Skip to main content
Паёми имсолаи Пешвои миллат, ки саршор аз ташаббусҳои ҷаҳонӣ, ғояҳои рушди устувор ва рӯҳияи ваҳдату ҳамбастагӣ буд, барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои боэътимод дар ҷодаи ободкорӣ, пешрафт ва таҳкими ҳарчи бештари худшиносии миллӣ хизмат мекунад. Дар ин Паём тамоми самтҳо ва масъалаҳои калидие, ки пояҳои асосии рушду инкишофи кишварро ташкил медиҳанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд ва шарҳу тавзеҳи ҳар яке аз онҳо таҳқиқоту омӯзишҳои алоҳидаро тақозо менамояд.

Дар ҳамин замина, дастури Пешвои миллат оид ба таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ иқдоми басо муҳим ва саривақтӣ мебошад. Ин ташаббус имконият фароҳам меорад, то бо далелҳои илмӣ собит гардад, ки сарзамини тоҷикон воқеан гаҳвораи тамаддуни ориёӣ буда, ганҷинаи бузурги панду андарз, ҳикмат ва ҷаҳонбиние, ки монанди он дар миёни дигар халқҳо камназир аст, маҳз аз ҷониби фарзандони ҳамин тамаддун офарида шудааст.

Ҳарчанд дар адабиёти оммавӣ ва илмии муосир таҳқиқотҳои зиёде дар бораи тамаддунҳои гуногун, аз қабили Майя, Шумер, Харапа ва ғайра ба назар мерасанд, вале тамаддуни ориёӣ аз ҳама бештар таваҷҷуҳи муҳаққиқонро ба худ ҷалб намудааст. Масъалаи ватани аслии ориёиҳо яке аз баҳсбарангезтарин мавзӯъҳои илми таърих ва бостоншиносӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар фазои расмию иҷтимоии интернет пайваста бо мақолаҳо ва баромадҳои гуногун, баъзан ҳатто комилан мухолиф, рӯ ба рӯ мешавем.

Нависандаи фаъоли қазоқ Аян Аден дар мақолаи худ роҷеъ ба қабилаҳои ориёӣ ва гузаштагони онҳо идао мекунад, ки омӯзиши навиштаҳои «Ригведа» ва «Авесто» гӯё маънои «истилогар» доштани калимаи «ария»-ро нишон медиҳад. Ӯ зикр менамояд, ки ба ақидаи бархе таърихшиносон ориёиҳо аз шимол, аз минтақаҳои Олтой, ба сӯи Эрону Ҳинд кӯч баста, он сарзаминҳоро ғасб кардаанд ва бинобар камшумор буданашон дар миёни этносҳои маҳаллӣ фурӯ рафтаанд. Муаллиф мардумони имрӯзаи ин минтақаҳоро насли ориёиҳо намешуморад ва идао мекунад, ки гарчанде дар забонҳои онҳо калимаҳое бо решаи ориёӣ вуҷуд доранд, асли онҳо бо эҳтимоли баланд ба забонҳои қадимаи туркӣ бармегардад. Вай ҳатто навиштаҳои мехии шумериро низ дорои решаҳои калимаҳои қазоқӣ дониста, дар натиҷа ба хулоса меояд, ки ориёиҳо халқи туркнажод будаанд.

Ақидаҳои нависандаи фаронсавӣ Жозеф Артюр де Гобино, ки дар миёнаҳои асри XIX назарияи нобаробарии нажодҳоро пешниҳод карда буд, низ пайравони зиёд пайдо намуд. Ба андешаи ӯ, ориёиҳо ашрофзодагони баландқомати сафедпӯсту чашмкабуд буда, аз Аврупо ба Эрону Ҳинд, Юнону Рим муҳоҷират кардаанд. Файласуфи олмонӣ Хюстон Стюарт Чемберлен ин андешаҳоро тақвият бахшида, кӯшиш кардааст «исбот» намояд, ки гузаштагони аслии ориёиҳо олмониҳо мебошанд.

Дар чунин фазои пур аз назарияҳои мухталиф, тааҷҷубовар нест, ки бархе муҳаққиқон кӯшиш кардаанд ориёиҳоро ба славянҳо ё русҳо низ нисбат диҳанд. Дар ин замина биохимики рус Анатолий Алексеевич Клёсов, ки худро асосгузори илми ба истилоҳ КДН-шаҷарашиносӣ мешуморад, бо истинод ба маълумоти генетикӣ иддао мекунад, ки гузаштагони ориёиҳо на олмониҳо, балки славянҳо ва русҳо будаанд. Ба ақидаи ӯ, сокинони муқимии водиҳои Рус русҳо ва муҳоҷирон ориёиҳо маҳсуб мешаванд.

Дар солҳои 90-уми асри гузашта, дар ҷануби Урал, дар наздикии марзи Қазоқистон, маҷмӯаи қалъаҳои қадимие кашф гардид, ки бо номи Аркаим машҳур шуд. Офаринандагони ин тамаддун, ки ба сатҳи баланди рушди иҷтимоиву фарҳангӣ расида буданд, ҳамчун аҷдоди қабилаҳои ориёӣ муаррифӣ гардиданд. Дар ин росто, эҳтимол дорад таҳқиқотчие ҳунарҳои меъморию гудохтагарию нигоравиашонро бо маданияти Мая муқоиса карда, мансубияти хатти ирсиашонро ташбеҳ дода, эълон намояд, ки ориёиҳо халқиятҳои Маяи ба Осиё муҳоҷиратнамудаанд.

Бо вуҷуди ин, таҳқиқотҳои ҷиддӣ ва амиқи муҳаққиқони ватанию хориҷӣ кам нестанд, ки асолати таърихиро бозгӯ намоянд. Аз осори муқаддаси «Авесто» то «Шоҳнома», «Хамса», «Маснавӣ», «Гулистон», «Баҳористон» ва ҳазорон рисолаи дигар ганҷинаи ҳикмату маърифате мебошанд, ки тамаддуни волои ориёиро дар ин ҳавза ба таври раднопазир исбот мекунанд.

Дар ин замина, таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ дар шаҳри Душанбе фоли нек ва иқдоми ниҳоят умедбахш мебошад. Вақте ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ин ташаббусро эълон намуданд, он бо кафкӯбиҳои пуршиддати ҳозирин истиқбол гардид. Бо вуҷуди ин, Президенти кишвар таъкид карданд, ки ҳарчанд ин иқдом боиси ифтихор ва хушнудист, вале он масъулияти ниҳоят бузург ва заҳмати фаровонро талаб менамояд.

Бо умеди онем, ки ин ташаббуси нодири Пешвои муаззами миллат бо саъю кӯшиши холисона ва заҳмати илмии муҳаққиқон дар фурсатҳои наздик самараҳои нек ба бор оварда, ба як пояи устувори худшиносӣ ва ифтихори миллӣ барои наслҳои ояндаи фарзандони ориёӣ табдил хоҳад ёфт.

Директори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови

АМИТ д.и.ф.м., Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон