Skip to main content

Истиқлолият маҳаки асосии рушду инкишофи ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, ҳеҷ як халқ бе ба даст овардани мустақилияти комил наметавонад дар ҷомеаи навин ба пешравиҳо ноил гардад. 33 сол муқаддам дар харитаи ҷаҳон давлати мустақиле бо номи Тоҷикистон пайдо гардид. Яке аз иқдомоте, ки дар ибтидои ба даст овардани истиқлолият новобаста аз вазъи сиёсиву иқтисодии дохилӣ ба роҳ монда шуда буд, ин узвият ба Созмони Милали Муттаҳид ва идораи илму фарҳанг ЮНЕСКО буд, ки аз сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медод. Баъд аз ба даст овардани истиқлол халқи тоҷик ба зинаи нави маънавии рушд, ки дар он худшиносии миллӣ ҷойгоҳи хоса дошт, ворид гардид. Маҳз баъд аз соҳиб гаштан ба истиқлолият халқи тоҷик аз асолати миллии худ огаҳӣ ёфт.

Дар ин давра кӯшишҳои ҳукумати мамлакат ва аҳли зиё ба шинохти таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик равона гардид, ки ин боиси баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии насли ҷавону ояндасози миллат гашт. Маҳз дар ин давра халқи тоҷик тавонист таърихи қадимаву чандинасраи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, соҳибтамаддун ва соҳибдавлату соҳибмаърифат будани гузаштагони хешро ба оламиён нишон диҳад. Тавре худи Пешвои миллат дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” қайд намуданд:”Даврони начандон тӯлонии истиқлолияти миллии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки мо ба таърихи илму фарҳанги хеш, ки собиқаи чандинҳазорсола дорад, аз мавқеи тоза назар андозем”.

Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва чеҳраҳои мондагори халқи тоҷик мо ба феҳристи созмонҳои байналмиллалӣ ворид гардида, солгарди шахсиятҳои маъруф ҷашн гирифта мешаванд. Самараи ин иқдомҳо намунаҳои барҷастаи мероси фарҳангӣ – таърихии халқи тоҷик “Шашмақом”, “Фалак”, “Чакан”, “Наврӯз” ва дигар мероси таърихию фарҳангӣ, ки ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дохил гаштанд, ёдгориҳои таърихию фарҳангии “Дайри будоии Аҷинатеппа”, “қалъаи Ҳисор”, “Мадрасаи Хоҷа Машҳад”, “Қалъаи Ямчун”, “шаҳри асримиёнагии Ҳулбук”, “Адрасу атлас” ва дигар номинатсияҳо ба рӯйхати пешакӣ дохил гаштаанд, мебошанд.

Имрӯз мо мефахрем, ки 815- солагии фарзанди баруманди тоҷику форс, шоир ва мутафаккири маъруф Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса таҷлил гардид. Ин ҳама аз эътирофи таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ба даст овардани чунин муваффақиятҳо бе истиқлолияти комил ғайриимкон буд.

Боиси қайд аст, ки дар давраи истиқлолият фарҳангу санъат ва мусиқии суннатии халқи тоҷик мақоми хосаро пайдо намуд ва бо ин мақсад мусиқии халқии Шашмақом соли 2003 ва Фалак соли 2021 ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии умумибашарии ЮНЕСКО дохил гаштанд. Имрӯз мусиқии тоҷик дар тамоми дунё маъруфу машҳур гашта, аз созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ садо дода, ҳисси ватандӯстии насли имрӯзаро боло мебардорад.

Рукни дигари муаррифгари фарҳангу таърихи миллати тоҷик ин гулдӯзии милии тоҷикии “чакан” мебошад, ки тараннумгари сулҳу ободӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз аст ва он соли 2014 ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии умумибашарии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамин тариқ, таҳқиқу муаррифии ёдгориҳои болозикр ва эътирофи онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш аз ҳама самараи истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи беандозаи сарвари оқилу дурандеши халқи тоҷик – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик буда, баҳри пойдории миллату давлати тоҷик дар замони бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ айни муддао мебошанд.

Раҷабова Умеда, ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш