Бардошт аз дидори НБО-и Роғун,01 ноябри 2
Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти бузург барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфи назар аз мушкилоти молиявию иқтисодӣ, ба сохтмони бузургтарин иншооти аср - Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун шурӯъ намуданд, ки он омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик ва Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Тибқи иттилои коршиносон сохтмони Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун – яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон соли 1976 оғоз ёфта, иқтидори лоиҳавии он 3600 мвт аст ва он аз 6 агрегат бо иқтидори 600 мвт иборат аст. Баландии сарбанди он 335 метрро ташкил медиҳад ва бо истифодаи пурраи он, ин нерӯгоҳ метавонад дар як сол 17 миллиард квт нерӯи барқ истеҳсол кунад. Соли 2005 байни Тоҷикистон ва ширкати "Алюминийи Русӣ" (Русал) – и Федератсияи Русия созишнома дар бораи сохтмони Нерӯгоҳи Барқи Атомии Роғун ба имзо расид, аммо он бо сабабҳои гуногун амалӣ карда нашуд[1].
29- уми августи соли 2007 Тоҷикистон шартномаро қатъ кард. Ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки ин нерӯгоҳро бо маблағи худ бунёд кунад. Бо ин мақсад ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун" таъсис дода шуда, 15 апрели соли 2008 оинномаи он бо сармояи 116 миллион сомонӣ тасдиқ гардида, соли 2009 ҳаҷми максималии ин сармоя то 6 миллиард сомонӣ зиёд карда шуд [2].
Баъдтар ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Итолие) шартнома баст, ки тибқи он барои сохтмон ва истифодаи ду энергоблоки НПО Роғун 3,9 миллиард доллар ҷудо карда шуд. Танҳо барои сохтмони бузургтарин сарбанди сунъии Нерӯгоҳи Барқи обии Роғун 1 миллиарду 950 миллион доллар ҷудо карда шуд.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои худ иброз намуданд, ки: «Дар соли 2023 барои идомаи корҳои сохтмон дар неругоҳи «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд, вале бо мақсади боз ҳам тезонидани раванди корҳо Ҳукумати мамлакат иловатан 2,6 миллиард сомонӣ ҷудо намуд. Яъне соли гузашта барои бунёди иншооти мазкур 5,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Ҳамчунин, дар соли 2024 барои идомаи корҳои сохтмон аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағи 2,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.Аммо бо мақсади ҳарчи бештар вусъат додани корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот то ба имрӯз, яъне дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 3,5 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст»[3].
Мувофиқи афзалияти аввалиндараҷаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ сохтмон, азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат барои дигаргунсозии иқтисодии Тоҷикистон зарур мебошад.
Тавре ки маълум аст, ки иқтидори умумии гидроэнергетикии кишвар ба 527 млрд. квт соат/сол баробар аст, ки имрӯз танҳо 5% - и он азхуд карда шудааст. Дар мавриди истифодаи захираҳои дохилии гидроэнергетикии Тоҷикистон НБО Роғун бо мавҷудияти экспертизаи мусбати байналмилалӣ нақши муайянкунанда дорад. Аз ин рӯ, дар стратегияи миллӣ қайд карда шуд, ки “эътирофи ҷамъиятӣ ва байналмилалии амнияти таъсири лоиҳаи НБО –и Роғун ба кишварҳои поёноб ба даст оварда шудааст, самаранокии иқтисодӣ, амнияти экологӣ ва қобилияти молиявии он асоснок карда шудааст”[4].
Беназирии НБО-и Роғун дар он аст, ки дар ҷараёни сохтмон тавлиди нерӯи барқ, фурӯш ва сармояи ҷамъшуда барои анҷом додани сохтмон имконпазир аст. Дар аввал, нерӯи барқи истеҳсолшудаи Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун барои пӯшонидани ниёзҳои дохилии кишвар истифода мешуд, зеро пас аз соли 2008, дар фасли зимистон норасоии шадиди нерӯи барқ дар кишвар ба назар мерасид. Бо ба кор андохтани агрегати якум ин масъала аз рӯзнома бардошта шуд ва норасоии барқ дар минтақаҳои Тоҷикистон коҳиш ёфт.
НБО –и Роғун лоиҳаест, ки на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар тамоми минтақа аҳамияти муҳим дорад. Оғози нерӯгоҳ ба рушди энергетикӣ ва саноатии минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя такони қавӣ мебахшад, ки дар навбати худ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ, густариши гардиши молҳои байнидавлатӣ ва байниминтақавӣ, таъмини мавҷудияти миқдори зарурии об барои обёрӣ дар солҳои хушксолӣ ва ғайра мусоидат хоҳад кард.
