Дар равандҳои пуртазод ва печидаи охири асри XX, вақте ҷомеаи ҷаҳонӣ бо тағйироти ҷиддии геополитикӣ рӯ ба рӯ гардид, миллати тоҷик низ ба марҳалаи тақдирсоз қадам гузошт. Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, холигии сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳо ва ҷудоихоҳӣ Тоҷикистонро ба гирдоби буҳрони амиқ кашид. Дар чунин шароити сангину хатарнок барои давлату давлатдории тоҷикон зарурати пайдо шудани шахсияти қавиирода, дурбин ва масъулиятшиноси миллӣ эҳсос мегардид. Ба арсаи сиёсат омадани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин айём ба марҳалаи нав оғоз бахшид, ки он имрӯз ҳамчун пояи давлатдории навини тоҷикон мавриди таҳқиқи илмӣ қарор дорад. Президент ҳамчун шахсияти таърихсоз дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар нақши сарнавиштсоз гузошта, асосҳои бунёдии давлатро аз сари нав эҳё намуд.
Рӯзи Президент, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, ҳамчун рамзи эҳтироми миллӣ ба хизматҳои барҷаста ва нақши таърихсози Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории муосир пазируфта шудааст. Ин рӯз ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иртиботи мустақим дорад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимоми раҳбарии кишвар интихоб шуд. Он на танҳо як рӯйдоди сиёсӣ, балки нуқтаи ибтидоии раванди сулҳсозӣ, эҳёи сохторҳои давлатӣ ва поягузории Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ба шумор меравад.
Ҷашни Рӯзи Президент имконият медиҳад, ки ҷомеа ба муҳимтарин саҳифаҳои давлатсозии навин назар афканда, саҳми шахсияти таърихсозро дар таъмини истиқлолият, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии кишвар бо диди илмӣ арзёбӣ намояд. Дар ин рӯз мардуми кишвар ба раҳбари худ ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат, бунёдгузори давлати навин ва ҳомии арзишҳои миллӣ арҷ мегузоранд.
Давраи аввали роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як вазъи фоҷиабори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рост омад. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳаёти кишвар ва сохторҳои давлатиро фалаҷ намуда буд, хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нопадид шудани Тоҷикистонро ба миён оварда буд. Дар чунин вазъ ибтикори Пешвои миллат оид ба барқарор намудани сулҳ ва таъмин кардани ваҳдати миллӣ аҳамияти сарнавиштсоз касб кард. Муборизаи ӯ барои сулҳ танҳо як иқдоми сиёсӣ набуд, балки барномаи стратегӣ ва дурбинонаи давлатсозӣ маҳсуб меёфт. Дастовардҳои Раванди сулҳ, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун падидаи нодир пазируфта шудааст, собит намуданд, ки роҳбари кишвар тавонист бо хирад ва сабру таҳаммул тамоми ҷонибҳоро ба музокирот ҷалб намояд ва таъсири қувваҳои манфиатдори хориҷиро маҳдуд созад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар соли 1997 ҳамчун дастоварди нодири таърихӣ то имрӯз мавриди таҳлили мутахассисон мебошад.
Дар баробари барқарор шудани сулҳ, масъалаи эҳёи давлат ва барқарорсозии сохторҳои фалаҷшудаи қудратӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба миён омад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ оғоз намуд. Бунёди Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 яке аз қадамҳои муҳим дар таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлат ба шумор меравад. Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, балки меъмории сиёсиест, ки роҳи рушди давлатдории демократӣ, идоракунии низомманд ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро муайян намуд. Бо такя ба он сохторҳои давлатдорӣ аз сари нав шакл гирифта, асосҳои рушди устувор гузошта шуд.
Сиёсати Пешвои миллат дар самти таҳкими ҳокимияти давлатӣ бо муваффақият амалӣ шуд. Ташкили Артиши миллии Тоҷикистон, азнавсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъсиси системаи муосири идоракунӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ба устувор гардидани раванди давлатсозӣ мусоидат намуданд. Ин иқдомҳо барои суботи дохилӣ ва ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ замина гузоштанд.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати устувори иқтисодиро роҳандозӣ намуд. Баъди солҳои 1990 иқтисоди кишвар дар ҳолати фурӯпошӣ қарор дошт. Барои рафъи ин ҳолат тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуданд: ҷалби сармоя, эҳёи корхонаҳо, ислоҳоти аграрӣ, таҷдиди инфрасохтор ва гузариш ба иқтисоди бозорӣ. Ислоҳоти аграрӣ ба рушди истеҳсолот, беҳбудии сатҳи зиндагии деҳот ва таҳкими амнияти озуқаворӣ мусоидат намуд. Имрӯз Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ пешрафти назаррас дорад, ки ин натиҷаи бевоситаи сиёсати дурбин ва амалигаронаи Пешвои миллат мебошад.
Сиёсати энергетикӣ низ ҳамчун самти калидӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Бо назардошти он ки Тоҷикистон захираҳои обии бузург дорад, вале аз камбуди нерӯи барқ ранҷ мебурд, Пешвои миллат сохтмони нерӯгоҳҳои муҳими стратегиро роҳандозӣ намуд. Бунёди НБО-ҳои “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва, пеш аз ҳама, оғози сохтмони НБО-и “Роғун”, ки онро рамзи асри нав ва иқтидори миллӣ медонанд, ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикиро амалӣ гардонид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф низ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуд. Бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, таҷдиди барномаҳои таълимӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонон, ташкили стипендияҳои давлатӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ Тоҷикистонро ба фазои нави маърифатӣ ворид кард. Дар паҳлуи ин эҳёи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва мероси таърихӣ мавқеи марказӣ гирифтанд. Барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, таъсиси осорхонаҳои муосир ва воридшавии чандин ёдгориҳои тоҷикон ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО самараи ин сиёсати фарҳангӣ мебошад.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон низ дар замони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи сифатан нав расид. Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба субъекти фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Ташаббусҳои умумиҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об, ки пай дар пай аз минбари СММ пешниҳод шудаанд, Тоҷикистонро ба кишвари калидӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ табдил доданд. Ин иқдомҳо нуфузи байналмилалии кишварро тақвият бахшида, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро густариш доданд.
Дар маҷмуъ, фаъолияти бисёрҷанбаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳбари сиёсӣ, меъмори сулҳу ваҳдат, эҳёгар ва бунёдгузори давлати муосири тоҷикон дар тамоми соҳаҳо—сиёсат, иқтисод, дониш, фарҳанг, амният ва робитаҳои байналмилалӣ нақши таърихсоз дошта, асоси рушду шукуфоии мамлакатро ташкил медиҳад. Бо такя ба ин дастовардҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати шахсияти таърихсоз на танҳо дар даруни кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ низ шинохта шудааст.
Директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ н.и.ф.м., Раҳимзода Алишер Орзу
