Skip to main content

2 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2024 ва нақшаҳо барои соли 2025 баргузор гардид.

Дар кори маҷлис ноиби Президенти АМИТ Амонзода Илҳом, директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Илҳом Мирсаидзода, муовинон, мудирони шуъбаю бахшҳо ва директорони Филиалҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.

Нахуст директори Агентӣ, Илҳом Мирсаидзода оид ба натиҷаҳои фаъолият ва дастовардҳо дар соли сипаришуда ҳисобот дода, натиҷаҳои илми- таҳқиқотӣ дар зарфи соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Тавре зикр гардид, яке аз дастовардҳои муҳими Агентӣ дар соли 2024 ин ифтитоҳи бинои нави Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки 29 октябри соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Иттиллоъ дода шуд, ки дар ин давра аз ҷониби ходимони илмии Агентӣ 4 монография, таҳия гардида, 86 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расид. Илова бар ин, соли равон дар маҷмуъ дар сомонаи Агентӣ 107 хабару мақолаҳои оммавӣ дар мавзуъҳои гуногун, инчунин самтҳои фаъолияти Агентӣ ба нашр расид.

Тазаккур дода шуд, ки дар соли 2024 ба як нафар унвони профессорӣ дода шуда, 3 нафар ҳимояи номзадӣ намуданд ва 2 нафари дигар рисолаи доктории худро ба Шӯро пешниҳод намуданд.

Дар умум фаъолияти Агентӣ дар соли 2024 аз ҷониби ноиби Президенти АМИТ самарбахш арзёбӣ гардид.

02 декабри соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ҷаласаи васе кормандони Институт доир гардид. Дар ҷаласа и.в. ноиби Президенти АМИТ-Раиси шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, д.и.ф., профессор Саломиён М. ва кормандони Институт иштирок намуданд.

Саравал котиби илмии Институт Мирзоев Ш.Ҷ. дар хусуси фаъолияти Институт дар соли 2024 ҳисобот дод.

Дар ин ҷаласа фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институт дар соли 2024 баррасӣ гардида, ҳамзамон ҳар яке кормандӣ илмӣ аз натиҷаи фаъолияти илмӣ ҳисобот пешниҳод намуд.

2-юми декабри соли равон дар доираи сафари корӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ташриф оварда, бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Матсумото Хисаши мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, густариши корҳо дар самти рушди илмҳои дақиқ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар ҳарду кишвар суҳбат намуданд. Ҷонибҳо барои дар оянда рушду инкишоф ёфтани корҳои илмӣ миёни ҳарду кишвар, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Ҷопон, пайвасти илм бо истеҳсолот, муҳайё намудани шароити корӣ барои олимону муҳаққиқон дар ҳарду давлат барои андухтани таҷрибаи корӣ миёни кормандони илмӣ, олимону магистрантону докторантон ва умуман равобитҳои илмӣ - амалӣ ба мувофиқа расиданд.

Давлати Ҷопон яке аз кишварҳои пешрафта дар самти истеҳсоли техникаву технологияи муосир буда, дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бидуни технологияи муосир ғайри имкон аст. Мақсад аз вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои осон намудани кор дар ниҳодҳои илмӣ ба олимону муҳаққиқони ҷавони илмӣ аст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки минбаъд магистрантону докторантон метавонанд барои сайқал додани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба давлати Ҷопон ташриф бурда, дар шароити хуби корӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотияшонро гузаронда, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст биёранд.

Ҳамчунин, зимни мулоқот таъкид гардид, ки муҳаққиқони давлати Ҷопон низ метавонанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар шароити хуби ниҳодҳои илмӣ – таҳқиқотӣ омоданамудаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ – таҳқиқотияшонро гузаронида, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оранд.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки Ҷопон бо таҷрибаи худ дар сейсмология бо Тоҷикистон барои таҳияи системаҳои назорати заминларза ва сохтани сохторҳои тобовар ба заминларза ҳамкорӣ мекунад.

02 декабри соли равон дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Токиои Ҷопон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) Моримото Шигео мулоқот анҷом дод.

