Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент имрӯз ба ифтихори ҷашни 33- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави беморхонаи минтақавӣ ифтитоҳ шуд.
Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони Ҳукумати мамлакат- Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Хайруллозода, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, кормандони соҳаи тандурустии шаҳр иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи бинои нави беморхона ба ташаббуси сокинони деҳа баҳои баланд дода, гуфта шуд, ки он аз ду қабат, шуъбаҳои таваллуд, амрози дарунӣ ва кӯдакон, дар маҷмӯъ 24 ҳуҷраи табобатӣ ва ёрирасон, аз ҷумла ташхисгоҳ ва ҳуҷраи табиатшифоӣ иборат буда, бо таҷҳизоти ташхиси фавқуссадо, ҷиҳози нав таъмин шуда, бо харҷи беш аз 4,8 миллион сомонӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурӣ, саҳмгузории соҳибкорон ва сокинони боҳиммати деҳа сохта шудааст.
Дар ин беморхона ҳоло 20 нафар духтурон ва кормандони миёнаи тиб ба кор фаро гирифта, бо васеъ шудани доираи хидматрасонӣ боз 8 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад.
Дар ин рӯз ба як гурӯҳ кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд тӯҳфаҳои идонаи хотиравӣ тақдим карда шуд.