Skip to main content

Имрӯз дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши метеорҳо бо усули радиолакатсионӣ дар даврони Истиқлолият” баргузор гардид.

Семинарро директори Институти астрофизикаи АМИТ, номзади илмҳои физикаю математика Бӯризода А.М. оғоз бахшида, кормандонро бо фарорасии 33 – юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманно намуд, ки саломатии кавӣ, саодатмандӣ дар фаъолияти меҳнатиатии ҳаррузаи пурсамарашон файзи зиёде ораду баҳри гулгулшукуфии кишвари маҳбубамон боз ҳам зебоиву пурнурӣ насиб гардонад.

Сипас ходими калони илмии Институт, номзади илмҳои физикаю математика Нарзиев М. дар мавзӯи “Дастовардҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши метеорҳо бо усули радиолакатсионӣ дар даврони Истиқлолият” баромад намуда, қайд намуд, ки дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мушоҳида ва таҳқиқи ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ аз қабили метеорҳо ва селҳои метеорӣ нақши калидӣ дорад.

Дар ин давра як зумра таҳқиқотҳои сатҳи ҷаҳонӣ анҷом дода шуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудааст. Яке аз дастоварди муҳими даврони Истиқлолият дар соҳаи таҳқиқоти метеорҳо ва селҳои метеорӣ ин “Зиҷи радиантҳо, суръатҳо, мадорҳо ва параметрҳои физикавии радиометеорҳои Тоҷикистон” мебошад, ки дар Иттиҳоди байналмиллалии астрономҳои маркази маълумотии метеорҳо ҷойгир карда шудааст. Ин зиҷ тақрибан 9000 радиометеорҳоро дар бар мегирад ва аввалин зиҷи радиометеорҳо дар Иттиҳоди байналмиллалии астрономҳои маркази маълумотии метеорҳо ба ҳисоб меравад.

Пас аз анҷоми маъруза байни кормандони илмӣ баҳсу муҳокимаҳо сурат гирифт.