Skip to main content

Чи тавре ки огоҳӣ дорем, 17-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Нишасти дуюми Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бо иштироки Канслери федералии Олмон Олаф Шолтс, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимухамедовва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид. Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки форуми мазкур ба рушди ҳамкории кишварҳои минтақа ва Олмон, бахусус тавассути иқдомоти муштарак ҷиҳати истифодаи захираҳо ва иқтидори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва имконоти молиявию технологии Олмонмусоидат хоҳад кард. Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон мавқеъи сиёсати пешгирифтаи худро зикр намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ходимони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии Тоҷикистон пайваста муносибатҳои байналмилалӣ ва давлатҳои рушдёфтаи ҷаҳонро таҳқиқ карда, доир ба масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварамон бо давлатҳои мухталифи ҷаҳон мулоҳизот ва пешниҳодҳои хешро биён мекунанд. Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ таваҷҷуҳи коршиносони Институтро ба худ ҷалб намуд, ки фушурдаи андешаҳои онҳоро ба таваҷҷуҳи шумо пешкаш менамоем:

Каримов Ш.Т., доктори илмҳои сиёсӣ, сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канада:

Нишасти мазкур аз чанд ҷиҳат шоистаи тақдир аст. Пеш аз ҳама, аз нигоҳи сарҷамъ шудан ва дар асоси таҳлилҳои ҷиддӣ назар андохтан ба оянда.

Дуюм, дар доираи имконоти мавҷуда ва сиёсати “дарҳои боз” ва гуногунқутба ба танзим овардан ва такон бахшиданба муносибатҳои ҳасанаи тарафайн ва ҳамгироӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, махсусан Германия ҳамчун яке аз кишварҳои муқтадир ва пешрафта.

Сеюм, муаррифии бештари Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ. Маҳз ба ҳамин сабабПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти идомаи муколамаи байни Осиёи Марказӣ ва Олмонро махсус таъкид намуда, хотирнишон сохтанд, ки ин барои таҳкими робитаҳои бисёрҷониба ва расидан ба натиҷаҳои амалӣ мусоидат мекунад. Ин шакли ҳамкорӣ робитаҳои дипломатии Тоҷикистонро бо кишварҳои калидии Аврупо мустаҳкам намуда, дурнамои нави ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисод, энергетика ва маориф ифтитоҳ мебахшад. Олмон, ҳамчун яке аз давлатҳои пешрафта аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҷаҳон метавонад ба ҷалби технологияҳои муосир ва сармоягузориҳоро ба Тоҷикистон мусоидат кунад, ки ин барои диверсификатсияи (гуногунсозӣ) иқтисодиёти кишвар ва коҳиш додани вобастагии он махсусан ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирон муҳим аст. Илова бар ин, иқтидори ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия, метавонад барои навсозии инфрасохтори гидроэнергетикии Тоҷикистон саҳми муҳим гузорад. Олмон ҳамчунин метавонад дар соҳаи маориф кӯмаки назаррас расонда, сифати маорифро тавассути барномаҳои табодули донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони баландихтисос беҳтар намояд. Иштирок дар саммит ба Тоҷикистон имконияти баррасии мушкилоти муҳими минтақавӣ, аз ҷумла амнияти сарҳадҳо ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро фароҳам меорад, таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба масъалаҳои муҳим ҷалб мекунад. Қолаби С5+1 ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо Олмон баробар бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ намояд, ки ин мавқеи кишварро дар амалисозии сиёсатҳои минтақавӣ мустаҳкам намуда, платформае (суфра) барои ҳамкориҳои дарозмуддатро эҷод мекунад, ки ба кишвар манфиатҳои муҳими иқтисодӣ ва геополитикӣ меорад. Ба таври умум, нишасти мазкур ба эътидоли дараҷаи шиддатнокии авзои сиёсии ҷаҳон, аз ҷумла минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, дар ҳаллу фасли мушкилиҳои мавҷуда ва пешгирии чолишҳо ба хотири таъмини амният, суботи сиёсӣ ва рушди устувор ба таври қобили мулоҳиза кӯмак хоҳад кард.

Саидов Н.Ш.,номзади илмҳои фалсафа,ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо:

Баргузории нишаст бозгӯйи он аст, ки дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон саҳифа нав кушода шудааст, ки он шароитҳои хеле мусоидро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба миён оварда истодааст.

ПЕШНИҲОДҲО

Ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Олмон: дар чорчубаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ имзои санади “Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияҳои илмҳои Олмон оид ба баррасии проблемаҳои муҳити зист, тағирёбии иқлим ва устувории захираҳои обӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Ҳамкорӣдар соҳаи илму маориф: ба роҳ мондани таҳқиқоти муштараки илмӣ, мубодилаи афкор ва таҷриба, баргузории конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-амалӣ ва инчунин амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи гуногун ба манфиати ҷонибҳо буда, ташкили барномаҳои муштараки магистратура, аспирантура ва докторантура, мубодилаи сафарҳои мутахассисони олмонӣ бо ҳамтоёни тоҷик, бо мақсади табодули таҷриба ва таҷрибаомузӣ, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос барои мутхассисони тоҷик мувофиқи мақсад аст.

Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Олмон роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва табодули илмӣ оид ба муҳити зист ва тағирёбии босуръати иқлим, қабули барномаҳои ҳамкорӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои олмонӣ оид ба истифодаи оқилонаи об, модернизатсияи системаҳои обёрӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва омода намудани мутахассисони соҳаи экология ба шумор меравад.

Дар Тоҷикистон солҳои 2020-2040 “Бистсолагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” эълон шудааст. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо Олмон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба рушди неруи илмии кишвар ва амалигардони “Бистсола”-и мазкур мусоидат менамояд. Масалан, барои омӯзиши технологияҳои навтарин бо марказҳои илмии Олмон лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ гузаронидан манфиатнок арзёбӣ мегардад.

Имрӯзҳо масъалаи обшавии пиряхҳо дар мадди назари мутахиссисон қарор дорад, ки хеле нигароникунанда аст ва аз мутахиссисони соҳаталаб менамояд, ки мутахассисон бештар ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Зеро таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон, мушкилоти энергетика ва рушди устувор пайваст аст. Бинобар ин, мувофиқи мақсад аст, дар раванди татбиқи “Осиёи Марказии Сабз” ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни Маркази омӯзиши пиряхҳои назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ва “Осиёи Марказии Сабз” тақвият бахшида шавад.

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии кишвар мебошад.Дар ин росто рушди муносибатҳои ҳамаҷониба бо Олмон, яке аз бузургтарин кишварҳои аз ҷиҳати саноатӣ ва технологӣ пешрафта дар Аврупо ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки иқтидори худро дар соҳаи истеҳсолоти саноатӣ ба таври назаррас афзоиш дода, суръати рушди истеҳсолотро вусъат бахшад ва Олмон имкон дорад, дар омода намудани мутахассисони тоҷик ҷиҳати кор бо технологияи нав саҳм гузорад. Дар ин замина, дар шароити нави бавуҷудомада вобаста ба тағйири сиёсати Олмон дар Осиёи Марказӣ ҷониби Тоҷикистонро зарур аст, ки бо ҳамтоёни олмонӣ ҳамкориҳоро ҷиҳати пайдо намудани роҳу усулҳои нав ба роҳ монад.

Имрӯз, сайёҳӣ яке аз бахшҳои афзалиятнок ва ояндадори иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, соҳаи муаррифгари таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ барои хориҷиён ҳисоби меёбад. Тибқи назари коршиносони олмонӣ одатан сайру саёҳатро дӯст медоранд ва аксарияти сайёҳони олмонӣ на ба мавзеъҳои сайёҳии оммавӣ, балки кишварҳои экотуризм, самтҳои оромтар, саёҳати деҳотӣ ва кӯҳиро афзал медонанд. Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои табиати нотакрор, зебоманзар ва дилнишин, махсусан минтақаи Помир аз таҳкими ҳамкориҳо бо Олмон дар бахши сайёҳӣ метавонад манфиатдор бошад.

Сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон раванди амалигардонии лоиҳаҳои нави минтақавии Олмонро аз қабили: «Осиёи Марказии Сабз» (“Green Central Asia»), Ташаббуси Германия оид ба об, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” (Раванди Берлин) (The German water initiative ("Вerlin process), Саммити «Осиёи Марказӣ ва Германия (С5+1), (Summit "Central Asia and Germany (C5+1) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо назардошти вазъияти нави ба вуҷуд омада мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Олмон иброз намояд.

Мадимарова Г., номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари шуъбаи Аврупо:

Форуми иқтисодӣ дар Остона, ки баргузор гардид, ҳамчун як платформаи муҳими муколама ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон маҳсуб мегардад. Он метавонад ҳамчун воситаи хубе барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорат ва пешбурди ташаббусҳои рушди устувор дар саросари минтақаро тамаркуз мекунад.

· Ҳамкориҳои густурда:Интизории афзояндаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ширкатҳои олмонӣ, бахусус дар бахшҳои энергияи таҷдидшаванда ва интиқоли технология вуҷуд дорад.

· Имкониятҳои сармоягузорӣ: Форум барои сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳое, ки ба рушди устувор ва инноватсия мувофиқанд, роҳҳои нав боз кунад.

· Мубодилаи дониш: Иштирокчиён ба табодули устувори дониш ва таҷриба, бахусус дар соҳаи гидроэнергетика ва технологияҳои рақамӣ, ки метавонад ҳадафҳои рушди Тоҷикистонро ба таври назаррас пеш барад, умедворанд.

· Интегратсияи минтақавӣ:Таҳкими равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон ба сиёсатҳо ва ташаббусҳои ҳамгирошудаи минтақавӣ оварда мерасонад, ки мушкилоти муштаракро, бахусус дар соҳаи энергетика ва рушди иқтисодӣ, ҳаллу фасл мекунанд.

