(чанд мулоҳиза дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин)
Оростани мулоқоту вохуриҳо бо фаъолони маданӣ, қишри зиёӣ ва ходимони дин дар меҳвари барномаи кории Сарвари давлат қарор гирифтааст ва чанд соли пеш, дақиқтараш 12 майи соли 2018 бо ҳузури фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин суҳбати хуби ихтисосӣ анҷом дода буданд.
Дар мулоқоти охир, ки 9 марти соли ҷорӣ бо ҳузури доираи васеъи роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва ходимони дини ҷумҳурӣ доир гардид, Сарвари давлат ҳудуди панҷ соат бидуни танаффус атрофи муҳимтарин масъала, муаммо, уқда ва мушкилоти имрӯзӣ, ки ғолибан бар асари нуфузу ҳузури фарогири хурофоту таассубу ифротгаройии динӣ-мазҳабӣ иттифоқ афтодаанд, суҳбати ҷолиби ихтисосӣ анҷом доданд. Муҳимтар аз ҳама, ин мулоқот ба лиҳози сатҳи ҳадафмандӣ, дарки ҳассосиёти имрӯзӣ, низоми бархурдҳои тамаддунӣ, вазъ ва дурнамои бозиҳои геополитикӣ, муҳиммияти мавзуъ, доираи иттилоотӣ-таҳлилӣ, қиёсгирии мантиқӣ, фарохии ҷаҳоншиносӣ, фарогирии мундариҷавӣ-муҳтавоӣ, таъсирнокии сиёсӣ-мафкуравӣ ва дидгоҳи миллӣ-дунявӣ хеле фарқкунанда буд. Ин андоза суҳбат ва дар маҷмуъ, мулоқот ҷолиби таваҷҷуҳ буд, ки аҳли толор зиёда аз панҷ соат сокиту ором ва баъзан бо кафкӯбиҳои бардавом суханронии Сарвари давлатро шуниданду истиқбол гирифтанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бардошту таассуроти хешро аз мулоқоти Сарвари давлат бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мухтасаран ироа медорем:
Якум. Маҷмуаи масъалаҳои мубраму муҳимми сиёсӣ, мафкуравӣ, динӣ-ақидатӣ, тарбиятӣ-ибодӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ ва маданиеро, ки дар суханронии Сарвари давлат матраҳ гардиданд, метавон ба таври зайл гурӯҳбандӣ кард: 1) масоили сиёсӣ-мафкуравӣ; 2) масоили динӣ-ибодӣ; 3) масоили маърифатию фарҳангӣ; 4) масоили ҷаҳонбинӣ-ҷаҳоншиносӣ. Ба назари мо, ҳар мавзуъ ва масъалае, ки дар мулоқоти ахирии Сарвари давлат матраҳ гардид, асосан дар доираи гурӯҳбандии чаҳоргонаи болоӣ мунсаҷим шудаанд. Албатта, ин навъи гурӯҳбандӣ як пешниҳод аст ва онро метавон такмил кард ва доираи масоилро фаротар намуд.
Дувум. Хатти марказӣ ва меҳварии суханронии Сарвари давлат дар доираи мавқеияти давлатӣ ва манофеи миллӣ чарх мезад. Ин бад-он маъност, ки Сарвари давлат аз оғози фаъолияти раҳбарӣ то ин замон ҳадафи сохтмони давлати миллию дунявиро пайгирӣ карда, дар ростои шинохти манофеи миллӣ, фаҳми воқеиёти сиёсӣ, дарки ҳассосиёти замонӣ, арҷгузории арзишҳои миллӣ, муаррифию гиромидошти фарҳанги бостонии аҷдодӣ, таҳкими худогоҳию худшиносӣ ва устуворсозии пояҳои давлатдории миллӣ-дунявӣ иқдомоти ҷиддии барномавӣ-стратегӣ рӯйи даст гирифтаанд.
Ин аст, ки ҳамеша оғозу анҷоми суханрониҳояшонро ба масоили ташхиси авзои сиёсӣ-мафкуравии минтақавию ҷаҳонӣ, сатҳи бархурдҳои тунди тамаддунӣ, раванди бесобиқаи бегонашавию худбохтагӣ, осебпазирии насли наврасу ҷавони ҷомеаи тоҷик иртибот дода, аз раҳбарияти ниҳодҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, қишри зиёӣ, фаъолони маданӣ ва ходимони динии кишвар даъват ба амал меоваранд, ки дар роҳи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тақвияти шуури сиёсӣ, боло бурдани сатҳи ҳувиятӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва амнияту суботи ҷамъиятӣ саҳми муносиб бигузоранд.
Сарвари давлат дар мулоқоти ахирӣ ба бетарафию бепарвоии институтҳои иҷтимоӣ, қишри зиёӣ ва фаъолони сиёсию ҷамъиятӣ ишораи ҷиддӣ намуда, аз ҷумла тазаккур доданд, ки бетарафию саҳлангории зиёиёну фаъолони маданӣ боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва мусибату фоҷеаи миллӣ гардид. Бинобар ин, бетараф будан ва бепарвоӣ кардан ба сарнавишти миллӣ-давлатӣ ба сифати нуқтаи заъф аз ҷониби Сарвари давлат махсус таъкид гардид. --Агар вазъ ҳамин тавр идома пайдо намояд (яъне, агар бетарафию бепарвоии ҷомеа ва махсусан, қишри зиёии мамлакат давом кунад), -- афзуданд Сарвари давлат,-- суботу амният аз даст меравад ва воқеаҳои солҳои навадуми асри бист дар шакли нав зуҳур мекунанд. Ба ин маъно, ҷомеаи маданӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва зиёиёни ватанӣ вазифадоранд, ки ба сарнавишти миллат-давлат бепарво набошанд ва дар тақвияти бедории фикрӣ ва рушди давлатдории миллию дунявӣ саҳми муносиб бигузоранд.
Сеюм. Истифодаи дуруст аз афкори динӣ-шаръӣ, ибодати отифӣ, хидмати мазҳабӣ тавассути ибодати ростин, тақвияти ҳувияти миллӣ, ифтихор аз нажоди ориёӣ ва эҳтиром ба арзишҳои дунявӣ дар саргаҳи суханронии Сарвари давлат қарор дошт ва минҳайси кулминатсияи суханронӣ ин қавли Сарвари давлат толорро ба ваҷд овард: “Ман аввал тоҷикам, пасон мусулмон”. Дар ин қавли миллӣ-давлатӣ барнома-стратегияи Сарвари давлат қарор гирифтааст ва аз ин ҷумлаи калидӣ, ки аз ҳадафи стратегии Сарвари давлат сарчашма мегирад, метавон консепсияи нави тарбияти миллӣ дуруст кард ва насли наврасу ҷавонро дар руҳияи миллатшиносию ҳувиятсозӣ тарбия намуд.
Чаҳорум. Авомфиребӣ, авомзадагӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолатписандӣ, ки тайи понздаҳ-бист соли ахир ба таври густурда паҳн гардида, ҷомеаи моро сироят карда, масуният-иммунитети ҳувиятӣ, нажодӣ, миллӣ ва дунявии моро заиф сохтааст, мавриди гуфтугӯ ва суҳбати ихтисосии Сарвари давлат қарор гирифта, ба сифати мушкили рақами яки миллӣ дар мулоқот матраҳ гардид. Сарвари давлат дар ин замина таъкид карданд, ки “Хурофот хатар бар имрӯзу ояндаи миллат аст... Ҷаҳолат хурофотро меафзояд ва хурофот мусибату бадбахтиро ба вуҷуд меоварад”. Рафъи камбудӣ ва мушкили ҷиддии сиёсӣ-мафкуравӣ, ки бар асари бетафовутии баъзе ниҳодҳои илмӣ-маданӣ, ҳавзаҳои донишгоҳӣ ва блоки мафкуравӣ-идеологӣ рӯ ба афзоиш овардааст, дар муборизаи ҳадафмандонаю дастаҷамъонаи сохтору ниҳодҳои давлатӣ ва муҳитҳои илмӣ-академӣ, ҳавзаҳои адабӣ-ҳунарӣ ва ҷомеаи маданӣ зоҳир мегардад. Аз ин лиҳоз, ҳамгиройӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии сохторҳои давлатӣ бо ниҳоду институтҳои иҷтимоӣ (аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Иттифоқи ходимони театрӣ, Иттифоқи композиторон, Иттифоқи синамогарон, Иттифоқи рассомон ва амсоли инҳо) роҳро барои маҳор кардани буҳрони ҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ ва таҳдиду чолиши имрӯзӣ ҳамвор месозад.
Аз тарафи дигар, Сарвари давлат дар мулоқот масъалаи дуюмдараҷа донистани сохтори сиёсӣ-мафкуравӣ ва блоки идеологии давлатиро ба миён гузошта, аз масъулин ва дастандаркорони пружаҳои давлатӣ талаб намуданд, ки умури сиёсӣ-мафкуравиро дар мадди аввал қарор диҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, агар вазифаи муовини идеологӣ дар иерархия-дараҷабандии мансабӣ ба мақоми муовини аввали раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ баргардонида шавад, беҳтар аст. Мо дар ин замина, таҷрибаи даврони шуравиро дорем, ки муовини идеологӣ манзалат ва нуфузи бештар ва баланде дар дараҷабандии мансабӣ дошт ва ба гунаи намуна, Суслов минҳайси котиби идеологии давлати шуравӣ бузургтарин шахсияти сиёсӣ-мафкуравӣ шинохта, пазируфта ва эҳтиром карда мешуд. Чаро мо дар ин вазъияти ногувори сиёсӣ-мафкуравӣ аз тарҳи дар авлавияти мансабӣ қарор додани блоки сиёсӣ-мафкуравӣ истифода набарем?
Панҷум. Мусаллам аст, ки манзалати давлат, пеш аз ҳама, ба сатҳи мафкурасозии он бастагӣ дорад ва мафкурасозӣ кору умури ниҳодҳои махсуси давлатӣ ва илмӣ-академӣ мебошад. Бинобар ин, сари таҳким ва тақвият бахшидани умури сиёсӣ-мафкуравӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард ва нафароне ба ин мансаб ҷалб карда шаванд, ки пеш аз ҳама, мавқеи давлатӣ, тафаккури илмӣ ва дидгоҳи миллӣ дошта бошанд. Ба ин маъно, масъалаи тарбияи кадрҳои миллӣ бо тафаккури илмию дунявӣ пеш меояд, ки сари он ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард. Дар ин замина, аз ҳисоби насли ҷавону миёнсол ва ҳатто солманди ҷомеа нафаронеро бояд ҷустуҷӯву интихоб кард, ки ба умури сиёсӣ-мафкуравӣ ва манофеи миллӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.
Шашум. Дар мулоқот бештар сари ходимони дин тамаркуз сурат гирифт ва мухотаби Сарвари давлат бештар ходимони динии кишвар буданд. Бо таваҷҷуҳ ба муҳиммияти тарбиятӣ, набояд фаромӯш кард, ки тарбияи миллӣ аз хона шуруъ шуда, дар мактаб ташаккул ёфта, дар муҳити донишгоҳӣ рушд мекунад ва агар хонавода, мактаб, донишгоҳ ва муҳити корхона солиму муътадил набошад, ҷомеа осебпазир мегардад ва буҳрони чандсамта баданаҳои иҷтимоиро аз фаъолият бозмонда, билохира фалаҷ месозанд. Ин ҳолатро дар ҷомеашиносӣ ва равонковӣ коллапс меноманд. Бинобар ин, дар баробари пружаҳои сиёсӣ-мафкуравие, ки солҳост аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, насли наврасу ҷавонро ҳадаф қарор дода, мағзшуӣ намуда, ба зомбӣ ва манқурти тамомайёр табдил медиҳанд, барнома-пружаҳои омӯзишӣ, илмӣ, маданӣ, синамоӣ ва ҳунарии худро бояд роҳандозӣ намоем, то ин ки ба сифати алтернатива-гузинаҳои муассир пеши роҳи чолишу таҳдидҳои ифротгаройӣ ва тундравии динӣ-мазҳабиро бигиранд.
