Skip to main content

12ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд. Доир ба ин президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода чунин ибрози назар намуд:

— Шинохти миллат ва эътирофу эътимоди он ҳамчун этнос аз сатҳи муаррифии таъриху тамаддуни аҷдодиаш маншаъ мегирад. Акнун дар замони гуфтугӯ ва бархурди тамаддунҳо ҳамон миллате ҷойгоҳашро устувору давлатдориашро таҳким мебахшад, ки худ арҷгузор ба таъриху тамаддунаш бошад. Имрӯз ба таври ошкоро аз худ кардани арзишҳои таърихии халқҳои алоҳида ба таври барҷаста ба назар мерасад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе халқҳо кӯшиши аз худ кардан ва ё ба қавле рабудани беҳтарин арзишҳои маданияти моддӣ ва маънавии тоҷиконро доранд. Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки мо қишри зиёии ҷомеа ин арзишҳоро ҳифз намуда, барои ба таври шоиста муаррифӣ намудани онҳо барои ҷаҳониён ва таҳкими асолати миллии насли наврас талош намоем.

Бояд гуфт, ки дар замони истиқлоли давлатӣ аз ҳама беҳтару хубтар дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар талош мекунанд. Сарвари давлати мо ҳамчун сиёсатмадори дурандешу хирдаманд ва арҷгузор ба арзишҳои таърихии миллат тавонистанд дар муддати кутоҳ чораҳо ва ташаббусҳои зиёду мондагореро дар амал татбиқ намоянд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли равон дар радифи инъикоси дигар дастовардҳо, бори дигар шаҳодат аз кӯшишҳо барои ҳифзу гиромидошти арзишҳои таърихи ниёгони тоҷикон медиҳад. Дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон масъалаҳои марбут ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, махсусан шинохти таърихи миллат ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани он ба насли наврасу ҷавон ва ҷаҳониён қарор гирифтааст.

Дар Паём Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «… бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад».

Дар ин робита, таъкид гардид, ки соли 2025 бо саъйю талошҳои ҷумҳурии мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Сарвари давлат дастур доданд, ки бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Яке аз нуктаҳои меҳварии масъалаи муаррифӣ ва шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз мебошад. Дар робита ба ин Академияи миллии илмҳо ва дигар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва лоиҳакашӣ вазифадор карда шуданд, ки бо ҷалби олимону донишмандон консепсияи ин марказҳоро дар асоси анъанаҳои меъморӣ ва шаҳрсозиву шаҳрдории бостонии тоҷикон таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар маркази Тоҷикистон шаҳри Душанбе рамзӣ буда, гувоҳи меросбари асили тамаддуни ориёӣ маҳсуб ёфтани мо тоҷикон мебошад. Ташкили ин марказҳо имкон медиҳад, ки бори дигар ва ба таври шоиста миллати тоҷик ҳамчун меросбари ягонаи тамаддуни ориёӣ дар минтақа муаррифӣ шавад. Ин ташаббуси Пешвои арҷгузори миллати тоҷик имкон медиҳад, ки дар муддати кутоҳтарин садди роҳи аз худ намудани арзишҳои тамаддуни ниёгонамон аз ҷониби бегонагон шавем. Тавассути ташкили ин марказҳо мо беҳтарин арзишҳо, суннатҳо ва чеҳраҳои мондагори худро, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамто надоранд, ҳифз менамоем. Ин марказҳо як навъ муҳаққиқону донишмандоро барои ба таври бисёр шоиста анҷом додани пажуҳишҳо дар самти таҳқиқи таърихи тамаддуни ниёгон ва муаррифии он муттаҳид менамояд. Махсусан, муҳаққиқону донишмандони Академияи миллии илмҳоро зарур аст, ки дар робита ба ин дастури Пешвои миллат дар заминаи пажуҳишҳои илмӣ асарҳои бунёдӣ таълиф намоянд, то махзани ин марказҳоро боз ҳам ғанӣ гардонад.

Бояд гуфт, ки ташкил ва ба истифода додани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки минбаъд таваҷҷуҳи муҳаққиқону муаррихон ба таърихи беш аз 6 ҳазорсолаи халқи тоҷик афзояд. Ҳарчанд марҳалаҳои таърихи халқи тоҷик аз ҷониби муҳаққиқони зиёди хориҷӣ мавриди таҳқиқот қарор гирифта бошад ҳам, вале аксари осори онҳо ба манфиатҳои миллии мо созгор нест. Ҳадафи меҳварии ин дастури Сарвари давлат агар аз як ҷониб муаррифии тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар ва меросбари аслии ориёиҳо бошад, аз ҷониби дигар ҳарчи бештар фарогир кардани таҳқиқоту пажуҳиҳои илмӣ дар робита ба таърихи тамаддуни ориёиҳо ва унсурҳои он, махсусан Наврӯз мебошад. Имрӯз зарур аст, ки дар ҳошияи ин ташаббус ва дастури Президенти ҷумҳурӣ ба пажуҳандагони ҷавони таърихи миллат мавзуъҳоеро пешниҳод намоем, ки бештар ба масъалаҳои меҳварии таърихи аҳди бостон ва асрҳои миёнаи халқи тоҷик равона шуда бошанд.

Бояд таъкид ва хотирнишон сохт, ки то ин давра барои шинохти таърихи тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои гаронқимат таълиф гардиданд. Махсусан, осори бунёдие монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Забони миллат – ҳастии миллат» ва «Чеҳраҳои мондагор» навишта шуд, ки масъалаҳои меҳварии таърихи тамаддуни ориёӣ дар он баррасӣ мешавад.

Президенти мамлакат бо таваҷҷуҳ ба ҳассосияти таъсири таърихи аҳди бостон ва асрҳои миёна дар сарнавишти ниёкони мо ба омӯзишу баррасии ин марҳалаи таърихӣ рӯ оварданд. Махсусан, баррасии масоили таърихи ақвоми ориёӣ дар Осиёи Марказӣ, монанди хостгоҳ, асли баромад ва таркиби этникӣ, муҳоҷирати ориёиҳо, шуғл, қаламрави сукунат, меросбарони ориёиҳо, умумият ва тафовути зисти қавмҳои ориёӣ бар асоси таҳқиқоти бостоншиносӣ, мадорики забоншиносӣ, ҳамчунин ҷойгоҳи ориёиҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ, таҳлилу баррасии эътиқод ва оинҳои динии ориёиҳо ба монандӣ меҳрпарастӣ ва зурвония, таъсири ин афкор дар дигар минтақаҳо, муштаракоти адёни бостонии ориёиҳо бо мардумони ҳамсоя, таъсири дину оини ориёиҳо бар афкори дигар ақвом.

Дар осори Пешвои миллат раванди зуҳур ва таҳкими оини давлатдории ориёиҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар радифи дигар марҳалаҳои давлатдории ниёкони тоҷикон доир ба империяҳои ҷаҳонии ориёиҳо – Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кушониён ва Сосониён таваҷҷуҳ ба мавқеъ ва нақши онҳо дар тамаддуни башарӣ андешаҳои худро баён намудаанд. Пешвои миллат дар асоси манобеи таърихӣ доир ба шаҷараи Сосониёну Ҳайтолиён, мансубияти онҳо ба ориёиҳо, низоми давлатдорӣ, фарҳангу тамаддун, ҳудуди ҷуғрофӣ, сиёсати хориҷӣ маълумоти арзишманд пешниҳод намудаанд. Махсусан, масъалаи асли баромади Ҳайтолиён, ки хеле вақт инҷониб баҳснок аст, дар осорашон бо далелҳои муътамад шарҳу тавзеҳ ёфтааст.

Маълум аст, ки яке аз марҳалаҳои сарнавшитсози таърихи ниёкони тоҷик ба давраи истилои забткоронаи араб ва паҳншавии дини ислом рост меояд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои сиёсати забткоронаи арабҳо ва паҳншавии ислом дар сарзаминҳои паҳновари Хуросони Бузург паёмади онро дар шароити зуҳури ҳаракатҳои озодихоҳона дар минтақа барои мардуми мо хеле барҷаста арзёбӣ менамоянд. Ҳамчунин дар ин осор нақш ва корномаи хонадонҳои маҳаллии Хуросони Бузург, монанди Бармакиён, Саҳлиён ва Ковусиён дар пешрафти ҳаракати истиқлолхоҳии ниёкони мо инъикос гардидааст.

Бо чанд нукта собит шудааст, ки маҳз ба василаи корномаи намояндагони сулолаҳои маҳаллии Хуросони Бузург, монанди Тоҳириёну Саффориён дар муқобили сиёсати халифаҳои Аббосӣ барои ташаккули халқи тоҷик ва истиқлоли миллӣ замина фароҳам гардид. Агар Бармакиёну Саҳлиён дар масири истиқлоли фикрӣ гом бардоштанд, пас Тоҳир ибни Ҳусайн ва Яъқуб ибни Лайс барои татбиқи ин ҳадаф дар Хуросони Бузург қадамҳои устувор гузоштаанд.

Дар радифи таълифи осори таърихӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи арзишҳои тамаддуни ориёӣ ва дар ин замина муаррифии тоҷикон ба унвони халқи тамаддунофар дар арсаи ҷаҳонӣ корҳои зиёд анҷом доданд. Махсусан, эълони Соли бузургдошти фарҳанги ориёӣ (2003), Соли тамаддуни ориёӣ (2006), мавқеи ҷаҳонӣ касб кардани Наврӯз, эҳёи ҷашнҳои Сада, Меҳргон, Тиргон ва ҷашни 5500 — солагии шаҳри бостонии Саразм ва сабти он дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор, бузургдошти 1310 солагии Абуҳанифа Имоми Аъзам ва ғайра аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар роҳи муаррифии таъриху тамаддуни мардуми тоҷик аст. Ин ҷашнҳо миллати тоҷикро бо дарки амиқи ҳақиқати гузашта, дар вазъияти таҳаввулоти ихтилофбарангези замон метавонад мардумро дар бистари худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳамбастагии миллӣ нигоҳ дорад.

Ташкили Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе идомаи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими эътимоду эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунофар мебошад.

Ин марказҳо саҳми тоҷиконро дар ташаккул ва рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон ба таври шоиста инъикос намуда, таваҷҷуҳи миллионҳо ҳаводорони таъриху тамаддуни моро ҷалб менамояд. Акнун моро зарур аст, ки барои дар амал татбиқшавии ин ташаббус неруи зеҳнии худро самаранок ва шоиста ба кор барем, то наслҳои ояндаи мо аз тоҷик будани худ шарафманду сарбаланд бошанд.

(Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ – Ҷопон»)

Таҳқиқи раванди ҳамгироӣ, аз ҷумла ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ, бо арзи вуҷуд кардани ин раванд дар давраи пасошуравӣ оғоз ёфт. Теъдоди зиёди корҳои илмӣ бахшида ба ҳамгироӣ, аз ҷумла доир ба ҳамгироии аврупоӣ ва авруосиёӣ, аз миқёси фарох ва аҳаммияти бузурги масъалаи баррасишаванда дарак медиҳад.

Дар оғози асри XXI ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонишавӣ ҷузъи таркибии рушди кишварҳо дар паҳнои тамоми ҷаҳон гардид. Имрӯз дарвоқеъ, олам вобаста ба навъу ҳадафҳои мухталифи минтақавӣ аз иттиҳодҳои гуногун иборат аст. Тибқи пешгӯии бисёр таҳлилгарон ва бо назардошти таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо, ҳамгироии минтақавӣ модели беҳтарини имконпазири мавҷудият дар ҷаҳони муосир мебошад.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳайси субъекти мустақили геосиёсӣ рушд меёбад. Ба сабаби доро будани минтақа ба сарватҳои ғанӣ ва захираҳои азими энергетикию обӣ минтақа дар маркази таваҷҷуҳи давлатҳои абарқудрати ҷаҳон қарор дорад. Кишварҳои минтақа роҳҳои рушд ва раҳоӣ аз буҳрони тӯлониро ҷустуҷӯю интихоб мекунанд, ки яке аз онҳо ҳамгироӣ мебошад.

Шакли C5+1 як шакли муносибатҳои бисёрҷониба бо мақсади густариши ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кишварҳои гуногун мебошад. Дар нишастҳои С5+1 масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодии кишварҳои минтақа, ҳифзи муҳити зист, таъмини амният ва суботи минтақа баррасӣ мешаванд. Ҳамкории эҳтимолии минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шарикони беруна: шаклҳои ИА+5, ИМА+5, Ҷопон+5, Кореяи Ҷанубӣ+5, Русия+5 мавҷуданд.

Соли 2004 Ҷопон ташаббуси шакли нави ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ – Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон”-ро бо ҳадафи мусоидат ба ҳалли муштараки мушкилоти муштараки минтақавӣ ва пешбурди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз кард. Яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкориҳои Ҷопон дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” таҳкими робитаи ин минтақа бо минтақаҳои иқтисодии берунӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути фароҳам овардани “бозори минтақавӣ” барои ҳама аст.

Дар доираи Муколамаи мазкур якчанд шаклҳои ҳамкорӣ таҳия шуданд: “Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ”, ки ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад, “Ҷаласаи мансабдорони баландпоя”, “Муколамаи зеҳнӣ”, “Ҷаласаҳои коршиносон” ва “Мубодилаи байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ”. Шакли мазкур то ҳол аҳаммияти хос дошта, моҳи декабри соли 2022 вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Токио бо ҳамтоёни ҷопониашон мулоқот карданд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷопон ба кишварҳои минтақа дар доираи Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) ҳамкории фаъолро ба роҳ мондааст. Инчунин, бо созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили UNDP (пешгирии офатҳои табиӣ) ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) амалӣ карда мешаванд. Ҷопон якҷоя бо Иттиҳоди Аврупо дар Конфронси идоракунии сарҳад иштирок мекунад, мунтазам дар конфронсҳои Ташаббуси амнияти сарҳадии Осиёи Марказӣ (CABSI) иштирок намуда, дар Институти пешгирии ҷинояткорӣ ва назорати ҷинояткорон дар Осиё ва Шарқи Дури Созмони Милали Муттаҳид (UNAFEI) таҷрибаомӯзӣ мегузаронад. Инчунин, Барномаи амалиёти коҳиши талабот ба маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (барномаи FAST)-ро дастгирӣ мекунад.

Бояд қайд намуд, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли минтақавии “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” муҳим арзёбӣ мегардад. Инчунин, баланд бардоштани ин муколама ба сатҳи саммити сарони давлатҳо нишон медиҳад, ки ҷонибҳо барои додани нақши стратегӣ ба ҳамкорӣ хоҳиши худро доранд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин шакли ҳамкорӣ имконияти наверо барои пешбурди афзалиятҳои миллии худ дар заминаи фаррохтари минтақавӣ фароҳам меорад. Масъалаҳои амнияти об, устувории энергетикӣ, мутобиқшавӣ ба иқлим ва рушди долонҳои нақлиётӣ, ки талошҳои ҳамоҳангшударо дар сатҳи минтақа талаб мекунанд, Ҷопон омодагии худро барои хидмат ҳамчун шарики созанда нишон додааст.

Дар нишасти мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт:

Ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, ки шарики муҳим маҳсуб меёбад, имкон медиҳад, ки ҳамкории минбаъдаи худро тасдиқ кунанд ва муносибатҳои мутақобилан судмандро тақвият диҳанд;

Вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноати Ҷопон Форуми тиҷоратии “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон”-ро ташкил хоҳад кард;

Сарвазир Такайчи бо президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқотҳои дуҷониба баргузор мекунад, то масъалаҳои тақвияти муносибатҳои дуҷониба, рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ кунанд.

Маврид ба қайд аст, ки равиши ҳамкориҳои Ҷопон ба Осиёи Марказӣ ба рушди мустақилонаи минтақа тавсиф мешавад. Токио пайваста эҳтиром ба соҳибихтиёрии кишварҳои минтақа ва ҳуқуқи онҳоро барои муайян кардани мустақилонаи афзалиятҳои рушд таъкид мекунад. Барои Тоҷикистон, ки сиёсати хориҷии бисёрсамтаро дастгирӣ мекунад, ин равиш махсусан қобили қабул аст. Иштирок дар шакли C5+1 ба Душанбе имкон медиҳад, ки муносибатҳои дуҷонибаро бо Ҷопон рушд диҳад.

Ҳамин тариқ, C5+1 – як шакли муносибатҳои бисёрҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба чунин натиҷагирӣ расидем:

ташаббуси C5+1 ҳамчун воситаи тақвияти ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва муттаҳиди байналмилалии онҳо ҳамчун шакли нави бисёрҷониба тасниф карда мешаванд;

ташаббуси C5+1 суботи минтақавиро дастгирӣ мекунад, ки ба рушди иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард;

аҳаммияти геосиёсӣ ва геоиқтисодии Осиёи Марказӣ бо пайдоиши равишҳои нав барои муколама байни субъектҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ афзоиш меёбад;

иштироки сарвари давлат дар ин нишаст ва баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи сатҳи баланд шароитро барои созишномаҳои нав ва муайян кардани афзалиятҳои миёнамуддат ва дарозмуддат фароҳам меорад;

барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин на танҳо имкониятест барои тасдиқи манфиатдории худ ба густариши ҳамкорӣ, инчунин барои муайян кардани самтҳое, ки таҷриба ва сармоягузории Ҷопон метавонад таъсири бештар расонад;

сафари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин нишасти C5+1 марҳилаи сифатан навро дар рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон нишон медиҳад;

барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин на танҳо имконияти тақвияти мавқеи худ дар саҳнаи байналмилалӣ, балки имконияти суръат бахшидан ба ислоҳоти дохилӣ бо истифода аз таҷриба ва имкониятҳои яке аз кишварҳои пешбари ҷаҳон мебошад.

Раҳмонзода Азимҷон

ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

номзади илмҳои таърих

(Таҳлили вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Токио)

Дар рӯзҳои 18-20 декабри соли 2025 шаҳри Токиои Ҷопон мизбони аввалин Ҳамоиши сарони давлатҳо дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» мегардад. Ин чорабинӣ, ки баъд аз 20 соли фаъолияти қолаб дар сатҳи вазирон ва коршиносон баргузор шуд, марҳилаи нави ҳамкориҳои минтақавиро ифтитоҳ намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷопон 18 декабри соли 2025 ташриф оварда, дар арафаи ин як қатор вохӯриҳои дуҷониба анҷом доданд. Ин сафар на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ дошта, имкониятҳои навро барои ҷалби сармоя, технологияҳо ва ҳамкории иқтисодӣ боз менамояд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон бо як қатор вохӯриҳои муҳим ҳамроҳ буд, ки ҳар кадоме дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба саҳми калон мегузоранд:

1. Вохӯрӣ бо Раиси Гурӯҳи байнипарумониии дӯстӣ ва ҳамкории «Тоҷикистон – Ҷопон» Кейҷи Фуруя (19 декабр). Дар ин мулоқот саҳми дипломатияи парлумонӣ дар густариши ҳамкориҳо таъкид шуд. Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои технологияи иттилотӣ, технопаркҳо, стартапҳо ва омода кардани мутахассисон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ин вохӯрӣ аҳамияти байнипарлумониро ҳамчун механизми муассири ҳуқуқии таҳкими муносибатҳо нишон медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкории «Тоҷикистон-Ҷопон» як механизми муҳими дипломатияи парлумонӣ аст, ки барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Парламенти Миллии Ҷопон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат мерасонад. Ин гурӯҳ дар чаҳорчӯби муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, ки аз 2 феврали соли 1992 оғоз ёфтааст, фаъолият мекунад. Гурӯҳ дар Парламенти Миллии Ҷопон солҳои зиёд вуҷуд дорад, аммо аъзоҳои нави он дар аввали соли 2018 ташкил шудаанд. Ин навсозӣ пас аз интихоботҳои парлумонӣ дар Ҷопон сурат гирифт ва ҳадафи он тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ буд. Аввалин вохӯрии расмии гурӯҳ дар соли 2019 баргузор шудааст, ки ин марҳилаи фаъолшавии онро нишон медиҳад. Аз тарафи Тоҷикистон гурӯҳ дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол аст. Ин муносибатҳо дар чаҳорчӯби дипломатияи парлумонӣ аз солҳои 2010-ум фаъолтар шудаанд, аммо таъсиси расмии гурӯҳҳои дӯстӣ ба солҳои 2018-2019 рост меояд. Нақши гурӯҳ дар таҳкими муносибатҳо пас аз таъсиси Сафорати Ҷопон дар Душанбе (соли 2002) ва сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ афзоиш ёфт. Масалан, дар соли 2018 сафири Тоҷикистон дар Ҷопон бо раҳбарияти гурӯҳ вохӯрд ва интихоби навро табрик кард. Гурӯҳ асосан дар тарафи Ҷопон ташкил шудааст ва ҳамчун лигаи парлумонӣ фаъолият мекунад. Аъзоҳо асосан аз парлумонҳои ду кишвар иборатанд ва ҳадафи онҳо пешбурди муколамаи байнипарлумонӣ аст. Гурӯҳ ҳамчун василаи ғайрирасмӣ барои муҳокимаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ хидмат мекунад. Гурӯҳ нақши калидӣ дар густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷопон мебозад, хусусан дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ. Соли 2018 вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе баргузор гардида, дар он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд. Соли 2019 аввалин вохӯрии расмӣ, ки ба масъалаҳои амният ва рушди муштарак бахшида шуда буд, баргузор гардид. Соли 2024-2025 вохӯриҳо бо сафирони Тоҷикистон дар Ҷопон иштирок дар EXPO-2025 дар Осака ва конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе гузаронида шудаанд. Гурӯҳ ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод (ҷалби сармояи Ҷопон), иҷтимоӣ (тандурустӣ, маориф), сайёҳӣ, технологияҳои нав (технологияи иттилотӣ, технопаркҳо) ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ мекунад. Он ҳамчун василаи муҳим барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар чаҳорчӯби кӯмакҳои расмии рушди Ҷопон (ODA) шинохта шудааст. Гурӯҳ дар пешбурди дипломатияи парлумонӣ кӯмак мерасонад, ки ин ба таҳкими муносибатҳои умумӣ байни ду кишвар мусоидат мекунад. Масалан, сафарҳои Кейҷи Фуруя ба Тоҷикистон ва Узбекистон дар ташаккули сиёсати Ҷопон нисбат ба Осиёи Марказӣ нақши муҳим бозидаанд. Ин гурӯҳ қисми низоми васеътари лигаҳои дӯстии парлумонии Ҷопон аст, ки бо кишварҳои гуногун (масалан, Куба, Тайван) ҳамкорӣ мекунад.

2. Вохӯрӣ бо Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (ҶАЙКА) Акиҳико Танака. ҶАЙКА ҳамчун шарики асосии рушди Тоҷикистон шинохта шуда, лоиҳаҳои муштарак дар энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва маориф баррасӣ гардиданд. Имзои созишномаҳои нави грантӣ ва ҷалби қарзҳои имтиёзноки иенӣ аз натиҷаҳои муҳим буданд. Ин ҳамкорӣ барои татбиқи «технологияҳои сабз» ва энергетикаи барқароршаванда аҳамияти калон дорад.

ҶАЙКА (JICA) — ин Агентии Ҳамкории Байналмилалии Ҷопон ва масъули асосии расонидани кӯмаки расмии рушд барои кишварҳои рӯ ба рушд аст. Он солҳои 1950-ум оғоз ёфта, соли 2003 ҳамчун муассисаи мустақили маъмурӣ ташкил шудааст. Ҳадафҳои фаъолияти он кӯмак ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, пешбурди ҳамкории байналмилалӣ, таъмини амнияти инсонӣ (масалан, дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, инфрасохтор) мебошад. Расонидани грантҳо, қарзҳои имтиёзнок, ҳамкории техникӣ, фиристодани ихтиёриён, омӯзиши мутахассисон дар Ҷопон ба самтҳои асосии фаъолияти он дохил мешаванд. ҶАЙКА яке аз калонтарин ташкилотҳои дуҷонибаи кӯмакрасонии рушд бо қароргоҳои худ дар зиёда аз 150 кишвари ҷаҳон аст. Ҳамкорӣ ҶАЙКА бо Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз шудааст (бо даъвати мутахассисон ба Ҷопон барои омӯзиш дар соҳаҳои идоракунӣ ва иқтисод). Қароргоҳи расмӣ дар Душанбе соли 2006 кушода шуда, зиёда аз 2000 нафар тоҷикон дар Ҷопон ба омӯзиш сафарбар гардиданд. Соҳаҳои асосии фаъолияти он рушди деҳот ва кишоварзӣ (масалан, ҳамкорӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои тухмии картошка ва агробизнес), таъминоти об ва санитария (беҳтаркунии системаҳои обтаъминкунӣ, масалан, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои зиёда аз 50 ҳазор нафар), тандурустӣ (ҳифзи саломатии модар ва кӯдак), нақлиёт (сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо, беҳбуди фурудгоҳи Душанбе), маориф, энергетика ва дигар соҳаҳо. ҶАЙКА волонтёрон (ихтиёриён) ва мутахассисон мефиристад, масалан, барои омӯзонидани забони ҷопонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷиистон.

3. Вохӯриҳо бо намояндагони доираҳои тиҷоратӣ (РОТОБО ва JOGMEC). Дар мулоқотҳо бо Масами Ииҷима ва Ичиро Такаҳара имкониятҳои сармоягузорӣ дар коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ, дорусозӣ, энергетикаи барқароршаванда ва истихроҷи маъданҳо муҳокима шуданд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои нодир ва мавқеи муносиби логистикӣ муаррифӣ гардид.

РОТОБО - Ассотсиатсияи савдо бо Русия ва кишварҳои ИДМ мебошад, ки дар Ҷопон таъсис ёфта, ҳамчун ниҳоди ғайритиҷоратӣ фаъолият мекунад ва ҳадафи асосии он рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни ширкатҳо ва муассисаҳои ҷопон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии РОТОБО мусоидат ба густариши савдо ва сармоягузорӣ байни Ҷопон ва кишварҳои ИДМ, пешниҳоди маълумоти иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва бозор ба ширкатҳои ҷопон; дастгирии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ; таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ ва институтсионалӣ. Самтҳои фаъолияти РОТОБО ташкил ва баргузории форумҳо, семинарҳо ва вохӯриҳои тиҷоратӣ, мусоидат ба сафарҳои кории намояндагони ширкатҳо, таҳлили бозорҳо ва омода намудани ҳисоботҳои иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ. РОТОБО ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (аз ҷумла Тоҷикистон) таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар самтҳои инфрасохтор, энергетика, захираҳои табиӣ, рушди бахши хусусӣ ҳамкориро ташвиқ мекунад.

JOGMEC - Созмони Ҷопон оид ба амнияти металлҳо ва энергетика ниҳоди давлатӣ-нимҳукуматии Ҷопон буда, бо мақсади таъмини амнияти энергетикӣ ва захираҳои табиии кишвар фаъолият мекунад. JOGMEC дар натиҷаи муттаҳид шудани чанд сохтор соли 2004 таъсис ёфтааст. Вазифаҳо ва ҳадафҳои асосии JOGMEC таъмини дастрасии устувори Ҷопон ба захираҳои нафту газ, ангишт ва металлҳои стратегӣ, дастгирии лоиҳаҳои ҷустуҷӯ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо ва манбаъҳои энергетикӣ, коҳиш додани хавфҳои сармоягузорӣ барои ширкатҳои ҷопонӣ дар хориҷ, нигоҳдории захираҳои стратегии нафту газ, рушди технологияҳои пешрафта дар соҳаҳои энергетика ва маъданкорӣ аст. Самтҳои фаъолияти JOGMEC маблағгузорӣ ва кафолати қарз барои лоиҳаҳои энергетикӣ ва маъданӣ, иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии истихроҷи захираҳо, тадқиқоти геологӣ ва арзёбии захираҳои табиӣ, ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи энергетика мебошад. JOGMEC бо бисёр кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ, Африка ва Амрикои Лотинӣ ҳамкорӣ дошта, ба рушди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нафту газ, металлҳои нодир ва стратегӣ, энергияи устувор мусоидат менамояд. Аҳамияти JOGMEC барои кишварҳои шарик (аз ҷумла Тоҷикистон) дар ҷалби сармоя ва технологияҳои ҷопон, омӯзиши мутахассисон, рушди соҳаи маъдан ва энергетика тибқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

4. Вохӯрӣ бо Императори Ҷопон Наруҳито. Ин мулоқоти протоколии олӣ рамзи эҳтироми мутақобила ва таҳкими муносибатҳои дӯстона буд. Дар ҷараёни ин мулоқоти сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории дуҷониба таъкид гардида, саҳми Ҷопон дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, бахусус тавассути Кӯмакҳои расмӣ барои рушд (ODA) баланд арзёбӣ шуд, масъалаҳои ҳамкории фарҳангӣ, гуманитарӣ ва таҳкими робитаҳои байни мардумон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Императори Акихито ба таърих, фарҳанг ва тамаддуни ғании халқи тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагии ҷониби Ҷопонро ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳо иброз доштанд. Муҳтарам Наруҳито Императори кунунии Ҷопон мебошад. Ӯ 1 майи соли 2019 пас аз истеъфои падаронашон — Императори пешини Ҷопон муҳтарам Акихито — ба тахти императорӣ нишаст. Тибқи Конститутсияи Ҷопон Император рамзи давлат ва ваҳдати миллат буда, дар фаъолияти сиёсӣ мустақиман иштирок намекунад. Бо вуҷуди ин, ӯ дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстона миёни кишварҳо нақши муҳим мебозад. Самтҳои таваҷҷуҳи Император Наруҳито ин масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои об, ҳамкории байналмилалӣ ва сулҳ, рушди фарҳанг ва табодули тамаддунҳо щисобида мешавад. Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито дар таҳкими равобити дӯстона миёни Ҷопон ва дигар кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

5. Вохӯрӣ бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу. Дар ин ҷо дипломатияи парлумонӣ ва ҳамкории иқтисоди рақамӣ, «технологияҳои сабз» ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Парлумони Ҷопон, ки Коккай номида мешавад, аз ду палата иборат аст: 1. Палатаи намояндагон ва 2. Палатаи мушовирон. Палатаи мушовирон қонунҳоро баррасӣ, таҳрир ва тасдиқ мекунад, инчунин ба қонунҳои пешниҳодшуда таваҷҷуҳ менамояд. Вазифаҳо ва ҳуқуқҳои ин палата баррасии қонунҳо ва пешниҳоди тағйиротҳо, назорат бар фаъолияти ҳукумат, тасдиқи номзадҳо ба вазифаҳои муҳими давлатӣ (масалан, муовинони вазирон, баъзе мақомоти судӣ), тавсия додан ва машварат бо палатаи намояндагон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва қонунгузорӣ аст. Палатаи мушовирон бештар ҳамчун палатаи баррасии таҳрирӣ ва машваратӣ амал мекунад. Қонунҳо одатан аввал аз Палатаи намояндагон мегузаранд, баъд ба Палатаи мушовирон меоянд, агар палатаҳо ба қонун мувофиқ набошанд, қарорҳо аксаран бо тасмими палатаи намояндагон ҳал карда мешаванд. Ба таври умум, Палатаи мушовирон ҳамчун ниҳоди баррасии қонунҳо ва машварат дар низоми парлумонии Ҷопон нақши калидӣ дорад, ки ба мувозинат ва назорати ҳукумат мусоидат мекунад.

Ин вохӯриҳо аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ аҳамияти калон доранд, зеро онҳо заминаи ҳуқуқии созишномаҳои нав, ҷалби сармоя ва ҳифзи манфиатҳои миллиро мустаҳкам мекунанд. Дар вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми Ҷопон самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ - энергетикаи «сабз», технологияҳои рақамӣ, саноат, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ - муайян гардиданд.

Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» соли 2004 таъсис ёфта, то имрӯз ҳамчун платформаи муҳими ҳамкории минтақавӣ фаъолият мекунад. Баргузории аввалин ҳамоиши сатҳи сарони давлатҳо дар Токио нишонаи гузариш аз кӯмакҳои рушдӣ ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст. Барои Тоҷикистон ин формат имконият медиҳад, ки захираҳои табиӣ, мавқеи географӣ ва сармояи инсонии худро ҳамчун омилҳои ҷалби сармояи ҷопон пешниҳод кунад.

Вохӯриҳои дуҷонибаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Токио марҳилаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ гардиданд. Ин чорабиниҳо имкониятҳои навро барои рушди иқтисодии Тоҷикистон, ҷалби технологияҳои пешрафта ва сармоягузориҳои мустақим боз намуданд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Токиои Ҷопон барои анҷом додани вохуриҳо бо намояндагони воломақоми Ҷопон ва иштирок дар Ҳамоиши Муколамаи «Осиёи Марказӣ - Ҷопон» заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ояндаро мустаҳкам карда, ба таъмини рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мусоидат менамоянд.

САНГИНЗОДА Дониёр Шомаҳмад, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва

Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба илм ва таълим доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)

Истиқлолу озодии ҳар қавму миллат дар натиҷаи саъю талошҳо, матонату ҷасорат ва эҳтирому эҳсоси ватандӯстӣ ба даст меояд, ки ҳифзу ҳимояи он ҷонфидоиву ҷоннисориҳо талаб мекунад. Муҳимтарин дастоварди Тоҷикистон дар даврони Истиқлол эҷоди мактаби сулҳу суботу созандагӣ, эҳёи таъриху тамаддун, забону адабу фарҳанг ва ободиву оромии кишвар мебошад. Тоҷикистон зери роҳнамоӣ ва роҳбарии Президенти хирадманду ҷасуру ҷавонмард қавму миллатро аз вартаи ҳалокату ҷаҳолат раҳоӣ бахшида, ба самти сулҳу суботу созандагӣ роҳнамоӣ кард. Бо чунин ормону орзуҳо ва дарки дурусти худшиносӣ насли навини Тоҷикистон дар мактаби сулҳу созандагӣ тарбия гирифта, тавассути омӯзиши илму донишу хирад барои рушди арзишҳои фарҳангиву миллӣ пайваста талошу мубориза менамояд. Ҳамин тавр, Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 Истқилоли комил пайдо карда, дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари ташаббускор пазируфта шуд.

Ҳамасола мардуми кишвар аз паёмҳои Президент дарси ибрат гирифта, онро чун дастурамал хуш пазироӣ карда, барои амалӣ ва истифодаи саривақтии он саъю талошҳо меварзанд. Бояд таъкид кард, ки Паёмҳои Президенти кишвар дар доираи шиори “Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад” пайваста ироа мегарданд. Зеро ҳар ҳарфи паём ишораест ба ҳифзу ҳимоя ва озодиву ободиву оромии инсон бахшида шуда, ба қавли марҳум Мирзоюсуфи Фозилзода:

Аз ин паём ҳар озода шодмон гардид,

Чи ҳиндӣ ё чи араб ё чи турку афғонаст.

Паёмҳои Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзёбии фаъолиятҳои соли гузашта ва дурнамои соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифта, баҳри тадбиру тақдири ояндаи кишвар муҳим муҳим шуморида мешаванд. Дар Паём самараи солҳои гузашта ва самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ баррасӣ гардида, иқтидору тавонмандиҳои кишвар, пешгирӣ аз хатару таҳдидҳо, тадбирҳо барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор мегиранд.

Ҳамин тавр, дар Паёми соли 2026 самтҳои иқтисодиёту тиҷорату саноат, таъмини амнияти энергетикиву нақлиётӣ, ҳифзи сулҳу субот, низому қонунҳои тандурустӣ, нақш ва ҳимояи ҷавонон, рушд ва роҳандозии варзиш ва сайёҳӣ бештар таъкид гардида, вазифаҳои мушаххас ироа шуданд.

Яке аз нуктаҳои калидии Паёми Президент таъкид ба созишномаи эҷоди фазои сулҳу созандагӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо мебошад, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд.

Дар Паём Президент нақши ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла нахустин конфронси байналмилалӣ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», қабули «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар минтақаҳои кӯҳӣ» дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист, «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ва ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари мақому макон ва эътирофи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон мебошад.

Ҳамин тариқ, бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид, ки аз ибтикороти созандаи кишвар ҳисобида мешавад.

Паёми имсола марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро низ дар бар мегиранд, ки ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ шуданд.

Дар Паёми имсола ҷиҳати амалисозии иқдомоти созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» таҳияи лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» муҳим арзёбӣ гардида, пешниҳод шуд.

Паёми имсола фарогири масъалаҳои муҳим ба хусус ҳолат ва дурнамои рушди гидроэнергетикӣ низ мебошад. Дар ин зимн, барномаву кору талошҳо оид ба корбурди агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» таъкид гардид, ки бо истифодаи он истиқлоли энергетикии кишвар ба таври комил таъмин мегардад.

Ҳамин тариқ, роҳбарияти Тоҷикистон бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома дода, бо ҷалби сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ дар ободии он саҳм мегузоранд.

Мавриди зикр аст, ки НБО-и Роғун аз баландтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҷаҳон буда, роҳандозии он истеҳсоли энергияро дар мамлакати тақрибан ба нуҳ миллион нафар аҳолӣ ду баробар зиёд карда, камбуду норасоии энергетикиро коҳиш дода, аз эҷоди энергияи изофии он кишварҳои ҳамсоя низ истифода хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, бо роҳандозии НБО-и Роғун ва амалисозии лоиҳаи CASA -1000 кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Афғонистону Покистон ба нерӯи барқ таъмин мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистону Афғонистон дар доираи лоиҳа CASA-1000 созишномаи байниҳукуматӣ оид ба воридоти 1300 МВт аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ба имзо расониданд.

Дар ин зимн, Тоҷикистон бо доштани манобеи фаровон табиӣ ва иқтидори гидроэнергетикӣ яке аз тавлидкунандаи бузурги энергияи сабз дар минтақа шинохта шуда, дар масъалаҳои мубраи геополитикаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши калидӣ мебозад.

Дар ин зимн, обу барқ барои мустаҳкам намудани робитаҳои кишвари Тоҷикистон бо минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ имконияти хубтар фароҳам меорад. Зеро минтақаи Осиёи Ҷанубӣ барои таъмини рушди худ ба энергия ниёз дошта, хоҳони истифода аз манобеи фаровони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки Паёми Президенти кишвар дорои нукоти муҳим мебошад, ки дар доираи қонуну низоми меъёрҳои демократӣ ва идорӣ барои огоҳии аҳолӣ ва дурнамои кишвар ироа мегардад.

Инчунин, тавассути Паём масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дурнамои мамлакат бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, машваратҳои муфид аз ҷониби роҳбари кишвар пешниҳод мешавад.

