Skip to main content

Воқеан ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он ибтидо мегирад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта диққати моро ба худ ҷалб месозанд. Гарчанде бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бархе аз ин ҷумҳуриҳои иттиҳод истиқлолияти давлатӣ бе ҳеҷ гуна хунрезӣ ба даст омад, аммо дар Тоҷикистони мо масъала ранги дигар гирифт. Баъзе неруҳои беруна ва дохилӣ вазъи номусоиди иқтисодиву сиёсии кишвари моро баҳона карда, гурӯҳҳои мухолифинро ба шур оварданд. Қувваҳои иртиҷоии дохилӣ фароҳам овардани тартиботи демократиро шиори худ қарор дода, маҳалгароиро пеш гирифтанд. Дар натиҷа зумраҳое падид омаданд, ки аҳолии мамлакатро аз руи мансубияти миллӣ ва маҳаллӣ бар зидди ҳамдигар хезониданд. Ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо истифода аз фурсати мусоид дар он айёми ҳассос ҳадафи асосии зумраи ихтилофангез буд ва онҳо дар ин ҷода аз ҳеҷ чиз, ягон роҳу восита ру наметофтанд. Дар Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқӯъ пайваст. Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон хеле вазнин гардида, ҷумҳурӣ дар буҳрони амиқи душворҳал ғyттавар шуда буд. Дар марказ ва ҷануби кишвар ба маънои ҳақиқиаш ҷанги байни тоҷикон оғоз ёфта, парокандагии миллат ба вуҷуд омад, ки он барои ҷумҳурӣ ва ояндаи миллати мо хатари калон дошт. Ҳазорон нафар сокинони муқими мамлакат, ки ба зери даргирҳо монда қурбон шуданашон аз имкон дур набуд, ба хориҷи кишвар кӯч бастанд. Таҳдиди дастаҳои яроқнок ба пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе равона гардид. Вакилони мардумии Шурои Олии Тоҷикистон хатари неруҳои ихтилофбаранггезу яроқнокро эҳсос намуда, дигар кори худро давом дода наметавонистанд. Ҳукумат тамоман фалаҷ гардида буд, на аз уҳдаи роҳбарӣ ба кишвар, на аз уҳдаи ҳимояи худ мебаромад. Таърих гувоҳ аст, ки вазъияти ҳамон солҳо баамаломада натиҷаи таъсири омил ва нерӯҳои бегонаест, ки бо истифода аз вазъияти номусоиди сиёсиву иқтисодӣ ба амнияти давлати навакак ба истиқлолият соҳибшудаи тоҷикон халали ҷиддӣ ворид намуданд. Дар натиҷа дар фазои орому осудаи кишвар фазои сунъии вазъияти буҳронӣ ба вуҷуд оварда шуд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар ва дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ аз нигоҳи фарҳангию иттилоотӣ низ барои худ касб намояд, чунонки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро дар минтақа дар ин самтҳо бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.

Пешвои миллат, фарҳангро ҳастии миллат ва асоси мавҷудияти ҳар як миллат арзёбӣ намудаанд. Фарҳанг маҳсули фаъолияти дуру дарози таърихии инсон мебошад. Тамоми неруи сиришти фарҳанг дар сурату симоҳои гуногуни халқу миллатҳо, забонҳо, таълимоти динӣ, илму ҳунар ба таври хоса зоҳир гардида, на фақат технология ва тарзу усули зиндагӣ ва тамоми фаъолияти эҷодкоронаи одамонро фаро мегирад, балки он ба арзишҳои муҳимми ҳаётӣ табдил гардида, ба зиндагонӣ ва ҳастии инсон маънӣ мебахшад. Фарҳанг бо мақсадгузориҳои муайяни инсонӣ ва дар ҳаёт амалӣ гардидани ин мақсадҳо зич алоқаманд мебошад. Он дар асоси ҷаҳонбинӣ ва меъёрҳои гуногуни маънавию ахлоқӣ муносибат доштан ба ҳамин навъи ҷомеаро ташкил медиҳад.

Фарҳанг ин нишонаи миллат, таърихи миллат ва пояи ҳастии миллат маҳсуб меёбад. Дар замони истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги мардуми тоҷик ба пуррагӣ эҳё ва рушд ёфт. Пешвои миллат ба соҳаи фарҳанг эътибори хоса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки имрӯз фазои фарҳанги миллӣ ҳифз гардида, маданияти шаҳрвандон рӯз аз рӯз баланд гашта истодааст.

