Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузошта, аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.
Дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9 марти соли равон баргузор гардид, оиди арҷгузорӣ намудан ба либоси миллӣ тоҷикӣ ин нуктаро махсусан таъкид доштанд: “Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад”.
Дар ҳақиқат тамаддуни башарият ва таърихи ҳар як миллат бо сару либос пайванди ногусастанӣ дошта, ҳувияти миллиро ифода мекунанд, ки онҳо аз якдигар бо рамзҳои гуногуни этникӣ фарқ мекунанд. Маҳз сару либоси миллӣ аст, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ завқи одамон, саъю кушиши зебоӣ ва зебопарастиро равшан нишон медихад.
Либосҳои миллии нотакрори мо дар заминаи фарҳанг ва тамаддуни деринаи минтақаи мо ташаккул ёфтаанд, ки на танҳо намуди зоҳирии миллати моро нишон медиҳад, балки мафкураи маънавии моро дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ устувор мегардонанд.
Либосе, ки шахс ба бар мекунад, таассуроти аввалини ӯро дар атрофиён ба вуҷуд меорад. Фарҳанги либоспӯшӣ муносибати моро ба рӯйдодҳои гирду атроф ифода мекунад. Либос аз завқ, ҷаҳонбинӣ ва рафтори инсон шаҳодат медиҳад. Либос як ҷузъи олами маънавии инсон аст. Ҳар як унсури он воқеан барои худ сухан мегӯяд.
Кишвари мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳти роҳбарӣ ва заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рӯ ба тараққӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, махсусан соҳаи фарҳанг бо суръат рушд ёфта, дар марҳила рушд қарор дорад. Аз ин рӯ, фарҳанги либоси миллӣ ва пайравӣ ба он ҳамчун обу ҳаво зарур мебошад ва ҳифзу такмил додани онҳо барои ҳар як фарди бо нангу номус, махсусан ҷавондухтарон рукни муқаддас ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон аз ҷониби тарроҳон ва чеварони кишвар иқдомҳои зарурии таҳия ва коркарди сару либоси шинами миллӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа хеле ва хеле ба манфиати кор хоҳад буд.
Либосхои миллие, ки ниёгони мо дар замонхои кадим ба бар кардаанд, зебо ва дилкаш аст. Ин либосҳо ба мардуми тоҷик тааллуқ доранд, ки фарҳанги баланд ва арзишҳои миллии моро ифода мекунанд. Дар баробари ин, ба кишвари соҳибистиқлолу шукуфони мо саодат зам мекунад.
Бинобар ин ба мо зарур аст, ки ҳангоми либоспӯшӣ расму оинҳои миллии тоҷиконаи худро риоя карда, бо ҳамин дар замони муосир, ки пур аз талотуми ҷаҳонишавӣ аст, ҳувияти миллии худро гум накунем ва онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.
Дар охир ҳаминро таъкид намудан ба маврид аст, ки дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа олимони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро оиди пос доштани фарҳанги миллӣ, аз ҷумла риояи сунатҳои миллӣ дар мавриди сару либос, пешгирӣ намудани падидаҳои номатлуби хурофотпарастӣ ва бегонапарастӣ, тарғиби дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир ба роҳ мондаанд ва дар тарғиби сиёсати давлатӣ вобаста ба арзишҳои миллӣ сакҳми худро мегузоранд.
Комилҷон Эрматов – директори Филиали
Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд,
Акбар Адҳамов – корманди Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар в.Суғд.