Дар рафти мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ноиби президенти Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) Моримото Шигео ҷиҳати қабул ва муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда доир ба ҳамкориҳои илмӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) яке аз созмонҳои асосии Ҷопон буда, ба тадқиқоти илмӣ, рушди технологӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад. Агентии мазкур дар дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва барномаҳои таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нақши муҳим дорад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҷиҳати иштироки фаъолонаи Агентӣ дар татбиқи барномаи SATREPS (Шарикии тадқиқоти илмӣ ва технология барои рушди устувор), ки ба ҳалли мушкилоти рушди устувор тавассути тадқиқоти муштарак мусоидат мекунад, суҳбат анҷом доданд.

Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) таҳияи технологияҳои идоракунии самараноки захираҳои об, аз ҷумла обёрӣ ва пешгирии вайроншавии қабатҳои хокро амалӣ менамояд. Бояд гуфт, ки дар доираи лоиҳаи тағйирёбии иқлим ва экология Агентӣ дар мавриди таъсири тағйири иқлим ба пиряхҳо ва системаҳои оби Осиёи Марказӣ, ки барои минтақа аҳаммияти калидӣ доранд, пажӯҳиш мебарад.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Агентии мазкур мубодилаи академиро байни донишгоҳҳои Ҷопон ва Тоҷикистон тавассути стипендия ва грантҳо барои муҳаққиқони тоҷик, ки мехоҳанд дар Ҷопон таҳсил кунанд ва инчунин омӯзиши олимони ҷавон дар соҳаҳои муҳандисӣ, экология, биотехнология ва идоракунии захираҳои табииро дастгирӣ менамоянд.

Дар робита ба ин мо ният дорем, ки минбаъд ҳамкориро бо Шумо барои интиқоли технологияҳои инноватсионӣ тақвият диҳем. Дар ин самт мо умедворем, ки Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) ба интиқоли технологияҳои Ҷопон ва татбиқи онҳо дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Инчунин зарур аст, ки мутахассисон ва олимони мо лоиҳаҳои якҷояи вобаста ба мутобиқ намудани технологияи Японияро ба шароити маҳал, масалан, дар соҳаи сейсмология ва гидроэнергетика татбиқ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар бораи сейсмология ва идоракунии хавфи офатҳо Тоҷикистон дар минтақаи фаъолнокии баланди сейсмикӣ ҷойгир аст, ки лоиҳаҳои Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) дар соҳаи сейсмологияро муҳим мегардонад.

Дар ин самт мо пешниҳод менамоем, ки тавассути Институти геология, сохтмонӣ ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар таҳияи системаҳои мониторинги заминларза ва огоҳии бармаҳал, инчунин омӯзиши мутахассисони тоҷик усулҳои баҳодиҳии хатарҳо ва пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд.

Дар ин замина Агентии илм ва технологияи Ҷопон бо фароҳам овардани дастрасӣ ба таҳқиқот ва фанновариҳои пешрафта дар рушди илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Ба шарофати ҳамкорӣ бо Агентии илм ва технологияи Ҷопон Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори илмии худро таҳким бахшида, мушкилоти асосии рушди устувор ва амнияти экологиро ҳал мекунад.

02 декабр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷопон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ таҳқиқотӣ вохурӣ доир намуданд.

Бояд гуфт, ки барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS дар заминаи Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) фаъолият менамоянд. Барномаи SATREPS тадқиқоти муштараки байналмилалиро бо ҳадафи ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳамчун як ҷанбаи «дипломатияи илм ва технология» пеш мебарад.

Зимни вохурӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳадафҳои рушди устувор нигаронида шудааст, ки мураккабии афзояндаи масъалаҳои глобалӣ ба монанди тағирёбии иқлим, мушкилоти ғизо, офатҳои табиӣ ва бемориҳои сироятиро нишон медиҳад. Кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба таъсири онҳо бештар осебпазиранд, дар вазъияти душвор қарор доранд.

Албатта барои ҳалли ин масъалаҳо навовариҳои илмию технологӣ, ба кор бурдани натиҷаҳои таҳқиқот дар ҷомеа, рушди захираҳои инсонӣ ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ-тадқиқотӣ дар сарҳади миллӣ зарур аст.

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи стипендияи рушди захираҳои инсонӣ (JDS) ба дастгирии рушди захираҳои инсонӣ дар кишварҳои гирандаи кӯмаки грантии Ҷопон нигаронида шудааст.

Ҳамчунин Лоиҳаи JDS курсҳои магистрӣ ва докториро дар донишгоҳҳои Ҷопон ба забони англисӣ пешниҳод мекунад. Инчунин ба воситаи лоиҳаи JDS имкони махсус доранд, ки донишҳои пешрафтаро дар муҳити технологӣ мустақиман омӯзанд ва ҳамзамон шабакаҳои васеи инсониро бунёд кунанд.

Дар идомаи мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва намояндагони барномаи SATREPS ба мувофиқа омаданд, ки дар оянда ҳамкориҳои худро дар самтҳои тадқиқоти захираҳои об ва тағирёбии иқлим, омӯзиши таъсири обшавии пиряхҳо ба захираҳои об, тадқиқоти муштараки олимони ҷопонӣ ва тоҷик барои ҳифзи системаҳои оби минтақа, бехатарӣ ва инфрасохтори сейсмикӣ, кор карда баромадани технологияи сохтмони биноҳои ба зилзила тобовар, мониторинги фаъолияти тектоникӣ дар кӯҳҳои Помир, дастгирии техникӣ дар соҳаи энергетика ва инчунин тадқиқот оид ба баланд бардоштани самаранокии нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия тақвият бахшанд.

30 ноябри соли равон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио дар ҳошияи сафари кории президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Ҷопон, бо донишҷӯён ва шаҳрвандони муқими Ҷопон вохурӣ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илму маориф, таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани наслҳои ҷавони кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ суҳбат намуд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дипломатӣ дар доираи сиёсати "Дарҳои боз" бо тамоми кишварҳои ҷаҳон рушду густариш ёфтаанд. Ҳамин аст, ки талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имконият фароҳам овардан барои таҳсили ҷавонони кишвар дар бонуфузтарин донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ қобили таҳсин аст.

Бояд донишҷӯён аз ин имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, савияи дониши худро сайқал диҳанд ва дар оянда ба ватани худ баргашта, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни фаъолияти мамлакати хеш саҳми арзишманд гузоранд.

Имрӯз (30.11.2024) бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 300- дона китоб ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70- и деҳаи Порвени шаҳри Панҷакент тақдим карда шуд.

Воқеан ҳам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоб ва илму дониш, таълиму тарбия ва маориф эътибори ҷиддӣ медиҳад ва аз ҷавонон пайваста даъват ба амал меорад, ки донишу маърифат омӯзанд ва дар ҷомеа мақоми хешро пайдо намоянд.

Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, барои баланд бардоштани савияи донишандӯзии насли наврас мебошад.

Китобҳои мазкур маҳсули эҷодиёти олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, яқин аст хонандагон бо хондани ин китобҳои илмю бадеӣ ҷаҳони маънавии хешро бойу рангин месозанд.

Муассисаи таълимии мазкур чанде пеш бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мавриди ифтитоҳ қарор гирифта буд. Ин бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 12 синфхона ва ҳуҷраҳои маъмурӣ буда, барои 320 нафар хонанда дар ду баст пешкаш гардидааст.

ШУРОИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ АМИТ

Боиси тазаккур аст, ки бо роҳнамоӣ ва ташаббуси Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон узви вобастаи АМИТ, муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар доираи фаъолияти Шурои олимони ҷавони АМИТ курси “Роҳбарони сиёсӣ” ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба ин, санаи 29 ноябри соли 2024 зимни нишасти сеюмини ин иқдом дар толори Шурои олимони Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ бо иштироки академики АМИТ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ - шарти асосии ҷамеаи демократӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар раванди ҷамъомад, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ва Раиси Шурои олимони ҷавони АМИТ, н.и.ф., Зиёев Субҳиддин оид ба ҷанбаҳои гуногуни маърифати ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти баланди миллӣ, дарки хештаншиносӣ ва эҳтиром гузоштан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сухан гуфта, аз ҳузури меҳмон истиқболи нек намуданд.

