Skip to main content

Кормандони Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский, Институти ботаника, генетика ва физиологияи растаниҳо ва Маркази илми-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) аз санаи 18.12 то 31.12.2024 дар Тренинг курси омӯзиши оид ба ташхиси фосилавӣ (дистанционная зондирования) ҷиҳати мониторинги офатҳо ба кишоварзӣ ва идоракунии кишоварзӣ бо технологияҳои ҳушманд барои "Як камарбанд як Роҳ" дар шаҳри Дэнсини (Denqin) музофоти Хейлунзяни (HEILONGJIANG) Ҷумҳурии мардумии Чин қарор доранд.

Дар курси омӯзишӣ 22 нафар омузандагон аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон иштирок менамоянд. Намояндагони Тоҷикистон 6 нафар муттахасисони варзидаро ташкил дода ният доранд то аз таҷрибаи пешрафтаи олимони Чин баҳравар гардида, дар амалияи соҳаи кишоварзии мамлакат дар оянда онро ба кор баранд.