Skip to main content

(ба муносибати “Рӯзи Мавлоно” 30 сентябр)

Дар воқеъ агар инсоният ҷаҳонро ба чашми хирад нигарад, аз ҳақиқату каромати он хубтар огаҳӣ пайдо хоҳад кард. Ин буд, ки донишмандону муфаккирони бинишвар бо ҳар роҳу калом аз ҷумла, аз чашмаи сафои забони фораму ширини тоҷикӣ-форсӣ нуши ҷон карда, аз ҳақиқату воқеияти ҳаёти башар огаҳӣ пайдо карда, аҳли башарро роҳнамоӣ намуданд. Яке аз ин бузургони адаб Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ё Румӣ мебошад, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 30-уми сентябр чун “Рӯзи Мавлоно” шинохта шуда, таҷлил мешавад.

Ҳамин забони фасиҳу форам буд, ки файласуфи Шарқ Муҳаммади Иқболи Лоҳурӣ тавонист ба дилу дидаи худ, дӯсти адабу ишқу маърифат ва устоду роҳнамои фозилу фарзонааш роҳ ёфта, соҳиби “Маснавӣ”-иро пайдо карду шефтаи ӯ гардид. Бо камоли ифтихор ӯ ёди Мавлоно карда, чунин изҳор менамояд:

Нуктаҳо аз Пири Рум омӯхтам,

Хушро дар роҳи ӯ восӯхтам. (Муҳаммад Иқбол)

Ҳамин тариқ, тавассути ҳамин забони ширину шеърӣ аз ҳақиқати олами ғарб огаҳӣ пайдо карду воқеияти зиндагӣ мардумони онҷоро шинохт.

Ҳамин буд, ки ҳидоятҳову роҳнамояҳои Мавлонои Румӣ ба дилу андешаи Муҳаммад Иқбол таъсир расонида, ӯро ба сӯи ҷустуҷуӣ ҳақиқат равона кард. Ӯ Мавлони Румро чун пири хирад пазируфта, худашро муриди вай эълон кард. Ҳамин тавр, достони пиру муриди Иқбол суруда шуд ва асарҳои машҳураш зери номи “Асрори худӣ” ва “Румузи бехудӣ” руӣ коғаз омад. Иқбол ҳамеша даъват бар он дорад, ки инсон сараввал ба шинохти нафси худ ва ислоҳи нуқсу заъфи он майл намояд. Худшиносӣ дар таълимоти мутафаккир мавқеи намоён дорад ва ӯ ин маъниро бо истилоҳи «худӣ» баён месозад.

Бо чунин эҷодиёт ӯ ба башарият хитоб мекунад, ки худшиносӣ унсур асосии ҷомеа буда, дарки дурусти он заминасози ободии ҳар як миллату халқиятҳо мебошад ва ба қавли устоди маънавии Муҳаммад Иқбол Мавлонои Рум:

Ҷаҳд кун дар бехудӣ худро биёб,

Зудтар, валлоҳу аълам биссавоб. (Мавлонои Рум)

Дертар Муҳаммад Иқбол андешаҳояшро оиди ҳақиқати ҳаёти мардумони ғарб дар асари “Паёми машриқ” дар ҷавоб ба шоир ва файласуфи олмонӣ Гёте ин тавр баён мекунад:

То маро рамзи ҳаёт омӯхтанд,

Оташе дар пайкарам афрӯхтанд.

Як навои синаттоб овардаам,

Ишқро аҳди шабоб овардаам.

Пири мағриб шоири олмонавӣ,

Он қатили шеваҳои паҳлавӣ.

Муҳаммад Иқбол таъкид менамояд, ки файласуфи олмонӣ низ шефтаи адабу забони тоҷикӣ-форсӣ буду андешаҳояшро бештар дар партави он баён карда, қатили шеваҳои он гардида буд. Ҳамин буд, ки Муҳаммад Иқбол дар ҷавобаш ғарбро аз ҳақиқати тамаддуну адаби шарқ огоҳӣ медиҳад ва ба қавли худи ӯ:

Дар ҷавобаш гуфтам пайғоми шарқ,

Моҳтобе рехтам бар шоми шарқ.[2] [1,203]

Бояд зикр кард, ки дар ҳақиқат Муҳаммад Иқбол дар партави пири худ Мавлонои Рум андешаҳояшро комилу пухта гардониду ғарбро ҳам аз ҳақиқати он огоҳ сохт. Дар воқеъ “Маснавӣ”-и Мавлоно оиннамои равшаннамо барои башарият мебошад, ки моҳияти он то ҳол дар замири инсонҳо боқӣ мондааст.

Донишманди покистонӣ Хоҷа Абудулҳамид Ирфонӣ дар китобаш зери унвони “Гуфтаҳои Румиву Иқбол” овардааст, ки Эдвард Браун аз аввалин муфассирони забону адабиёти тоҷикӣ-форсӣ Мавлоноро аз шоирони сӯфии барҷаста ва китоби “Маснавӣ”-ашро аз беҳтарин дастоварҳои шеърии ҳама вақту замон пазируфтааст.