Академик Маҳмудзода Маҳкам ниҳоят маърӯзаи саривақтӣ ва муҳиму пурмуҳтаво ироа доштанд, ки аз ин сӯҳбат ҳозирин ва олимони ҷавони АМИТ бардоштҳои муфиди ҳуқуқӣ ва илмиву фарҳангӣ гирифтанд. Аз ҷумла, академик М.А. Маҳмудзода иброз намуданд, ки муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, эҳтироми ҳуқуқи инсон заминаи асосии фаъолияти субъектони ҷомеаи демократӣ буда, чунин ҷомеа бидуни эҳтиром ва риояи ҳуқу вуҷуд дошта наметавонад. Зеро, дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ риоя, амалӣ ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ниҳоят муҳим аст.

Ҳамин тариқ, дар замони Истиқлоли давлатӣ моро зарур аст, ки дар пешрафту тариққиёт ва муаррифии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Пеш аз ҳама дониш омӯзем, ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияту тафаккури илмиамонро тақвият бахшем, ба муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем, аз таъриху фарҳангу забони пурғановатамон бархурдор бошем ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, марзу буми кишвар, Истиқлолу Ваҳдати миллиамон омода бошем.15:49

Тибқи ҷадвали баргузории маҳфили илмию адабии “Хирад” – и Раёсати АМИТ имрӯз (29.11.2024) бо иштироки академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илолов Мамадшо Илолович маҳфил баргузор карда шуд.

Дар баргузории маҳфил академикон олимону магистрантон ва дӯстдорони илмҳои математикаву техника иштирок доштанд.

Нахуст ба кори маҳфил саркотиби АМИТ Қосимшо Искандаров ҳусни оғоз бахшида, суханро ба академик Илолов Мамадшо Илолович доданд, мавсуф зимни баромади хеш ҷамъомадагонро хайрамақдам гуфта, аз зиндагиномаи хеш каме маълумот дода, зикр намуд, ки сабаби илм омӯхтану тарбияи воло гирифтанам падару модарам буданд, чунки падарам омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва модарам донандаи хуби илми муҳосибӣ буданд, таъсири дониши модарам сабаб шуду ман майл ба омӯхтани илмҳои математика намудам.

Ҳамзамон бо суханони пурмуҳтаво баромад намуда, оид ба илми математика ва технологияи инноватсионӣ ва умуман самти илмҳои техникӣ маълумот дода, шогирдонро ба омӯхтани илмҳои дақиқ даъват намуданд.

Дар идома олимону академикон низ суханронӣ намуда, ҷавононро барои истифода намудан аз донишу малакаи академик Мамадшо Илолович тавсеаҳо дода роҳнамоӣ намуданд.

29 ноябри соли равон дар толори Шӯрои олимони Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ баррасии ҳисоботи солонаи Институт таҳти мудирияти ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Саломиён Муҳаммаддовуд ҷаласаи умумӣ баргузор гардид.

Ба кори ҷаласа директори Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ҳусни оғоз бахшид. Дар идома ҳисоботи муфассал аз ҷониби муовини директор оид ба илм ва таълими Институт Раҳмонзода Азимҷон доир ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-ташкилии институт дар давоми соли 2024 ироа гардид. Баъдан ҳар як мудир ва ходимони илмии Институт аз руи нақшаи инфиродии худ ҳисобот пешниҳод карданд.

Дар маҷмуъ соли 2024 аз ҷониби Институт 20 монографияи илмӣ,85 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва 322 мақолаи илмӣ-оммавӣ ба нашр расид ва дар муқоиса бо соли 2023 ин нишондодҳо 15% баландтар шудааст.

Мувофиқи банди 5-и “Нақшаи кории Шуроҳои диссертатсионии миллии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026” дар таърихи 28-уми ноябри соли 2024 дар толори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) вохӯрии ҳайати Шурои диссертатсионии 6D.KOA-033 дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ бо магистрантон, докторантони анъанавӣ, докторантони (PhD), аспирантҳо, унвонҷӯёни макотибҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ ҷиҳати фаҳмондани муқаррароти Дастурамал оид ба тартиби барасмиятдарории диссертатсия ва автореферати диссертатсия (қарори Раёсати Комиссия аз 31 марти соли 2022, №3) дар самти омода намудани диссертатсия, монография ва мақолаҳои тақризшаванда гузаронда шуд.

