Skip to main content

Кометаи С/2025 K1 – кометаи навкашфшудаи дароздавр буда, 25-уми майи соли 2025 дар Чили кашф шудааст. Тибқи маълумотҳои Unistellar (Mission K1), комета нав ба Системаи Офтобӣ дохил шудааст, ядрои он хурдтар аз 1 километр мебошад ва ба Офтоб то масофаи тақрибан 0.33 в.а наздик мешавад. Илман ин ҳодиса кам рух медиҳад, ки кометаи нав то ба ин масофа ба Офтоб наздик шавад. Ин метавонад боиси қисман ё пурра пароканда шудани ядрои комета шавад.

Дар моҳи июл дурахши комета тақрибан 14,3 – 14,5m буда, босуръат равшан мешавад.

Масофаи наздиктарини комета 25-уми моҳи ноябр мебошад, ки тақрибан то 0.4 в.а. ба Замин наздик мешавад, ки метавон бо чашми оддӣ мушоҳида кард.

Аз санаи 15-ум то 19-уми моҳи июл ва аз санаи 19 – ум то 23 – юми август як гурӯҳ кормандони Институти астрофизикаи АМИТ кометаи С/2025 K1 – ро бо телескопи Сейс 1000 (РАБС) мӯшоҳида намуданд.