 22.05.2024 Раҳимов Алишер - директори Институти математикаи ба номи А. Ҷураеви АМИТ ва Ҳамроев Умедҷон – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти астрофизикаи АМИТ бо мақсади иҷрои амрҳои болозикр ба ноҳияи Сангвор ташриф оварда, рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” даври дуюми озмун, яъне даври ноҳиявии озмунро назорат карданд.
Зимни назорати баргузории рафти озмун масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - ро муовини раиси ноҳияи Сангвор Бафозода С. ва мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ Раҳмонов Ш., мудири Шуъбаи маориф Солеҳзода Р. ҳамроҳӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки барои дар сатҳи хуб баргузории озмун тамоми идораву корхонаҳои масъулгаштаи шаҳру ноҳияҳо шароити мусоид муҳаё намуданд, то ки иштирокдорони озмун дар фазои осоишта ва шафофият иштирок намуда, мутобиқ ба донишу маҳорати доштаашон сабқат намоянд.
Тули чанд соли охир аст, ки дар ҷумҳурӣ бо дастуру супоришҳои Асосгузори Суслҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дарёфти чеҳраҳои муваффақи илмӣ миёни тамоми қишрҳои ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявии “Илми фурӯғи маърифат” баргузор мегардад. Имсол низ дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 01 январи соли 2024 № АП – 481 ташкил ва баргузории озмун ҳукми қонунӣ гирифтааст.
Мутобиқи банди сеюми амри зикршуда Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва якчанд вазорату кумитаву идораҳо барои дар сатҳи баланд баргузор кардани озмун муваззаф гардидаанд. Оид ба иҷро намудани ин уҳдадорӣ Амри президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз 06 майи соли 2024 дар бораи сафарбаркунии кормандони АМИТ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати назорат ба баргузории даври дуюми озмуни маскур ба тавсиб расида буд.
Раҳимзода Алишер – директори Институти математикаи ба номи А. Ҷураеви АМИТ ва Ҳамроев Умедҷон – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти астрофизикаи АМИТ барои назорати рафти озмун дар минтақаи Рашт вобаста шудаанд, ки имрӯз 20.05.2024 дар баргузории даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Тоҷикобод иштирок намуда, рафти баргузории озмунро аз рӯи 7 наминатсия назорат доранд. Аксҳо аз рафти назорати баргузории озмун.