Маълум аст, ки фалсафа ҳамчун ҷаҳонбинии тому низоми донишҳои ақлонии назарӣ оиди оламу одам дар айёми субҳу шукӯҳи таърихии худ тамоми илму донишҳои гуногунро дарбар гирифта, бо мурури замон ҳар якеро бо мавзӯю васоили омӯзишашон мусаллаҳ намуда, маҷмӯи донишҳои онҳоро бо усулҳои фалсафӣ коркард намуда, бо як тартибу низом дар раванди таърихӣ рушду камолот мебахшид.
Фалсафа бо мақсади рушду такомули илмҳо методологияи тадқиқоти илмиро ташаккул дода, барои муқаррар намудани муносибати дуруст нисбат ба таҳқиқот, муайян кардани мақсад ва усулҳои тадқиқот, инчунин, барои мураттаб ва асоснок кардани натиҷаҳои бадастомадаи илмҳо ва касби усулҳои илмии хосашон мусоидат намудааст. Он дар ин ҷода умумро бо хос, ҷамъиро бо фардӣ, илмиро бо оддӣ бо ҳам пайванд месозад ва ҳудуди диди масъаларо васеъ карда, усулҳои нави ғайриоддии таълиму омӯзиши илмҳоро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, фалсафа чун пайвандгари илму амалҳо ва мардуму миллатҳо баромад карда, баҳри рушду камоли илмҳои замона ба онҳо василаи иртиботу муколама ва гуфтушунидро муҳайё месозад.
Фалсафа барои инсон воситаи универсалии дарки ҳаёт ва таъмини ояндаи он мебошад, ки барои шинохту омӯзиши васеи ҳодисаҳои гуногуни воқеияти атроф кӯмак намуда, дар тӯли инкишофи таърихӣ ба онҳо тафаккури мантиқиро омӯзонида, бо ин васила инсонро ба мутафаккири таҳлилгар табдил додааст. Фалсафа ҳамеша бар зидди суиқасду бӯҳронҳо, таназзули тамаддуну коҳиш ёфтани маданияту маънавиёт нигаронида шудааст. Ҳадафи он боақлона ба роҳ мондани муоширату муколамаи байни одамон, гурӯҳҳо, фарҳангҳо ва тамоми кишварҳо дар рӯзҳои мудҳишу ҳодисаҳои тақдирсозашон мебошад, ки бо онҳо дар мавриди касб намудани илму ҳунарҳо ва фаъолияти ҷамъияташон ҳамчун воситаи иртиботсоз дар сатҳҳои гуногун амал карда меояд. Фалсафа бо илм рақобат намекунад, балки онро пурра мекунад. Он барои гузоштани тадқиқоти илмӣ дар заминаи васеътар кӯмак мекунад ва саволҳои бунёдиеро ба миён мегузорад, ки ба тадқиқоти илмӣ илҳом мебахшанд.
Фалсафаи илм табиати дониши илмӣ, усулҳо ва маҳдудиятҳои онро меомӯзад. Он инчунин барои фикр кардан дар бораи ҷанбаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии кашфиёти илмӣ ёрӣ мерасонад. Ба андешаи мо, фалсафа барои илмҳои замона мисли модарест, ки бо пайвандии асилу ҳикматомезаш, аз ҷониби офаридааш меҳру вафо ва қадру сипосгузорӣ набинад ҳам, вале ҳамеша ҳастии парвардаи хешро хоҳону ҷӯё аст. “Чӯбро об фурӯ менабарад донӣ зи чист? Шармаш ояд аз фурӯ бурдани парвардаи хеш”.
Пас чаро, имрӯзҳо, мо фалсафаро чун бори гарону корношоям ва, баъзан, нодаркор шуморида, мавқеъ ва густариши онро дар майдони илмумаърифат танг карда, мисли фарзандони нохалаф нодидагирӣ карда, дар сатҳи маърифатӣ ва маънавӣ ба он беэътиноӣ зоҳир месозем? Чаро ки мо фалсафаро ба унвони як ҷаҳонбинии ратсионалӣ ва илми мантиқро чун асбоби хирадафзою илми ҳикматомӯз парваришу дастгирӣнамекунем? Чаро фанни “Мантиқ” дар донишгоҳҳо фақат дар барномаи таълимии баъзе ихтисосҳо дохил карда шудаасту бас? Чаро ҷавонони мо аз ҳикматдӯстию шаклҳои мантиқии фикр: мафҳум, муҳокима, хулосабарорӣ ва қоидаҳои хоси онҳо бехабаранд? Сад ҳазор чаро!...
Фалсафа як фаннест, ки масъалаҳои бунёдии табиати ҷаҳон, инсон, дониш, ахлоқ ва дигар паҳлӯҳои ҳастиро меомӯзад. Сарфи назар аз он, ки ҷаҳони муосир бо илму фановариҳои нав ғанӣ гаштааст, фалсафа ҳамчун як соҳаи муҳим ва мураттаби дониш боқӣ мемонад. Фалсафа дар ташаккули арзишҳо ва ҷаҳонбинии одамон нақши муҳим дорад. Он барои мулоҳиза кардани саволҳо дар бораи маънии ҳаёт, ахлоқ, неку бад кӯмак мекунад. Фалсафа ба мо имкон медиҳад, ки муаммоҳои ахлоқиро баррасӣ ва таҳлил кунем, ки ин дар ҷомеаи муосир махсусан муҳим аст,чунки дар ин ҷо масъалаҳои мураккаби ахлоқии марбут ба биоэтика, навовариҳои технологӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба миён меоянд. Фалсафа бо омӯзонидани мафҳуму категорияҳо ва қонунҳои диалектикӣ ба насли ҷавон бедории шуур ва худогоҳӣ бахшида, сатҳи ҷаҳонбинӣ ва худшиносиашонро баланд нигоҳ медорад.
Омӯзиши илми мантиқ, чун ҷузъи ақлонии фалсафа, хусусан, барои ҷавонони имрӯза хеле муфид аст,зеро он ақлу заковатро тарбия намуда, дар зеҳну шуури ҷавонон ба худ эътимод доштан, солимии афкор, худогоҳӣ ва рӯҳи қавии онҳоро тарбия мекунад. Мантиқ илмест, ки шаклҳои фикрро аз ҷиҳати сохту таркиб, тарзи алоқамандии онҳо қатъи назар аз тағйироту тараққиёташон меомӯзад. Илми мантиқ, қонун ва қоидаҳоеро меомӯзад, ки онҳо дар рафти хулосабарорӣ амал мекунанд. Ба қоидаҳои махсуси шаклҳои мантиқӣ риоя кардан шарти асосии пайдо намудани хулосаҳои саҳеҳ дар фаъолияти касбӣ ва зиндагӣ мебошад. Аммо ин шарту усули ба роҳ мондани фаъолияти иҷтимоӣ ва зиндагонӣ, имрӯзҳо, аз мадди назари мутафаккирони илму маориф чунон афтодааст, ки мо мутахассисони мантиқшинос ва устодони барҷастаи шогирдпарвар хеле кам дорем. Шояд аз сабаби он ки илми мантиқ хеле мураккабу мушкилфаҳм аст ва фалсафашиносони мо бештар аз мутахассисони илмҳои фанҳои дақиқ нестанд, тарзу усулҳо ва ҳангоми таълими фанни фалсафа методологияи омӯзиши чунин фанҳои таълимиро ба қадри кофӣ дарку истифода накардаанд ва ё ба умқи фалсафадонӣ дуруст нарасидаанд? Эҳтимолан, аз ин сабаб бо иштибоҳ фалсафаро мушкилфаҳму нолозим мешуморанд?
Маълум аст, ки огоҳӣ доштан аз фалсафа ва илми мантиқ чун воситаҳои баҳсу мунозираҳои ҳикматомезу оқилона ҳамеша ба шуурнокӣ ва маърифати мантиқии тафаккури ҳомилонаш ишора менамояд. Аз ин рӯ, дар тӯли замонҳо дар ҳар илму касби ҳунар майл кардан ба фалсафа ва омӯзиши илми мантиқ, ки чун як ҷодаи мубраму пурмӯҳтаво ва иқдоми нерӯбахшанда ба ҳисоб мерафт, муттасил роҳандозӣ мешуд. Дар асл, огоҳӣ доштан аз фалсафа ва азхуд намудани амалҳои фикрию қонунҳои мантиқӣ тафаккурро сайқал дода, тавассути таҳлилҳои мантиқӣ фикрҳо дуруст шуда, дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ба ҳалли мушкилиҳои воқеии иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
Мутафаккирони асрҳои гузаштаи мо дар даврони шукӯҳи дини ислом, гарчи дар чорчӯбаи динӣ мондагор шуда бошанд ҳам, маҳз бо шинохти ҷаҳонбинии фалсафӣ ва омӯзиши илми мантиқ қолабҳои хурофотии монеасозро шикаста, бо баҳсу талошҳои илмию дунявӣ ба қуллаҳои баланди маърифату маданияти волои хеш ва эътирофи башарият расидаанд. “Дониш на садди роҳи шинохти Худост, балки мададгор аст...он дониш аст, на имон, он калиди солимии рӯҳӣ ва наҷоти инсон мебошад,” - таъкид мекунад Абуали Сино.
Ба ақидаи мо, василаи ҳаллу фасли ин масъала марбут ба маҳдудгардони омӯзиши фанни Мантиқ ва омӯзиши сарсаронаи фанни фалсафа дар донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ мебошад, ки насли ҷавонро ба тангназарӣ ва кундзеҳнӣ мерасонад, ки оқибаташ ҷамуди фикрӣ ва манкуртист. Шояд аз ин сабаб, ки, имрӯзҳо, бештари мардум, аз он ҷумла, мутахассисон ва донишҷӯёни муосир дар чорчӯбаи илму ҳунарҳои хеш маҳдуд шуда, бештар ба маънавиёти рӯҳонӣ мегарованд.
Маҳдуд будани омӯзиши масъалаҳои илми соҳавӣ аз назари фалсафӣ ва қонуну амалҳои мантиқӣ дар соҳаи маорифу маданият, ба хурофотпарастӣ роҳ кушода, барои афзалият пайдо кардани дину донишҳои динӣ, аз як тараф, ба тангназарӣ ва, аз тарафи дигар, барои пахш шудани андешаҳои дунявӣ аз ҷониби хурофоти динӣ мусоидат мекунад. Анъанаҳои динии хурофотиро Абӯнасри Форобӣ фитнагарӣ ва доми гурӯҳе мешуморад, ки бидуни муборизаи ошкоро, баҳри ба даст овардани неъматҳо дар ҷомеа фаъол мегарданд. Бинобар ин дар мавриди таснифи илмҳо Абӯнасри Форобӣ мақоми илми мантиқ ва фалсафаро аниқ муайян намуда, мантиқро яке аз илмҳои назариявӣ ва санъате мешуморад, ки қонуну қоидаҳои тафаккурро меомӯзад. Форобӣ фалсафаро чун илми назариявӣ, ки бо далелҳои равшану боварибахш оиди моҳияти тамоми ашё ва мавҷудоти олам дониши мукаммал медиҳад, аз ҳама илмҳои дигар болотар мегузорад. Ба ақидаи мутафаккир, ҳар касе, ки барои омӯзиши дониши фалсафӣ саъй мекунад, бояд покизагии рӯҳ ва хислатҳои хуби ахлоқӣ дошта, бо ахлоқи ҳамида, камолоти зеҳнӣ ва сифатҳои баланди маънавиаш ба мардум намунаи ибрат бошад.
Фалсафа бо тамоми усулҳо ва низоми маҷмӯи донишҳои гуногунҷанбаи хеш нисбати оламу одам ва мавқеи инсон дар ҷомеа ба ташаккули шуури одамон кӯмаки ҷиддӣ расонида, ба онҳо маънавиёти солим мебахшад. Материализм ва диалектикаи онро метавон ба контексти ақидаҳои ормонгароёнаи (идеалистии) худи файласуф дохил кард, чи тавре ки масалан, бо назарияи ҳиссии Д.Беркли ё назарияи усули юнонии апполонӣ ва дионисии Ф.Ницше рух медиҳад, баҳсангез бошанд ҳам, вале онҳо ҳанӯз ҳам мавҷуданд, зеро олами объективии воқеӣ вучуд дорад ва доимо ғайричашмдошт тағйир меёбад.
