Skip to main content

02 май дар Институти зоология ва паразитологияи АМИТ бо иштироки ноиби президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ Саидов А.С. ва муовини раиси КИ "Хирадмандон"-и ХХДТ дар АМИТ маросими ҷоизасупории ба ғолибони даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фуруғи маърифат" баргузор гардид.

Тибқи нақша чорабиниҳо дар муассисаи ғайридавлатии коллеҷи "Даво" -и шаҳри Бохтар бо иштироки аъзоёни ҳайати комиссияи озмун ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ  даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" баргузор гардид.

Намояндагон дар бораи ҳадафи баргузории озмун изҳори назар карда, аз таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба таълиму тарбияи насли наврас, дастгириҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар нисбати соҳаи маориф ёдовар гардид.

Зимни суханронӣ дар хусуси тартиби гузариши даври муассисавии озмун, ҷамъбасти даври шаҳрӣ - вилояти ва роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ, ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати хонандагон ва имкониятҳои фароҳамгардида ибрози назар намуд. Инчунин, аз дастгириву ҳавасмандгардонии ғолибони даври ҷумҳуриявӣ хотиррасон карданд.

Гуфта шуд, ки озмун барои санҷиши донишу маҳорат ва фаҳмиши хонандагон имконияти хуб  мебошад.

Ба ҳамаи иштирокчиёни даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" муваффақият таманно карданд. Изҳор гардид,ки озмун ба таври шаффоф ва риоя шудани тамоми талаботҳо баргузор хоҳад гашт.

Баъдан, бо даъвати намояндагони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар воридшавии хонандагон аз рӯйи тартиби пешакӣ ба синфхонаҳои фаннӣ оғоз гардид.

Хадамоти матбуотии шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар

РАФТИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ А.ҶӮРАЕВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ НАМИНАТСИЯИ МАТЕМАТИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ

             Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми январи соли 2024 №АП – 481 оид ба баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” барои назорати баргузории давраи якуми озмуни мазкур директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон #Бӯризода Анвар Маҳмад, тибқи Низомномаи озмун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе (макони баргузории давраҳои якум ва дуюм)  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.
 

Дар гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагон аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати маорифи вилоят, муовинони соҳавии раисони шаҳру навоҳии вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, котибони комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ва директорони марказҳои таҳсилоти иловагӣ семинари машваратӣ  баргузор гардид.

Нахуст Пирзода Ҷалил Сафар - академики Академияи илмҳои Тоҷикистон  семинарро  ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”  бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан  ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм ба истеҳсолот, ҷалби  бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа  ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин  дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав  роҳандозӣ гардидааст.

Дар идома  ҳамчунин котиби техникии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”  Саидалӣ Саломов ва Маҷидов Одинабой - аъзои ситоди корӣ дар мавриди тағиротҳои воридшуда ба низомномаи озмун баёни назар намуда, тавассути слайд - намоиш мавзуи матраҳшударо шарҳу тавзеҳ доданд.

Одинабой Маҷидов бори дигар атрофи муаммо ва мушкилоти ҷойдошта дар раванди баргузории озмуни мазкур баёни назар намуда, аз масъулон даъват кард то баҳри шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани он талош варзанд. Мавсуф ҳамчунин аз масъулони шаҳру навоҳӣ дар мавриди қадрдонии ғолибони даври минтақавии озмун ва  барои баланд намудани маблағи ғолибон ёдовар шуда  гуфт, ки масъулон бояд дар ин самт тадбирҳои судманд биандешанд.

Дар поёни ин семинар иштирокдорон атрофи тағйиротҳои воридгардида ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ва дигар паҳлуҳои он бо намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суолу ҷавоб намуданд.

Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд

05 апрели соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" семинар-машварат баргузор гардид.

Семинар машваратро ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав Қурбонзода Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуданд. Дар кори семинар-машварат намояндагони Ҳукумати вилояти Хатлон, Раёсати маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, беш аз 80 нафар иштирок намуданд. Аъзоёни ситоди кории озмуни ҷумҳуриявии "Илм- фуруғи маърифат";  котиби техникӣ Саломов С. ва аъзои гурӯҳ Маҷидов О.Ш. ҳозиринро бо 
Низомномаи Озмун, тағироту иловаҳои воридшуда шинос намуда ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас ҷавоб гуфтанд.

04 апрели соли ҷорӣ вобаста ба озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар толори Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинар – машварат баргузор гардид.
Дар семинар – машварат Раҷабзода Сироҷиддин Икром директори иниститути илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мудири шӯъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Вилояти Хатлон, Ҳотамзода Фаррух намояндаи Раёсати маорифи Вилояти Хатлон., Саломов Сайдалӣ котиби озмуни Ҷумхурявии, “Илм- фурӯғи маърифат" дар назди раёсати АМИТ., Қурбонзода Файзиддин Проректори донишгохи давлатии Кулоб ба номи А Рӯдакӣ., Рафиев Сафархон., Маҷидов О. аъзои ситоди кории озмуни илм фурӯғи маърифат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Семинар машварати мазкур доир ба баргузор намудани озмуни мазкур буда, қарор аст миёни тамом масъулони озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ баргузор карда шавад.

Дар робита ба баргузории озмуни мазкур имрӯз (13.04.2024) аз ҷониби аъзои ситоди озмуни мазкур Зарифзода Афзалшо-директори Институти Физикаю техникаи АМИТ (мутасадии шаҳру ноҳияҳо), Раҳимзода Алишер Орзу- директори Институти Математикаи АМИТ назорат аз рафти баргузории озмуни "Илм фурӯғи маърифат" ва машварату ёрии методӣ байни масъулин гузаронида шуд.
 

Subscribe to Озмунҳо