Яке аз нукоти калидии Паёми имсоларо илму маориф ва нақши донишмандони кишвар ба хусус олимону ходимону муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар эҷоди консепсияҳои миллӣ, муаррифии таъриху тамаддун, фарҳанг, малакаву маданияту мактабҳои оливу касбии кишвар пайваста талош карда, китобу мақолаҳо эҷод мекунанд.

Ба ин мақсад, дар Паёми 2026 Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030- ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави дар ин самт гузошташуда такмил диҳад. Бояд зикр кард, ки соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020 – 2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон шуд,ки заминаро барои дарки дуруст фарохам меоварад.

Ҳамин тариқ, таваҷҷуҳ ба олимон ва рушди илму маориф аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба хусус Президенти кишвар хеле бештар шуда, пайваста дастгирӣ меёбанд. Дар ин замина, олимону ходимони Академияи миллии илмҳо доир ба масъалаҳои илму маърифат тадбирҳои муфиду муассир андешида, дар рушди омӯзиши фанҳои дақиқ бо истифода аз фанновариҳои муосир саҳм гузошта, аз равишу моделҳои пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон истифода карда, табодули таҷриба менамоянд.

Дар Паёми роҳбари кишвар якбори дигар таъкид шуд, ки аз қадимулайём тоҷикон олиму орифу шарҳсозу меъмору муҳандис буданд, то имрӯз дар байни халқҳои олам бо чунин сифатхои хуб боқӣ мондаанд. Ҳамин хислатҳои хуби инсонӣ сабаб шуданд, ки аҳолии кишвар бо роҳбарии Президенти ҷасуру ҷавонмарду дурандеш аз хираду фаросату худогоҳиву худшиносӣ кор гирифта, миллатро ба сӯи қуллаҳои олии давлатдорӣ роҳнамоӣ намуданд.

Паёмҳои Президент фарогирии нукоти муҳим буда, аҳолии кишварро баҳри ҳифзу ҳимоя аз сулҳу созандагии кишвар, ки ҷойгоҳу мақоми он дар барномаҳои сулҳофаринии СММ аз нодиртарин таҷрибаи сулҳи ҷаҳонӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст, роҳнамоӣ менамоянд.

Президенти кишвар дар Паём вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доштаро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид карданд, ки Тоҷикистон зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот идома дода, дар доираи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамкориҳои гуногунҷанбаи худро таҳкиму тавсеа хоҳад дод.

Паёми Президент чун дастурамал ва дурнамо ба мо ишора мекунад, то аз роҳу равишҳои хуб, сиёсату тавсияҳои дурандешона хуб истифода карда, дар рушди робитаҳои дипломатии гуногунсамтаи Тоҷикистон, ба хусус геофарҳангиву геосиёсиву геоиқтисодӣ саҳми бештар гузорем.

Мирсаид Раҳмонов, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16.12.2025)

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 баргузор гардид ва дар он масъалагузорию арзёбии самтҳои рушди фарҳанги миллӣ ва заминаи таҳким намудани давлатдории тоҷикон дар солҳои минбаъда ироа карда шуд. Зимни суханронии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.

Барои боз ҳам балан бардоштани маърифати фарҳангии ҷомеъа дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа – Театри миллиро бо шароиту имкониятҳои муосир бунёд карда истодаанд, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар ва аҳли фарҳангу ҳунар ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи фарҳанги миллӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода дода шуд ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардаанд.

Барои боз ҳам устувор гардонидани заминаи илмии фарҳангии ҷомеъа давра ба давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Чунки асарҳои зикр гардида ҳамчун мероси таърихиву фарҳангӣ ва шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад.

Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии тоҷикон ,аз ҷумла Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Барои муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, силсилаи ҳамоишҳоро зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) баён намуда, боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад. Пешниҳод карда шуд, ки азбаски тоҷикон дорои фарҳанги ғанӣ ва соҳибтамаддун мебошанд, бояд Маркази тамаддуни Ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Дар ин росто, мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем.

Аз ҷумла Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми таърихии мусиқишинос Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

Саҳми фарҳангиии Борбад дар ҷодаи мусиқии Шарқ, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён – зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст. Пас мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд.

Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд.

Ҳамин тариқ, фарҳанги оламшумули тоҷикон моро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд карданд, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Зеро фарҳанги миллӣ заминаи устувори давлатдории тоҷикон буда, мо бояд асарҳои худро ба нақши фарҳанги қадимаи худ ва тамаддуни ориёӣ будани худро ҳифз намуда ба ҷаҳони мутамаддин муаррифӣ намоем.

Воҳидова Санавбарбону, мудири шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих, профессор

213ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ дар ҷамъбасти ҳар сол ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми мардуми мамлакат Паём пешниҳод намудани Президенти Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзи асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Паёмгузории сарварони давлатҳо таърихи худро дорад. Паёмгузорӣ ҳанӯз дар асри XIII дар Англия шуруъ шуда буд. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ин анъана ба расмият даромад. Бори аввал дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти вақти мамлакат Ҷорҷ Вашингтон соли 1790 ба Конгресс паём ирсол намуда буд. Баъдҳо дар давлатҳои ҷаҳон паёмгузорӣ ҳамчун барномаи рушди самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, амалкардҳои давлат, ҳадафу вазифаҳои нави он барои марҳилаи баъдӣ роиҷ гардид.

— Паём нахуст моҳияти маълумотию ҳисоботӣ дорад. Он як навъ ҳисоботи роҳбари давлат ба шаҳрвандони мамлакат маҳсуб шуда, бозгӯи моҳияти демократӣ доштани низоми идорӣ мебошад. Агар ба паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назари таҳқиқ нигарем, ба хубӣ дарк хоҳем кард, ки дар онҳо паҳлуҳои муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, вазъият ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, таҳлили сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илму фарҳанг, таъмини амният ва бисёр дигар масъалаҳои рӯзмарра таҳлили амиқ ёфтаанд.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд. Чӣ дар назарияи сиёсатшиносӣ ва чӣ дар амалияи давлатдорӣ Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад дар рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат саҳм гузорад. Беҳуда нест, ки аз миёни суханрониҳои гуногуни Роҳбари давлат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муҳим дошта, ба рушди ҳамасамтаи давлат таъсири мусбат мерасонад.

Анъанаи паёмгузорӣ мақоми ҳуқуқиро соҳиб буда, дар моддаи 70 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Президент «… дар бораи вазъи мамлакат ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад…». Бо эътимод гуфта метавонем, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ абзори муҳими давлатдорист.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, муайянкунандаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин санад соли сипаришуда бо паёми навбатӣ ҷамъбаст шуда, марҳилаи тайшуда таҳлил ва бурду бохти як соли рушди давлат баҳогузорӣ мешавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) як силсила масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба таҳлил ёфта, барои рушди устувори ҳар соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барномаи мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, нақшаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавзуъҳоеро дар бар мегирад, ки барои рушди устувори мамлакат ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд. Мавзуъҳое, ба монанди таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар қатори бисёр масъалаҳои дигар муҳтавои Паёми Пешвои миллатро ташкил медиҳанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо суханони «соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид» оғоз мегардад. Бале ҳамин тавр ҳаст. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (марти 2025), яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.

Зиёда аз як садсола мушкилоти сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳал ношуда монда буд. Масъалаи сарҳад масъалаи саҳл набуда, балки баробари Истиқлолияти давлатӣ аҳамият дорад. Агар давлат сарҳад надошта бошад, пас худи давлат вуҷуд надорад.

Эълони истиқлолият ҳанӯз ибтидои кор аст, давлат дар баробари истиқлолият бояд сарҳади муайян ва аломатгузоришуда дошта бошад ва дар доираи қаламраваш амали меъёрҳои конститутсияву қонунҳояш бояд таъмин карда шаванд.

Муайян ва аломатгузорӣ намудани марз барои ҳар миллат вазифаи муҳимтарин дар роҳи ташкили давлати соҳибистиқлол мебошад. Вақте ки миллат сарзамини муайяни зист дорад, эҳсоси ватандӯстиаш ҳам комилу воҳид аст.

Дар бораи сарҳад андешаҳояшро давом дода, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуданд: «Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се мамлакат ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкории судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам месозанд».

Созмони Милали Муттаҳид дар асоси ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2025 дар ҷаласаи ҳафтум ду қатънома- яке «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» ва дигаре «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» эълон кардани соли 2027-ро қабул намуд. Магар ин ҷои ифтихор аз ватану Президенти мамлакат нест? Ҳаст! Дар як рӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди як давлат қабул гардидани ду қтънома ҳодисаи нодири таърихист. Ифтихор кунед шаҳрвадони азиз, ифтихор аз Тоҷикистону аз Пешвои миллат. Ин ибтикору ифтихор аз ватану аз Пешвои миллат ба ҳама ҳамватанон муборак бошад!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, аз ҷумла чунин иброз доштанд: «Азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии истиқлол қарор қабул карда будем, пешниҳод менамоям, ки соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.

Ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода шуд, ки барои дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бунёд намудани Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳамчунин бо назардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.

Итминон дорам, ки амалӣ намудани ин иқдом далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад».

Мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

Вале бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар мамлакат қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест.

Дар робита ба ин ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Соли равон бо саъю талошҳои мамлакати мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангию маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Ҳамчунин танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад.

Ташаббуси Президенти мамлакатро дар бораи эълони соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ метавон ҳамчун қадами муҳим ва ҳадафманд дар роҳи рушди устувори мамлакат ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ шарҳ дод.

Аввалан, «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026 ба он хотир аст, ки давлат ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, рушди инфрасохтор, ободии шаҳру деҳот, сохтмони роҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ин иқдом на танҳо симои мамлакатро зебо мегардонад, балки барои рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани ҷойи нави кор низ замина мегузорад.

Пайваст кардани корҳои созандагӣ бо тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ хеле рамзӣ ва муҳим аст. Ин нишон медиҳад, ки рушди моддӣ бояд ҳамқадами рушди маънавӣ бошад. Худшиносии миллӣ эҳтиром ба таърих, фарҳанг, забон, арзишҳои миллӣ ва эҳсоси масъулият барои ояндаи давлату миллатро дар зеҳни шаҳрвандон, махсусан ҷавонон тақвият мебахшад.

Сеюм, азбаски ин ташаббус ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ эълон шудааст, мардумро ба ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ҳидоят мекунад. Ҳар шаҳрванди мамлакат метавонад дар ободии Ватан саҳм гузорад.

Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ воситаи муҳими сафарбарсозии ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намудани соли 2026 тамоми сохторҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба иҷрои ҳадафи муштарак равона мекунад- ин ҳамоҳангсозӣ самаранокии сиёсати давлатиро афзоиш медиҳад.

Корҳои ободониву созандагӣ танҳо сохтмон нестанд. Онҳо инчунин ислоҳоти идоракунӣ, истифодаи оқилонаи захираҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, рушди иқтисоди «сабз», беҳтар кардани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро дар бар мегиранд. Яъне, сухан дар бораи рушди ҳамаҷонибаи мамлакат меравад.

Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти хос дорад. Имрӯз, ки равандҳои гуногуни фарҳангӣ ва иттилоотӣ ба шуури ҷавонон таъсир мерасонанд, давлат вазифадор аст арзишҳои миллиро ҳифз ва таблиғ намояд. Ин ташаббус метавонад ба омӯзиши амиқтари таърих, гиромидошти шахсиятҳои барҷаста, эҳёи суннатҳои миллӣ ва боло бурдани мақоми забони давлатӣ такони ҷиддӣ бахшад.

Ин иқдом дорои паёми равшани тарбиявӣ аст. Он шаҳрвандонро ба ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, қонунпазирӣ ва масъулияти иҷтимоӣ даъват мекунад. Вақте инсон дар ободии деҳа ё шаҳри худ саҳм мегузорад, худшиносии ӯ табиатан боло меравад ва эҳсоси соҳибватанӣ қавитар мегардад.

Аз ҷиҳати сиёсати давлатӣ ин сол метавонад ҳамчун марҳилаи омодагӣ ба дастовардҳои нави стратегӣ арзёбӣ шавад. Яъне, он на танҳо ба гузашта (ҷашн), балки ба оянда нигаронида шудааст — таҳкими пояҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии давлат барои наслҳои минбаъда.

Дар маҷмуъ, эълони соли 2026 бо чунин мазмун нишон медиҳад, ки роҳбарияти мамлакат рушди Тоҷикистонро ҳамчун раванди муттаҳидшуда мебинад: рушди иқтисодӣ + ободонии Ватан + худогоҳии миллӣ = давлати устувор ва ҷомеаи солим.

Хулоса, ин иқдом даъват ба амал аст: ҳам барои давлату ниҳодҳо ва ҳам барои ҷомеа. Он ҳадафи ягона дорад — бунёди Тоҷикистони боз ҳам ободу пешрафта бо ҷомеае, ки дорои худогоҳии баланд, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Итминони комил дорам, ки мо ҳама аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашем, ба ҳама ҳадафҳои некамон мерасем ва нуфузу обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Ин қарзи миллию имонӣ ва вазифаи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост!

