Skip to main content

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум доир гардид.

Нахуст, аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 44 масъала қабул намуданд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология ва оид ба иқтисодиёту коммуникатсия маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷонибаи аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ва «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ», ки дар шакли қонунҳои мукаммал қабул карда шудааст, инчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон,«Дар бораи хариди давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри тиҷоратӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона» ҷонибдорӣ карда шуданд.

Дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои Маҷлиси миллӣ Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан, Мирзозода Рустам Пираҳмад аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан, Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, Абдуллозода Зебонисо Файзулло аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан, Хайриддинзода Азизбек аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан, Ализода Шодмони Шамс аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан ва Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан бозхонд гардида, Мирзозода Рустам Пираҳмад раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Зебонисо Файзулло раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.

Инчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Қурбониён Сафаралӣ Алихон, Амонзода Намози Шариф, Бобохонзода Асомуддин, Назарзода Даврон Қувват, Шукурзод Назрулло Тағайбобо, Саидзода Марзия Файзалӣ, Шерзода Ҷурабек Сангинмурод ва Давлатзода Исмоил Раҳим, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Баротзода Зумрад Маҳрамиён ва Саидзода Зулфия Саид ҷонибдорӣ карданд.

Дар идомаи иҷлосия пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қосимзода Хайриддин Шарифҷон ва ба вазифаи муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон баррасӣ гардида, ба онҳо ризоият дода шуд.

Аз рӯи масъалаи навбатӣ муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Умед дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҳисобот дод.

Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо назардошти таҳлили омори вазъи ҷинояткорӣ, оид ба пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар фарҷом, бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин бо сабаи ба кори дигар гузаштан аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Бо ҳамин, иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.

www.majmilli.tj