Skip to main content

Имрӯз, 2 май бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ва эълон гардидани Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур аксияи тозагӣ баргузор гардид.

Дар аксияи тозагӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва роҳбарону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сокинони маҳаллаи мазкур иштирок намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки иштироки фаъоли олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар чунин иқдомҳои созандагӣ нишонаи равшани эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори пойтахти кишвар мебошад. Аксияи мазкур на танҳо ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист равона гардида, балки дар таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ низ нақши муассир мегузорад.

Дар ҷараёни баргузории аксия иштирокчиён ба тозакунии кӯчаву хиёбонҳо, ҷамъоварии партовҳо, обёрии дарахтони ороишиву сояафкан ва ободонии гирду атрофи маҳалла машғул гардида, барои беҳтар намудани симои зоҳирии пойтахт саҳми назаррас гузоштанд. Бояд гуфт, ки чунин ташаббусҳо дар доираи сиёсати созандаву ободкоронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, ба фароҳам овардани муҳити солиму зебо барои зиндагии шоистаи шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

Бо итминон метавон гуфт, ки баргузории чунин аксияҳои дастаҷамъона омили муҳими таҳкими ҳамбастагӣ, баланд гардидани сатҳи худогоҳии миллӣ ва рушди фарҳанги меҳнату ободкорӣ дар ҷомеа мебошад. Зеро ҳар як иқдоми неку созанда қадамест устувор дар роҳи ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар.

Ҳамзамон, зимни баргузории аксияи мазкур Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сокинони маҳалла суҳбати самимӣ анҷом дода, аҳамияти риояи тозагиву озодагӣ, ҳифзи муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагиро таъкид намуд.