Skip to main content

(дар асоси «Ахлоқи ҳасана»-и Файзи Кошонӣ)

Ахлоқи ҳамида ва замима, унсуру омилҳои пайдоиши ин ду категирия аз он масоили мубрамест, ки то имрӯз ба таври зарурӣ ва алоҳида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор нагирифтааст ва хонандаи муосир, махсусан ҷавонон дар бораи ин мафҳумҳо тасаввуроти кофие надоранд. Ба ин хотир, тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамида, ки онро ҳасана низ мегӯянд дар байни насли муосир, махсусан наврасону ҷавонон ва худдорӣ намудани онҳо аз ахлоқи зишту разила аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷомеа аст.

Шахси соҳиби ахлоқи ҳамида – дорандаи фазилатҳои нек ва хӯи нек аст: илму ҳикмат, базлу бахшиш, сабру қаноатмандӣ, аъмолу рафтор ва гуфтори нек, шуҷоат, иффат, покӣ, ростгӯӣ, росткорӣ, тавозӯъ, адл, сукут ва монанди инҳо аз категорияҳои писандидаи ахлоқи ҳамидаи инсони бо фазилат аст. Дар муқобили ахлоқи ҳамида ва ё ҳасана ахлоқи разила ва ё замима меистад, ки он иборат аст: аз талх гуфтану дуруғгӯӣ, ғайбат задан, ҳасодат, кинаварзӣ, хабаркашӣ, кибру ғурур, такаббуру риё, худбинӣ, бадгӯӣ, бадбинӣ, иғвогарӣ ва ҳамчунин шаҳвату хашму ғазаби аз ҳадди эътидол баромада ва ғ…

Дар ин мақола дар бораи хашму ғазаб ва оқибатҳои бади он андешаҳои мухтасари хешро баён менамоем, ки ин ду мафҳум ҳам тарафи мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Қайд намудан зарур аст, ки агар хашм ва ё ғазаб дар ҳадди эътидол ва дар мавқеи зарурӣ аз рӯи ақли солим истифода шавад ин тарафи мусбати он аст. М.: то хашм набошад инсон наметавонад дар муқобили душмани хеш ва ё ҳайвони даранда худро ҳифз кунад. Ва баръакс агар аз ҳадди эътидол берун барояд ва бе мавқеъ аз он истифода шавад, боиси бадбахтӣ ва тавлиди дигар омилҳои ахлоқи замима мегардад, ки дар ин бора мутафаккирони гузаштаи мо ба монанди Носири Хусрав, Шамсиддин Муҳаммад Лоҳиҷӣ(Асирӣ), Ҷалолуддини Балхӣ, Аҳлии Шерозӣ, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ ва дигарон андешаҳои худро доштанд. Аз назари донишманди илму адаб ва муаллими ахлоқ дар асрҳои 16-17 Файзи Кошонӣ «…хашм – шуълаи оташест, ки дар зери хокистар махфист, ва маркази пойдоиши ин сифати разила гуштест,ки андаруни қалби инсонӣ аст ва агар қалб аз ин сифоти зишт ислоҳ шавад, тамоми аъзои бадан ҳам аз он наҷот ёфта солим мегардад…». Дар айни ҳол қалби инсон махзани нуру имон аст, яъне ба ҷои тирагиҳо, имон қавитар шавад инсон аз ғафлату ҷаҳолат дур шуда, рӯ ба ахлоқи ҳамида меорад. Хашму ҷаҳл боиси бадбахтии худи инсони ба хашм омада ва инсони муқобили он мегардад. Бинобар ин дар ҳангоми хашм инсон бояд худдорӣ намуда, сабру таҳаммулро пеша кунад ва ақли солими хешро ба кор барад, дар акси ҳол метавонад аъмоле анҷом диҳад, ки боиси пушаймонии ӯва бадбахтии шахси ба хашми вай гирифтор шуда гардад.

Файзи Кошонӣ роҳҳои аз хашм ва ё ғазаб наҷот ёфтани инсонро нишон дода, таъкид менамояд, ки ҳар гоҳшахс хашмгин шавад, дидагонаш қирмиз гардида, рагҳояш дам мекунанд. Барои аз ҳолати хашми шадид баромадан чанде аз роҳҳои дур шудани инсонро аз он раҳнамоӣ намудааст: 1. Ҳангоме, ки инсон ба чунин ҳол гирифтор мешавад, ӯпеш аз ҳама ба замин бояд бишинад, то палидӣ ва ғазаби шайтонӣ – нафсонӣ аз ӯ дур гардад; 2. Агар касе нисбат ба яке наздикони худ хашмгин шавад, ҳамон дам ба ӯ наздик гардад ва даст бар китфи ӯ биниҳад, зеро чун ба раҳми одам наздик шавад оташи хашмаш хомуш шавад; 3.То ҳадде метавонад худдорӣва дурӣ аз хашм кунад, ки ин аъмол аз омилҳои беҳбудии ин дард аст; 4.Сабру суббот, ботамкинӣ инсонро аз ҷаҳл дур намуда, ба хушбахтӣ сазовор мегардонад. Бузургон фармудаанд, ки «…ғазаб калиди ҳамаи бадиҳост». Дар ин ҷо бояд ҳамин нуктаро қайд намуд, ки қабзу басти хун ҳангоми ғазаб дар чи мизон аст: а) ҳангоме, ки фард нисбат ба шахси аз худаш пасттар хашмгин шавад ва яқин кунад, ки бар ӯ ғолиб аст, дар ин ҳолат хун дар аъзои ӯ паҳн мешавад; б) агар ин фард нисбат бар шахси неруманде хашмгин шавад ва натавонад интиқом бигирад, хун дар зери пӯсти баданаш баста шуда, ба қалб ҷорӣ мегардаду рагҳояш зард мешавад ва шояд вай ба ранҷи сахте гирифтор гардад; в) ва агар инсон ба фарде мисли худ ғазабнок шавад қабзу басти хуни ҳарду аз мизон берун шуда, дар натиҷа гоҳе рангашон ноил ба зардӣ мешавад ва изтироб дар вуҷуди онҳо рух медиҳад, ки аз паи интиқоми якдигар мешаванд.

Ҳамин тариқ, шахси хашмгин ҳамон вақт эҳсоси оромӣмекунад, ки аз аъмоли хеш лаззат барад, яъне аз ҳарифи худ интиқом гирад. Аз назари Файзи Кошонӣафроди дар хашм омадаи аз паи интиқом дар се дастаанд: 1. Ифрот – аз ҳадди эътидол берун баромадан аст; 2. Тафрит – бепарвоӣ кардан нисбати рафтору кирдори худ, беамалӣ аст; 3.Эътидол – дар ҳолати мувозинат, ё ин ки муътадил будан аст.

Гурӯҳи мардуме, ки дар роҳи тафританд, дорои қувваи интиқом набуда, ё андаке аз он қувва дар ниҳодашон мебошад. Ин тариқаи мардумро, Файзи Кошонӣ ба беғайратӣ таъбир намудааст, ки онҳо дар натиҷа номуси худро дар дасти душман мегузоранд ва тан зери бори пастфитратон медиҳанду худро ночиз мепиндоранд.Чунин фирқаи одамон аз ҳар амали зиште, ки мебинанд чашмпӯшӣменамоянд.

Дараҷаи ифроти қувваи интиқом ин аст, ки ӯ аз фармони ақлу маърифат хориҷ гардида, сар зери бори итоати онҳо дар намеорад. Дар натиҷа чунин инсон қувваи басирату фикру назари худро ба кор бурда натавониста ихтиёраш салб, яъне аз даст меравад. Дар ин ҳолат инсон на танҳо шахсияти хешро аз даст медиҳад, балки аз худшиносии ӯосор дар вуҷудаш намемонад. Шахси интиқомгиранда ин амали хешро дар муқобили интиқомшаванда диловариву мардонагӣ хаёл карда мегӯяд: «Ман касе ҳастам, ки бар корҳои муҳол хориҷ аз қонун собир нестам ва аз ҳеҷ кас таҳаммули душворӣ намекунам». Хулоса, ин гуна ашхоси ҷоҳилу аз худ ноогоҳ ин ҷумлаҳоро бо камоли ифтихор ба забон оварда ба гирдоби ҷаҳл ғутавар мегардад ва тамоми фазилатҳои инсониашро аз даст медиҳад. Чунин ашхос кару лол шуда, ҳеҷ гуна панду насиҳат дар ӯ таъсир намебахшад ва аз нури тобони ақлу маърифат бенасиб монда, онро ба дуди тираву зулмоти хашми хеш хомуш месозад. Аз ин ҷо: а) ин гуна хашм дорои осорест, ки нахуст дар зоҳири андом пайдо мешавад: рангаш тағйир ёфта, ларза дар ҷисму ҷонаш афтида, корҳояш аз таҳти ихтиёри ӯ хориҷ мешаванд; б) назму низоме дар умури ӯ ба назар наменамояд ва гуфтору кирдораш якҷоя дар изтироб буда, ба тавре, ки каф аз даҳонаш меояд; в) дидагонаш барафрухта ва аз ҳолати оддии хеш берун мешаванд; г) ҳар гоҳ одами хашмнок шакли зишташро дар ҳоли ғазаб бубинад, аз хиҷолати зиёд ғазабашро фаромуш мекунад. Аммо ин танҳо боиси тағйири ҳолати зоҳирии ӯст ва ботинаш дар ин ҳолат боз қабеҳтару кинадузтар мегардад.