Аҳамияти бузурги Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғунро дар оянда барои кишварҳои минтақа раиси палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Узбекистон Нурдинҷон Исмоилов, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, тасдиқ кард. Ӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми Мардуми Тоҷикистонро бо ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун самимона табрик гуфта, изҳор дошт: “Ман аз оғози бомуваффақияти ин иншооти азим ҳавасмандам, ин чорабинӣ дар таърихи навини Тоҷикистон сабт хоҳад шуд ва татбиқи ин лоиҳа на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои халқҳои тамоми минтақаи Осиеи Марказӣ низ аҳамият дорад. Ин лоиҳаи беназир ба шарофати Шумо, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қатъият, устуворӣ ва сиёсати дурандешонаи Шумо амалӣ гардид”[5].
Моҳияти байналхалқӣ доштани ин Неругоҳ ҳеҷ гоҳ аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ дур намемонад. Моҳи ноябри соли 2018 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия Манлио ди Стефано дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” чунин таъкид намуда буд: “Ин лоиҳа барои тамоми минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, зеро дар доираи лоиҳаи интиқоли неруи барқи «Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ (маъруф ба CASA-1000) Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон аз истифодаи неруи барқи дар НБО-и «Роғун» истеҳсолшаванда манфиат ба даст меоранд”. Нависанда, адиб ва таҳлилгари бузурги сиёсӣ Александр Проханов соли 2016 нисбат ба ин сохтмони аср чунин таъкид кардаааст: “Ин неругоҳ-сохтмони коинотист, лоиҳаи онро муҳандисони бузурги шуравӣ омода намуданд, ҳиссаи худро франсузҳо, итолиёвиҳо ва германиҳо низ гузоштанд. Ин ҷо олот ва мошинҳои Япония, Германия ва Беларус кор мекунанд. Ин ҷо славяниҳо ва осиёиҳо меҳнат доранд ва онро ҳамчун фарзанди дўстдоштаи умумӣ парастиш мекунанд”[6].
Ҳамчунин муҳандиси асосии Резиденти консорсиуми "Трактебель-Электроконсулт" (Consortium "Tractebel-Electroconsult"), Жан-Франсуа Норманд дар мусоҳиба бо корманди маҷаллаи Тоҷикистон иброз намуд: “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун метавонад Тоҷикистонро дар содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя пешсаф гардонад. Роғун ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ рушд кунад. Манбаи табиӣ, ки барои тавлиди нерӯи барқи Роғун- хизмат мекунад, тӯҳфаи Худо ба халқи тоҷик аст” [7].
Воқеан ҳам ифтитоҳи ду агрегати ин неругоҳ барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон озмоиши ҷиддӣ аст. Азбаски маҳз дастгирии сиёсати хориҷии аҳамияти ба итмом расонидани сохтмони иншооти мазкур нақши муҳим бозид ва таҷрибаи амалӣ оид ба таҳияи стратегияи зарурӣ барои ҳимоя ва татбиқи манфиатҳои миллӣ ҷамъ оварда шуд. Таҷрибаи ҷустуҷӯи роҳҳои созиш ва баҳисобгирии манфиатҳои шарикони беруна оид ба мушкилоти шадид, бо риояи манфиатҳои худ, имконияти ояндадорро барои таҳкими банақшагирии сиёсати хориҷӣ барқарор мекунад.
Равандҳои муосири иқтисоди ҷаҳонӣ собит гардонидааст, ки инкишофи ояндаи ҷомеаи башарӣ маҳз ба “иқтисоди сабз” алоқаманд аст. Бо ин ҷиҳат Тоҷикистон мақсад гузоштааст, ки то соли 2050 истеҳсоли ин навъи энергиятро ду маротиба афзоиш диҳад. Имрӯзҳо натанҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ низ аз пешрафти соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ҳавасманду манфиатдор мебошанд.
Давлатова Фарида, ходими хурди илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ
Манбаъ:
1. Мусоҳиба бо корманди НБО-и Роғун (сана: 01.11.2024)
2. https://rtsu.tj/news/?ELEMENT_CODE=1217 (санаи муроҷиат 04.11.2024)
3. https://khovar.tj/.../nbo-i-ro-un-davomi-sol-oi-2008.../ (санаи муроҷиат 07.11.2024)
4. https://cabar.asia/.../rogunskaya-ges-kak-faktor... (санаи муроҷиат 07.11.2024)
5. https://old.rtsu.tj/ru/news/11724/ (санаи муроҷиат 09.11.2024)
6. https://tnu.tj/.../nbo-i-ro-un-nufuzi-to-ikiston-dar.../ (санаи муроҷиат 07.11.2024)
7. https://pressa.tj/rogunskaya-ges-novaya-sila-tadzhikistana/ (санаи муроҷиат 02.11.2024)