Skip to main content

Имрӯз, 2 апрел дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону меҳмонон Маркази мониторинги сейсмикӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пеш аз ҳама ба роҳ мондани мониторинги шабонарӯзии сейсмикӣ мебошад, ки сабт ва коркарди ҳамаи ҳодисаҳои сейсмикиро дар Тоҷикистон дар реҷаи вақти воқеӣ (real-time) дар бар мегирад, инчунин муайян кардани координатаҳои манбаи заминларза (эпитсентр), чуқурӣ ва магнитудаи он бо истифода аз годографҳои маҳаллӣ, ташкил ва пешбурди пойгоҳи додаҳои сейсмикӣ барои таҳқиқоти илмии оянда ва омӯзишу тайёр намудани кадрҳои ҷавони техникӣ ва илмиро таъмин мекунад.

Зикр гардид, ки дар айни замон дар Маркази мониторинги сейсмикӣ ду навъи стансияҳои сейсмикӣ барои сабти заминларзаҳо ва муайян намудани параметрҳои онҳо истифода мешаванд. Аз ҷумла, стансияҳои рақамии васеъдиапазони сейсмикӣ барои сабти пайваста ва дақиқи доираи васеи ларзишҳои сейсмикӣ (аз заминларзаҳои дур то микроларзишҳо) пешбинӣ гардида, маълумоти бадастомада барои муайян ва баҳогузории режими сейсмикии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, омӯзиши сохтори геологии Замин, фаъолиятнокии шикастҳои тектоникӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муҳандисию геологӣ истифода бурда мешавад.

Ҳамзамон, таҷҳизот барои сабти ларзишҳои шадиди сейсмикӣ (акселерометрҳо) имконият медиҳад, ки ларзишҳои сахти замин ва вибратсияи сохтмонҳо ҳангоми заминларза ба таври миқдорӣ ба қайд гирифта шаванд. Ин таҷҳизот суръат ва тезшавии мавҷҳои сейсмикиро дар замин сабт намуда, барои баҳодиҳии хатари сейсмикӣ, таҳлили рафтори биноҳо, тарҳрезии иншооти ба заминларза устувор ва инчунин огоҳсозии бармаҳал аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла фурӯравии инфрасохтор ва лағжиши кӯҳпораҳо, истифода мегардад.

Ёдовар мешавем, ки иқдоми Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Маркази мониторинги сейсмикӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар таърихи 75-солаи Академия бори аввал буда, қадами муҳим дар самти таҳкими инфрасохтори илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди соҳаи сейсмология дар кишвар маҳсуб меёбад. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи омӯзишу таҳқиқоти равандҳои сейсмикӣ, таъмини амнияти сейсмикӣ ва омодагии муассир ба ҳолатҳои фавқулода заминаи мусоид фароҳам меорад.