Ҳафтум. Сарвари давлат дар мулоқот атрофи умури динӣ-ибодӣ махсус таваҷҷуҳ намуда, аз қишри динӣ-мазҳабӣ тақозо намуданд, ки дар хидмати дину мардум бошанд, на дар хидмати нафсу андӯхтани дороиву сарват. Аз ин ҷо тарбияи ходимони диние, ки ғуруру ифтихори миллӣ доранд, масъалаи калидист, ки сари он мебояд андеша кард ва дар ин замина роҳкорҳои зарурӣ амалӣ сохт. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қисмати зиёди ходимони дин (ва аз ҷумла баъзе мудир-омилони сиёсӣ, илмӣ, маданӣ, адабӣ ва ҳунарии ҷумҳурӣ) ҳувияти диниро бар ҳувияти миллӣ тарҷеҳ медиҳанд ва ба ҳама масоил аз нигоҳи маҳдуди мазҳабӣ таваҷҷуҳ мекунанд. Ин нуктаро Сарвари давлат дуруст дарёфта, таъкид карданд, ки мамлакатҳои пешрафтаи исломӣ дар фикри сафар ба кайҳонанд, аммо мо ҳанӯз дар фикри таҳорату ҳоҷиошӣ барин масоили ҷузъии шаръиеам, ки на ба дин манфиат меоварад ва на ба давлату миллат. Таваҷҷуҳ ба ин байти калидӣ:
Дине, ки дар он манфиати халқ набошад,
Ҷуз дағдағаи савмааву далқ набошад --
ҷомеаро аз бисёр мушкилоту чолишҳои имрӯзӣ, ки бар миллату давлат садама мезананд, эмин медорад. Ба назари Сарвари давлат, бо фаро гирифтани илму дониш ва касбу шуғл фарзандони мо аз бори гарони ифтротгаройӣ ва тундравӣ наҷот меёбанд ва амалӣ гардидани ин навъ барномарезиҳои таълимӣ-маърифатӣ як дараҷа ба кори муваффақонаву ҳадафмандонаи ходимони дини ҷумҳурӣ низ бастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, боло рафтани сатҳи саводу маърифат, боло рафтани сатҳи миллатсозию давлатдорист.
Ҳаштум. Хулоса, Сарвари давлат дар мулоқот аз силсилаи мушкилот ва нигарониҳое, ки ба ояндаи миллату давлат таъсири манфӣ мерасонанд, ёдовар шуда, аз мавқеияти миллию давлатӣ ба кулли масоил ва мушкилоту чолишҳои боздорандаи рушду тараққӣ таваҷҷуҳ намуданд. Бовар дорем, ки баъди мулоқот ҷомеаи маданӣ, фаъолони иҷтимоӣ ва ходимони динии кишвар аз пайи иҷрои вазифа ва рисолати аслии худ – бедории фикрӣ, боло бурдани сатҳи ҳувиятӣ, тақвияти руҳияи миллӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ-дунявии насли наврасу ҷавон ва умуман, омма мешаванд ва дар роҳи хидмати воқеӣ ба халқи азизи тоҷику тоҷикистонӣ қадамҳои устувор бармедоранд.
Нозим Нурзода, пажуҳишгар
Санадҳои байналмиллалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак
1 июн- Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Кӯдакон ояндаи миллат ба ҳисоб рафта, ғамхорӣ ва ҳимояи онҳо вазифаи аввалиндараҷаи оила, ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар аксари давлатҳои ҷаҳон 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад.
Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сабт гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Падару модар барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъуланд. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».
Баҳри ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, яъне фаро гирифтани онҳо ба таҳсил, ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал татбиқ мегарданд.
Оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи кӯдак (1989)[1], Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (1966) ва ғайраҳо татбиқ мегарданд. Моддаи 16 Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ва моддаи 10 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оиларо ҳамчун рукни табиӣ ва асосии ҷамъият эътироф карда, вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон шаклҳои гуногуни дастгирии иҷтимоии оиларо пешбинӣ менамояд.
Дар қисми якуми моддаи 18 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак пешбинӣ шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзӯи асосии ғамхории волидайн бошад». Меъёри мазкур дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 65 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн дар тарбия ва таълими фарзандон дар дигар моддаҳои Кодекси мазкур низ зикр гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии шартномаҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон буда, меъёру принсипҳои онҳо қисми таркибии қонунгузории ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин тавсияҳои мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид гардида, қонунҳои нав қабул мешаванд.
Соли 2001 бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ бобати дастгирии оилаву кӯдак Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, вазифаи Комиссияи мазкур ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналилалӣ ва рушди қонунгузории самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ба Кодексҳои оила, меҳнатӣ, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Дар асоси қисми 1 моддаи 57 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро волидон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парастори, прокурор ва суд ҳимоя мекунанд.
Моддаи 63-и Кодекси оила бошад, волидайнро уҳдадор мекунад, ки барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, таҳсил ва касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакони ятим ва аз парастории волидайн бо сабабҳои гуногун мондаро Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №30 ба тасдиқ расидааст, танзим менамояд. Боиси зикр аст, ки яке аз ҳуқуқҳои меҳварӣ дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо- ин ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил мебошад, ки дар моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» дарҷ гардидааст. Тибқи талаботи моддаи мазкур кӯдак ба таҳсил ҳуқуқ дорад ва ба ӯ таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад ва моҳияти қонунҳои соҳавӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон равона карда шудааст, масалан Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи маориф», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» ва «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» қабул гардида, дар онҳо муқаррароти дахлдор оиди ҳифзи ҳуқуқи ҳамаҷонибаи кӯдакон пешбинӣ карда шуданд.
Чунончи, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҳанӯз 18 марти соли 2015, №1196 қабул гардида, асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак онро муайян менамояд. Қонуни мазкур масъалаҳои ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, комиссияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакро танзим менамояд. Қонуни мазкур масъалаҳои татбиқи амалии ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ҳуқуқи кӯдак ба шахсият, ҳифзи саломатӣ, ба озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳуқуқи кӯдак ба моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат, фароғат, зиндагӣ ва тарбия дар оила, ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон аз ҷониби давлатро кафолат медиҳад. Қонун аз 6 бобу 50 модда иборат мебошад.
Кӯдак бояд дар оилаи солими падару модараш якҷоя бо онҳо зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Дар оилаи кӯдак аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват ва рӯҳан инкишоф меёбад. Барои ҳамин ҳам таъсир ва дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти оилавӣ манъ аст. Агар ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак дар оила халалдор гардад, он гоҳ таъсир ва дахолат ба ӯ имконпазир мегардад. Кодекси оила барои бартараф ва пешгирӣ кардани монеаҳо дар тарбияи кӯдак андешидани баъзе чораҳо ба монанди маҳрум кардан аз ҳуқуқи падариву модарӣ, маҳдуд намудани ҳуқуқи падару модариро пешбинӣ намудааст.
Кӯдак ба ғамхории падару модар ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ чунин маъно дорад, ки дар оила бояд шароити мӯътадил барои зиндагӣ ва тарбия бошад. Падару модар якҷоя кӯдакро бояд аз ҷиҳати моддӣ ҳаматарафа таъмин намоянд, таҳсили ӯро ташкил кунанд, бо китобҳо ва маводи дарсӣ таъмин намуда, ба нигоҳ доштани саломатии кӯдак эътибор диҳанд, дар мавриди зарурӣ бо ёрии тиббӣ, доруворӣ ва ғайра таъмин намоянд. Падару модар нисбати фарзандон бояд баробар муносибат намоянд. Дар навбати худ аз рӯи одобу рафтор кӯдак бояд падару модари худро ҳурмату эҳтиром намояд.
Ӯҳдадориҳои падару модар оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконашон дар қонун муқаррар карда шудааст. Тибқи Кодеси оилаи ҶТ падару модарон намояндагони қонунии фарзандони худ буда, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро бе ваколатҳои махсус дар муносибат бо ҳамагуна шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар судҳо ҳимоя менамоянд. Аммо падару модар наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндагӣ кунанд, агар мақоми васоят ва парасторӣ муқаррар карда бошад, ки байни манфиатҳои падару модар ва фарзандон ихтилоф вуҷуд дорад. Дар сурати мавҷуд будани ихтилофот мақоми васоят ва парасторӣ вазифадоранд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон намоянда таъин кунанд.
Тарбияи дурусти кӯдак эҳтироми шаъни инсонии кӯдакро аз ҷониби падару модар ва дигар аъзои оила дар назар дорад. Ҳангоми тарбия падару модар набояд ба иззати нафси кӯдак расанд. Эҳтиром намудани шаъни инсонии кӯдак дар оила меъёри ҳал намудани баҳсҳо вобаста ба тарбияи кӯдак мебошад. Барои ҳамин ҳам дар оила падару модар нисбати кӯдак ҳуқуқи ба таври мунтазам рафтори дағалона, муомилаи дурушт карданро надоранд. Мавҷуд будани чунин рафтори падару модар нисбати кӯдак шаҳодати халалдор гардидани тарбияи кӯдак шуда, барои татбиқи чораҳо нисбат ба падару модар асос мегардад. Кӯдаконе, ки бо сабабҳои гуногун аз оила маҳрум шудаанд, дар ин маврид амалӣ гаштани ҳуқуқи онҳоро ба тарбия давлат ба зимма мегирад.Яке аз роҳҳои таъмин намудани ҳуқуқи кӯдак дар оила ин ба фарзандхонӣ додани кӯдак мебошад. Дар мавриди имконнопазир будани додани кӯдак ба оила ӯ барои тарбия ба муассисаҳои кӯдакона супорида мешавад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак соли 2016 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар сол на дертар аз моҳи феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар бораи фаъолияти худ ва вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ирсол менамояд.
Оид ба масъалаҳои алоҳидаи вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳуқуқ дорад ба мақомоти номбаршуда маърӯзаҳои махсус ирсол намояд.
Дар баробари ин, дар Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва барномаҳои давлатӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.
Маҳкам МАҲМУДЗОДА – академики АМИТ,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор
[1] Эъломияи ҳуқуқи кӯдак бо қарори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1993 ратификатсия карда шудааст.
(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
Ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи илмро дар кишварамон ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба масъулини ин соҳа чунин дастурҳое доданд, ки амалисозии онҳо, бешубҳа, на танҳо ба рушди илми тоҷик, балки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат мекунад. Суханронии Пешвои муаззами миллат хеле фарогир буд, аммо инҷо мехостем танҳо ба чор нуктаи асосӣ таваҷҷуҳ дошта бошем.
Аввалан, Пешвои миллат дар бораи дастовардҳои илмӣ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат аз соҳаи илм сухан гуфта, таъкид намуданд, ки ин соҳаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсаташон пайваста дастгирӣ намудаанд ва ин амал минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Дар ҳақиқат ҳам, дар даврони соҳибистиқлолӣ, чун дар баъзе кишварҳои ҳамсоя фаъолияти ниҳоди асосии илмӣ дар ҷумҳурӣ - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қатъ карда нашуда, баръакс мақоми баландтарро соҳиб гардид. Дар ҳайати ин Академия сохторҳои зиёди ҷавобгӯи талаботи даврон таъсис ёфта, маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотӣ пайваста зиёд гардид ва ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки сохторҳои дахлдор “ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд”. Ин амал метавонад ба он мусоидат кунад, ки маблағгузории илм дар ҷумҳурии мо то сатҳи давлатҳои пешрафтаи олам боло бурда шавад.
Дуюм, Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки дар соҳаи илм дар даврони соҳибистиқлолӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, ниҳодҳои илмӣ мунтазам бо дарназардошти талаботи ҷомеа дигаргун карда шуданд. Аммо дар ҷаҳони имрӯзаи зудтағйирёбанда, ниҳодҳои соҳаи илм, махсусан, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз низ ба ислоҳоти сохторӣ эҳтиёҷ доранд. Бо ҳамин сабаб ва барои таъмини фаъолияти самарабахши соҳаи илм Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар ин самт “зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст”. Эътимоди комил дорем, ки иҷрои ин дастури Сарвари давлат на танҳо ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо, балки тамоми ниҳодҳои илмии Тоҷикистон як такони ҷиддӣ мебахшад.
Сеюм, дар суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкид гардид, ки дастовардҳои илми тоҷик дар зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ кам нестанд, аммо камбудию норасоиҳо низ дар ин самт вуҷуд доранд, ки бояд бе таъхир бартараф карда шаванд. Ин гуна норасоиҳо, қабл аз ҳама, дар самти татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва тарбияи кадрҳои илмӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки минбаъд фаъолияти ҳар як олим дар кишвари мо аз рӯйи ду меъёри асосӣ арзёбӣ карда шавад: “ аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд”. Дарвоқеъ, муайян сохтани чунин меъёрҳо на танҳо масъулияти олимону донишмандонро баланд мекунад, балки барои бартараф сохтани норасоии кадрҳои соҳиби дараҷаю унвонҳои илмӣ дар тамоми муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мусоидат намуда, робитаи илму истеҳсолотро тақвият мебахшад.
