Дар раванди пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддуну фарҳангҳо ҳар халқу миллат баҳри мондагории худ, талош барои нишон додани таърихи ниёконаш менамояд. Баъзан ҳолатҳое ба назар мерасад, ки на танҳо ашхоси оддӣ, балки доираҳои муайяни илмӣ, яъне бархе аз олимон ҳам кӯшиши аз ривояту афсона сохтани таърих менамоянд. Ва бе асоси таърихӣ мехоҳанд моли дигареро аз худ намоянд. Имрӯз ба қишри зиёии ҷомеа маълум аст, ки таърихсозиҳо хеле зиёд аст. Баъзан халқҳои кучманчӣ, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ қариб, ки ҳеҷ саҳме надоранд, мехоҳанд тавассути аз худ кардани боигарии моддӣ ва маънавии миллати соҳибтамаддуне нақши хешро нишон диҳанд. Вале таърих илм асту илм бар пояи манбаъ ва далел вуҷуд дорад. Агар ба воқеияти таърихӣ назар афканем миллати тоҷик дар ҳудуди Хуросону Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ) таърихи куҳану ғановатманде дорад, ки тамоми манбаъҳои муътамад аз ин шаҳодат медиҳанд. Ниёкони тоҷикон – ориёиҳо дар паҳнои Орёно (Эрон, Осиёи Марказӣ ва Афғонистон) ба тамаддуни бузурги шаҳрнишинӣ асос гузоштаанд, ки аз ҷумлаи аввалин тамаддунҳо дар таърихи башар эътироф шудааст.
Тамаддуни ориёӣ минбаъд густариш ёфта, дар ғарб то Аврупо ва дар шарқ то Ҳиндустон паҳн шуд. Ҳамагон шоҳидем, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 – «Соли тамаддуни ориёӣ» эълон гардид, ки ҳадаф аз ин огаҳ намудану бедор кардани ҳисси миллии насли наврас ва ҷавони кишвар буд. Дар ростои исбот ва эътирофи тамаддуни ориёӣ – ҳамчун тамаддуни ниёкони тоҷикон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон иқдому ташаббусҳои зиёд дар амал татбиқ гардид. Вале мутаассифона имрӯз ҳам ашхосе дар ҷомеа аст, ки баъзан ба сафсата ва ҳарзагӯиҳои баъзе олимони сохтаи хориҷӣ бовару эътимод дорад. Имрӯз насли миллат бояд донад, ки ватани таърихии ниёкони ӯ кадом ҳудудҳо буд ва чи унвоне дошт. Албатта, ин донистанҳо на ба хотири аз нав ба даст овардани сарзамини ниёкон аст, балки дарси ибрат гирифтану шинохти воқеии миллат мебошад.
Яке аз масъалаҳое, ки муддати солҳои охир боиси сару садоҳои зиёд ҳам гардидааст, мафҳуми «Турон» ва маънову ҳудуди ҷуғрофии он аст. Дар солҳои охир баъзан сару садоҳои халқҳои ҳамҷавор, махсусан баъзе доираҳои илмӣ ин мафҳумро ба халқи турк мехоҳанд шабеҳ додан мехоҳанд.
Имрӯз дар асоси манбаъҳои таърихӣ насли наврасу ҷавони мо бояд донад, ки аслан мафҳуми Турон дар ду маънӣ ба вуҷуд омадааст: якум, Тӯр – номи фарзанди Пешдодӣ; дуюм, он пасванди нисбат ва макон. Ҳамчунин, мафҳуми тура дар китоби Авесто ба маънои тавоно, пурзӯр ва қудратманд омадааст. Дар манбаъҳои таърихӣ – «Динкард», «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, «Сурат-ул-арз»-и Мӯсои Хоразмӣ, «Таърихи паёмбарон ва шоҳон»-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-Тафҳим»-и Берунӣ, «Мӯъҷам-ул-булдон»-и Ёқути Ҳамавӣ «Осор-ул-вузаро»-и Сайфиддини Уқайлӣ ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ки тамоми ҳудуди Эронзамин (Орёно) аз ҷониби яке аз подшоҳони пешдодӣ – Фаридун дар байни се писараш Салм, Тӯр ва Эраҷ тақсим карда мешавад.
Ҳамчунин, масъалаи сарзамини Тӯр ва маънои он дар осори донишмандоне монанди В.В. Бартолд, А.А. Стариков, В.И. Абаев, Йозеф Маркварт, Ричард Фрай, Нюберг, Иброҳими Пурдовуд, Алиакбари Нафисӣ, Нодир Баёт, Забеуллоҳ Сафо, Эраҷ Баширӣ, Қаҳҳори Расулиён, Иброҳим Умарзода мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Мувофиқи маълумоти Фирдавсӣ шоҳи пешдодӣ Фаридун ҷаҳонро миёни фарзандони худ тақсим намуд. Минбаъд ҳудуди ба писараш Тӯр бахшида бо унвони сарзамин Тӯр ва Тӯрон маъмул гардид.