Вақте давлатҳо ба истиқлол мерасанд, ин ҳанӯз ибтидои роҳи давлатсозию миллатсозист. Табиист, ки дар давраи нави таърихӣ арзишҳои нав ба вуҷуд меоянд. Аммо арзишҳои давлатсозу миллатсоз, яъне арзишҳои аслӣ, ба мисли таҳкими Истиқлолу Ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтироми низоми қонунии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ифтихор аз шаҳрвандӣ, садоқату самимият ба давлату миллат ба худ мазмунҳои нав касб намуда, мутобиқ ба мазмуни даврони соҳибистиқлолӣ такмил меёбанд. Яъне арзишҳои аслӣ аз байн намераванд, балки такмили шаклу мазмун менамоянд. Муҳим он аст, ки ин арзишҳо муайянкунандаи симою тафакури миллӣ бошанд. Ба фарҳанги фардҳо, наслҳо ва халқҳо табдил ёбад. Фарҳанги миллии мо забони умумибашарӣ дорад. Агар пайкари миллат аз гили ҳамин арзишҳо ва дигар арзишҳои умумибишарӣ сохта шавад, фатҳи ҳама гуна ҳадафҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ имконпазир мегардад. Ҳар насле, ки пой бар остонаи мактаб мениҳад, бояд доранда ва барандаи арзишҳои миллию давлатӣ бошад. Дар ин ҷода нақшу заҳмати падару модарон, омӯзгорону устодон, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муайянкунанда ва ҳалкунанда мебошад, зеро барои фарогир шудани фарҳанги миллӣ ва арзишҳояш он дар шаклу сатҳи як тафаккур ва фарҳанг асоси ҳувияти наслҳоро ташкил медиҳад.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ, ходими калони илмии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)

16 декабри соли 2025 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон оид ба "Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" манзур гардид. Бояд қайд намуд, ки Паёми ҳарсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали идоракунии давлатӣ буда, ҳамчун рӯйдоди таърихӣ-сиёсии сол табдил ёфтааст.

2212Дар Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои сиёсати иҷтимоии солҳои қаблӣ таҳлил гардида, вазифаҳо ва афзалиятҳои нави давлат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазир мушаххас гардиданд. Инчунин, таъкид гардид, ки сиёсати иҷтимоӣ бояд пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона карда шавад. Давлат масъалаҳои зиёд намудани маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва кӯмакпулиҳоро ҳамчун омили муҳимми таъмини адолати иҷтимоӣ баррасӣ менамояд. Дар суханронии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалиятҳоро дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин амният ва мудофиа ба таври возеҳ муайян намуданд.

Дар баробари ин, яке аз самтҳои муҳимми Паём ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ тамаркуз шуда, ҳалли пурраи масъалаҳои марзӣ бо Қирғизистон, имзои созишнома дар бораи нуқтаи гузаргоҳи марзии се давлат ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ натиҷаҳои муҳими солҳои дипломатия ва далели равшани сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон буданд, ки ба таҳкими эътимод ва некҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин самтро чунин арзёбӣ намуданд: “Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд”.

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки дар меҳвари Паём қарор дошт, самтҳои зеринро дар бар мегирад:

1. “Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд;

2. 12-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ»;

3. Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»

4. Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж;

5. 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид.

Оид ба қабули қатъномаҳои СММ дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор, инчунин дохил кардани ёдгориҳои Хуттали қадим ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз обрӯи афзояндаи кишвари мо буда, саҳми он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд.

Аз ин рӯ, дастовардҳое ки Тоҷикистон дар ин давра ба даст овард, меҳнатои бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрвандон мебошад. Сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, тиҷорат сармоягузорӣ, сиёсати хориҷӣ ва соҳаҳои ояндорӣ ба пеш гузоштаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Паём зикр гардид, ки барои беҳтар намудани шароити зиндагии шаҳрвандони кишвар равона шудааст.

Ташаббусҳо ва Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид тасдиқшудае ки дар боло зикр намудем, яке аз пешбарандаи “қувваи нарм” дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Зеро Тоҷикистонро бешубҳа ҳамчун кишвари ҳалли мушкилоти глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносанд. Сиёсати сулҳҷӯёнаи кишвар низ дар обруи байналмилалии Тоҷикистон нақши назаррас дорад, ки ин самт дар Паём зикр гардид.

Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бунёдии ояндасоз маҳсуб ёфта, маҳз сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Дар марҳалаи муосир барномаи мазкур мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намудааст. Бинобар ин, мо ҷавонони сарфарози кишварро зарур аст, ки барои муаррифии кишвар, сулҳу ваҳдат, таҳкими арзишҳои миллии ба дастомада, дар атрофи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ҷиҳати татбиқи нақша ва барномаҳои пешниҳодгардидаи Паём саҳмгузор бошем.

Соҳиби Баҳруло, ходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Дар Системаи офтобӣ, Замин ҳамеша дар ҳаракати доимӣ қарор дорад. Он дар атрофи меҳвари худ дар тӯли 24 соат (аниқтараш 23 соату 56 дақиқаю 4 сония) як гардишро анҷом медиҳад ва дар атрофи Офтоб дар давоми тақрибан 365,2422 шабонарӯз пурра як мадорро тай мекунад. Аз ҳисоби майли меҳвари гардишии Замин нисбат ба сатҳи мадорӣ (23°26′) дар рӯи Замин тағйири фаслҳо ба амал меояд.

12Ду нуқтаи муҳими ин ҳаракат – инқилоби тобистона ва инқилоби зимистона мебошанд, ки дар онҳо меҳвари Замин нисбат ба Офтоб бештар ба самт ё дуртарин ҳолат мерасад. Дар нимкураи шимолӣ, рӯзи 21 июн рӯзи дарозтарину шаби кӯтоҳтарин ва рӯзи 21 декабр – шаби дарозтарину рӯзи кӯтоҳтарин ба ҳисоб меравад. Соли 2025, ин лаҳзаи астрономӣ рӯзи 21 декабр, соати 15:03 UTC (20:03 бо вақти Душанбе) ба амал меояд.

Механикаи осмонии ин падидаи астрономӣ

1. Майли меҳвари Замин

Меҳвари гардиши Замин нисбат ба сатҳи мадори он (эклиптика) бо кунҷи 23°26′ моил аст. Ин кунҷ бо мурури вақт каме тағйир меёбад (нуқтаи муттатсия ва претсессия), вале дар тӯли ҳазорсола устувор мемонад.

Инқилоби зимистона дар ҳолате рух медиҳад, ки сокинони нимкураи шимолӣ аз Офтоб камтарин нур мегиранд. Ин маънои онро дорад, ки баландии Офтоб ба ҳадди ақал (минималӣ) мерасад, дар ҳоле ки дар нимкураи ҷанубӣ ба ҳадди аксар (максималӣ) баробар мешавад. Аз ин сабаб, барои сокинони шимол, дар осмон баландӣ (моилӣ)-и Офтоб паст аст ва давомнокии рӯшноӣ коҳиш меёбад.

2. Моилии Офтоб

Моилии (δ) Офтоб дар рӯзи инқилоби зимистона ба ҳадди манфии худ мерасад (δ=−23°26′). Ин маънои онро дорад, ки Офтоб аз ҳамвории экватори осмонӣ тақрибан 23,4 дараҷа ба самти ҷануб ҷойгир шудааст.

3. Тӯли соатҳои рӯшноӣ

Дар як нуқтаи муайян (масалан, Душанбе бо φ = 38,6°N) тӯли рӯзи офтобӣ чунин ҳисоб мешавад:

cosH=−tan φ⋅tan δ

дар ин ҷо H – баландии нисфирӯзии Офтоб аст, φ-арзи маҳал ва δ-майл ё моилии Офтоб аст. Агар ҳисоб кунем:

H=arccos (−tan 38,6°×tan(−23°26′))≈4,73 соат

Пас тӯли рӯз ё давомнокии рӯз чунин мешавад:

T = 2H = 9,46 соат ё 9 соату 28 дақиқа

Ин ба маълумоти воқеии соли 2025 ба 21 – уми декабри мувофиқат мекунад: тулӯи Офтоб тақрибан соати 07:39, ғуруб – 17:07, шаб бошад –тақрибан 14 соат 32 дақиқа давом мекунад.

Натиҷаҳои физикӣ ва астрономӣ

1. Баландии офтоб дар зенит

Дар Душанбе (φ = 38,6°), баландии максималии Офтоб дар зенит чунин муайян карда мешавад:

hmax​=90°−(φ−δ)

hmax​=90°−(38,6°+23,4°)=28°.

Яъне, дар рӯзи 21 декабр Офтоб дар Душанбе ҳеҷ гоҳ аз 28 дараҷа болотар намебарояд, аз ҳамин сабаб сояҳо дар зимистон тӯлонӣ ва рӯшноӣ заифтар аст.

2. Энергияи офтобӣ

Дар вақти зимистон кунҷи пасти нурҳо боиси он мегардад, ки сели рушноии Офтоб (E=E0​sin hmax​) кам шавад. Агар E0​ сели миёнаи нурҳои Офтоб дар сатҳи Замин бошад (~1360 Вт/м² дар болои атмосфера), пас дар Душанбе дар зимистон ба сатҳ на бештар аз 640–700 Вт/м² мерасад.

Аз ҳамин сабаб, ҳарорати ҳаво пасттар ва равшании рӯшноӣ камтар мешавад, гарчанде ки Замин дар зимистон ҳатто ба Офтоб наздиктар аст (0,983 воҳиди астрономӣ).

Сабаби наздикии Замин ба Офтоб дар зимистон

Қиссаи ҷолиб он аст, ки бисёриҳо гумон мекунанд зимистон аз он сабаб аст, ки Замин аз Офтоб дуртар мешавад. Дар воқеъ, 21 декабр қариб ба санаи перигелий (наздиктарин нуқта ба Офтоб) рост меояд. Масофаҳо чунинанд:

  • Перигелий: 3 январ 2026 – 147,1 млн км

  • Афелий: 5 июл 2025 – 152,1 млн км

Яъне, дар зимистон Замин тақрибан 5 млн км ба Офтоб наздиктар аст. Аммо кунҷи пасти нурҳо ва тӯл ё давомияти кӯтоҳи рӯз боиси паст шудани ҳарорат мегардад – на масофа!

Нуқтаҳои инқилоб ва экваторҳои астрономӣ

Дар геометрияи осмон, инқилобҳо нуқтаҳое мебошанд, ки дар он ҳаракати зоҳирии Офтоб дар эклиптика аз самти ҷануб ё шимол қатъ шуда, самти муқобилро мегирад.

  • 21 июн – Офтоб дар нуқтаи инқилоби тобистона (δ = +23,4°)

  • 21 декабр – дар нуқтаи инқилоби зимистона (δ = –23,4°)

Дар харитаи осмон, ин нуқтаҳо дар бурҷҳои Саратони ва Ҷаддӣ ҷойгиранд. Аз ин рӯ, ду параллели муҳим – Тропики Саратон (23°26′ N) ва Тропики Ҷаддӣ (23°26′ S) номида мешаванд.

Таҳлили фарҳангӣ ва таърихӣ

Ин падидаи осмонӣ аз замонҳои қадим диққати инсонро ба худ ҷалб кардааст. Мардум шаби дарозтаринро рамзи гузариш аз торикӣ ба рӯшноӣ мешумориданд.

  • Дар тамаддуни бостонии Миср, ин рӯзро оғози давраи нави Офтоб медонистанд; маъбадҳои Сет ва Ра ба таври махсус ба тулӯи Офтоб дар ин рӯз мувофиқ сохта шудаанд.

  • Дар Тоҷикистон, Эрон ва баъзе давлатҳои дигар шаби “Шаби Ялдо” ҷашн гирифта мешавад — шаби таваллуди Офтоб ва оғози пирӯзии рӯшноӣ бар зулмат.

  • Дар кишварҳои Аврупо, ҷашни “Yule” бо расму оини рӯшноӣ (шамъ, оташ, арча) оғоз меёфт, ки баъдан ба ҷашни Милоди Масеҳ табдил ёфт.

Дар фарҳанги тоҷикӣ низ шаби тулонӣ рамзи сабру интизор ва оғози умеди нав аст – шабе, ки пас аз он субҳи рӯшан меояд.

Натиҷа ва аҳамияти илмӣ

Инқилоби зимистона барои астрономҳо як нуқтаи муҳими ҳисобӣ аст. Аз рӯи он метавон:

  • давомнокии солро бо дақиқии сонияҳо муайян кард;

  • тағйири кунҷи майли меҳвари Заминро дар миқёси асрҳо пайгирӣ намуд;

  • динамикаи мадори Заминро таҳлил кард;

  • барои таҳияи тақвимҳои дақиқи астрономӣ истифода бурд.

Илова бар ин, омӯзиши ин падида барои физикаи атмосфера ва иқлимшиносӣ низ аҳамият дорад, зеро он ба таври мустақим ба тақсими энергияи офтобӣ дар сатҳи Замин таъсир мерасонад.

Хулоса

Инқилоби зимистона — падидаи ҳам илмӣ ва ҳам рамзӣ аст. Аз нигоҳи астрономия, он натиҷаи мустақими майли меҳвари Замин ва ҳаракати мадории он мебошад. Аз нигоҳи инсон, ин рӯйдод рамзи умед ва оғози давраи нав дар ҳаёт аст.