Асаре, ки хашм ва ё ғазаб дар қалб мегузорад – ин ҳасодат, кибру масрурӣ, кина, бадрафторӣ, бадгуфторӣ ва амсоли инҳо аст. Яъне агар бадие ба ӯбирасад, забон ба бадгӯӣмекушояд ва агар хайре бубинад, масрур гардида, пайваста мехоҳад рози дигаронро фош кунад ва парда аз онҳо бардорад ва ҳамин тавр соири зиштиҳои дигарро содир менамояд.

Файзи Кошонӣ хашму ғазабро мазаммат намуда, роҳҳои халосӣ аз онро низ нишон медиҳад. Ба фикри ӯ инсони хашмнок қодир аст, ки худро идора намуда, ба бемории хашм беҳбудӣдиҳад ва ҳадди васатро, ки роҳи рост дар ҳама ҳолатҳо аст, пеша намояд. Бинобар ин ба назари мутафаккир «…тариқи рост бориктар аз мӯ ва бурандатар аз шамшер аст ва чун аз дарёфти он шахс оҷиз бимонад», худшиносии худро гум карда, ба бадбахтию ғурбат гирифтор мегардад. Ва «…касе, ки аз анҷоми амали нек боз бимонад, лозим нест пайваста ба кори шар(р) бипардозад.»

Кошонӣ андар хашм ва осори он бо рӯҳи инсон баҳс намуда ба суоли дигаре, ки «Оё, хашмро аз вуҷуди инсон пурра решакан кардан мумкин аст ва ё он ба таври ноаён дар он боқӣ мемонад?» - ҷавоб дода, таъкид мекунад, ки хашм дар тамоми инсонҳо вуҷуд дорад ва решакан кардани он зарурате надорад, зеро чунин амал ғайримумкин аст. Вале роҳҳои нисбатан заиф намудани нерӯи хашмро бояд ҷустуҷӯнамуд ба тавре, ки «…аз шиддати ботинӣон бикоҳад, ки асаре аз он намонад ва чунин амре ҳам ба ростӣ душвор аст». Аз ин ҷо, будани хашм дар ҳадди эътидол воҷибу зарурӣ аст.

Чунонки дар боло гуфтем мафҳумҳои ғазаб, ҳасад, ғайбату бадгӯӣ, бухл, кинаварзӣ, бадгумонӣ, хабаркашӣ, кибру риё аз сифатҳои зишти инсонӣ буда, боиси боло гирифтани ахлоқи замима бар ахлоқи ҳамида мегардад, ки ин масоил қариб диққати тамоми файласуфону орифони асримиёнагиро ба худ ҷалб намуда буд. Кулли ин масоил ҳанӯз дар таълимоти Абдуллоҳи Ансорӣ (асри Х1) баёноти худро ёфта буд. Дар фарқият аз Ансорӣ ва дигар ахлоқсароёни суфияву ирфон ва ҳамчунин аз Саъдии бузургвор, Кошонӣ на ба афоризму ривоятҳо, балки ба таърихи ахлоқи инсонӣ ва таҳлили ҷаҳони ботиниву зоҳирӣ ва маънавии худи инсон наздик шуда, тамоми сифату хислатҳои зишти инсониро дар муқоиса ба сифату хислатҳои ҳамидаи ӯ оварда, бартарию болоии якеро аз дигаре хеле равшану возеҳбаён мекунад. Ахлоқеро, ки Мулло Муҳсин Файзи Кошонӣ пешкаши инсонҳо намудааст дар тамоми давру замонҳо моҳият ва мубрамияти худро гум накарда, панд ва раҳнамоии бузурге ба башарият аст.

Муродова Тоҷинисо – н.и.фал., дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲба номи А.Баҳоваддинови АМИТ