Муносибати муътадил ва ҳасана дар хамаи давру замонҳо бар асари таҳаққуқ пайдо кардани фарҳанг дар умури иҷтимоӣ имконпазир буда, маҳз фароҳам овардани имконоти фарҳангӣ боиси ҳаллу фасли мушкилоту дарҳамбарҳамиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ ва равонӣ гардидааст. Оромиш ва суботи ҷомеа, қабл аз ҳама, ба равиши зиндагии фарҳангӣ ва фаъол будани ҷомеаи маданӣ, ки мунтаҳо, ба ваҳдат сабаб мегардад, марбут аст. Дар навбати худ, ваҳдат риштаест, ки миёни фард ва ҷомеа вуҷуд дошта, онҳоро ба ҳам мепайвандад. Аз ин ҷост, ки ҳар як ҷомеа, табиатан, ниёз ба ягон шакли ҳамбастагӣ ва ваҳдатро дорад [3, с.22-23]. Ваҳдату ҳамбастагӣ ва раванди ташаккулу инкишофи он ба фазо ва муҳити фарҳангӣ бевосита алоқаманд аст ва дар паҳнои муносибатҳои фарҳангӣ ва маданӣ устувор мешавад.

Маълум аст, ки ваҳдати миллӣ маҳсули марҳилаи навини инкишофи ҷавомеи миллӣ мебошад. Дар ин гуна ҷомеаҳо ваҳдати миллӣ хусусияти рамзӣ-символикӣ пайдо мекунад ва элитаи сиёсӣ аз он барои таъмини устувори низоми иҷтимоию сиёсӣ ҳадафмандона истифода мебарад. Масъалаи ваҳдат ва раванди амалишавии он ба масъалаи созиши миллӣ бастагӣ дорад. Созиши миллӣ ҷараёни иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, ҳадафи бартараф намудани низоъҳои дохилимиллӣ, дохилидавлатӣ ва минтақавиро дар ин ё он мамлакат дар назар дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ваҳдати миллӣ ба унвони механизми асосии созиши миллӣ дар нимаи дуюми солҳои навадуми садаи бист, аниқтараш, 27-уми июни соли 1997 ҷанги дохилиро, ки боиси хисороти зиёди ҷонӣ, молӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангӣ гардида буд, барҳам зад. Дар марҳилаи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ ва даргириҳои бемаънии мусаллаҳонаи ибтидои солҳои навадуми асри бист неруи тозаи миллӣ дар симои раиси Шӯрои Олии вақт Эмомалӣ Раҳмон тавлид ёфт, ки ҳадафи ягона - мунҳал кардани ҷангу даргириҳои дохилӣ, ба вуҷуд овардани фазои ваҳдати миллӣ ва ба оромишу субот расонидани ҷомеаи тоҷикро дунбол карда, ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардид. Ба таъкиди донишманд ва муаррихи тоҷик Иброҳим Усмон: «Бузургтарин хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати Тоҷикистон муайян ва амалӣ кардани роҳи сулҳу халқи тоҷик, наҷоти миллат аз гирдоби фоҷеабори ҷанг, ба ҳам овардани онҳое, ки аз ҳам дур мешуданд, нигоҳ доштани киштии шикастаи ҳукумат аз ғарқу нобудшавӣ аст»[4, с. 4].

Тибқи қоида ва одоти маъмулии сиёсӣ, сулҳу оштӣ танҳо дар натиҷаи гуфтушуниди тарафҳои даргир сурат мегирад ва бо қарордоди тарафайн ба анҷом мерасад. Охируламр, бо саъю талошҳои фаровони Сарвари давлат сулҳу оштӣ фароҳам омад ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа тадриҷан устувор гардид. Ҳамин тариқ, сулҳу салоҳи мардуми мо тозатарин ва мушаххастарин роҳи ба ҳам расидани тарафҳои даргирро кашф намуд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва фурӯ нишондани оташи ҷанги дохилӣ давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар пайи амалӣ намудани барномаҳои фарҳангӣ иқдомоти зарурӣ анҷом дода, тадриҷанд ба фазосозии миллӣ дар умури маданӣ даст ёфт. Шароити бози ваҳдати миллӣ ва тафоҳуми мардумӣ боиси он гардид, ки ҷомеа ба сӯйи шинохти арзишҳои миллӣ, тарғиби мероси гаронмояи фарҳангӣ ва муаррифии осори гузашта дар сатҳи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардорад.

Аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта тасмимоти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бештар сари фарҳангикунонии ҷомеа аз тариқи таҷлили солрӯзи бузургтарин чеҳраҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ қарор гирифта, дар заминаи омӯзиш ва таҳқиқи осори гузашта солгардҳои шоирону мутафаккирони бузурги миллӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ ва дигарон дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ доир шуд. Соли тамаддуни ориёӣ ба унвони тадбири сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки таҷлили саросарии он ба соли 2006 иттифоқ афтода буд, гардиши куллиеро дар самти шинохт ва муаррифии мероси арзишманди тамаддуни ориёӣ дар марҳилаи ваҳдатсозии миллӣ ба вуҷуд овард. Илова бар ин, дар замони таҳкими ваҳдати миллӣ ва пойдории суботу амнияти иҷтимоӣ таҷлили вусъатноки ҷашну маросимҳои бостонии миллӣ, назири Наврӯз, Меҳргон ва Сада аз авлавиятҳои давлатӣ шинохта шуд. Бавижа, таҷлили ҷашни бостонии Наврӯз дар саросари кишвар ва ба ҷашни байналмилалӣ бадал шудани он ҳодисаи нави таърихӣ дар масири фарҳанггустарӣ ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

Бо ба вуҷуд омадани шароити хуби омӯзишӣ ва таҳқиқӣ масъалаи муаррифӣ ва тарғиби ғояҳо, арзишҳо ва маросимоти милллию мардумӣ дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ ба миён омада, дар ин замина, тадбирҳои судманд андешида шуда истодаанд. Таҷлили ҷашнҳои бостонии Наврӯз Сада, Меҳргон, Тиргон, Ялдо ва амсоли инҳо, ки дар хотираи таърихии миллати мо ҳифз шуда, ба умри миллат ва мардум баробаранд, тақозои замон мебошад ва дар раванди ҷаҳонишавӣ бозсозӣ ва ба сатҳи миллӣ ва фаромиллӣ расонидани иду маросимоти мардумӣ аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор меояд. Дар баробари таҷлили саросарии ҷашну маросимоти миллӣ, масъалаи ҳифзи мерос ва арзишҳои фарҳангӣ ба масъалаи умдаи сиёсати давлатӣ табдил ёфта, дар марҳилаи ваҳдатсозӣ ба ин самти муҳим аҳамияти зарурӣ дода шудааст. Ҳанӯз баъд аз он ки соли 2003 Конвенсия (Муоҳада)-и ЮНЕСКО «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ(маънавӣ)» қабул гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ба узвияти ин Муоҳада пазируфта шуд. Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти масъала, Ҳукумати Тоҷикистон 31 майи соли 2012, таҳти №263 «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020»-ро ба тасвиб расонд, ки дар он мушаххасоти таълиму тадвин, тарғибу ташвиқ, таҳияву интишор ва билохира ҳифзи мероси фарҳангии миллӣ матраҳ гардидааст[2, с. 6]. Бар мабнои он, таваҷҷуҳ ба мероси гузаштаи фарҳангӣ ва ҷиддитар аз ин, ҳифзу нигаҳдошти он аз газанди рӯзгор рисолати фарҳангиёну зиёиёни кишвар мебошад.

Бар пояи фарҳанги ватандорӣ, ки намунаи олии маданияти тоҷикӣ аст, бунёд ёфтани ваҳдати миллӣ маънои ба илму дониш ҳамоҳанг будани зиндагии ҷомеаро далолат мекунад. Ҷомеаи маданӣ, қабл аз ҳама, бо дониш ва фарҳанг сари кор дорад ва ба василаи такмилу тавсеаи илму дониш, ки аз тариқи китобу мутолеа ба даст меояд, ба густариши фарҳанг машғул мешавад. Ин аст, ки ҷалби насли ҷавон ба китобу китобхонӣ аз масоили ҷиддиест, ки пешорӯйи мақомоти марбута ва дастандаркорони соҳа қарор дорад. Китобхонӣ ва китобдӯстӣ аз муқтазиёти муҳимми замонӣ маҳсуб меёбад, зеро ки сатҳи баланди огоҳӣ, шинохт ва арзишгузорӣ, пеш аз ҳама, ба бинишмандии ҷомеа вобастагӣ дорад. Ташаккул ва таҳаввули биниш ва диди хонанда, омӯзанда ва умуман, шаҳрванде, ки дар фазои амну суботи қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сар мебарад, умри ваҳдату ҳамбастагии мардумро дароз менамояд ва ҳусни тафоҳумро дар ҳама сатҳҳои иҷтимоӣ таҳаққуқ мебахшад.

Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари бароварда сохтани ниёзҳои иттилоотӣ, фаннӣ (техникӣ), маърифатӣ, эстетикӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин ба мағшуш сохтани зеҳниёти иҷтимоъ тавассути таблиғоти афкору мафкураи ғаразнок, ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ ва дар ин замина, тағйир додани тафаккури ҷомеаҳои пасошӯравӣ сари кор мегирад. Сели иттилооти гуногунмазмун, ки даҳсолаи ахир рӯйи сафаҳоти нашрияҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ мерезад, як навъ таҳлили фаннӣ ва бархӯрди мантиқии фикриро талаб менамояд. Феълан то андозае қисмате аз фарҳангиёни ҷомеа дар ин самт ба буҳрон мувоҷеҳанд.

Дар чунин вазъият, ки онро муҳаққиқон ва коршиносон, одатан ҳолати буҳронӣ талаққӣ мекунанд, омодагии фикрӣ ва мафкуравӣ-идеологии табақоти иҷтимоӣ, махсусан ниҳодҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ сахт зарур аст. Самти ҳаракати ниҳодҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ дар марзи таҳаввулот ва бедории фикрии ҷомеа маҳдуд мешавад. Муҳим он аст, ки намояндагони илму фарҳанг ва фалсафаи давлатҳои миллии фазои пасошӯравӣ дарк кардаанд, ки зарурати муттаҳид шудани мардумони минтақа ва ҷаҳон ба миён омадааст[1, с. 9]. Бар мабнои ин, ҷуғрофиёи ваҳдати миллӣ тавсеа ва масири нуфузи он дар паҳнои фарҳанги башарӣ густариш меёбад. Барои он ки ҷилави бархӯрдҳои номутавозини сиёсӣ ва тамаддунӣ гирифта шавад, мебояд садои наслҳои огоҳи миллатро ба сози муколимоти беғаразонаю самимонаи байни тамаддунҳо ҷур кард. Бинобар ин, нахуст зарурати муаддабона ва муттафиқона ислоҳ намудани камбуду нуқсоноте, ки то ин замон дар ҷараёни кори фарҳангии ватанӣ эҳсос шудааст, пеш меояд. Вобаста ба ин, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва биниши илмии насли ҷавон, миёнсол ва солманди ҷомеаи тоҷикӣ, ки дар зарфи 10-15 соли охир ба хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ махлут шудааст, яке аз омилҳои асосии ҳифзи ваҳдати миллӣ дар марзу буми аҷдодӣ мебошад.

Муҳаққиқон кайфият ва чигунагии сарнавишти миллиро дар фазо ва макони мушаххас ба ҷадалу пайкори худи миллат мансуб медонанд ва аз ин ҷо метавон хулоса бардошт, ки меҳру самимият, ақлу фаросат, наҷобату шарофат ва бинишу маҳорати наслҳои миллат(махсусан, фарҳангиён), ки ҳамагӣ дар мафҳуми «одоби миллӣ» ҷамъбаст мегарданд, дар таҳким ва устувории ваҳдати миллӣ ва дар маҷмӯъ, ваҳдати иҷтимоӣ нақши калидӣ доранд. Оянда ва дурнамои оптимистонаи ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба дониш ва биниши илмӣ, ахлоқу мафкураи устувори миллӣ ва фарҳанггустарии табақоти сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва умуман, фаъолони иҷтимоӣ иртибот дорад.

Ба василаи рӯйи кор овардани офаридаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ ҷомеа худ аз худ тағйир меёбад ва зиндагисозӣ ба унвони маҳорати фарҳангию ҳунарӣ маҳбубият пайдо менамояд. Пеши роҳи ҷангу даргириро, ки аз ҷаҳолату таассуби ҷомеа сарчашма гирифта, мусибатҳоро дар пай дорад, бо фарҳангу ҳунаре, ки бар мабнои созандӣ ва офаринандагӣ устувор аст, метавон сулҳу амниятро дар ҷомеа ҳифз намуд. Воқеият ин аст, ки имконоти фарҳангии густурда барои таҳкиму тақвияти ҳамаҷонибаи ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад ва чун сипар дар баробари хавфу хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ хидмат менамояд.

Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонд ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Адабиёт:

1. Бобоёров Ҳафиз. Методологияи бехатарии вуҷудӣ: мавзӯи нестӣ дар фалсафаи Ғарб. -Душанбе: Дониш, 2015. -С.9).

2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик.-Ҷилди 1.–Душанбе: Муассисаи давлатии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015. -С.6).

3. Идиев Х. Ваҳдат ва омилҳои иҷтимоии таҳкими он. /Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. -Душанбе: Дониш, 2007. -С.22-23).

4. Усмон Иброҳим. Савганди сулҳофаринӣ(ба муносибати 20-солагии Сулҳ ва Ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон). –Душанбе: «Бебок», 2017. -С.

Зиёева З. И. Ходими калони илмии

Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ

ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Ҷангибекова С.,унвонҷӯи бахши аввали

Шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ

ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