(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ҳама комёбиҳову пешравиҳо ва муваффақиятҳоро дар бахши сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамояд, ки имсол дар таърихи 28 декабри соли 2024, ин маъракаи муҳимми сиёсӣ баргузор карда шуд ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда муайян карда шуд.
Самтҳои муҳимми хоҷагии халқи кишвар дар паёми навбарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Пешвои миллат бештар ба арзишҳои миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дар роҳи эъмори давлатдорӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ гуфта гузаштанд.
Масъалаҳои калидӣ, ки дар меҳвари паёми навбарӣ таваҷҷуҳро зиёдтар ҷалб менамуд, ин пеш аз ҳама ташаббусҳои ҷаҳонии мамлакат, аз ҷумла эълон гардидани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо, ҳифзу қироати “Шоҳнома”-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ, диди тоза ва пажуҳишҳои саривақтӣ дар шинохти “Наврӯз”, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб, аз ҷумла одамрабоӣ, терроризм, мубориза бар зидди коррупсия, инчунин ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ҳурмату эҳтиром миёни ҷавонон ва калонсолон, эҳтиром ба зан – модар, этикаи касбӣ, маърифати молиявии шаҳрвандон ва варзишу ҷавонон ва дигар масъалаҳои муҳим буданд.
Дар ҳар давру замон ҷавонон нерӯи созандаи халқҳову миллатҳо ва давлатҳо будаанд ва аз ҷониби сарварони сиёсии оқилу донишманд ва роҳнамову мушфиқу ғамхор дастгирӣ ёфтаву ба қуллаҳои баланди илму дониш ва маърифат мерасиданд, ки ин ҳама ғамхориҳову кӯмакҳову имтиёзҳо нисбати ҷавонон ва наврасон дар тӯли 33 соли давлатдории Президенти маҳбуби кишварЭмомалӣ Раҳмон мушоҳида мешаванд.
Таҳсили беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат дар донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон нишондиҳандаи сатҳи баланди таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ ба намояндагони халқ иброз доштанд, ки имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Агар аз паём то паём нишондодҳои омориро назар афканем, мебинем, ки ҳатман навигарие, ибтикоре, дастгирие, пешравие аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ба мушоҳида мерасад ва ҳатман қадам ба қадам ҷавонон ба сӯйи ояндаи дурахшон мениҳанд ва ҳамеша дар тарафи тобон ҳастанд.
Яке аз дигар ташаббусҳои созандаироҳбарияти олии кишвар нисбати ҷавонону наврасон ин таъсиси озмунҳо мебошад, ки Пешвои миллат оиди ин масъала дар паёми навбатӣ андешаҳои худро ироа намуданд ва аҳамияти ин озмунҳоро шарҳ доданд. Аз ҷумла озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», ки то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавононро дар бар гирифта, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд, ки ин низ ҷиҳати ҳавасманд намудани ҷавонону наврасон як нишондоди назаррас мебошад.
Чи гунае, ки Сарвари кишвар ҳамеша таъкид медоранд, “Ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст”, ин шиори доимамалкунанда роҳбарони вазоратҳову идораҳоро пайваста ҳушдор месозад, ки барои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо омода бошанд.
Дар паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ин самт иброз намуданд, ки барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кадрҳои баландихтисос ва кордону корсоз дар кадом самте набошад, корро сифатан хубу аъло месозанд ва ҳусни амалро зиёда мегардонанд.
Сарвари давлат бо андешаҳои созанда, маслиҳатҳои омӯзанда ва ҳисси баланди масъулият қалби ҷавононро ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намуда, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат бедор месозанд. Аз нигоҳи некбинонаи Роҳбари кишвар ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол буда, таъкид менамоянд, ки “..маҳз ҷавонон масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт”.
Дар гузориши худ Президенти кишвар таъкид намуданд, ки “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд,иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”. Дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ҳақиқатан ҳисси ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон баландтар мегардад ва шуҷоату матонат, далериву ҷасурӣ, завқи баланди корбарӣ ва кордонии онҳо бештар мушоҳида мешавад.
Баҳри ҳавасманд гардонидан ва бовар кунонинади ҷавонон ва инчунин бовар доштани Пешвои миллат аз нерӯи бузурги ҷавонон бо дили пур ва умеди комил дар паёи навбатӣ қайд намуданд, ки “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем”.
Мувофиқи таҳлилҳо ва нишондиҳандаҳои назаррас имрӯз 61 фоизи шумораи умумии кормандонро дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда дар хизмати давлатӣ 49 фоиз мебошад ва ин аз кишвари ҷавон ва ҷавонпарвар будани Тоҷикистон дарак медиҳад. Пешвои муаззами миллат ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбият намуда, ҳамчун мутахассиси варзида ҷиҳати таҳсили онҳо дар дохили кишвар ва хориҷӣ кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд ва аз ин сабаб аз ҷавонон боварии комил доранд, ки мо ҷавонон бояд ҳамеша барои ҳифзи марзу буми кишвар омода бошем ва бо завқи баланд ва ниятҳои неки бегазанд барои эҳтироми волидайн ва тарбияти фарзанд камари ҳиммат бубандем ва ҳамчун ҷавони саодатманди кишвар зираку ҳушманд ва муҳофизи асили ин сарзамини аҷдодиамон бошем.
Президенти кишвар бар замми мушкилоти дигари ҷойдошта дар ҳар паём ба намояндагони халқ ҷойгоҳи ҷавононро бо як ҳисси баланди худшиносӣ ва хештаншиносӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳанд ва дар баробари ин, ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода буда ва зираку ҳушёр бошанд.
Ҷавононро мебояд, ки барои эътимод ва боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишмандаи хешро гузоранд ва барои ҳамешагӣ пайравони асили Пешвои миллат бошанд.
Зиёзода Субҳиддин Насриддин, - номзади илмҳои филология, раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