Дар соли 2025, рӯзи 21 декабр, соати 20:03 (бо вақти Душанбе), Офтоб ба пасттарин нуқтаи худ мерасад. Дар Душанбе рӯз ҳамагӣ ~9,5 соат ва шаб – тақрибан 14,5 соат давом мекунад. Пас аз ин шаб, Офтоб тадриҷан баландтар мебарояд ва Замин боз ба сӯи гармӣ, нур ва зиндагии нав рӯ меорад.

Ҳамин тавр, инқилоби зимистона моро ба ёд меорад, ки ҳам ҳаракати осмон ва ҳам ритми табиат дорои қонуният, ҳамоҳангӣ ва зебоии абадист – ҳамон тавре ки худи зиндагӣ аст.

Бӯризода Анвар, Нурзода Ҳабибҷон, Пирова Вазира

Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгири кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Эмомалӣ Раҳмон

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон чун анъана мунтазири Паёми умедбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” буда, мехоҳанд назар ба андешаҳои Сарвари худро доир ба раванди рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол шунаванд. Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва раҳнамо барои рушди ҷомеаи муосири мо нақши калиди дорад.

Паёми имсолаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳад, ки дар маркази сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, таъмини сулҳу пойдор, мақому манзалати зан-модар ва инчунин тинҷию оромӣ ва суботу амнияти ҷомеа, ҷойгоҳи кишвар дар арсаи байналмиллалӣ қарор доранд.

Аз ҷумла, имрӯз дастгирии занон ва ҷалби бештари онҳо ба ҳаёти фаъол ва идоракунии ҷомеа дар сатҳи давлатӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Сарвари давлат бо қадршиносӣ аз хизматҳои зан – модари тоҷик чунин иброз медоранд: «Мо – мардон вазифадорем, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расем. Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаву алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд».
Пешвои миллат дар Паём бо эътимод ва неруи бузург занону бонувони мамлакат намуда, иброз доштанд, ки “Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад”.

Бале бояд иқрор шуд, ки мақому манзалати занону модарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир, рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан хеле боло рафтааст. Аз ин хотир, пос доштани иззату эҳтироми зан- модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус мебошад.

Пешвои муаззами миллат инчунин таъкид намуданд, ки: “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.

Дар Паём ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва худшиносии занон ва бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Таъқид мегардад, ки ҷомеаи пешрафта бе иштироки фаъолони занон ва модарон тасаввурнопазир аст. Аз ин рӯ, дастгирии ташаббусҳои занон, ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ, касбоммӯзӣ, роҳбарӣ ва хизмати давлатӣ ҳамчун омили рушди устувор арзёбӣ мешавад.

Тавре мебинем, дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани онҳоро бори дигар таъкид намуданд. Имрӯзҳо дар сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо шумораи занон зиёд гардида, дар вазифаҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат карда истодаанд. Маълумотҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, маориф, хизматрасонии ахборотию ҳисоббарорӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат бо боварии комил иброз доштанд, ки “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”. Ин рисолати бузург модаронро водор месозад, ки дар баробари тарбияву ба камолоти маънавӣ расонидани фарзандони худ боз дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум будан тарбия намоянд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат дар суханронии хеш таъкид намуданд, ки: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.

Ҳамин тавр, мо занону бонувонро зарур аст, ки суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар таҳкими мақому манзалати зан -модар дар ҷомеа ва нақши басо муассир дар ҷомеаи имрӯза боз ҳам баланд бардорем. Зеро ҳамеша дар суханрониҳои Пешвои миллат масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои занон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, фаъолияти меҳнатӣ ва иштироки фаъолонаи занон ва бонувон дар ҳаёти ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтааст. Татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ба таҳкими оила, рушди ҷомеаи солим ва тарбияи насли оянда мусоидат намуда, ҷойгоҳи зан-модарро ҳамчун пояи асосии ҷомеа боз ҳам устувортар мегардонад.

Исматзода Шоиста - ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва

мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Шаби ялдо ё шаби чилла аз куҳантарин ва муҳимтарин ҷашнҳои мо – тоҷикон ва ақвоми эронӣ буда, шаби 30-юми озар охирин рӯзи тирамоҳ мусодиф ба 21-уми декабр, дар дарозтарин шаби сол ва 1-уми дай, аввалин рӯзи зимистон фаро мерасад. Ин шаб ба фалсафаи торикии аҳриманӣ ва рушании аҳуромаздоӣ низ гиреҳ хурдааст. Шаби ялдоро барои тақсимбандии рӯзҳои тобистонию зимистонӣ, барои кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил истифода мекарданд. Шаби ялдо бо рӯзгори кишоварзон ва офобу рушанӣ, гардиши офтобу замину табиат пайванд мехурад, зеро асоси зиндагии мардумон ба кишту кору замину обу ҳаво вобаста буд. Инчунин шаби ялдоро хур, хуррамрӯз низ гуянд. Тоҷикон ба ин шаб чилла мегӯянд, зеро он оғози чиллаи бузург аст, ки 40 рӯз давом мекунад ва бист руз баъд аз онро чиллаи хурдак мегӯянд.

Шаби ялдо аз ҷашнҳои бостонист, ки қидмати он ба 7000 сол пеш мерасад ва аз соли 502-и пеш аз милод дар замони салтанати Дориюши якум расман ҷашн гирифта мешудааст. Дар бораи маншаи милод ду назари мухталиф ҷой дорад: гурӯҳе онро барҷомонда аз милоди Масеҳ тавассути эрониён донистаанд, ки тибқи он дар қарни 4-и исавиён онро рӯзи таваллуди (25 декабр) Исо қарор додаанд; гуруҳе аз муҳаққиқон онро ба милоди Митро (Меҳр) ё Эзади Меҳр, ки дар аҳди бостон дар кеши меҳрпарастӣ роиҷ буд, рабт медиҳанд.

Донишмандони зиёде бар ин ақидаанд, ки мардуми ориёитабор дар аҳди бостон шаби охирини моҳи озару рӯзи аввали моҳи дайро ҳамчун зодрӯзи Меҳр (ё Митро) ҷашн мегирифтанд. Аз ҷумла, мутафаккири машҳури тоҷик Абурайҳони Берунӣ ба мавҷуд будани ҷашне дар чунин айём ишора кардааст: «Даймоҳ ва онро «хурмоҳ» низ мегӯянд, нахустин рӯзи он Хуррамрӯз аст. Ва ин рӯзу ин моҳ ҳарду ба номи… Ҳурмузд.. номида шуда… Ва гоҳе ин рӯзро «Навадрӯз» мегӯянд ва онро ид мегиранд, зеро миёни он ва Наврӯз навад рӯзи пурра аст.» [Берунӣ 1990, с. 246]. Мусташриқи маъруфи даниягӣ А. Кристенсен “Рӯзи аввали моҳи дайро, ки дар ҳисоби солшумории атиқ ид буда, “Хуррамрӯз” мегуфтаанд. Дар Хуррамрӯз шоҳаншоҳ аз тахт ба зер меомад, либоси сафед мепӯшид ва дар чамане бар фаршҳои сафед менишасту бори омм медод. Ҳар касе метавонист ба ҳузури ӯ дарояд... Он гоҳ шоҳ дар он рӯз чунин мегуфт: Ман имрӯз чун яке аз шумо ҳастам... қавоми ҷаҳон ба ободист, ки дар дасти шумост ва қавоми ободӣ ба подшоҳ аст. Ҳеҷ як аз ин ду аз дигаре бениёз натавонад буд.” [Кристенсен 1393, с. 254]. И.Пурдовуд бо истинод ба китоби “Ойини Митро”-и Б. Кумонт чунин мешуморад, ки дар фарҳанги бостонии мо ду ҷашни Меҳргон (Меҳргони меҳ ва Меҳргони кеҳ) вуҷуд дошт. Меҳргони кеҳро дар Руми қадим рӯзи 25-уми моҳи декабр, ки ҳамчун рӯзи зуҳури хуршед тасаввур мешуд, ҷашн мегирифтанд ва онро рӯзи валодати хуршеди мағлубнашуданӣ (Sol Natals invicti) меномиданд. Ин ҷашн баъди нуфузи дини Исо дар Аврупо ба рӯзи таваллуди Масеҳ табдил меёбад [ниг. Яштҳо 1377, с. 399-400].

Пидром Ҷам бар ин андеша аст, ки дар даврони салтанати Хусрави I ва Хусрави II Сосонӣ дар оғози фасли сармо шаҳривармоҳ (23 август-22 сентябр) маросиме доштанд бо номи Озарҷашн, ки ҳамин шаби ялдост. Ба гуфтаи ӯ тафсири нодурусти тақвими Ҷалолӣ аз ҷониби донишмандони асрҳои миёна боиси сар задани хатову иштибоҳот дар тафсири ҷашну ойинҳои бостонӣ гаштааст. Ба андешаи Пидроми Ҷам “Ҷашни оғози зимистони эрониён на ба милоди ҳазрати Масеҳ иртиботе дошт ва на ба эзади Меҳр ё зоиши хуршед”. Посухи саҳеҳ дар бораи сарчашмаи пайдоиши шаби ялдоро эроншиноси маъруф Раҳом Аша додааст: “Вожаи ялдо аз оромӣ ояд барои зоиш. Ин (яъне шаби чилла) на бо дини масеҳӣ дар пайванд аст, на бо митроӣ. Аз гардиши тобистонӣ, ки ба моҳи июн афтад, хуршед абар дувоздаҳон (дувоздаҳ бурҷ) рӯй ба пойин ояд. Инро ба мироӣ монанд кардаанд, то он ки ба оғози зимистон ба поёнтарин поя афтад, ба нишони марг. Ба гардиши зимистонии хуршед оғозад ба боло шудан абар дувоздаҳон. Инро ба зиндагӣ монанд кардаанд ва он шабонарӯзро замони зоиш хондаанд. Румиён онро “natalis invicti” (милоди шикастнопазир) мехонанд”, ки ҳамон зоиши хур аст. Ба моҳрӯзи румӣ ва низ ба моҳрӯзи шоҳии порсӣ ин рӯз ба 25 декабр меафтад ва ин камубеш оғози меҳрмоҳи шоҳӣ буд. Аз он ҷой, ки тарсоён натавонистанд ин ҷашнро аз миён бардоранд, онро аз садаи панҷум зоиши Исо гирифтанд”. Ин ҷашнро Берунӣ Меҳрмоҳи куҳан (шоҳӣ) хондааст, ки ба оғози зимистон рост меояд, Румиён бо ошноӣ бо порсиён онро гирифтанд ва аз ҳамин рӯ invicti хонанд. Пояи ин ин ҷашн дар оғоз динӣ набуд, ахтарморона (ситорашиносона) буд. Ҳанӯз моҳрӯзҳои румӣ аз садаҳои дувум ва сеюм дар даст дорем, ки сарчашмаи хубе барои баррасиҳоанд”.

Фолклоршинос Р. Раҳмонӣ дар заминаи таҳлилу баррасии ақидаҳои муҳаққиқоне, монанди Ҷ. Фрэзер, А. Кристенсен ва А. Красноволска дар робита ба масъалаи шаби ялдо чунин менигорад, ки мардуми эронитабор шаби аввали зимистонро ҳамчун шаби зоиши хуршеду оғози сол бо бедорӣ ҷашн мегирифтанд ва чунин расму ойин дар байни қавмҳои дигари ориёӣ, аз ҷумла олмониҳо, низ маъмул будааст ва онҳо дар гузаштаи дур таваллуди хуршедро дар саршавии зимистон ҷашн мегиранд. Ин ҷашни бостонӣ бо зуҳури масеҳият бо каме тағйири муҳтаво ба ҳастии худ идома медиҳад. Номбурда баъзе ҷузъиёти ин тағйиротро чунин тавзеҳ медиҳад: “Дар замонҳои қадим кашишҳои (диндорони) англис кӯшиш намуданд, ки солшумории худро (шаби таваллуди Исои Масеҳро ва ё «крисмас»-ро, ки 6-уми январ аст) ба шаби дарозтарин – ба таваллуди хуршед (21-22 декабр) баранд, вале ҳангоми ҳисоб чанд рӯз хато шуд. Дар натиҷа ҳисоби онҳо ба 25-уми декабр (4-уми даймоҳ) рост омад. Ҳамин кӯшиш буд, ки ҳоло соли милодии масеҳиён аз таърихи 25 декабр оғоз мешавад. Дар асл таърихнигорон шаби таваллуди Исои Масеҳро 6-уми январ медонанд, вале дар натиҷаи иштибоҳи руҳониён ҳангоми табдили солшумории ориёӣ ба солшумории масеҳӣ ба ҷои 22-уми декабр онро ба 25-уми декабр интиқол доданд. Ҳоло масеҳиёни дунё шаби 25-уми декбрро чун шаби мавлуди Исо ҷашн мегиранд, ки дар асл он ҳамон шаби ялдои мардуми ориёитабор аст” [ниг. Сайти Институт. Ялдо – шаби зоиши хуршед].