Дар вохурӣ докторантон, докторантони (PhD), аспирантҳо, унвонҷӯёни Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ, Институти зоология ва паразитология ба номи Е.Н.Павловский, Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков (ба таври маҷозӣ), Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. Инчунин дар гузаронидани Мизи мудаввар намоянда аз Академии миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод, масъули бахши Шуроҳои диссертатсионии АМИТ Аҳамадов Ф.М. иштирок намуд.

Раиси Шурои диссертатсионӣ д.и.б., профессор Носирова Ф.Ю., муовини раиси Шуро, узви вобастаи АМИТ, д.и.б. Саидов А.С. ва дигар аъзоёни Шуро бо олимони ҷавон суҳбат гузаронда, раванди барасмиятдарорӣ ва таҳияи рисолаҳои илмӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар охир Муовини раиси Шурои диссертатсионӣ, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Саидов Абдусаттор Самадович дар мавзӯи “Истифодабарии методикаи дурусти таҳқиқот” - ро ба таври рӯнамо ба олимони ҷавон пешниҳод намуданд.

26 ноябри соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳои соҳавӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони васоити ахбори омма муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои ‹‹Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030›› баргузор гардид.

Аз ҷониби баромадкунандагон гуфта шуд, ки давлату Ҳукумати кишвар аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар рушди пайвастаи илму маориф таваҷҷуҳи рӯзмарра зоҳир намуда, тадбирҳои заруриро рӯи кор меоварад. Дар ин замина дар мамлакат як қатор қонунҳои миллӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушд ва ислоҳоти соҳаҳои илму маориф қабул шудаву мавриди амал қарор гирифтанд, ки барои беҳтар намудани фаъолияти кори олимону омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 264 қабул гардидани «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» идомаи мантиқии раванди ислоҳоти ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ буда, он бо мақсади такмил ва рушди низоми тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ, таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо миқдори зарурии мутахассисон, баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасониҳои илмиву таҳсилотӣ мутобиқ намудани онҳо таҳия шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 баён доштанд: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад».

Дар идома баромадкунандагон зикр доштанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.

Масъалаи маблағгузорӣ барои соҳаи илм аз масъалаҳои асосие мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда, онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд менамояд. Танҳо дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2023 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳоро агар соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ ташкил дода бошад, пас соли 2023 он қариб 54 баробар афзоиш дода шуда, аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда шуд.

Инчунин дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст. Ҳоло он, ки то замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар ҳамагӣ 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм фаъолият мекарданд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати татбиқи босамари Барнома ва нақшаи амалигардонии он Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигари дахлдор дар ин давра тадбирҳои зарурӣ андешида, пайваста баҳри бартараф кардани камбудиву норасоиҳои соҳа, ки зимни суханронии худ Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар санаи 30 майи соли ҷорӣ баён доштанд, кӯшиш ба харҷ додаанд.

Дар интиҳои муҳокимаи парламентӣ бо дарназардошти масъалаҳои баррасишуда ва мушкилоту нуқсонҳои ҷойдошта тавсия дода шуд, ки вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, баланд бардоштани сатҳи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои алоҳида, дар муҳлати муайяншуда ҳимоя кардани рисолаҳои илмӣ, ҷустуҷӯи механизми ҳавасмандгардонӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба илм, дарёфт ва тарбияи кадрҳои ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир, ташаккули тафаккури илмию – техникӣ, рушди зеҳнӣ ва ҷалби олимони ҷавон ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, истифодаи самараноки ҷойҳои ҷудошуда барои магистратура, доктарантураи фалсафа (PhD), доктарантура аз рӯйи ихтисос ва посдоктарантура фаъоляти ҳамгироии сохторҳо ба роҳ монда шуда, бо истифода аз имконитяҳои мавҷуда чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Дар муҳокимаи парламентӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозодапрезиденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷуразода Ҷамшед, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Файзалӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030 дар назди ҳозирин баромад намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух доданд.

Subscribe to Навид