Чорум, чунонки маълум аст, илм дар ҳар давру замон дар таърихи башар на танҳо василаи ягонаи рушди техникию технологӣ будааст, балки вазифаи хеле муҳимми иҷтимоиро ба иҷро расонида, инсониятро аз фалокатҳои маънавӣ низ эмин нигоҳ доштааст. Маҳз ташаккули ҷаҳонбинии дуруст ва илман асоснок дар тули таърихи тулонӣ ба инсоният имкон додааст, ки на танҳо эҳтиёҷоти моддии худро қонеъ созад, балки саодати ҳақиқии ҳар як инсонро дар соҳаи ахлоқу маънавиёт низ таъмин созад. Ин рисолати илм аз он бармеояд, ки он ҳар як шахсро бо ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ мусаллаҳ сохта, имкон медишад, ки ҳаёти иҷтимоии худро ба таври дуруст танзим намояд. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар замони муосир низ, танҳо “илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат” ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ҳар як олим, корманди соҳаи илм ва зиёиёнро зарур аст, ки дар ташаккули ҷаҳонибинии илмии насли наврасу ҷавонон ва тафаккури илмию техникии онҳо саҳм гузошта, бо ин роҳ умеди мардуми моро ба ояндаи дурахшони миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз ҳам боэътимодтар созанд.
Дар маҷмуъ, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, нишон дод, ки миллати тоҷик ва Пешвои муаззами он тамаддунофару илмпарваранд ва дар ваҳдату ҳамбастагӣ, бо такя ба ҷаҳонбинии илмӣ қодиранд, ки дар даврони муосир низ ворисони Ибни Сино будани худро собит сохта, Тоҷикистони азизи соҳибистиқлолро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи олам табдил диҳанд.
Хуршед Зиёӣ доктори илми фалсафа, профессор
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат, ки 30 май дар Душанбе доир гардид, аз натиҷаҳои кори олимон дар даврони соҳибистиқлолӣ суханрони намуда, чихати дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ, сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.
Президенти кишвар иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳои заруриро муҳайё намудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи самтҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои боровари он суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд карданд. Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки олимони кишвар дар таҳияи хуҷҷати муҳимми давлатӣ — Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 саҳми арзишманд гузоштанд ва онҳо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд. Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлат Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад. Ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолияти ҳамаи зерсохторҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, аз ҷумла иншоот ва заминҳои аз даврони гузашта дар тавозуни ин сохторҳо боқимондаро анҷом диҳад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зарурати қабули Қонун “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ” андешаронӣ карда, масъулин ва сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши қонуни зикршуда чораҳои дахлдор андешанд.
Сарвари давлат мухтарам Эмомали Рахмон чихати таъинот, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои арзанда ба Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбутаи он дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Дар рафти мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷаҳон ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар — дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонро вазифаи муҳимтарини аҳли ҷомеа донистанд.
Хамзамон ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаи забономӯзӣ, касбомӯзӣ ва мутобиқ ба бозори меҳнати дохиливу берунӣ омода кардани ҷавонону калонсолоне, ки дар муассисаҳои зертобеи онҳо таҳсил мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.
Пешвои миллат бо боварии комил изҳор намуданд, ки олимони мо рисолати худро хамеша дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, арзишхои миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон — Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Изҳори итминон карда шуд, ки донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни фаъол — бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.
Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои муаззами миллат изхор намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод.
Баъди анҷоми суханронӣ миёни Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як гурӯҳ олимон ва донишмандони кишвар пурсишу посухҳо сурат гирифт, ки зимни онҳо оид ба дастгириҳои давлатии рушди илм, қабули қонун, барномаву стратегияҳо ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат баҳри беҳдошти шароити кору зиндагии аҳли зиё андешаронӣ намуданд.
Раҳмонов Р.О. – д.и.ҳ., муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Точикистон
Бардоштҳо аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ 30-юми майи соли 2024)
Илм - фаъолияти инсон аст, ки ҳадаф ва мазмуни он маърифати олам ҳамчун низоми ягона дар асоси муҳокимаҳои мантиқӣ ва таҷрибаҳо мебошад. Дар тамаддуни муосир илм нақши муассир дорад. Пешравиҳои технологии асри ХXI, ки барои рушди кишварҳои Ғарбу Шарқ такон доданд, бар истифодаи дастовардҳои илмӣ асос мегиранд. Илм на танҳо соҳаи истеҳсолотро муайян мекунад, балки ба самтҳои зиёди фаъолияти инсон тавассути усулу воситаҳои гуногун таъсир мерасонад. Хусусан, илм дар ташаккулёбии шахсият муассир аст. Ба воситаи низоми таҳсилу тарбия, ки қабл аз ҳама барои ҳосил намудани донишҳои илмӣ равона аст, он навъи махсуси дониши инсониро ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷо, ҷанбаҳои ҳастии илм чунин муайян шудаанд: 1) маърифатӣ (бештар қонунҳои айнии воқеият); 2) навъи махсуси фаъолияти инсон; 3) ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ.
Вазифаи илм ҳамчун нерӯи бевоситаи истеҳсолӣ имрӯзҳо равшантар зоҳир мешавад, зеро ки илм аз чаҳорчӯбаи тафаккуроти таҷридӣ-назариявӣ дар бораи табиат берун баромада, ба қуввае табдил меёбад, ки дар аксари ҳолатҳо истеҳсолотро ташкил ва назорат мекунад, самти инкишофи онро муайян менамояд. Натиҷаҳои илм то миёнаҳои асри XIX танҳо ба шакли порчагӣ дар амалия таҳқиқ меёфтанд. Имрӯзҳо бошад, дараҷаи азхуд намудани он дар фаъолияти амалӣ бешак бештару васеътар аст. Ворид шудани илм ба истеҳсолот бевосита ба инкишофи дохилии он таъсири зиёд дорад. Ба ҳайси нерӯи ҳаракатдиҳандаи иҷтимоӣ илм барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷомеа ва ҳаллу фасли масоили умумиҷаҳонии муосир мавриди истифода қарор мегирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукумати кишвар баробар бо соҳаи маориф илмро аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида, барои рушди он, дастгирӣ ва ҳавасмандагрдонии олимон пайваста тадбир меандешад. Бахусус, баргузор кардани мулоқоту вохуриҳои Пешвои миллат бо аҳли зиё, ки дар онҳо натиҷагирии фаъолияти соҳа таҳлилу баррасӣ ёфта, дастовардҳо арзёбӣ, камбудиҳо ошкор ва роҳҳои рафъи онҳо нишон дода мешаванд аз зумраи иқдомҳои наҷибу шоиста ва ифодакунандаи таваҷҷуҳи давлат ба соҳаҳои илм мебошад.
Мулоқоти навбатии Президенти кишвар бо аҳли илму маориф, ки ҳадафи он дар заминаи натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ баррасии ҳолати имрӯза ва дурнамои рушди илм, тақвият додани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ-риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирӣ ва рушди ихтироъкорӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, густариши мактабҳои илмӣ мебошад, низ бозгӯӣ он аст, ки олимони тоҷик сармояи зеҳнии ҷомеа мебошанд ва бо заҳмату талош, меҳнати пурмаҳсули онҳо илми тоҷик метавонад дар сатҳи байналмилалӣ эътироф пайдо кунад. Олимони дақиқназару ихтироъкор ҳамчун меросбарони зиёиёни гузаштаи фарҳангофар, ки бо дастовардҳои илмии худ дар риштаи илмҳои риёзӣ, ҳандаса, тиб, нуҷум, иҷтимоиёт, ҷуғрофия, сиёсат, ахлоқ ва ғайра барои рушди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши калидӣ гузоштанд, имрӯз низ новобаста аз бурхурди тамаддунҳо, вусъат касб кардани тағйиротҳои мудаввоми иҷтимоӣ-сиёсӣ парчамбардори рушди илми муосири башарӣ бошанд. Миллати соҳибфазл, фарҳангофар ва тамаддунсоз будани худро нишон диҳанд то давлати миллӣ пояҳои асосии худро мустааҳкам карда, зиндагии шоистаро барои аҳолӣ муҳайё намояд, тавонмандии истифодаи «зеҳни сунъӣ»-ро барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ соҳиб шавад. Зеро бо таъкиди бевоситаи Пешвои миллат «дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад».
Матни суханронии Пешвои миллат, ки дар он ҳамаи комёбиву муваффақиятҳое, ки аҳли илму маорифи кишвар дар давраи истиқлоли давлатӣ нойил шуданд, он масъалаҳои ҳалталаб, ки иҷро ва рафъи онҳо барои дурнамои рушди ҷомеа ҳатмӣ ва шарт мебошанд ба шакли мукаммал дар сомонаҳои интернетӣ, рӯзномаву ҳафтаномаҳо рӯйи нашрро дида, дастраси аҳли илму маориф ва кулли аҳолии кишвар гардид. Аз ин рӯ, ин ҷо зарурат барои зикри ҳар як сархати матни мулоқот пеш намеояд ва танҳо таъкид кардан мебояд, ки масъулин, кормандони муассисаҳои илмӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии нопурра, таҳсилоти олии касбӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдор оид ба камбудиҳои ошкоршуда, ки масъалаҳои ҳалталаби соҳа маҳсуб меёбанд, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин гардонанд. Бахусус:
- раванди таълиму тарбияро дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба роҳ монанд, то робитаи се ниҳоди муҳим: оила, мактаб ва ҷомеа мустааҳкам гардида, мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта бартараф карда шавад;
- барои тавсияи хонандагон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ ва довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо завқ ва қобилияти онҳоро ба эътибор гиранд;
- омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои илмиро ба азбарнамоии забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияи инноватсионӣ сафарбар намоянд, то онҳо дар раванди фаъолияти худ муаррификунандаи дастовардҳои илмӣ, муваффақиятҳои соҳаи маорифи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гарданд;
- ба сатҳу сифати дониши хонандагон, донишҷӯён таваҷҷуҳи зарурӣ диҳанд ва онҳоро ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир тарбия намоянд;
- воситаю таҷҳизоти нодаркор ва ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ набударо дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ бо воситаю таҷҳизоти нави замонавӣ иваз намуда, бо ин васила сатҳи ҷаҳонбинии шогирдонро васеъ ва тафаккури техникиашонро ташаккул диҳанд;
- вобаста ба ҷойҳои ҷудошуда довталабонро дар зинаҳои таҳсилоти магистратура, доктор PhD, докторантура бо ба эътибор гирифтани ихтисос таъмин намуда, фаъолияти онҳоро мувофиқи бандҳои нақшаи инфиродӣ зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, то дар муҳлати муқарраргардида сазовори дарҷаҳои илмӣ гардида, барои пешрафти илми тоҷик хизмати беғараз гузоранд;
- ҳар шашмоҳа дар ҷаласаҳои воҳидҳои сохторӣ натиҷаи фаъолияти роҳбарони илмии унвонҷӯёну аспирантон ва докторантонро оид ба вазъи иҷрои корҳои илмии шогирдон баррасӣ карда, бандҳои алоҳидаи қарор қабул карда, назорати онҳоро таъмин гардонанд;
- дар сохтор ва зерсохторҳои муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба самти ихтисос кадрҳои ҷавонро ба кор таъмин гардонанд, барои такмили тахсассус ва бозомӯзии илмии онҳо пайваста тадбир андешанд;
- олимон ва омӯзгорони соҳибтаҷриба, соҳибмактаб ва фидоии илму маорифро барои сазовор гардидан ба ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва ғайра тавсия диҳанд;
- барои он ки мавзуҳои фармоишии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда актуалӣ ва самарабахш бошанд (нусхаи кутоҳкардашудаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии таҳия ва ё дифоъкрдаи олимон набошанд) шурои экспертиро зарур аст, ки ба сифати муқарриз олимони варзидаи соҳавӣ, воқеъбин ва дақиқназарро таъйин намояд, ба хислати рӯпӯшкунӣ хотима бахшад;
- дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ гардонида шаванд. Аз ҷумла, ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷорӣ гардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо ва ғайра мушкилоти мавҷудаи соҳаро бартараф карда, барои рушди илм мусоидат менамояд;
- нисбат ба масъалаи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология, ки тақозои талаботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад, тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Тарбия кардани олимони ҷавон аз ихтисосҳои илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоиёт ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва ғайра ниёзи ҷомеа мебошад;
- - маблағи лоиҳаҳои ба соҳаи илм ва маориф ҷудо карда шуда самаранок истифода бурда шаванд, то аз татбиқи онҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оянд, ки ба рушди бонизоми ҷомеа мусоидат намоянд;
- барои муайян кардани рейтингӣ ҳар як олими тоҷик, самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ меъёрҳои арзёбӣ муайян карда шаванд ва ғайра.
Ҳамин тавр, вақте давлат аз илму маорифи кишвар ҳимоят мекунад, хизмати олиму омӯзгорро қадр менамояд, пас мо низ дар ҷавоб фидоии касби худ бошем, барои пешрафти ҷомеа, тарбияи кадрҳои ҷавон ғамхору содиқ бошем, фарҳанги пурғановати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Бетарфӣ пеша насозем, беасос якдигарро танқид накунем, ба таълифоти якдигар аз ҷиҳати интиқодӣ назар андӯхта, ахлоқи олимро риоя дорем, барои беҳбудии кор ва ба даст овардани самара ба якдигар маслиҳатҳо диҳем. На ин ки аз итиқоди ҳамкасб тухми кина дар дил парварида, нисбаташ ҳарфи носазо гӯем.
Олимони тоҷик соҳибфазл ва бузургонаш соҳибмактаб мебошанд. Ҳамеша ба ҳамдигар дасти мадад расониданро дареғ намедоранд. Бинобар ин, иттиҳоди онҳо метавонанд ин мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи илм ва маорифи кишварро бартараф карда, илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ ва барои дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои назариявӣ неруи ақлиро сарфа созанд. Зеро мо метавонем, чунки асли мо фарҳангофар, тамаддунсоз буд ва вуҷудамон пок…
Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор, и.в. мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги ИФСҲ-и АМИТ
(Бардоштҳо аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ 30-юми майи соли 2024)
Пеш аз ҳама бояд зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон ба аҳли илм ва рушди илм аҳамияти вижа медоданд. 30- юми майи соли 2024 бори дигар аз муносибаташон ба илм, махсусан илми академӣ, ки ба таҳқиқи самтҳои бунёдӣ равона шудааст, ёдовар шуданд. Воқеан ҳам, мулоқот бо Пешвои муҳтарами миллат барои ҳар олим ва корманди илму маориф як падидаи фараҳбахш аст, зеро дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвару миллат барои муайян кардани самтҳои нави илмӣ, таҳқиқотҳои бунёдӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ такони тоза мебахшад. Ҳамчунин зикр карданд, ки дар замони ҳозира ба зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зиёд буда, илми ватанӣ бояд ба техника ва технологияҳои навин, ба истифода ва татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот бештар рӯ орад.
Президенти муҳтарам қайд карданд, ки баъд аз мулоқоташон бо аҳли илму фарҳанги кишвар, ки бори охир дар соли 2020 сурат гирифта буд, хулосаҳои худро роҷеъ ба иҷрои дастуру супоришҳои додаашон баён мекунанд.
Дар ҳақиқат, Суханронии Пешвои муҳтарами миллат дар баргирандаи як марҳилаи таърихӣ буд, ки рушди илми ватанӣ , вазъи он ва вазифаҳои олимонро дар оянда хеле равшан намуд. Суханронӣ ва суҳбати хеле амиқназаронаи Пешвои миллат гувоҳи муносибати дилсӯзонаашон нисбат ба илм ва кормандони илму маориф буд. Таҳлили донишмандонаи Президенти муҳтарам хеле амиқ ва пайгирона буда, вазъи илми ватаниро дар пайванд бо роҳи тайкардаи давлати соҳибистиқлоламон дар бар мегирифт.
Дар шароити ниҳоят ногувори дохилию хориҷӣ дар солҳои навадуми асри гузашта ба халқи азизи мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки ҷанги шаҳрвандии таҳмилии бародаркушро хомӯш кунад. Хидмати бузурги Пешвои миллат барои илм пеш аз ҳама дар он зоҳир шуда буд, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта шуд. Дар чанде аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравии собиқ Академияҳои илмҳо ҳамчун маркази таҳқиқоти ҷиддиии илмӣ амалан барҳам дода шуда буданд. Вале, бо вуҷуди душвориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию психологӣ, дар солҳои вазнини оғози Истиқлоли давлатӣ маҳз Пешвои миллат аҳамияти бузурги илмро дар назар гирифта, ба олимон ғамхорӣ намуда, дар доираи имкониятҳои ҳамон давра илм ва олимонро пуштибонӣ намуданд.
Мо, як гурӯх кормандони Академияи илмҳо (аз ҷумла олимони шинохтаамон Зоҳир Аҳрорӣ, Мусо Диноршоев, Раҳим Масов, Кенҷабой Юсуфов, Додоҷон Обидов, Рақиб Абулҳаев ва чанде дигар) дар як маърака шоҳиди воқеае будем, ки як нафар аз роҳбарони маркази исломии он солҳо ба воситаи микрофон эълон карда буд, ки Академияи илмҳоро бояд барҳам дод, зеро он маркази куфр аст.
Бо масъулият ва бемуболиға метавон зикр кард, ки оташи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро шахси дигар ба ҷуз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хомӯш карда наметавонист. Пешвои миллат на танҳо кишвари харобгашта ва тороҷшударо аз ҷанг наҷот доданд, балки барои ҳифз ва рушди маорифу илми он шароити мувофиқ муҳайё намуданд.
Дар суханронии Президенти муҳтарам бори дигар таъкид гардид, ки танҳо аз соли 2000-ум муяссар шуд, ки ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ рӯ оварда шавад. Аз сифр Артеши миллӣ эҷод карда шуд, Низоми ягонаи энергетикии кишвар ба вуҷуд оварда шуд, барои ҳимояи сарҳадҳои давлатӣ чораҳои таъхирнопазир дида шуд. Зиёда аз 2 ҳазор км роҳ, чандин нақб, пулҳо эъмор шуданд.
Барои илми акдемӣ дар ин муддат зиёда аз як миллиарду 400 миллион сомонӣ ҷудо шуд, ки маблағи қобили мулоҳиза мебошад. Натиҷаи чораҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ буд, ки ҳисоби миёнаи умри шаҳрвандон дар ҷумҳуриамон ба 76, 3 сол расидааст. Аҳолии кишвар аз 5,5 миллион ба 10, 3 миллион расидааст. Ҳар сол аҳолии кишвар 250 ҳазор нафар зиёд мешавад. Нирӯгоҳҳои барқи обии Сангтуда-1, Сангтӯда-2, Норак, Помир-1, Қайроқкум ва гайра бо маблағҳои зиёд, аз ҷумла бо маблағҳои грантӣ таҷдиду таъмир шуданд.
Кори сохтмони НБО-и Роғун пайваста идома дорад. Ҳоло дар он ҷо 17 ҳазор нафар машғули кор ҳастанд ва 90 дарсади он коргарону муҳандисони маҳаллӣ мебошанд.
Ҳозирини маҷлис суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ба ҷаҳони муосир ҳамчун узви комилҳуқуқ ворид Шудани Тоҷикистон, пешниҳодҳои аҳамияти умумиинсонӣ дошта, ки аз тарафи СММ, ЮНЕСКО пазируфта шудаанд, аз ҷумла дар бораи ҳифзи пиряхҳо, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва ғайра бо мароқи том гӯш карданд. Суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллатро ҳозирин ба нишони тасдиқ ва ифтихор аз нуктаҳои муҳими он борҳо бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол менамуданд, ки рамзи ваҳдати аҳли илм бо Президенти кишвар ва тарафдорӣ аз сиёсати дукандешона ва амалии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд.
Дар айни замон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки бо вуҷуди ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ба муассисаҳои илмӣ ва олимон фаъолияти онҳо қонеъкунанда нест, ба талаботи замон ҷавобгӯ намебошад. Саҳми аъзои вобаста ва пайвастаи АМИТ ва Академтяи илмҳои кишоварзӣ назаррас набуда, таҳқиқотҳои зарурӣ иҷро карда намешаванд. Бинобар ин дастур доданд, ки ба сохторҳои Академияи илмҳо таҷдиди назар шавад. Мавзуъҳои таҳқиқотӣ ба ниёзмандиҳои ҷомеа мувофиқ карда шаванд. Робитаи илм бо истеҳсолот бояд бештар бошад. Ҳамчунин ҷобоҷогузории мутахассисон дар пажӯҳишгоҳхои илмӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Бинобар ин дастур доданд, ки барои мутахассисон озмуни ғайринавбатӣ доир карда шавад.
Яке аз эродҳои ҷиддии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи кадрҳои илмии ҷавон дахл дошт, зикр карданд, ки ба тарбияи олимони ҷавон аз ҷумлаи магистрантон, аспирантон ва докторантон диқкати махсус дода шавад. Дар илм низ анъанҳои хуби ниёгонамон- мактаби устоду шогирд ҷорӣ гардад, то ки пайванди наслҳо бардавом бошад. Паркҳои технологӣ ба талаботи замон мутобиқ карда шаванд.
Дар суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили авзои ҷаҳони муосир ҷои махсус дошт. Таъкид намуданд, ки ҷаҳон имрӯз мураккаб ва хатарнок аст. Махсусан раддикализм ва экстремизми динӣ хавфи зиёд дорад. Ҷавононро аз шомил шудан ба ҳаракатҳои ифротӣ бояд ҳифз кард. Дар ин масъала бетарафӣ бадтарин кор аст. Президент зикр карданд, ки агар дар солҳои 90-ум як қисми зиёиён бетарафиро ишғол намекарданд, шояд кор ба ҷанг рафта намерасид.
Дар ҳақиқат , ташвишҳои Пешвои миллат аз воқеаҳои ахир комилан бамавқеъ мебошад. Дар партави суханронӣ, дастурҳо ва супоришҳои боарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо кормандони илму маорифи кишвар масъулияти бузурги ватандӯстона ва инсондӯстонаи худро амиқан дарк намуда, вазифаҳои аз тарафи Сарвари давлат дар назди аҳли илм гузошташударо бояд самимона ва шарафмандона иҷро намоем. Дар атрофи Сарвари бузурги давлатамон муттаҳид шуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам кардан ва барои ободии Ватани азизамон ва осудагии халқамон кӯшиши пайваста намудан кафили бақои давлат ва саодати наслҳои оянлаи миллат хоҳад буд.
Академик - Кароматулло Олимов
Дар ҳошияи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар,
30 майи 2024, Душанбе
Дар пешрафту рушди ҳар давлату миллат фарзандони барӯманду фарзонаашва шахсиятҳои мондагору муҳиме барои ояндаи миллатҳо нақши боризу калидиро мебозанд. Хушбахтона, Тоҷикистон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин шахсиятро дорад, ки дар сатҳи байналмилаливу минтақавӣ муаррификунандаи давлату миллати тоҷик мебошанд. Инро метавон дар суханронӣ ва мулоқотҳои Сарвари миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар эҳсос намуд. Воқеан ҳам, дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ - иҷтимоии кишвар ҳар як суханронии Пешвои миллат ҳамчун чароғи фурӯзони пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама, мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳезӣ ва таҷассум намудааст. 30 майи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот намуда, аҳли зиёи мамлакатро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш баҳри рушди кишвар даъвату ҳидоят намуданд.
Зимни мулоқот Пешвои миллат ба неруи илмии ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, чунин иброз доштанд: « Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем.Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод.
Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо ба талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд ».
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо барои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат барои рушду нумуи насли наврасу ҷавони кишвар масъулият дарки бештари ватандориро аз ҳар як сокини кишвар тақозо менамояд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ, пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон зоҳир мегардад. Яке аз нуктаҳои Суханронӣ ин самти тарбияи насли наврас ва омода намудани олимону мутаххасисони ҷавон аст. Дар рафти мулоқот бо донишмандони кишвар Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд,ки “рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад.”
Бо мақсади таҳкими зарфияти илмии миллат Сарвари давлат солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда буданд, ки ин иқдом ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон заминаи хуби илмиро фароҳам овардааст.
Вобаста ба масоили рушду илм дар кишвар, ки ба тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд, Раҳбари кишвар ишораҳои махсус намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд:“аз ин лиҳоз, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор карда мешаванд, ки номгӯйи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмиро аз нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.”
Дар Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар тамоми масъалаҳои мубрам рушди илм дар диёри тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Яке аз хусусиятҳои хоси Суханрони навбатии Пешвои муаззами миллат дар он аст, ки аҳли илмро дар кишвар ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва коршиносӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд. Дар ҳамин асос, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳидояти Абармарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамзамон рушди илмҳои бунёдӣ дар амал тадбиқ гардида истодааст. Имрӯз тамоми шароит барои рушди илм ва робитаи илм бо истеҳсолот, ғамхорӣ дар ҳаққи олимони ҷавон ва корҳои зиёде дар ин самт гувоҳи гуфтаҳои болост. Президенти кишвар барҳақ қайд мекунанд,ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Тавре дар паёми навбатӣ таъкид карда будам, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.
Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем.
Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”.
Соҳаи илму маориф низоми калидии пешрафту тараққиёти давлату миллат мебошад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳа таваҷҷуҳимахсус зоҳир намуда, ба рушди илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода, чораҳо меандешад. Маҳз бад-ин васила сатҳи донишу маърифатнокии аҳолӣ баланд ва мустаҳкам карда мешавад.
Дар чунин шароит ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бояд тамоми саъю талоши худро бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири пешгирӣ кардани пайомадҳои буҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, таъмин намудани пешрафту босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақому манзалати кишвар саҳмгузор бошанд.
Р.Маҷидзода, номзади илмҳои филология, ходими илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дар ҳошияи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар,
30 майи 2024, Душанбе
Дар воқеъ, аз лиҳози сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи илм, хусусан рушд додани фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун махзани илми тоҷик яке аз самтҳои афзалиятнок ва стратегии кишвар маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти аввали худ бо олимони кишвар дар таърихи 29 феврали соли 1996 қайд намуданд: “Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ин оинаест, ки симои интеллектуалӣ, сатҳи маърифату дониш ва тамаддуни ҷомеаи моро инъикос менамояд. Дар ҷомеаи башарӣ ҳар миллату халқеро аз рӯи ҳамин нишондиҳандаҳо, яъне дараҷаи рушди интеллектуалӣ ва маърифату тамаддунаш мешиносанду қадр мекунанд...”
Санаи 30 майи соли 2024 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти навбатии худ бо аҳли илм ва маорифи кишвар қайд намуданд, ки илм яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнӣ дар ҷомеа дониста шудааст ва Ҳукумати кишвар бо мақсади рушди илми тоҷик ҳамаи имкониятҳоро барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм муҳайё сохтааст. Пешвои миллат зимни суханронии худ аз ҷумла қайд мекунанд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.”
Боиси ёдоварист, ки баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ва ба шароити сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи кишвар дар самти соҳаи илм низ таҳия ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида шуданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 “Дар бораи Академияи илмҳои Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2021 “Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” ва дигар дастуру фармоишҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мутобиқ намудани илми тоҷик ба раванди рушди илми ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳад.
Боиси тазаккур аст, ки дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло зикр гардида, ки моҳияти рушди илмро дар бар мегиранд, Пешвои миллат дар ҷараёни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар мавриди зарурияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ” таъкид намуда, ҷиҳати таҳия ва татбиқи самарабахши Қонуни қайдгардида сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд. Дар баробари ин таъкид гардид, ки олимони кишварро лозим аст барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини рушди босуботи кишвар, пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, хусусан, ташкили корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиш додани раванди босуръати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.
Аз ин рӯ, дар амал татбиқ намудани иқдоми созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Тоҷикистон оид ба рушди воқеии сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун як миллати дорои таъриху фарҳанг ва таммадуни куҳан вазифаи ҳар як олими тоҷик мебошад.
Салимов Акбар - ходими калони илмии Шуъбаи ИДМ-и
Институти омузиши масоили давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дар ҳошияи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар,
30 майи 2024, Душанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии хеш ба яке аз аъзои мустақил ва фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гашта, дар асари сиёсати дуруст ва сулҳофарини худ дар арсаи байналмилалӣ мақом ва аҳамияти махсусро касб кардааст. Нақш ва мақоми Тоҷикистон махсусан дар таъмини сулҳу амният ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказӣ назаррас аст. Чунин ҳолат ба сиёсати “дарҳои боз” ва сиёсати хориҷии гуногунҷабҳаи роҳбарияти сиёсии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва фармудаву нишондодҳо ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос ёфта, барои таҳкими обрӯву эътибор ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат менамояд. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи арзандаи хешро ба даст оварда, ҳамчун кишвари ташаббускор дар раванди ташаккул ва инкишофи низоми давлатдории худ ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва татбиқи муваффақона ва пурсамари он пайваста таваҷҷуҳ менамояд. Аз ин рӯ, ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллии кишвар аз хавфу хатарҳои низоми нави ҷаҳонӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир моро зарур меояд, ки ба шинохти манфиатҳои миллӣ ва раванди ташаккулу такомул ва татбиқи муваффақонаи он муносибати хосса дошта бошем. Чунин муносибат ва чунин сиёсат танҳо дар асари истифодаи дуруст аз дастовардҳои технологияҳои ҷадид ва натиҷаҳои илми пешқадам муяссар мегардад. Президенти кишвар зимни Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30 майи 2024 барҳақ қайд мекунанд,ки “дар ин раванд, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба илмомӯзӣ ва густариши тафаккури илмӣ миёни онҳо, инчунин, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ дар ин самт вазифаи муқаддаси зиёиёни кишвар ва дар навбати аввал, кормандони соҳаи илму маориф мебошад.Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки дар замони мо, яъне давраи шиддати рӯзафзуни рақобату мухолифатҳо танҳо давлатҳое ҳастии худро ҳифз карда, пеш рафта метавонанд, ки миллати босаводу огоҳ, низоми пешрафтаи илмиву инноватсионӣ ва олимону навоварони донишманд дошта бошанд.”
Воқеан ҳам, дар ин раванд нақш ва мақоми илм ва марказҳои илмӣ махсус аст. Илми муосир ҷаҳонбинии одамро ташаккул медихад, бо такя ба прогресси техникй ва технологияи навин барои пешгӯиҳои илмӣ, ташхиси дурнамо ва тараққиёти ҷамъият ва таҳияи барномаҳои тақдирсоз, ҳалли пурсамар ва натиҷабахши мушкилиҳо ва чолишҳое, ки имрӯз дар назди инсоният қарор доранд, мусоидат мекунад. Имрӯз доираи васеи марказҳои илмӣ дар саросари кишвар ба ҳаллу фасли масъалаҳои мазкур машғул буда, дар ин замина саҳми босазо доранд. Академиия миллии илмҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо аз ҷумла дар ин қарина мақоми калидӣ дорад.
Дар мавридҳои алоҳида чунин ҳолат бархӯрд ва муносибатҳои махсусро тақозо менамояд, ки, мутаассифона, шакли дуруст ва қобили қабули он дар фазои илмии кишвар то ҳанӯз ба таври мукаммал вуҷуд надорад. Масалан, Штатҳои Муттаҳидаи Америка (ШМА) ҳамчун кишвари абарқудрат дар сиёсати ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ мақоми махсус дорад. Омӯзиш ва таҳлилу тадқиқи амиқи равандҳои асосии ин давлат аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ на фақат заминаҳои ҳамкориҳои мавҷудаи байни Тоҷикистон ва ШМА-ро густурдатар ва ғанитар месозад, балки барои таъмини рушду такомули дуруст ва солими кишварамон мусоидат хоҳад намуд. Мутааассифона, то дирӯз дар Тоҷикистон ягон маркази махсусе, ки ба омӯзиш ва тадқиқи ҳамаҷонибаи ин кишвари абарқудрат тахассус ёфта бошад, вуҷуд надошт. Ҳоло он ки мавҷудияти чунин як маркази илмӣ дар омӯзиш ва таҳлили сиёсат, иқтисодиёт ва идеологияи ШМА нақши муҳим бозида, метавонад на танҳо дар бобати таъйини стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ШМА (ва ҷаҳони Ғарб), балки инкишофи сиёсати хориҷии кишварамон дар умум саҳми назаррас гузорад.
Хушбахтона, аз январи соли 2024 дар таркиби Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо (ИОМДОА) чунин як сохтори нав – шуъбаи ШМА ва Канада (Отдел США и Канады; Department for US and Canadian Studies) таъсис дода шуда, ба кори худ оғоз намуд. Шуъбаи навтаъсиси ШМА ва Канада дар самтҳои зерин фаъолияти худро ба роҳ мондааст:
• тадқиқотҳои марбут ба сиёсати хориҷии ШМА ва Канада (механизмҳои муассири сиёсати хориҷӣ, проблемаҳои минтақавӣ, ташаккул ва инкишофи муносибатҳо бо Тоҷикистон);
• тадқиқотҳои марбут ба сиёсати дохилии ШМА ва Канада (сиёсати дохилии ШМА ва Канада дар соҳаи иқтисод, иҷтимоиёт, илму фарҳанг ва дин);
• тадқиқотҳои марбут ба фаъолиятҳои сиёсиву низомии ШМА ва Канада;
• тадқиқотҳои марбут ба низоми иттилоот ва инноватсияи ШМА ва Канада ва ғайра.
Ҳамзамон аз тариқи анҷоми тадқиқотҳои якҷоя ва ташкилу пешбурди конфронсҳои илмӣ, семинарҳо ва мизҳои мудаввар ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин дар қаринаи муносибатҳо ва ҳамкориҳои ШМА ва Канада бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад шуд:
• тадқиқ ва таҳлили масъалаҳои марбут ба сиёсат, иқтисод, ҳаёти иҷтимоӣ, тамаддун ва фарҳанг;
• омӯзиши масъалаҳои марбут ба дурнамои иҷтимоию сиёсӣ, сохтори давлатӣ, сиёсати инноватсионии ШМА ва Канада;
• таъмини тадқиқоти масъалаҳои иштироки ШМА ва Канада дар муноқишаҳои дохилӣ ва минтақавӣ;
• омӯзиши низоми иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳалли проблемаҳои маҳаллӣ ва мухолифати байни минтақаҳо ва қавмҳо.
Масалан, чанде пештар яке аз санадҳои калидии сиёсати дохиливу хориҷии ШМА таҳти унвони "Стратегияи нави амнияти миллии ШМА” мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шуд. Тадқиқот нишон дод, ки стратегияи нави амнияти миллии ШМА аз ҷумлаи асноди дараҷаи олии роҳбарияти сиёсии ШМА ба ҳисоб рафта, мазмун ва мундариҷаи дигар асноди марбут ба стратегияи давлатиро дар доираи сиёсати дохиливу хориҷии ин кишвар муайян месозад. Стратегияи мазкур аз нигоҳи консептуалӣ ва ҳадафҳои сиёсии ШМА диди нав нест. Дар он ҳамоно идеяи давлати абарқудрати яккатоз боқӣ мондани ШМА дар арсаи ҷаҳонӣ такроран таъкид гаштааст. Яъне, ҳадафҳо ва интизориҳои ШМА аз нигоҳи стратегия ва муҳтавои сиёсӣ тағйир наёфтааст. Он чӣ тағйир ёфтааст, шаклу восита ва роҳҳалҳои амалӣ сохтани идеяи мазкур мебошад, ки он комилан ба назар ва бархӯрди неолибералӣ асос ёфтааст. Моҳияти онро барпо намудани ҷомеаи либералии демократӣ бо рохи тағйири низомҳо ва давлатдории миллии кишварҳо ташкил медиҳад, ки дар он нақши асосиро ШМА бояд ба уҳда дошта бошад. Таваҷҷуҳ ба созмонҳои байналмилалӣ, мусоидат ба равандҳои ҳамгироии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда бо шарикони рушд, истифодаи васеъ аз имконот ва тавонмандии “нерӯи нарм” аз рукнҳои асосии стртагеия мазкур ба ҳисоб мераванд. Аз стратегия мазкур чунин бармеояд, ки ШМА сиёсати солҳои ахири худро, ки дар асари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ имконпазир гашт, идома хоҳад дод: ҳамчун абарқудрати яккатоз ба доираи сиёсати хориҷии худ бештар ҷалб намудани кишварҳои Аврупо ва давлатҳои ҳавзаи Ҳинду Уқёнуси Ором, дар ҳоле ки минтақаи дуюм дар ин радда ба маркази муомулот ва сиёсати нобасомони арсаи байналмилалӣ табдил дода хоҳад шуд. Дар стратегияи мазкур ҷойгоҳи муносиб ба кишварҳои нотараққӣ ва рӯ ба инкишоф пешбинӣ нашудааст, яъне ин кишварҳо тибқи муқаррароти маъмул ҳамчун манбаи захираҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ҳамин замина кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ тарафи таваҷҷуҳ ва алоқамандии зиёди ШМА қарор нагирифтаанд. Аз тарафи дигар, санади мазкурро ҳамчун намунаи хуби таҳияи асноди стратегӣ дар низоми давлатдорӣ ва татбиқи манфиатҳои миллӣ метавон арзёбӣ кард. Санади мазкур аз нигоҳи сохтдор, банду баст ва гузориши масъалаҳо мантиқан пурқувват ва аз нигоҳи муҳтаво ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалии идора (менеҷмент) ва роҳбарии пурсамари давлатӣ (Good Governance/идоракунии пурсамар) мебошад. Дар назар аст, ки дар ҳамин қарина таҷрибаи хуби ШМА ва Канада дар бобати муҳоҷират ва масъалаҳои муҳими марбут ба ин раванди сиёсию иҷтимоии замони муосир, ҳифзи табиат ва муҳити зист, иқтисод ва иҷтимоиёт, таносуби мутавозини байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба хотири таъмини сулҳу субот ва амният ва ғайра низ мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи дигар, танҳо дар сурати доштани кадрҳои миллии баландихтисос ва содиқ ба марзу буми кишвари худ метавонад амният, суботи сиёсӣ ва рушди бардавоми устувори худро таъмин намояд.