Мутобиқи боварҳои куҳан хуршеди навзод то чил рӯз дар он рӯзҳои сарду кӯтоҳ ва шабҳои торику дарози фасли сармо наметавонист дар муқобили неруҳои аҳриманӣ (торикӣ ва сардӣ) ба тавири мустақил муқовимат кунад. Бинобар ин, мувофиқи ин дидгоҳ мардум вазифадор буданд, ки тавассути амалан анҷом додани расму ойинҳо (монанди оташ афрӯхтан дар шаби торики ялдо ва то субҳ бедор будану дуохониву қиссагӯйӣ ва дигар машғулиятҳои шодибарангез) ба хуршеди навзод нерую тавон бахшанд. Мардум бо анҷоми чунин амалҳо то чилрӯзагӣ хуршеди навзодро муҳофизат мекарданд, зеро тамоми неруи ҳаёту манбаи зиндагии онҳо ба нуру гармии хуршед вобастагӣ дошт. Фолклоршинос Р. Раҳмонӣ муътақид аст, ки расму одатҳои чилланишине (чиллаи кӯдак, чиллагурезон, чиллашинӣ, чиллагӣ, чиллаи арӯс, чиллаи домод), ки то кунун дар зиндагии рӯзмарраи мардуми тоҷик эътибор доранд, ба ин бовари бостонӣ, яъне ба чил рӯзи муроқабату муҳофизати хуршеди навзод (ё Меҳри навзод) иртибот доранд. [ниг. Сайти Институт. Ялдо – шаби зоиши хуршед].

Масъалаи дигаре, ки дар робита ба ин ҷашн диққати донишмандонро ҷалб кардааст, ин мансубияти истилоҳи “ялдо” ба ин ҷашни бостонӣ ба шумор меравад. Дар луғатномаи А. Деҳхудо маънои луғавии калимаи «ялдо» ва моҳияти ҷашни марбут ба он чунин тавзеҳ шудааст: “Луғати суриёнӣ аст, ба маънии милоди арабӣ. Ва чун шаби ялдоро бо милоди Масеҳ татбиқ мекардаанд, аз ин рӯ, бад-ин ном номидаанд. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҷашни милоди Масеҳ, ки дар 25-уми десомбар (декабр) тасбит шуда, тибқи таҳқиқи муҳаққиқон, дар асл, ҷашни зуҳури Митро(Меҳр) буда, ки масеҳиён дар қарни чаҳоруми милодӣ онро рӯзи таввалуди Исо қарор доданд.” [Деҳхудо 1380, с. 3220]. Аммо ба андешаи муҳаққиқ Пидром Ҷам ялдо иртиботе ба ин маросими куҳан надорад, “ва ин ном аз мутуни адабӣ ба забони рӯзмарраи мардуми оддӣ роҳ ёфтааст ва дар давраи исломӣ ба маросиме, ки аз даврони куҳан дар вақти инқилоби зимистонӣ баргузор мешавад ва ба номҳое ҳамчун озарҷашн, шаби чилла итлоқ шудааст”. Гап сари он аст, ки дар ёдгориҳои бостон ва тоисломӣ ҷашне бо номи ялдо вуҷуд надорад, инчунин ин вожа дар забону адаби арабӣ истифода намешавад, аз ин ҷо бармеояд, ки вожаи ялдо мустақиман аз забони оромӣ-сурёнӣ ба забони мо роҳ ёфтааст. Аввалин ёддошт аз ин ҷашнро дар “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ мебинем, ки он ҳам дар фасле аз аъмоли масеҳиён дар моҳҳои сурёнӣ ва милоди Масеҳ омадааст. Берунӣ онро “милоди акбар” гуфтааст, ки маънии таваллуди офтобро дорад.

Бояд гуфт, ки вожаи “ялдо” аз асри ХI то кунун дар осори адабии адибони зиёде истифода шудааст. Адибони классик вожаи ялдоро дар аксари маврид ҳамчун унсури тавсифӣ барои ифода кардани мафҳуми сиёҳӣ ва дарозии шаб, инчунин барои тавсифи муйи сиёҳу дарози дилбар ба кор бурдаанд ва “зоҳиран маънои луғавии вожа, яъне милод барои онҳо ношинохта буд” (П.Ҷам.). Тавре ки ишора шуд, вожаи ялдоро дар ашъори шоирони зиёде, амсоли Унсурӣ, Қатрони Табрезӣ, Манучеҳрӣ, Боботоҳир, Масъуди Саъди Салмон, Саноӣ, Анварӣ ва дигарон дидан мумкин аст, ки бештар корбурди адабӣ дорад. Танҳо шоироне, монанди Носири Хусрав, Саноии Ғазнавӣ, Хоқонии Шервонӣ ва Амир Муизӣ ин вожаро ба маънии милод (яъне наздик ба маънои шабе, ки дар он як рӯйдоди муҳим, аз қабили зодрузи Меҳр ё милоди Масеҳ ва амсоли инҳо рух додааст) истифода кардаанд. Масалан дар абёти зери Носири Хусрав, Амир Муизӣ ва Ҳаким Саноӣ робитаи байни Масеҳ ва ялдо мушоҳида мешавад.

Носири Хусрав:

Ӯ бар душанбеву ту бар одина,

Ту лайли қадр дорию ӯ ялдо.

Саноӣ:

Ба соҳибдавлате пайванд, агар номе ҳамеҷӯӣ,

Ки аз як чокари Исо чунон маъруф шуд ялдо.

Муизӣ:

Эзади додор меҳру кин ту гӯӣ,

Аз шаби қадр офариду аз шаби ялдо.

З-он ки ба меҳрат бувад тақарруби муъмин,

З-он ки бо кинат бувад тафохури тарсо.

М. Кадканӣ дар шарҳи муфассали байти мавриди назар аз Ҳаким Саноӣ ба ин нукта ишора мекунад, ки дар баъзе фарҳангҳо (манзур “Бурҳони қотеъ”) ялдо иштибоҳан ба маънии чокар (хидматгор)-и Исо ба кор рафтааст. Ба ақидаи ӯ, вожаи “чокарӣ”, ки дар ин байт омадааст, ба ҷуз аз ифодаи маънои аслӣ (ғуломӣ, хизматгорӣ) мафҳуми мулозимат (ҳамроҳӣ, ҳамнишинӣ)-ро низ мерасонад: “Чокарӣ мулозимат аст, Саноӣ дар ин байт мегӯяд: Аз мулозимату ҳамроҳии номи Масеҳ бо ялдо ин ном маъруф шудааст... Ин ки баъзе аз фарҳангҳо ялдоро номи яке аз мулозимони Исо навиштаанд, бакуллӣ иштибоҳ аст ва маншаи он таъбири ғалат аз ҳамин байти Саноӣ аст (муроҷиа шавад ба “Бурҳони қотеъ” ва ёддошти аллома Қазвинӣ дар ҳошияи ҳамон китоб” [Кадканӣ 1372, с. 256].

Зоҳиран, аз мутолиаи ҷумлаи “Аз мулозимату ҳамроҳии номи Масеҳ бо ялдо ин ном маъруф шудааст” чунин маънӣ бармеояд, ки номи Масеҳ дар асари мулозимат бо ялдо (шаб, як падидаи табиӣ) дар ҷаҳон маъруфу машҳур шудааст. Маъмулан баёни чунин матлаб ризоятбахш ба назар намерасад, зеро падидаҳои табиӣ (рӯзу шабу моҳу сол) дар аслу зоти худ сифати хуб ё бадро надоранд ва танҳо рӯйдодҳои дурахшони иҷтимоӣ, ки дар таърихи миллатҳо нақши созанда доранд, монанди рӯзҳои ҷашни Истиқлолу Озодӣ ё зодрӯзи шахсиятҳои муътабар, метавонанд ба падидаҳои табиӣ муҳтаво ва моҳият бубахшанд. Аз ин рӯ, агар мазмуни мисраи Ҳаким Саноиро бо як забони сода баён кунем, чунин натиҷа ба даст меояд, ки ялдо (як шаби тираву сарди зимистонӣ) дар асари рост омадан бо зодрӯзи Исои Масеҳ (як падидаи муҳимми иҷтимоӣ) дар ҷаҳон машҳур гардид. Идомаи мантиқии баҳсро Амир Муизӣ дар байте аз қасидаи худ ҳакимона баён кардааст. Шоир ҷону шамъро бо ҷисму ҷаҳон ва гетиву шаби ялдо муқоиса карда, арзишмандии ҷону шамъро нишон медиҳад:

Ту ҷони латифию ҷаҳон ҷисми касиф аст,

Ту шамъи фурӯзонию гетӣ шаби ялдо.

Инчунин, байти зери Имомии Ҳиравӣ ба яке аз вижагиҳои муҳимми шаби ялдо, яъне маросими оташафрӯзӣ дар ин ҷашн ишора мекунад. Муҳаққиқон оташафрӯзиро яке аз нишонаҳои хосси шаби ялдо арзёбӣ кардаанд: “Маросими ялдо исми вижаи ориёиҳост... маросими махсуси пайравони ойини Меҳр аст, мубориз ва зидди торикӣ... Ба ҳамин муносибат дар шабҳо оташ меафрӯхтанд, то омилони Аҳриман бигрезанд. Оташ ҳамчун хуршед дар назди эрониёни бостон тақаддусе вижа дошт ва дар шаби ялдо ё шаби таваллуди хуршед оташ меафрӯхтанду хони вижае мегустурданду аз меваҳои фасл ва меваҳои хушк дар суфра мениҳоданд...” [Халилии Маҳалла 1394, с. 12]

Имомии Ҳиравӣ:

Туӣ, к-аз партави раъйат бубинад дидаи акмаҳ

Фурӯзон дар ниҳоди санг оташ дар шаби ялдо.

Шайх Аттори Нишопурӣ ва Хоқонии Шервонӣ дар абёти зер шаби ялдоро ҳамчун “шаби обистан” тасвир кардаанд. Тасвири шаби обистан бунмояи маъноиест, ки зеҳни моро ба боварҳои куҳан, ки дар аҳди бостон дар расму ойинҳои мардуми ориёинажод ҷой доштанд, пайванд медиҳад. Дар китоби “Ойинҳои бостонӣ” шаби ялдо ҳамчун шаби обистану омодаи зоиши Меҳр – Митро арзёбӣ шудааст [ниг. Маҷидзода 1384 ,с. 125].

Аттор:

Ба иззати шаби қадру шаби ҳисоби барот,

Ба ҳурмати шаби обистану шаби ялдо.

Хоқонӣ:

Ҳама шабҳои ғам обистани рӯзи тараб аст,

Юсуфи рӯз ба чоҳи шаби ялдо бинанд.

Нуктаи ҷолиб ин ҷост, ки ойини мазкур маншаи тақвимӣ дорад ва он дарозтарин шаби сол ва оғози фасли зимистон мебошад, ки мардумони эронитабор ва мардуми Шарқ онро бо номҳои шаби Ялдо ва шаби Чилла ҷашн мегирифтанд ва масеҳиёни тамоми манотиқи олам низ ин рӯзро милоди Масеҳ дониста, онро бо номҳои “Christmas”, “Рождество” ҷашн мегиранд.

Одоб ва русуми шаби ялдо дар манотиқи гуногун аз ҳам фарқ мекунад. Дар Эрон дар шаби ялдо суфра бо анори донашуда, ки меваи биҳиштӣ маҳсуб меёбад ва аз намоди баракату борварӣ ва ранги сурх паёми рӯзҳои равшан аст, боз мекунанд. Тарбуз рамзи меваи тобистонист, ки нурҳои хуршед, гармову баракатро то оғози зимистон ва хони ялдоӣ меорад. Меваҳои рангаш сурху норинҷӣ аз қабили себу хурмову мандарин инчунин кадуи бо асалу дорчин пухта ва таркибе аз чормағзу пиставу фундуқу бодом ва мева низ мегузоранд. Инчунин ба хони ялдоӣ китобҳои “Шоҳнома” ва ғазалиёти Ҳофизро мегузоранд, зеро бо мурури замон шоҳномахонӣ ва фоли Ҳофиз гирифтан ба русуми ин ҷашн табдил ёфтааст.

Дар Тоҷикистон барои шаби чилла шириниҳое ба шакли ҳайвонот мепазанад ва ба рӯи ҳавлии хонаҳояшон гандум мепошанд. Хонаводаҳо дар шаби чилла ва чиллаи бузург дар гирди сандалӣ нишаста ба нақли афсонаву ривоятҳо мепардохтанд.

Дар Афғонистон низ хони пурғизо ва анвои мева ороста, анорҳоро дар сабад мечинанд, ки ба қавле намоде аз чархаи зиндагиянд. Сипас, дар ин шаби тулонӣ то дами субҳ бо меҳмонҳо ба шунидани достонҳои асотирӣ ва қиссаҳои аз даврони куҳан ба ёдгор монда гӯш медиҳанд. Ҳадя додан ба арусу домод аз суннатҳои қадимии ялдои ин сарзамин аст.