Ҳамин тариқ, Николсон китоби “Маснавӣ”-ро ягона дурнамои абадии ҳар давру замон ҳисобида, навиштани шарҳу интишори осори муҳаққиқонааш, ки фарогири таҳқиқоту тарҷумаҳои фаровон аз ашъори арабиву форсӣ-тоҷикӣ ва рисолаву китобҳои марбут эътиқодои аҳли тасаввуф ба хонандаи Аврупо ва ҳамчунин Осиё нишон дод, ки тамаддуну ҳикмати ирфонӣ то чи андоза дорои арзишҳои гаронбаҳост.

Дар ин зимн, донишманди дигар Арберӣ Мавлоноро аз бузургоне медонад, ки тавассути шеъру адаб каромати шарофати инсониятро дар тамоми шарқу ғарб ғанӣ гардонид. Ҳамин тариқ, Мавлоно орифу мутафаккири барҷастаи ҷаҳони Шарқ мебошад, ки мавриди таваҷҷӯҳ ва алоқаи хоси донишманди дигари аврупо Аннемаре Шиммел (1922-2003) қарор гирифтааст, ки аз устодони моҳир дар бахши мутолиоти “Мавлавишиносӣ” шинохта шуда, чанд асари муҳиме аз осори манзум ва мансури ин шахсияти фозилу фарзонаро ба забонҳои олмонӣ, инглисӣ ва туркӣ тарҷума намудааст. Китоби машҳураш “Шукуҳи Шамс” (The Triumphal Sun ) аст, ки сайре дар осор ва афкори Мавлоност, бо кӯмаки Ҳасани Лоҳутӣ бо муқаддимаи Ҷалолиддини Оштиёнӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣтарҷума гардидааст.

Бо муотилиа осори ӯ хонанда метавонад аз ҳақиқати он дар шеърҳову мусоҳибаи ихтисосии пиру муриди Муҳаммад Иқбол дарк намояд, ки бо забони ноби тоҷикӣ-форсӣ онро тафсиру ташриҳ намудааст ва ба қавли худи ӯ:

Гӯфт, Румӣ хезу гоме пеш ниҳ,

Давлати бедорро аз каф мадеҳ.

Ботинаш аз зоҳир ӯ хуштар аст,

Дар қафори ӯ ҷаҳони дигар аст.

Ҳар чӣ пеш ояд, туро ай марди ҳӯш,

Гир андар ҳалқаҳои чашму гӯш.

Чашм агар биност, ҳар шай диданист,

Дар тарозуи нигаҳ санҷиданист. (Куллиёти Иқболи Лоҳурӣ, Эрон. Интишороти Илҳом. 1386)

Муҳаммад Иқбол тавассути ҳамин мусоҳиба бо пири худ Мавлоно роҳи ишқу маърифатро дарк карду онро ба башарият низ ошкору фаҳмо чунин баён намуд:

Зиндагиро шаръу ойин аст ишқ,

Асли таҳзиб аст дин, в-ин аст ишқ.

Мавлоно инсонҳоро пайваста ба дӯстиву меҳру муҳаббат даъват намуда, аз онҳо даъват менамояд то ғаразҳои шуму нопокро аз дили биронаду қадри якдигарро бидонад:

Биё, то қадри якдигар бидонем,

Ки то ногаҳ зи якдигар намонем. (Ҷалолиддини Румӣ)

Хулосаи калом, мавлоношинос, донимшанд ва хаттоти чирадасти тоҷик,Саидолим Комилҷон Саидмирзо дар бораи шахсияти Мавлоно таҳқиқот анҷом дода, асару мақолаҳо навиштааст. Ӯ дар мақолаи худ зери номи «Арзишҳои ахлоқӣ дар «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» мақому макони ин пири хирадро зикр карда, таъкид намудааст, ки рисолати инсонсозиву инсонпарварии Мавлоно аз таҳлили ашъори оливу омўзандаи ў метавон пайдо кард. Паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти Мавлоно ва маҳорати шоирии ў таҳлил гардидааст, ки ба таъкиду андешаи мавлоношиноси тоҷик Садиолим Комилҷон «Мавлоно зимни баёни андешаҳояш аз арзишҳои ахлоқиву маънавии тамаддунҳои гузашта ва ривоёти бузургони илму адаб низ илҳом гирифтааст, ки хонанда онро зимни мутолиа эҳсос менамояд. Аз ҷумла, дар фазилати ақл, ки яке аз муҳимтарин васила ва неъматҳои гаронмоя дар идора кардани нафс аст, мегўяд:

Эй хунук чашме, ки ақласташ амир,

Оқибатбин бошаду ҳабру қарир.

Ақли ман ганҷасту ман вайронаам,

Ганҷ агар пайдо кунам, девонаам…

Бо чунин корнамоиҳои шоиста бузургони забону адаби форсу тоҷик миёни ҳамаи миллату халқиятҳои ҷаҳон мақому манзалати воло пайдо карда, дар рушди забону адабиёт ва тамаддуни башарӣ саҳми сазовор мегузоранд, ки то ба имрӯз мавриди эҳтиром қарор доранд.

Мирсаид Раҳмонов - ходими калони илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон