Skip to main content

26 ноябри соли равон бо мақсади таҳлилу баррасии ҳисоботи солона дар толори Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология бо иштироки ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа фаъолияти яксолаи Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон зимни ҷаласа масъалаҳои мубрам ва саривақтӣ, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақшачорабинӣ ҳамроҳ гардидаанд баррасӣ карда шуданд.

Пас аз шунидани ҳисоботи роҳбарияти Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳокимаҳо сурат гирифта, эроду мушкилиҳое, ки дар доираи фаъолият мушоҳида мешаванд барои бартараф сохтани онҳо ва саривақтӣ иҷро намудани дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт масъулин вазифадор карда шуданд.

Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа масъулин доир ба мавзуҳои худшиносиву худогоҳӣ дар байни муҳақиқони ҷавон, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, омода намудани кадрҳои баланди илмӣ дар самти сейсмалогия, инчунин мубориза бар зидди амалҳои номатлуб, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва ғояҳои бегонапарастӣ суханронӣ намуданд.