Донишманд ва мутафаккири асримиёнагии тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ навиштааст, ки «пораи машриқе, ки андар ӯ турк ва Чин аст, писрашро дод Тӯр». Ба ақидаи Ёқути Ҳамавӣ Тӯрон кишвари Мовароуннаҳр аст. Нюлӣ иброз медорад, ки тӯрониён дар сарзини миёни Кобулистон, Зобулистон ва Кӯли Ҳомун дар Сиистон маскун буданд. А.А. Стариков дар мақолааш «Тӯрониён аслан киҳоянд ва кишвари онҳо дар куҷост?» зикр менамояд, ки «Бешубҳа ватани онҳо дар шимоли шарқи Эрон буда, сарҳадаш ба дурустӣ нишон дода шудааст: Ҷайҳун. Аз ин лиҳоз, Тӯрон ва Варорӯд».
Муҳаққиқи эронӣ Нодир Баёт дар китоби худ таҳти унвони «Муҳоҷирони Тӯронзамин» зикр менамояд, ки «Сарзамини Тӯрон ба таври доим маскани мардуми эронзабоне буд, ки аз бомдоди таърих дар ин ҷо ба фалоҳат ва тиҷорат иштиғол доштанд ва аз назари фарҳанг ва тамаддун ба маротиб аз ақвоми саҳрогарди ҳамнажоди ориёӣ дар сатҳе болотар қарор доштанд». Маркварт тӯрониёнро массагетҳо номидааст, ки онҳо ба гурӯҳои ориёиҳои шарқӣ шомил буданд. В.И. Абаев бошад, тӯрониёнро бо қабилаи скифҳо (онҳо низ ориёианд) як шумурдааст. Ҳусейн Шаҳидии Мозандаронӣ дар «Фарҳанги «Шоҳнома» зикр менамояд, ки «Тӯрониён яке аз шуъбаи нажоди ориёӣ ё эронӣ буданд, ки аз ҳайси фарҳанг ва тамаддун пойинтар аз эрониён қарор дошта ва марзи Эрону Тӯрон он сӯи рӯди Сайҳун буд».
Донишманди маъруфи эронӣ Забеуллоҳ Сафо дар такя ба китоби Авесто иброз менамояд, ки «Ҳамин таҳқиқ моро мусоидат менамояд, ки нажоди тӯрониро шуъбае аз нажоди ориёни эронӣ бидонем ва хатти батлон дар тамоми ишороте, ки дар бораи турк донистани тӯрониён шудааст, бикашем».
Эраҷ Баширӣ дар китоби «Турк ва тӯр дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» дар асоси Шоҳнома зикр менамояд, ки аз истилоҳи Тӯрон ба турк ҳеҷ алоқамандие надорад ва Эрону Тӯрон минтақаи бузурги ақвоми эронӣ ҳастанд, ки имрӯз номҳои форс, тоҷик ва ё баъзе қавмҳои дигари эронитабор ёд мешаванд ва Эрону Тӯрон ватани аслӣ ва таърихии эрониён ва тоҷикон мебошанд.
Мушкилот дар он аст, ки имрӯз туркон ҳам тӯрониёнро ба таърихи аҳди бостонии хеш марбут медонанд. Махсусан, пантуркистон дар асоси ин мехоҳанд Осиёи Марказиро ҳамчун ҷойгоҳи бостонии туркон нишон диҳанд. Аз маводди таърихӣ бармеояд, ки даъвои онҳо беасос буда, ватани таърихи ақвоми турктабор на Осиёи Марказӣ, балки Олтой ва Сибир ба шумор мерафт.
Ҳақ бар ҷониби муаррихи тоҷик Қаҳҳори Расулиён аст, ки Тӯронро як ҷузъи Эронзамин гуфта, онро сарзамини бостонии ақвоми ориёӣ номидааст. Воқан, ориёҳо аз рӯи касбу кор ва усули зист ба ду гурӯҳ ҷудод мешуданд: ориёҳои бумӣ ва ориёиҳои тӯронӣ. Баъзе аз олимони турктабор маҳз ҳамин умумияти зисту касбу кори тӯрониёнро бо аҷдоди хеш, ки аслан кучманчӣ ва чорводор буданд ба инобат гирифта, асли хешро ба тӯрониён бурда мерасонанд. Ҳатто дар қадимтарин фарҳанги туркӣ «Девони луғот-ат-турк»-и Қошғарӣ ниёи бузург ва паҳлавони ақвоми турктабори Осиёи Марказӣ Тунко Олбор бо Афросёб як дониста мешавад.
Новобаста аз талошҳо ва аз ривоят таърихсозиҳои баъзе доираҳои мухталифи олимони турктабор тамоми манбаъҳои дар боло зикргардида шаҳодат аз он медиҳанд, ки Тӯрон сарзамин ниёкони тоҷикон ва тӯрониҳо мардумони ориёӣ буданд, ки минбаъд дар таърихи тамаддуни минтақа нақши боризи худро гузоштаанд. Аз ҷониби тӯрониён (ориёиҳо) минбаъд давлатҳои тавоно ва қудратманде чун Кушониёну Ҳайтолиён дар ҳудуди Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, ки яке аз саҳифаҳои муҳимми таърихи давлатдории ниёкони тоҷиконро ташкил медиҳад. Барои хонандаи закӣ ва нуқтасанҷ танҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ басанда аст, ки воқеиятро дарк намояд. Маҳз аҳаммияти ҳамин осори таърихиро ба инобат гирифта, акунун он ба ҳар хонадони кишвар тақсим карда мешаванд. Ин иқдом идомаи ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шинохти ҳақиқати таърихӣ аз ҷониби қишрҳои мухталифи кишвар аст.
Шарифзода Ҷамолиддин – н.и.т., дотсент