Skip to main content

Тибқи нақша-чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва супориши бевоситаи президенти АМИТ, академик Қ.Х. Хушвахтзода санаи 20.11.2025 дар толори МД “Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ” вохӯрии судманд бо хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии илмӣ Шарифзода Фарангис - доктори илмҳои филологӣ, директори институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ, Қурбонова Ширин - муовини раиси Кумитаи “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих, Садриддинзода Манучеҳр Исломиддин -доктори илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони назди Раёсати АМИТ ва дигар кормандони шуъбаи кор бо мактаббачагони Раёсати АМИТ иштирок намуданд.

Сароғоз чорабинии илмиро директори МД “Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ” фоли нек номида, қайд намуданд, ки ташрифи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба гимназия тавваҷуҳи хирадмандони Роҳбарият ва Раёсати АМИТ баҳри сайқал додани дониши хонандагони боистеъдод хоҳад гардид.

Сипас, сухани навбатӣ ба Шарифзода Фарангис - доктори илмҳои филологӣ, директори институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ дода шуд. Мавзуи баромади Ф. Шарифзода ба масъалаҳои ҳуввияти миллӣ дар тафаккури хонандагони МТМУ, литсей ва гимназияҳо бахшида шуд.

Баъдан, Қурбонова Ширин - муовини раиси Кумитаи “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илмҳои таърих, дар баромади худ нақши Пешвои миллат дар ташаккулёбии заминаҳои таърихӣ ва сиёсии ҳизби пешбар – Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро мавриди таҳлили илмӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, баромади мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони назди Раёсати АМИТ - Садриддинзода Манучеҳр Исломиддин бобати фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон низ сурат гирифт. Дар баромади худ мудири шуъба ҳозиринро аз номи Раёсати АМИТ, махсусан аз номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қ.Х. Хушвахтзода табрик гуфта, бо “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мавқеи Иҷлосияи тақдирсоз ва “Рӯзи Парчами давлатӣ” шодбош гуфта, қайд намуд, ки боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо дастгирӣ ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ба яке аз соҳаҳои калидӣ, афзалиятдошта ва авлавиятдошта мубаддал гардидааст.

Таъкид гардид, ки имрӯз замоне расидааст, ки хонандагони МТМУ, литсей ва гимназияҳои ҷумҳурӣ талош ва кӯшишҳои худро баҳри аз худ намудани илм бояд дареғ надоранд.

Дар фароварди вохӯрӣ, аз ҷониби хонандагони “Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ” суолҳои мушаххас бобати фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дода шуд.