Таваҷҷуҳ ба иқтисоди сабзи Тоҷикистон: Ӯҳдадориҳои дастаҷамъона барои рушди сабз бо лоиҳаҳои муштарак, ки аз иқтидори барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон ва пешрафтҳои технологии Олмонро истифода мебаранд, пешбинӣ шудааст.

Юсуфҷонов Ф.М., номзади илмҳои сиёсӣ, ходими пешбари шуъбаи ШМА ва Канада:

Дар нишасти дуюми Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби С5+1 дар шаҳриОстонаи Ҷумҳурии Қазоқистон имкониятҳо ва мушкилоти ҳамкории минтақавӣ баррасӣ шуданд. Гарчанде ки ҳуҷҷати ниҳоӣ қабул нашуд, муҳокимаҳое, ки миёниКанслери Олмон Олаф Шолтс ва сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуданд, робитаҳои иқтисодӣ ва уҳдадориҳои сиёсиро дар бар гирифтанд, аммо масъалаҳои ҳуқуқи инсон камтар дар меҳвар қарор доштанд. Бо вуҷуди ин, Шолтс ҳавасманд аст, ки ташаббусҳо бо минтақаҳои дурдаст, ба монанди Осиёи Марказиро нишон диҳад.

МАНФИАТҲО БАРОИ ТОҶИКИСТОН:

· Диверсификатсияи гуногунсозии самтҳои иқтисодӣ. Иштирок метавонад ба Тоҷикистон дар ҷалби сармоягузориҳои Олмон дар бахшҳои мисли энергетикаи барқароршаванда ва инфрасохтор мусоидат намояд.

· Тақвияти робитаҳои дипломатӣ. Бо дарназардошти сиёсати хориҷии бисёрсамта ва доктринаи сиёсати дарҳои боз мустаҳкам кардани робитаҳо бо Олмон метавонад мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро баланд бардорад ва сиёсати хориҷии кишварро мутавозинтар кунад.

· Интиқоли технология ва маориф.Таваҷҷуҳи Олмон ба лоиҳаҳои технологӣ ва ташаббусҳои таҳсилоти олӣ метавонад рушди иқтисодӣ ва таълимии Тоҷикистонро дастгирӣ намояд.

Юсуфӣ Ф.Ш, ходими хурди илмии шуъбаи Аврупо:

Дар замони муосир таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон яке аз масъалаҳои мубрам мебошад. Дар чунин нишастҳо пеш аз ҳама барқарор намудан ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ васармоягузории кишварҳо нақши муҳим дорад. Ҳаминтариқ, ширкат дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои густариши ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳо ва баррасии масъалаҳои муҳим боз як қадами муҳим ба ҳисоб меравад.

Муносибатҳои дипломатӣ: Иштирок дар ин ҳамоиш ба сарони давлатҳо имкон медиҳад, ки равобити дипломатии байни кишварҳоро таҳким бахшанд ва масъалаҳои муҳими ҳамкориро баррасӣ кунанд.

· Имкониятҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ: Ҳамоиш метавонад як минбари баррасӣ ва бастани созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни кишварҳо, инчунин ҷалби сармоя ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бошад.

· Ҳамкорӣдар соҳаи амният: Саммит метавонад барои баррасии талошҳои муштарак дар мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ бошад.

· Мубодилаи таҷриба дар самти маориф ва илм: Иштирок дар ин ҳамоиш ба сарони давлатҳо имкон медиҳад, ки дар бораи ҷанбаҳои гуногуни сиёсати иҷтимоии ҳукумат, рушди иқтисодӣ ва дигар соҳаҳо табодули таҷриба ва интиқоли донишро фароҳам оваранд.

Ниъматов Оятулло – магистранти курси 2-ми шуъбаи Аврупо.

Имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ҳанӯз пурра истифода нашудаанд. Бо назардошти иқтидори Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ ва энергетика, бахусус содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва нерӯи барқ ба Аврупо, зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самтҳо густариш ёбанд. Тоҷикистон ва Олмон бояд барои истифодаи самараноки имкониятҳои иқтисодӣ, лоиҳаҳои нави муштараки сармоягузориро ташкил намоянд. Пешниҳод мешавад, ки дар доираи Форуми иқтисодии “Осиёи Марказӣ –Олмон” механизми ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон фаъол гардонида шавад.

ХУЛОСА

Коршиносони шуъбаи ШМА ва Канада Каримов Ш.Т., Юсуфҷонов Ф.М., шуъбаи Аврупо Саидов Н.Ш., Мадимарова Г., Юсуфӣ Ф.Ш ва магистранти Институт Ниъматов О., раванд ва натиҷаи Форуми иқтисодии “Осиёи Марказӣ – Олмон”-ро зери омӯзиш қарор дода, ақида ва пешниҳоди худро манзурнамуданд, ки тамоми самтҳои ҳамкориҳоро барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ фарҳангиро дар бар гирифта буд.

Таҳиягар: Соҳиби Баҳруло, - ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