Skip to main content

Санаи 22.11.2024 дар Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Миззи мудавварро директори Институт Қадамзода Д.С. ҳусни оғоз бахшида, аҳли кормандонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Инчунин, ходими калони илмӣ, н.и.б. Хайров Х.С. дар мавзуи «Парчам рамзи соҳибистиқлолӣ ва сарфарозии миллат» маъруза намуда, зикр намуд, ки меҳру муҳаббат ва арҷ гузоштан ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус ҳамеша ва ҷовидона маъво дошта бошад.