Президенти кишвар зимни Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, барҳақ қайд мекунанд,ки “бовар дорам, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.”
Дар ин қарина тарбияи насли ҷавони илму фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиҷлол аҳамияти махсусро касб менамояд. Бо назардошти ҳамин матлаб имрӯз шуъбаи навтаъсиси ШМА ва Канада дар баробари анҷоми тадқиқотҳои фундаменталӣ ба масъалаҳои марбут ба тарбияи кадрҳои ҷавон инз таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳайати кормандони шуъбаи мазкур дар доираи лоиҳаҳои тадқиқотӣ ва барномаҳои таълимӣ аз ҷумлаи докторантҳо ва аспиранту магистрҳо як миқдор ҷавонони донишманду боистеъдодро ба раванди таҳия ва татбиқи тадқиқотҳои нақшавию берун аз нақша ҷалб намуда, дар тарбияи солим ва ташаккули ҷаҳонбиниву малакаи илмиву тадқоқотии онҳо саҳми чашмрас мегузоранд. Дар маҷмӯъ, 10 нафар унвонҷӯён (5 нафар докторони Ph.D. ва 5 нафар магистрон) имрӯз таҳти роҳбарии ходимони илмии шуъба ба тадқиқот ва пажӯҳишҳои илмии худ машғул мебошанд.
Хулоса, дар раванди ташаккул ва такомули давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол марказҳои илмӣ ва анҷоми тадқиқотҳои бунёдӣ ҷойгоҳ ва нақши арзанда дошта, ба ташаккул ва татбиқи муваффақонаи сиёсати солиму муассир ва боло бурдани обрӯву эътибор ва мақоми шоистаи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Каримов Шамсиддин - доктори илмҳои сиёсӣ, сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илми кишвар (30.05.2024)
Файласуфи Юнони қадим Фалес обро ибтидои ҳама ҳастшавандаҳо эълон кардааст. Пас аз ду ҳазор сол, Леонардо да Винчи обро ҳастии рӯҳонӣ номид, зеро тамоми ҳаёт дар рӯйи замин аз об баромадааст ва онро ҳамчун ҷузъи асосии табиӣ дар бар мегирад. Пас аз ду аср Фейербах ба хулосае омад, ки одам ба сатҳи об нигаҳ карда, худро дарк мекунад. Вернадский дар ҷаҳон аввалин шуда нақши ҳаматарафаи обро дар таърихи сайёраи мо фахмид. Об яке аз падидаҳои пурасрортарин ва ҳалношудаи ҳаёти мо боқӣ мемонад. Маҳз об буд, ки сайёраи моро зинда кард, зеро аввалин микроорганизмҳо дар об дар ҳоле пайдо шуданд, ки ҳанӯз оксигени атмосфера вуҷуд надошт. Илова бар ин, об ягона моеъест, ки қодир ба худ покиза аст. Масалан, обхезӣ ва обанбор на фақат худидоракунии обро таъмин мекунад, балки ба шарофати ин хосияти нодир атмосфераи моро тароват мебахшад. Об на танҳо асоси табиии ҳаёт дар сайёраи мо, балки наҷотдиҳандаи ҳақиқии тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Вай хосияти беназири ҳалкунандаи универсалӣ дорад, ки ҳатто зичтарин минералҳои табиӣ ба он муқобилат карда наметавонанд.
Об қобилияти ба ҳама чиз "часпидан" ва тоза кардани ҳама чизро дорад. Ва муҳимтар аз ҳама, қобилияти поксозии худ, ба ин васила на ба ҷавҳар, балки мавҷудият шабоҳат дорад. Дар бисёр мавридҳо об мисли мавҷудоти зинда рафтор мекунад. Бесабаб нест, ки одамони қадим обро парастиш карда, ба ҳадди ҳасткунанда чун пешгузаштаи тамоми ҳаёт дар рӯи замин расонида буданд. Дар сохтори мураккаб ва бисёр арзишманди макромолекулаҳои об-сафеда сарчашмаи иттилооти биологӣ барои рушди тамоми мавҷудоти зинда, аз ҷумла одамон, гузошта шудааст.
Миқдори об дар бадан аз синну сол вобаста аст. Хусусияти он аст, ки ҷанини кӯдаки шашҳафтаина, ки дар он системҳои асосии организми оянда ташаккул ёфтааст, аз 97 дар сад об иборат аст, дар навзодон миқдори он то 77 фоиз ва дар синни 50-солагӣ вазни бадан 60 дар сад кам мешавад. Дар ин ҳолат 70 фоизи об дар дохили ҳуҷайраҳо ҷамъ шуда, боқимонда оби берун аз ҳуҷайра мебошад; 7 дар сади онро хун ташкил медиҳад, дар ҳоле ки аксарияти онҳо ҳуҷайраҳоро мешуянд. Муҳаққиқи ҷопонӣ Масару Эмото аввалин шуда дар ҷаҳон на танҳо макромолекулаҳои обро, ки ба чашм нонамоёнанд, на танҳо аксбардорӣ кард, балки ошкор намуд, ки онҳо дар посух ба мусиқӣ ва суханварӣ шакли худро тағйир медиҳанд. Номбурда боварӣ дорад, ки об мехоҳад бо мо муошират кунад. Чунин ба назар мерасад, ки об дар зарфе ҷунбонда мешавад, ки бо мо ҳамоҳанг аст ва системҳои дохилии бадани моро ба эътидол меорад. Аммо, агар мо хашмро эҳсос кунем, пас, аз афташ, мо энергияи ларзишҳоро тағйир медиҳем ва эҳсосоти мо ба мо бармегарданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи гузашта обро яке аз самтҳои асоситарин қарор додааст, ҳангоми суханронии хеш дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, 26-уми марти соли 2023 обро ба қудрате монанд карданд, ки омили муттаҳидшавии ҳамаи одамонро дорост: “Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст. Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад. Мо зарурати ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк мекунем. Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад”. Гузашта аз ин, номбурда дар санаи 21 марти соли 2023 дар ҳамоиши таърихии “Об моро муттаҳид месозад” иштирок намуда, зарурати тадбирҳои таъхирнопазирро дар самти обу иқлим таъкид карданд: “Об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт бо таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, васеъшавии шаҳрҳо ва дигар омилҳои ба он таъсиррасон зери фишори амиқ қарор дорад. Барои тағйир додани ин тамоюл андешидани тадбирҳои таъхирнопазир дар ҳамаи сатҳҳо зарур мебошад. Дар акси ҳол, саломатии мову шумо, пойдории муҳити зист, дастрасӣ ба ғизои солим, манбаъҳои табиӣ ва дар ниҳояти кор, расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор зери хатар боқӣ мемонад. Маҳз ба ҳамин хотир, кишвари мо тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои марбут ба об ва иқлимро бомаром пеш бурда, дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд нақши муассир бозида истодааст”.
Захираи умумии об дар сайёра имрӯз тақрибан 1,4 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, ба ҳар як шахс тақрибан 200 миллион м3 рост меояд. Дар назари аввал ин рақами бузург аст. Аммо бояд ба назар гирифт, ки 96,5 фоизи захираҳоро обҳои шурноки Укёнусҳо ташкил медиҳанд, ки барои истеъмол номувофиқанд ва 1 фоизи дигар обҳои зеризаминӣ мебошанд. Ҳамин тариқ, захираи оби тоза ҳамагӣ 2,5 фоизи ҳаҷми умумии оби рӯйи Заминро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, қариб тамоми обе, ки инсоният имрӯз истеъмол мекунад, аз кӯлҳо, дарёҳо ва сарчашмаҳои зеризаминӣ гирифта мешавад, дар ҳоле ки захираҳои асосӣ дар пиряхҳо ва обҳои чуқур мебошанд. Гузашта аз ин, сатҳи таваллуди навзодон дар қиёс ба 100 соли пеш имрӯз хеле баланд буда, аҳолии рӯйи Замин беҳад афзудааст. Бинобар ин, мушкили асосӣ дар ояндаи наздик норасоии оби нушокӣ хоҳад буд. Созмони Милали Муттаҳид ҳар се сол гузорише нашр мекунад, ки дар он дақиқтарин вазъи кунунии манобеъи оби ширини ҷаҳон тавсиф мешавад. Тадқиқоти охирин соли 2012 нашр шуда буд ва натиҷаҳои он ноумедкунандаанд. 12 март дар Марсел коршиносони Созмони Милали Муттаҳид эълон карданд, ки сайёра ҳоло дар остонаи фалокати об қарор дорад. Ҳар 10-умин сокини сайёра аз норасоии шадиди оби ошомиданӣ, ки тақрибан 780 миллион нафарро ташкил медиҳанд, аз сар мегузаронад. Аз ин 40 фоизашон сокинони қитъаи Африқо мебошанд ва кишварҳое, ки дар ҷануби Сахара ҷойгиранд. Тибқи пешгӯиҳо, ин рақам ҳар сол бадтар мешавад. Айни замон аз 7 миллиард нафар дар рӯйи замин беш аз 1,9 миллиард нафар ба оби тоза ниёз доранд. Чунин далелро низ ба назар гирифтан лозим аст, ки баробари афзудани аҳолии кураи замин на танҳо эҳтиёҷот ба оби нушокӣ, балки ба махсулоти озуқаворӣ ҳам зиёд мешавад, ки истеҳсоли он бе оби тоза имконнопазир аст. Тибқи пешгӯии СММ, то соли 2050 шумораи аҳолии ҷаҳон ба 9 миллиард нафар мерасад. Имрӯзҳо ҳар як нафар дар як шабонарӯз аз 2 то 4 литр об менӯшад, аммо қисми асосии захира барои истеҳсоли маводи ғизоӣ сарф мешавад. Масалан, барои гирифтани 1 килограмм гушти гов ё 1 килограмм гандум 15 ҳазор литр лозим аст. Ба гуфтаи намояндагони ин созмон, мушкили камбуди манобеъи об имрӯз ба ҳадде мубрам шудааст, ки тақозо мекунад равишҳои ҳалли он фавран бозбинӣ шавад.