Фалсафа дорои донишҳои назарии тахминие мебошад, ки тавассути мушоҳидаҳо ва амалҳои мантиқӣ таҳлилу таҷзия меёбанд, аммо бурҳону далелашон бо мурури замон бо мусоидати рушди техника ва технологияҳои мувофиқ, ба вуҷуд омадани асбобҳое, ки ба нерӯи табиии узвҳои эҳсосотӣ ва дарки инсон қудрату имкониятҳои тоза мебахшанд, ба исбот мерасанд. Ба мисли он ки масъалаи мабдаъ ва маод - парастиши модда аз тарафи файласуфони антиқа Фалес, Анаксимен, Анаксимандр, Гераклит, Левклиппу Демокрит ва дигарон назарӣ ҳал карда шуда буд. Фалес сарчашмаи ҳаётро дар об, Анаксимен дар ҳаво, Анаксимандр дар як ҷавҳари ҷудогона – об ё оташ нею ибтидои оламро дар мавҷудияти апейрон - ҷавҳари номуайяне медид, ки ҳама чиз аз он тавлид мешавад ва ҳама чиз ба он бармегардад. Анаксимандр аввалин шуда назарияи такомул: аз моҳӣ ба вуҷуд омадани одам, Анаксимен оиди қонуни гузариши таъғироти миқдорӣ ба сифатӣ, дар мавриди соишхӯрии нахустматерия – “ҳаво" ва пайдоиши ашёи моддӣ чун натиҷаи он, Гераклит мабдаи маодро дар оташ, Левклиппу Демокрит дар мавҷудияту соишхӯрии зарраҳои хурдтарин – атомҳо таъкид мекарданд.Ин донишҳои назарии ақлонӣ аз ҷониби мутафаккирони антиқӣ тавассути тафаккури мантиқӣ ва истифодаи қонунҳои мантиқӣ ба даст оварда шуда буданд. Баъди ривоҷу равнақ ёфтани илм ва соҳаҳоитехникаю технологияҳо, мукаммал шудани назарияҳо оиди пайдоиши олам, баъди чандин ҳазорсолаҳо бо ихтирои микроскоп, тавассути кашфиётҳо ва назарияҳои нав ба нави илмӣ тасдиқи худро ёфтаанд.
Бо вуҷуди ин,ба сабаби дуруст дарк нашудани моҳияти фалсафа ва вазифаи методологии он дар рушди илмҳо, имрӯзҳо, аз тарафи баъзе олимони тангназар ва аҳли дин як гаровиши номатлуб - нодида гирифтани мақому манзалати фалсафа ва ба ин василаон аз доираи илму маориф танг карда баровардани ин маншаи хирадомӯз мушоҳида мешавад. Оқибати ин падида хеле ташвишовар аст. Аз ин ҷиҳат саволи баҳсбарангезе ба миён меояд, ки оё фалсафа илм аст? Аз як тараф, фалсафа дорои тамоми аломатҳои илм: объект ва предмети омӯзишу пажӯҳиш, ҳадафу вазифаҳо, усулҳо ва дорои мафҳумҳо вадастгоҳи категориалӣ мебошад.
Аммо на ҳамаи масъалаҳои фалсафиро бо воситаҳои илмӣ ҳал кардан мумкин аст. Фалсафа аксаран, дар он ҷо сар мешавад, ки ҳудуди як фанни мушаххас ба охир мерасад. Ба ин маъно, фалсафа, одатан, барои ҳалли мушкилотоиди асосҳои илм ё марзи он ба соҳаҳои нав муроҷиат мекунад. Фалсафаро метавон танҳо ба маънои васеътарини калимаи «илм» - ҳамчун ҷустуҷӯи дониш дар пояи ақлу хирад номид. Дар баробари ин, масъалагузории фалсафӣ ва тарзи муносибати он ба ҳалли ин масъалаҳо аз фанҳои мушаххаси илмӣ хеле фарқ мекунад. Масъалагузории фалсафӣ хеле умумӣ бошад ҳам, аслан, амиқ, ҳамаҷониба ва фарогири тамоми ҷанбаҳои мавзӯъ аст.
Аз ин рӯ, имрӯзҳо, замона тақозо мекунад, ки дар шароити ҷаҳонишавии василаҳои иртиботу муколама ва мураккаб шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ, инчунин, богустариши рақамикунонии тамоми соҳаҳо ва воситаҳои ахбори омма, ҳар як фарди ҷомеа ва, хусусан, ҷавонони худогоҳу ботафаккур бояд аз файзи ин дастовардҳои сармояи маънавии инсон - илми мантиқ ва фанни фалсафашиносӣ, ки донишҳоро тамйизу мураттаб месозанд, бархурдор гарданд.
Назира Орифҷонова, номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими калони илмии Шӯъбаи фалсафаи иҷтимоии ИФСҲ-и АМИТ