Баланд бардоштани маърифати занон масъалаест, ки аҳмияти хоси иҷтимоӣ дошта, омили зарурии таҳкими арзишҳои муҳими миллӣ ба шумор меравад. Зан-модар, дар раванди иҷрои рисолати офарандагию тарбиятгарии худ, масъулияти махсусан муҳими дигарро низ иҷро менамояд. Яъне тавассути таълиму тарбия ба сифати занҷири пайвасткунанда ҳамчун интиқолдиҳандаи арзишҳои миллӣ ба насли дигар амал намуда, дар пойдор нигоҳ доштану дар вуҷуди фарзандон тарбия кардани ҳисси эҳтирм ба он арзишҳо нақши муҳим мебозад. Иҷрои ин рисолат махсусан дар замони муосир, дар марҳилае, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ бо суръати баланд идома доранд, аҳмияти хоса касб мекунад. Нигоҳ доштану ҳифз кардани арзишҳои миллӣ, густариши фарҳанги миллӣ ва дар рӯёрӯйи таҳоҷуми бегонаи фарҳангӣ истодагарӣ карда тавонистан рисолати басо мушкил, вале зарурист. Дар иҷрои ин рисолат эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ бағоят зарур аст ва ҳамаи ин хусусиятҳо ҷанбаи муҳими маърифати сиёсию шаҳрвандиро ташкил медиҳанд.
Дар баробари маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва шаҳрвандӣ доштани маърифати баланди оиладорӣ низ барои занон муҳим аст, зеро зиндагӣ саҳнаест, ки коргардони асилаш зан мебошад ва ба хотири таъмини хушбахтии он вазифадор аст, ки тамоми ақлу заковати худро истифода баранд. Ҳаёти оилавӣ дастури мукаммалу барои ҳама оилаҳо ягона надорад, балки ҳар як оила муҳити хосест, ки соҳиби вижагиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва равонии худ мебошад. Аз ин рӯ, маҳз бо дарназардошти чунин вижагиҳо метавон раванди муносибатҳои солиму созандаро барқарор ва раванди рушди онро таъмин намуд. Ин кори бисёр мушкил, вале иҷрошаванда аст.
Раванди ҷаҳонишавӣ чи ҷанбаҳои мусбӣ ва чи ҷанбаҳои манфии худро дорад. Дар ин раванд пурзӯршавии омезиши шадиди арзишҳо масъалае мебошад, ки баҳри пойдории фарҳангҳо тазодҳои зиёдеро пеш меоварад. Бинобар ин , нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад . Либос ҳам дар ин раванд яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад.
Омӯзишҳо муайян намудаанд, ки сабаби рӯ овардани занон ба либоси бегона тақлидкорӣ, мӯд шудани пӯшидани чунин либосҳо ва намоиш додани мазҳабӣ будани худ, водорсозӣ аз ҷониби шавҳар ва дигар аъзои оила, инчунин таъсири фарҳанги бегона тавассути тамошои кинофилмҳо ва ғайра мебошад. Бояд қайд намуд, ки арзишҳои миллӣ маҳз ҳамон зуҳурот ва обектҳои модию ғайримоддие мебошанд, ки дар тӯли таърих муҳимияти онҳоро миллат эътироф намудааст, тавассути нигоҳдошт ва рушди онҳо пешравии худро таъмин намудааст, дар заминаи онҳо тарзи рӯзгордорӣ, урфу одат ва анъанаҳои худро нигоҳ доштааст. Маҳз дар ҳамин замина миллат ҳамчун умумияти томи дорои хусусиятҳои умумӣ тарзи тафаккур ва урфу одат дар ҳудуди таърихии худ пойдор мондааст ва пойдории миллат пойдории давлатдории миллиро заминагузор гаштааст. Ногуфта намонад, ки нигоҳдошти забон ва фарҳанги миллӣ ҳамчун арзишҳои миллӣ ва давлатдорӣ ба сифати масъалаҳои калидӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ боқи мемонанд.
Фазилатпочои Махмадюсуф докторанти PhD курси 1 уми институти фалсафа сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А Баҳоваддинови АМИТ