Мушкилоти нарасидани оби тоза бо чунин омилҳо, ба мисли суръати баланди афзоиши аҳолии сайёра, тағйирёбии иқлим, аз ҷумла гармшавии глобалӣ, ифлосшавии захираҳои об ба таври назаррас мураккаб шудааст. Имрӯз бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар ҳадди ниҳоии истифодаи захираҳои об қарор доранд. Камшавӣ ва бад шудани сифати об дар натиҷаи афзоиши босуръати аҳолӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳо ба амал меояд. Интизор меравад, ки норасоии об боиси муҳоҷирати шадид шуда, то 700 миллион нафар аҳолии минтақаҳои биёбон ва нимбиёбонро ба фақр рӯ ба рӯ месозад. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 80 фоизи бемориҳое, ки дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ маъмуланд, ки ҳар сол 3 миллион нафарро мекушанд, аз сабаби сифати пасти об ба вуҷуд меоянд. Ҳар рӯз 5 ҳазор кӯдак аз дарунравӣ мефавтанд. Бо такмил додани усулҳои обтаъминкунӣ ва коркарди об 10 фоизи тамоми бемориҳоро дар ҷаҳон пешгирӣ кардан мумкин аст. Мувофиқи маълумоти Институти ресурсҳои ҷаҳонӣ мамлакатҳои аз ҷиҳати таъминоти об хеле камбудидошта 13 давлат мебошанд, ки 4-тоаш аз зумраи кишварҳои пасошуравӣ маҳсуб мешаванд: Туркманистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва Молдова. Аз соли 1979 то 1983 мавҷҳои гармидиҳандаи ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна ҳашт рӯз давом карда буд, аммо аз соли 2016 то 2020 давомнокии онҳо 12 рӯз зиёд шудааст. Мавҷҳои гармидиҳанда бештар дар қитъаи Африқо суст шуданд, дар ҳоле ки шимоли Амрико ва Австралия бештар аз ҳама афзоиши ҳарорат ва минтақаро мушоҳида карданд. Моделсозии компютерӣ нишон медиҳад, ки тағйирот ба сӯзондани ангишт, нафт ва гази табиӣ аз ҷониби инсон алоқаманд аст. Коршиносон мегӯянд, агар афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ идома наёбад ва фавран чораҳои муассир андешида нашавад, мавҷҳои гармидиҳандаи тӯлонӣ ва сусттар ҳаракаткунанда дар оянда ба саломатии инсон ва муҳити зист таъсири харобиовартар хоҳанд дошт.
Аз солҳои 1980 инҷониб, ҳар даҳсола нисбат ба даҳсолаҳои қаблӣ гармтар будааст. Дар маҷмуъ, олимон мегӯянд, ки болоравии ҳарорати сайёра то 2 дараҷа оқибат ба фалокат оварда мерасонад: дар соҳаи кишоварзӣ мушкилот пеш меояд, як қатор ҳайвонот мемиранд, дар маҷмуъ, гармшавӣ ба тамоми экосистемаҳо таъсир мерасонад. Аномалияҳои обу ҳаво дар қисматҳои гуногуни сайёра боз ҳам бадтар мешаванд, ки ин ба ҳаёти одамон низ таъсир мерасонад. Олимон интизор доранд, ки дар баъзе қитъаҳои ҷаҳон борон кам борида, дар дигар қисматҳо зиёд ва дар сеяки он ҳамон қадар борон меборад, вале он сахттар ва кӯтоҳмуддат мешавад. Чунин аномалияхо боиси хушксолӣ ва обхезӣ мешаванд.
Аввалин санади танзимкунандаи кори кишварҳо оид ба тағйирёбии иқлим соли 1992 – Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағйирёбии иқлим қабул шуда буд, илова бар ин, Протоколи Киото дар соли 1997 қабул гардид, ки коҳиш ё муътадилсозии партовҳои гармхонагиро талаб мекунад. Соли 2015 тақрибан 200 кишвар Созишномаи Парижро оид ба иқлим имзо карданд. Пажуҳишҳои илмӣ ба хулосае меоранд, ки сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим инҳоянд:
- тағйир ёфтани шиддати радиатсионии офтоб, ки дар натиҷаи ҳаракати мадори Замин ба амал меояд;
- тағйирёбии гардиши обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ, ки фарқияти ҳарорати ҳаҷми бузурги он дар чуқурӣ ва сатҳи он хеле назаррас аст;
- равандҳои фазоии низоми кайҳонӣ - гидросфера - атмосфера (таъсири мутақобилаи Офтоб ва сайёраҳо);
- таъсиргузории фаъолияти инсон ё омили антропогенӣ. Маълум аст, ки афзудани аҳолии кураи Замин ва афзудани фаъолияти инсон ба шароити иқлим, пеш аз ҳама, аз ҳисоби сӯзишвории истихроҷшуда, буридани дарахтон ва зиёд шудани ҳаҷми чорводорӣ торафт бештар таъсир мерасонад. Дар натиҷаи ин амалҳо партовҳои газҳои гулхонаӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, ки ба гармшавии глобалӣ мусоидат кард, зеро маҳз ҷамъшавии як қатор газҳое, ки энергияи офтобро дар атмосфера интиқол медиҳанд, боиси афзоиши ҳарорат дар сайёра мегардад.
Тағйирёбии иқлим ба сиҳатию саломатии инсон хатари асосиро ба бор меорад. Он ба муҳити ҷисмонӣ ва инчунин ба тамоми ҷанбаҳои ҳам системҳои табиӣ ва ҳам инсонӣ, аз ҷумла ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва фаъолияти системҳои тандурустӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, тағйирёбии иқлим аз омилҳои таҳдид аст ва метавонад ба пешрафти даҳсолаҳои саломатии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳдид кунад ё онро боздорад. Бо тағйир ёфтани шароити иқлим, шиддатнокии ҳодисаҳои номусоиди обу ҳаво ва иқлим, аз ҷумла тӯфонҳо, гармии шадид, обхезӣ, хушксолӣ ва сӯхторҳои ҷангал меафзояд. Ин хатарҳои обу ҳаво ва иқлим ба саломатии инсон таъсири мустақим ва ғайримустақим дошта, хатари марг, бемориҳои ғайрисироятӣ, пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи тандурустиро зиёд мекунанд. Тағйирёбии иқлим инчунин ба захираҳои инсонӣ ва инфрасохтори тандурустӣ таъсири манфӣ мерасонад ва қобилияти ноил шудан ба фарогирии умумиҷаҳонии тандурустиро суст мекунад. Ба ибораи дигар, шиддатёбии тағйири иқлим ва фишорҳои афзоянда аз тағйирёбии ҳарорат ва шакли боришот, хушксолӣ, обхезӣ ва болоравии сатҳи баҳр омилҳои экологӣ ва иҷтимоии саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳиро бадтар мекунанд. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, алҳол 2 миллиард нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва 600 миллион нафар ҳамасола аз бемориҳои ғизоӣ азият мекашанд. Бӯҳрони иқлим пешравии дар тӯли 50 соли охир ба даст омадаро дар соҳаи рушди тандурустӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бозмедорад ва нобаробарии мавҷудаи саломатиро байни аҳолӣ боз ҳам шадидтар мекунад. Зиёда аз 930 миллион нафар, ё тақрибан 12 фоизи аҳолии ҷаҳон, ҳадди аққал 10 фисади буҷаи хонаводаи худро барои ҳифзи саломатӣ сарф мекунанд.
Тибқи гузориши солонаи таҳдидҳои муҳити зист, ки Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Иқтисод таҳия кардааст, 27 кишварро метавон аз назари хатарҳои экологӣ ва иқлимӣ “нуқтаҳои доғ дар сайёра” номид. Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат буд. Вазъияти экологии ҷумҳурӣ аз сабаби обшавии пиряхҳо ва кам шудани сарфи солонаи об, хушксолӣ ва ҳарорати миёнаи солона назар ба дигар мамлакатҳо бештар баланд мешавад. Дар кишвар барои вокуниши муассир ба чунин равандҳои номусоид захираҳои кофӣ ва механизмҳои муқарраршуда мавҷуд нест. Аз ин рӯ, нигаронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти экологӣ комилан асоснок аст. Эмомалӣ Раҳмон ба мушкили обшавии шадиди пиряхҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, ки тағйироти назарраси иқлимро тасдиқ мекунад. Пиряхҳо 8 дарсади қаламрави Тоҷикистонро ишғол мекунанд, аммо теъдоди онҳо босуръат коҳиш меёбад: аз 13 ҳазор пирях аллакай беш аз 1 ҳазораш об шудааст.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, санаи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мегардад, Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ба эътимоди олимон, обшавии пиряхҳо як раванди қариб бебозгашт аст, аммо барои дарки вазъи кунунӣ, пешгӯӣ ва қабули тасмимҳои минбаъда пиряхҳоро назорат кардан лозим аст. Аз ин хотир, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар ҷаласаи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзои МҲТБО соли 1019 таъкид карда буд: “Дар кишвари мо тайи чиҳил соли охир зиёда аз ҳазор (1000) пирях нобуд шудааст, ки ин дар навбати худ, ба бахшҳои калидии иқтисоди миллӣ – гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Идомаи раванди обшавии босуръати пиряхҳо ба ҳаҷми захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз шаст фоизи он дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, таъсири манфӣ мерасонад. Ин омил дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор монеаҳои иловагӣ эҷод менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Осиёи Марказӣ захираҳои обӣ ҷузъи муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳбудии экологии минтақа ба ҳисоб мераванд. Дар ин робита, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа танҳо тавассути истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, кам кардани талафот ва сарфаи онҳо барои наслҳои оянда имконпазир аст. Тоҷикистон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муассир дорад. Бо иқдоми ҷониби мо аз тарафи Маҷмаи Умумии СММ аз соли 2003 то имрӯз Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (соли 2013) эълон гардидаанд”.
Пиряхҳо аслан яхҳои фишурда мебошанд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ба вуҷуд меоянд. Барфи пай дар пай ва доимо паст шудани ҳарорат боиси дар як ҷой ҷамъ шудани барф ва ба ях мубаддал мегардад. Пиряхҳои калонтарини сайёра, гарчанде ки ба назар доимӣ ба назар мерасанд, ҳаракат мекунанд. Онҳо мисли дарёҳо метавонанд хеле суст ҳаракат кунанд, гузаргоҳҳоро аз байни кӯҳҳо ва заминҳои пиряхҳо эҷод мекунанд. Суръаттарин пирях дар ҷаҳон бо масоҳаташ 4,8 км2 пиряхи Колумбия мебошад, ки дар Аляскаи ИМА ҷойгир буда, суръати миёнаи шабонарӯзӣ 35 метрро ташкил медиҳад. Дар рӯйи замин пиряхҳои кӯҳӣ зиёданд. Майдони онҳо ҳамагӣ 1,5 фоизи масоҳати заминро ташкил медиҳад. Аҳамияти пиряхҳо дар табиат, ҳаёти инсон ва фаъолият ниҳоят калон аст. Пиряхҳо манбаи обро барои минтақаҳои камбориш таъмин мекунанд. Яке аз чунин минтақаҳо Осиёи Марказӣ мебошад. Масоҳати умумии пиряхҳо дар кӯҳҳои Осиёи Миёна 17-18 ҳазор километри мураббаъро ташкил медиҳад. 60%-и ин пиряхҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд. Пиряхҳо дар Тоҷикистон асосан дар кӯҳҳои Помир ҷойгиранд. Майдони онхо 11146 километри мураббаъ аст, ки ин 6 фоизи масохати умумии республикаро ташкил медихад. Онхо асосан дар каторкуххои Точикистон дар баландии 3400—5240 м вокеъ гардидаанд, хатти барф аз ин баландихо мегузарад. Ҳангоми ҳаракати пиряхҳо забонҳои онҳо дар зери хатти барф меафтад ва дар тобистон онҳо об мешаванд ва ба дарёҳо сер мешаванд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон, ки яке аз минтақаҳои осебпазири тағйирёбии иқлим ба шумор меравад, бинобар афзоиши ҳарорат, кам шудани боришот ва дигар омилҳои обу ҳаво захираи пиряхҳо кам мешавад. Тавре коршиносон муайян кардаанд, агар тамоми пиряхҳои ҷаҳон об шаванд, сатҳи оби рӯйи Замин ба 64 метр мерасад. Ин боиси обхезии қисми зиёди сайёраи мо ва нобуд шудани ҳаёт дар бисьёр шаҳру мамлакатҳои сайёраамон мегардад. Умуман, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи захираҳои об эътироф гардидааст. Мо шодем, ки ташаббуси панҷуми кишвари мо дар соҳаи об аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи вижа пазируфта шуд. Бар асоси ин қатънома, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда ва аз оғози соли 2025 ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад. Сарвари давлатамон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои мавзуии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим”, ки 27 январи соли 2021 баргузор гардида буд, кишвари тоҷиконро яке аз осебпазиртарин давлатҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим донистаанд: “Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Пиряхҳои мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд. Вобаста ба ин, мехостам бори дигар таъкид намоям, ки таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба таври возеҳ ба назар мерасад ва ин масъала бояд дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус роҳбарони давлатҳои аъзои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлим қарор дошта бошад”.
