Skip to main content

Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба таваҷҷуҳ мерасонад, ки санаи 15-уми ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуъи «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори дипломатияи об» натиҷагирӣ мегардад.

Дар озмун муаллифони китоб, монография, мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, барномаҳои телевезионӣ ва радиоӣ, ки масъалаҳои об, иқлим ва пиряхҳоро инъикос менамоянд иштирок карда метавонанд.

Шартҳои озмун:

- дар маводи пешниҳодгардида бояд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инъикос гардида бошад;

- натиҷаи татбиқи ташаббусҳо нишон дода шуда бошад.

- ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва пиряхҳо инъикос ёфта бошанд;

- маводҳои чопӣ бояд дар рӯзнома ва ё маҷалаҳо нашр шуда бошанд;

- маводҳои видеоӣ ё барномаҳои телевезионӣ бояд тариқи шабакаҳои давлатӣ пахш гардида бошанд;

- маводу мақолаҳое, ки ба дигар озмунҳо пешниҳод шудаанд баррасӣ карда намешаванд;

Барои иштирок дар озмун муалиф бояд бо ариза унвонии комиссияи тадорукотии озмун муроҷиат намуда, шакли пурраи маводҳоро замима менамояд.

Номинатсияҳои озмун:

- беҳтарин таҳқиқоти илмӣ;

- беҳтарин мақолаи илмӣ-омавӣ;

- беҳтарин барномаи телевезионӣ/радиоӣ.

Тамоми маводҳои пешниҳодшуда дар саҳифҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши пиряхҳо нашр карда мешаванд.

Ғолибони озмун бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофоти Кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида мешаванд.

Ҷоизаи озмун:

- барои ҷои якум - 1 500 сомонӣ;

- барои ҷои дуюм - 1 000 сомонӣ;

- барои ҷои сеюм - 500 сомонӣ;

Суроға барои ирсоли маводҳо cryosphere2018@gmail.com

Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ба таваҷҷуҳ шумо мерасонад, ки санаи 31 октябри соли 2024 озмуни ҷумҳуриявии «Пиряхҳо – сарчашмаи оби тоза» бахшида ба соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 30-солагии Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи наминатсияҳои “Беҳтарин мақолаи илмӣ”, “Беҳтарин мақолаи илмӣ-оммавӣ”, “Беҳтарин таблиғгари ҳифзи пиряхҳо” ва “Беҳтарин таҳқиқгари пиряхҳо” дар соли 2024 байни мутахассисон натиҷагирӣ мегардад.

Ғолибони озмун бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофоти Кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардонида мешаванд.

Кумитаи тадорукотии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”

Ба таваҷҷуҳи магистрон ва докторантони PhD - и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мерасонем, ки Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ мизи мудаввар дар мавзуи "Ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "- ро бахшида ба соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ санаи 17 - уми сентябри соли 2024 соати 10:00 нақша гирифтааст. Хоҳишмандонро барои иштирок дар чорабинии мазкур даъват менамоем.

01-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2024 СОАТИ 09:00 ДАР ТОЛОРИ КАЛОНИ РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024 НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД.

КОТИБИ МАТБУОТИИ АКАДЕМИЯ - МУҲАММАД АМИНЗОД

МАҚОЛАИ БЕҲТАРИН:“Саҳми Ибни Сино дар ташаккули тибби қадим ва муосир: осори илмӣ, таҷриба ва назария”

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ифтихори солгарди бузургдошти алломаи Шарқ Абуалӣ Ибни Сино озмуни мақолаи беҳтарин таҳти унвони “Саҳми Ибни Сино дар ташаккули тибби қадим ва муосир: осори илмӣ, таҷриба ва назария”- ро эълон менамояд.

Озмуни мазкур дар қаламрави Федератсияи Россия ва берун аз он баргузор карда шуда, дар он намояндагони касбу кори гуногун, алоқамандони осори Ибни Сино, табибон, ҳамшираҳои шавқат, ординаторон, донишҷӯёни равияи тиббӣ ва олимону муҳаққиқони соҳаи тиб иштирок карда метавонанд.

Бо мақсади муайяннамудани беҳтарин мақолаҳои илмӣ-публисистӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолият, осори эҷодӣ, амалияи фаъолияти тиббӣ, назарияи фалсафӣ ва илмии Ибни Сино дар иртибот ба саҳми арзишманди Абуалӣ Ибни Сино дар соҳаи тибби ҷаҳонӣ Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, қабули мақолаҳо то 13 августи соли 2024, соати 18:00 ба вақти Москва тавассути суроғаи электронии tojikon.pressa@list.ru қабул карда мешаванд.

Мақолаҳои пешниҳодгардида бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли электронӣ бо ҳуруфи Times New Roman Tj, андозаи ҳуруфи 14, дар ҳаҷми на кам аз 4 саҳифаи компютерӣ то 13 августи 2024 қабул карда мешаванд.

Ғолибони озмуни мазкур муайян карда шуда, аз ҷониби Шӯрои ҷамъиятӣ бо диплом, туҳфаҳои пуливу хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ҷойи 1 барои ғолибон 30 ҳазор рубл дорад

Ҷойи дуюм 20 ҳазор ва ҷойи сеюм 15 ҳазор рубл барои мақолаҳои илмӣ

Ба ҳамин зайл барои мақолаҳои публисистӣ

Барои тамос:

+7 929 554-83-28 Салимзода Каримҷон

Ба таваҷҷуҳи дӯстдорону ҳаводорони илму адаб мерасонем, ки санаи 12 июли соли 2024 соати 9:00 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи дастури президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ маҳфили илмю адабӣ ва фарҳангии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи адабиёти муосири ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ Аскар Ҳаким баргузор мегардад. Ҳамаи он нафроне, ки ба илму адаб шавқу ҳаваси зиёд доранд даъват менамоем!

Дар маҳфил ҳунармандони маъруфи кишвар:
Афзалшоҳи Шодӣ Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон,
Гулбаҳор Шокирова Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, Хуршед Иброҳимов Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, Ширинмоҳ Ниҳолова ҳунарпешаи маҳбуб иштирок хоҳанд кард.

  Ба таваҷҷуҳи Шурои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директорони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳамаи воҳидҳои сохтории он расонида мешавад, ки чорабинии ҷамъбастии курси омӯзишии “Зан–Сарвар”, рӯзи 11 июни соли 2024, соати 11:00 дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бо ибтикори президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии Илм - фурӯғи маърифат таҳияву тасдиқ гардида, аз чоп баромад.

Қобили зикр аст, ки дар барнома тарзи таҳияи саволномаҳо барои ҳар давр, номгуи мавзӯҳо ва он китобҳое, ки танҳо дар доираи онҳо саволҳо тартиб дода мешаванд, оварда шудаанд. Минбаъд дар ҳамаи даврҳо ҳар як савол мутобиқи номгӯи мавзуъҳо ва китобҳои дар барнома овардашуда тартиб дода мешавад. Ин амал барои таъмини шаффофият барои тамоми иштирокчиёни Озмун аз сартосари ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Дар меҳвари Озмун на аъзои ҳакамон, балки барномаи озмун меистад.

Ёдовар мешавем, ки шакли PDF - и китобро метавонед аз телеграмканали Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастрас намоед.

https://t.me/akademia55/1412

Subscribe to Эълон!