Дар 10-15 соли охир гармшавии глобалӣ чун таҳдиди асосӣ ба инсоният муаррифӣ карда мешавад, ки гӯё аз офати эҳтимолии ҳастаӣ хатарноктар аст. Механизме, ки дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ барои муқовимат ба тағйирёбии иқлим, ки гузариши энержӣ номида мешавад, оғоз шудааст, аз даст додани марҳила ба марҳила аз захираҳои анъанавии энергетикӣ, кам кардани истеҳсоли маҳсулоти дигар бо изофаи карбон ва истифодаи босуръати энергияи барқароршаванда иборат аст. Нақшаҳои ҷорӣ кардани андози фаромарзии CO2 дар Иттиҳоди Аврупо, ки воқеан ба як абзори ҷанги тиҷоратӣ табдил меёбад, ба ҳуҷҷати асосии рӯзномаи иқлим - Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлим дар соли 1992 мухолиф аст, ки дар он ҳадафи тадбирҳо дар ин соҳа ҳамчун рафъи таҳдид ба истеҳсолот ва рушди устувор, махсусан барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ шарҳ дода шудааст. Баръакс, он барои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ монеа эҷод мекунад. Гузариши маҷбурии энергетикӣ бидуни ба инобат гирифтани тамоми хатарҳо боиси ноустувории дарозмуддати бозорҳои ҷаҳонӣ, норасоии глобалии захираҳои энергетикӣ ва вайрон шудани низоми мавҷудаи савдои байналмиллалӣ дар асоси қоидаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мегардад. Дар посух ба ин мушкилот, иқдомоти эҳтимолии кишварҳо бояд пеш аз ҳама бо вазифаи нигоҳ доштани рақобатпазирии башар муайян карда шавад. Ин, аз ҷумла, то ҳадди имкон нигоҳ доштани истифодаи манбаъҳои анъанавии энергия дар иқтисоди ҷаҳон: нафт, газ, ангиштро дар бар мегирад.
Ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистон, ки дар болооби ҳавзаи баҳри Арал воқеъ мебошад, комилан ба суръати тези тараққиёти энергетикаи сабз вобаста аст. Аммо Тоҷикистон захираи саноатии нафту газ надорад ва истихроҷи конҳои ангишт мушкил аст, зеро онҳо бештар дар минтақаҳои кӯҳистон ва дастнорас ҷойгиранд. Аз ин рӯ, ягона имкони рушди бомуваффақияти соҳаи энергетикаи Тоҷикистон азхудкунии захираҳои обии кишвар мебошад, ки чунин захираҳо хеле зиёданд. Сохтмони Неругоҳҳои барқи обии хурд танҳо аз нуктаи назари бо энергия таъмин намудани истеъмолкунандагони хурди ноҳияҳои дурдасти кӯҳсор самарабахш аст. Имрӯз аз ҳама умедбахштарин лоиҳаи гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон анҷом додани неругоҳи барқии обии Роғун дар дарёи Вахш мебошад. Анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли нерӯи барқро қариб ду баробар зиёд намуда, рушди устувори иқтисоди ҷумҳуриро таъмин намояд. Дар баробари ин, хусусияти фаромарзии дарёи Вахшро бояд ба назар гирифт: самаранокии баланди НБО-и Роғунро танхо дар сурате ба даст овардан мумкин аст, ки агар бехатарию эътимоднокӣ дар сохтмон ва истифодабарии он дар шакли талаботи танзими мушаххаси режимҳои ҷараёни об муайян карда шаванд. Илова бар ин, ҳарос аз он ки Тоҷикистон пас аз бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба як рақиби минтақавӣ дар бозори нерӯи барқ табдил меёбад, беасос аст, зеро онҳо вазъи кунунии иқтисодии ин ҷумҳуриро ба инобат намегиранд. Вазифаи аввалиндараҷае, ки дар назди Тоҷикистон истодааст, рушди иқтисодии худ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои мардуми маҳаллӣ мебошад. Ва дар иқтисодиёти худ истифода бурдани қувваи барқ назар ба фурӯши он ба мамлакатхои дигар кариб 10 баробар фоиданоктар аст. Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дорад, ки дар соле 527 миллиард кВт/соат арзёбӣ мешавад. Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз нигоҳи техникӣ дурнамои хуби рушд доранд ва дар як сол 317 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, ки то имрӯз танҳо 4-5 фоизи он истифода шудааст. Тоҷикистон аз рӯйи иқтидори гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ҷои ҳаштум ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷои аввал аст. Асоси энергетикаи Тоҷикистонро 95 фоиз ва бештар аз он нерӯи барқи обӣ ташкил медиҳад. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз истеъмоли имрӯзаи нерӯи барқ дар тамоми Осиёи Марказӣ се баробар бештар аст. Бо истифодаи самараноки ин захираҳо метавон минтақаро бо энергияи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин кард. Иқтидори асосии гидроэнергетикӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Кафернигон ва Зарафшон ҷамъ шудааст. Аммо тибқи маълумоте, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” омадааст, феълан давлати Тоҷикистон дар байни кишварҳои истеҳсолкунандаи нерӯи барқ ҷойи шашумро мегирад: “Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба истифода диҳем. Бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳоло дар ин иншооти муҳимми аср 15 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва 3,5 ҳазор техникаи сохтмонӣ фаъолият доранд. Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037 воқеан ба “кишвари сабз” табдил меёбад. Ҳоло кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад”.
Хулласи калом, бо дарназардошти таваҷҷуҳ ва амалан ба самти асосии иқтидори иқтисодии мамлакат табдил додани истеҳсоли неруи барқ бо истифода аз захираҳои обии кишвар метавон иқрор намуд, ки омили рушди давлат маҳз дар соҳаи энергетика ҷамъбаст мегардад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат бобати масъалаҳои обу иқлим аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мушкилӣ пажуҳишҳои назаррасе анҷом дода шудаанд. Бояд иқрор кард, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ҷиҳати мусоидат ба рушди иқтисодии кишвар нақши ҳалкунандаро хоҳад бозид. Аз ҳама асосӣ, ҳамин воқеият аст, ки қариб 90 дар сади захираҳои обии минтақа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ мебошанд, аммо кишвари мо аз ин бартарӣ истифода накарда, нақши муассиртаре дар роҳи рушди ҳамаҷонибаи минтақа ва ҷаҳон пешниҳод менамояд. Ин хулоса дар иқдомҳои Президенти мамлакат сабти ном шуда, дигарбора масъалаи обу иқлимро дар минтақа ва ҷаҳон нигаронкунанда баррасӣ мекунад.
Ширин Қурбонова - доктори илмҳои таърих
Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба нерӯи созанда ва тавонои ҷавонони кишвар эътимоди қавӣ дорад ва нақшаи онҳоро дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ниҳоят муҳим арзёбӣ менамояд. Бинобар ин сохторҳои ҳизбӣ дар оянда низ бояд фаъолияти хешро ҷиҳати ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ тақвият бахшида, бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва маҳфилу ҳамоишҳо барои ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ворисони созандаи имрӯзу фардо эътибори ҷиддӣ дода, иқдомҳои шоиста ва ташаббусҳои созандаи онҳоро барои ободиву шукуфоии кишвар ҳамеша дастгирӣ менамояд.
Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти онҳо ва истифодаи оқилонаву дуруст аз ин захираи стратегии зеҳнии шукуфоии Ватан ва таъмини амнияту субботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Фаро гирифтани ҷавонон бо касбомӯзӣ, донишандӯзӣ ва бунёдкорӣ заминаи мусоид фароҳам овардан барои миллати созандаю эҷодкор аст.
Дар баробари ин, ба ҷавонон омӯхтани арзишҳои волои инсонии ниёгону дастовардҳои башарии олами мутамаддин аз вазифаҳои муҳими аҳзоби воқеан халқист.
Ба ҷавонон дар баробари эҳсоси худшиносии милливу зурури ватандорӣ омӯхтани таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, арзишҳои башарию эҳтироми фарҳангӣ-миллӣ дар шароити кунунии ҷаҳони зудтағйирёбанда шарт ва зарур аст. Бинобар ин зарур аст, ки барои ҳаллу фасли эҳтиёҷоту мушкилоти ин табақаи аҳолӣ зина ба зина тадбирҳои мушаххас андешем, чунки ҷавонон такягоҳи боэътимоди давлату миллат буданд, ҳастанд ва оянда низ чунин хоҳанд буд. Ба андешаи ман чун як зиёии ин кишвари соҳибистиқлол ҳамаи ин нуқтаҳоеро, ки дар боло зикр намудем, суханронии хотирмону дилгармонаи Сарвари маҳбубамон, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИИ ҲХДТ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” – аст, ки ҳар як шаҳрванди соҳибзавқро ба ваҷд меорад ва ҷавонони кишварро ба ояндаи дурахшон раҳнамун месозад.
Баъди чунин ғамхориҳову дастгириҳои Сарвари маҳбубамон, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, истифодаи нерӯи созандаи ин табақаи сершумор дар ҷараёни эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳимояи онҳо аз дахолати таъсири андешаҳои иртиҷоӣ ва кӯшиши таҳмили ақидаҳои бегона дар мафкураи онҳо ҳалли мусбати худро ёбад.
Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан аз ҷумлаи арзишҳои ҷовидонае мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро ба маънии зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ табдил диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин мо метавонем давлати воқеан ободу пешрафта ва тавоноро бунёд намоем. Дар ҳамин таъкидҳо, ҳар бар ҷониби Сарвари маҳбубамон, Президенти мамлакат, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Қурбонова Ширин, доктори илмҳои таърих, Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ
Дар мақолаи илмии тозанашр ва якҷояи Ҳисориев Ҳикмат - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони Полша (Iwona Jasser, Natalia Khomutowska, Malgorzata Sandzewicz, Lukasz Lach, Hikmat Hisoriev, Monika Chmielewska, Malgorzata Suska-Malawska: High altitude may limit production of secondary metabolites by cyanobacteria //Ecohydrology & Hydrobiology: Warsaw - 13.03.2024), ки моҳи марти соли 2024 дар маҷаллаи имлмии Полша “Ecohydrology & Hydrobiology” чоп гардид, доир ба дарёфти авлоди нав: Hillbrichtia ва намуди нави ҳамин авлод - Hillbrichtia pamiria маълумоти навин оварда шудааст.
Обсабзҳои номбурад аз ҷиҳати таснифотӣба Сианофитаҳо ва ё Сианобактерияҳо (Cyanophyta, Cyanobacteria) дахл доранд, ки қадимтарин организмҳои фотосинтезкунандаи сайёраи Замин ба шумор рафта, 3.5 миллиард сол пеш дар муҳити обии сайёраи Замин пайдо гардидаанд. Обсабзҳои Сианофитӣва ё Кабуду-сабз дар муҳитҳои ниҳоят гуногуни хушкӣ, обӣва ҳаво, аз гармчашмаю грейзерҳои сӯзон ва боқимондаҳои вулқон сар карда, то болои барфу пиряхҳои қаҳратун мутобиқат пайдо кардаанд.
Алҳол дар рӯйи олам зиёда аз 2000 намуд обсабзҳои Кубуду-сабз дарёфт гардидааст, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ зиёда аз 630 намуд ва зернамуд ва дар Тоҷикистон 580 намуд ва зернамудҳои онҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин зиёда аз 90 дар сади флораи обсабзҳои кабуду сабзи Осиёи Марказӣ ва 29 дар сади намудҳои алҳол дар олам кашфгардидаи обсабзҳои мазкурро ташкил медиҳад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки табиати гуногунманзари Тоҷикистон дар ташаккули гуногунии биологии обсабзҳо дар минтақа ва ҷаҳон нақши муҳимеро мебозад ва омӯзиш ва рушди ояндаи таҳқиқотҳо дар кишвар доир ба ин гурӯҳи растаниҳо аҳамияти назаррас хоҳад дошт.
Обсабзи дарёфтгардида - Hillbrichtia pamiria аз намунаҳои соли 2022- и гармчашмаҳои (+50.50С; рН=7.2) канори дарёи Ғунт (Ҳудуди Помири Шарқӣ), ки аз сатҳи баҳр дар баландии 3700 м воқеъ гардидаанд, муайян карда шудаанд. Намунаҳо дар якҷоягӣ бо олимони тоҷик ҷамъоварӣ гардида, барои таҳқиқи таснифотӣ бо ёрии заррабини электронӣ ба Донишгоҳи Варшава фиристода шуданд. Таҳқиқи мукаммали намунаҳо бо ёрии технологияи нав дар Варшава имконият дод, ки авлод ва намудҳои нави обсабзҳо кашф карда шавад.
Ҳикмат Ҳисориев - академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