Дар Покистон дар ин шаби тӯлонӣ мардум ба дуо ва ниёиш мепардозанд ва ҳаммом кардан ва оташ афрӯхтану шодиву рақсидан аз суннатҳои ҷашни ин маросим аст.

Ҷашни инқилоби зимистонӣ дар Шарқи Осиё, монанди кишварҳои Чин, Ветнам, Корея, Ҷопон бо фестивалҳои хосе ба ин муносибат баргузор мешаванд. Инчунин Ялдо дар манотиқи мухталифи олам аз ҷумла Амрикои ҷанубӣ, Африқо тибқи маросимҳои сокинони ин манотиқ баргузор мешавад.

Шаби чилла ва ҷашни он аз суннатҳои қадимии мардуми мост. Мусаллам аст, ки тамаддуну фарҳангҳои бузург ва ғанӣ, ки дар муддати хеле тӯлонии таърихӣ ташаккулу такомул ёфтаанд, ҳангоми бархурди тамаддунҳо аз худ муқовимат ва муқобилату устувории матину ҳайратангез нишон додаанд, ҳатто тарафи муқобилу зӯровар аз ин фарҳанги ғанӣ чизҳои арзишмандеро пазируфтааст. Аз ҷумла Наврӯзу шаби Чилла, ки аз умқи таърих то ба имрӯз омада, бино бар устувориву матонати мардуми мо он аз байн нарафт ва ҳатто боиси он шуд, ки ақвоми дигар онро бипазиранд, аммо дар пӯшиши нав. Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир бархурдҳои фарҳангӣ шакли зӯровару хушунатомез касб кардаанд. Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа доимо аз пос доштани фарҳангу расму ойину суннатҳои гузашта таъкид мекунанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолу озодии сиёсиву фарҳангии кишварамон ва ибтикороти Президенти кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”.

Пешниҳод дорем, ки рӯзи 21 декабр – рӯзи оғози фасли зимистону чиллаи бузург ва шаби тӯлонитарини солро, ки ҷанбаи фарҳангиву илмиву таърихӣ дорад, дар радифи ҷашнҳои миллии аҷдодӣ Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада бо номи Шаби чилла (Ялдо) поси хотири фарҳангу суннатҳои қадимӣ дар тақвими Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта ва ҷашн гирифта шавад.

Шарифзода Фарангис - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Бухориев Олим – ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Адабиёт:

Берунӣ. Осор-ул-боқия.- Душанбе: Ирфон, 1990. – 432 с.

Кристенсен, А. Эрон дар замони Сосониён / А. Кристенсен / Тарҷумаи Р. Ёсамӣ. – Теҳрон: Шобак, 1393 ҳ. – 888 с.

Яштҳо. Иборат аз 2 ҷилд. Ҷ. 1. / Шарҳу тавзеҳоти И. Пуридовуд. – Теҳрон: Асотир, 1377. – 744 с.

Маҷидзода М. Оинҳои бостонӣ / М. Маҷидзода. – Сорӣ: Пажуҳишгоҳи фарҳангӣ.- 1384. – 192 с.

Кадканӣ, М. Тозиёнаҳои сулук / М. Кадканӣ. – Теҳрон: Огоҳ, 1372 – 544 с.

Деҳхудо, А. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Иборат аз 2. Ҷилд. Ҷ.1. / А. Деҳхудо. – Теҳрон: Донишгоҳи Теҳрон, 1380. – 1609 с.

Халилии Маҳалла М. ва ҳамкорон. Ҷашнҳои устураии Эрон намоди фарҳанг ва тамддуни қавми ориёӣ / М. Халилии Маҳалла ва ҳамкорон // Ҳамоиши байналмилалии ҷусторҳои адабӣ, забон ва иртибототи фарҳангӣ.– Теҳрон, 1394, давраи баргузории 1. – С. 1-17.

Ҷам П.- Ялдо//Пажӯҳишҳои эроншиносӣ.-Теҳрон, 1397.

Дар даврони пурифтихори соҳибистиқлолии давлатӣ, бо роҳнамоӣ ва талошҳои пайвастаи фарзанди арҷманди миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар дигаргуниҳои амиқ ва созанда амалӣ гардиданд. Ислоҳоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ки бо ҳидояти хирадмандонаи Пешвои миллат роҳандозӣ шуданд, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеа замина гузоштанд. Ин тадбирҳои ҳаётан муҳим Тоҷикистонро ба марҳилаи навини пешрафт ворид намуда, онро ба ҷомеаи мутамаддин ва босуботи муосир табдил доданд.

Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 дар толори калони “Парлумони Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои марҳилаҳои минбаъдаи рушд муайян намуда, ҳамзамон вобаста ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, иқтисоду саноат, энергетика ва дигар масъалаҳои муҳими кишвар вазифаҳои мушаххасу муҳимро дар назди сохторҳои дахлдор гузошт. Паём аҳамияти таърихӣ дошта, на танҳо миёни зиёиён ва аҳли илм, балки дар миёни кормандони давлатӣ, роҳбарони сохторҳо ва тамоми шаҳрвандони кишвар интизори гарму самимӣ меёфт. Ҳар бор, ки Пешвои миллат Паёмро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамоянд, суханони Сарвари давлат бо андешаҳои тоза ва роҳнамоӣ барои зиндагии шоистаи мардум садо медиҳанд. Ин суханон ба умеду ормонҳои ҷомеа ҳамсадо гардида, дар қалбу зеҳни мардум ҷой мегиранд.

Аз ин лиҳоз, Паём на танҳо як суханронии сиёсӣ, балки дастури ҳаётӣ барои ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҳар як шаҳрванди кишвар онро бо эҳтиром ва самимият мепазирад, зеро суханони Сарвари давлат ба орзуву умедҳои мардум ҳамсадо буда, роҳи равшани амалро нишон медиҳанд. Гӯш додан ба Паём маънои пайравӣ аз арзишҳои миллӣ ва умумибашариро дорад, ки мардумро ба ваҳдат, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ раҳнамоӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки ҳар фарди ҷомеа нуктаҳои Паёмро ба фаъолияти ҳаррӯзаи худ ворид намуда, онро ҳамчун барномаи амал ва меъёри зиндагӣ истифода мебарад.

Паёми и мсола масъалаҳои калидии марбут ба пешрафт ва тамаддуни кишварро фаро гирифта, дар он аз рӯйи ҳамаи самтҳои фаъолияти давлатӣ ҷамъбаст сурат гирифта ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда муайян карда шудаанд. Дар ин замина, яке аз соҳаҳои муҳими давлатдорӣ, ки пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад, соҳаи илму маориф ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Сарвари давлат қайд карданд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”. Маҳз илму маориф омили калидии ташаккули ҷомеаи пешрафта ва кафолати рушди устувори кишвар маҳсуб меёбанд. Сарвари давлат таъкид доранд, ки заминаи мустаҳками рушди ин соҳаҳо имрӯз гузошта шудааст ва он ҳамчун сармояи пойдор ба ояндаи дурахшони кишвар хизмат мекунад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо раҳбарии Сарвари давлат, дастгирии илму маорифро сармоягузорӣ ба бақои давлат ва рушди устувори ҷомеа арзёбӣ менамояд. Аз ин рӯ, маблағгузории соҳаҳои мазкур сол то сол афзоиш меёбад. Айни замон ҳиссаи хароҷоти буҷети давлатӣ ба илму маориф беш аз 21 фоизро ташкил медиҳад, ки нишондоди равшани сиёсати устувори давлат дар самти таъмини рушди зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа мебошад. Тибқи барномаҳои молиявӣ, барои соҳаи маориф дар соли 2026 қариб 14 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст. Ин маблағ нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз зиёд буда, дар муқоиса бо соли 2015 панҷуним маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо далели равшани онанд, ки бо сиёсати босамари Сарвари давлат, рушди илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа ва кафолати ояндаи миллат мавқеи махсус ва аҳамияти хоса дорад.

Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, илму маориф ҳамеша мавқеи хоса дорад. Маҳз бо ҳидоят ва пуштибонии Пешвои миллат омӯзиши пиряхҳо ҳамчун яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки илмии кишвар эътироф шудааст. Пиряхҳо на танҳо манбаи оби тоза, балки омили муҳими тавозуни иқлимӣ ва амнияти экологӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳифз ва омӯзиши онҳо бо дастгирии роҳбарияти давлат аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ касб намуд.

Бо ташаббус ва дастгирии Тоҷикистон, соли 2025 бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид. Ҳамзамон, солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи илмҳои криосфера» муайян шуданд. Ин иқдомҳо, ки бо пуштибонии Пешвои миллат амалӣ гардиданд, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам сохтанд.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат аз тамоми сохторҳои дахлдор даъват ба амал оварданд, ки фаъолияти илмӣ ва амалии худро дар самти омӯзиши пиряхҳо густариш дода, дастовардҳои илмии кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Ин раванд бо дастгирии роҳбарияти давлат на танҳо ба рушди илмҳои табиӣ мусоидат мекунад, балки Тоҷикистонро ба маркази муҳими таҳқиқоти байналмилалӣ дар соҳаи криосфера табдил медиҳад.

Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала ва бо дастгирии Пешвои миллат, пешниҳод шуд, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад. Ин иқдом ба таҳкими заминаи илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии васеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум, Паёми имсолаи Сарвари давлат ба масъалаҳои муҳими рӯзмарра бахшида шуд. Дар он таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид, зиндагии шоиста ва бароҳати шаҳрвандон аз самтҳои асосии сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Ин нуқтаҳо на танҳо ҳамчун барномаи амал, балки ҳамчун омили таҳкими ваҳдат, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори кишвар арзёбӣ мешаванд. Паём бо равшанӣ нишон дод, ки беҳбуди шароити зиндагӣ ва ҳимояи манфиатҳои мардум дар маркази диққати роҳбарияти давлат қарор дошта, барои ҳар як фарди ҷомеа заминаи зиндагии арзанда ва ояндаи дурахшонро таъмин месозад. Бо ин мақсад, аз 1-уми сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Ҳамзамон, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар сохторҳои дахлдор низ 20 фоиз боло бурда мешавад.

Дар баробари ин, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад. Бо мақсади дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда мешаванд.

Ин тадбирҳо далели равшани онанд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин самт минбаъд низ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои таъмини зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони ҷомеа заминаи устувор гузошта мешавад.

Дар Паёми имсолаи худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъалаҳои марбут ба занон ва бонувон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд ва нақши занону духтарони бонангу номуси Ватан дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мегардад. Аз талошҳои онҳо барои бунёди ояндаи ободу осудаи кишвар ифтихор карда мешавад.

Дар Паём қайд гардид, ки баланд бардоштани мақоми занон, тарбия ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад. Ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт ва имконият фароҳам меорад, ки занон дар ҷомеа бо иқтидор ва масъулияти бештар фаъолият намоянд.

Сарвари давлат бо итминон изҳор намуданд, ки занону бонувони мамлакат дар тарбияи фарзандон нақши калидӣ доранд. Онҳо бояд фарзандонро дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар тарбия намоянд, қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро риоя кунанд ва дар эҳёи расму ойинҳо, суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саҳми арзанда гузоранд.

Ин таъкидҳо аз Паёми имсолаи Сарвари давлат далели равшани онанд, ки сиёсати иҷтимоии кишвар ба қадршиносӣ ва дастгирии занон равона шудааст. Занон ҳамчун нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар рушди устувори давлат нақши муҳим доранд ва ин сиёсат минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Дар анҷом метавон гуфт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як суханронии сиёсӣ, балки дастури ҳаётӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Он ҳамчун барномаи амал роҳи равшани пешрафтро нишон дода, ҷомеаро ба ваҳдат, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ раҳнамоӣ мекунад. Паём бо мазмун ва аҳамияти худ мардумро ба ҳамбастагӣ ва созандагӣ даъват намуда, Тоҷикистонро ба сӯи рушди устувор, суботи иҷтимоӣ ва ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд.

Қоҳирова Гулчеҳра - узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Рушди устувори ҳар як давлат дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ пеш аз ҳама ба сатҳи рушди илм, маориф ва истифодаи самараноки захираҳои зеҳнӣ вобастагӣ дорад. Дар ин раванд фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳамчун пояи асосии пешрафти илмӣ-техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мақоми калидӣ касб менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди ин фанҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муайян менамоянд. Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии рушди кишварро муайян карда, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро омили муҳими ташаккули иқтисоди донишбунёд ва баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ арзёбӣ менамояд.

Дар шароити рушди босуръати илму техника ва технологияҳои муосир нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар пешрафти ҷомеа пайваста афзоиш меёбад. Ин фанҳо қонунҳои табиат, равандҳои физикӣ, химиявӣ, биологӣ ва ҳисоббарориҳои мантиқиро меомӯзанд, ки маҳз онҳо асоси рушди соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ, тиб, муҳандисӣ ва инноватсияро ташкил медиҳанд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки бидуни рушди илми дақиқ ва риёзӣ ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, рақамикунонии иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, рушди фанҳои дақиқ ҳамчун заминаи асосии таъмини амнияти илмӣ, технологӣ ва иқтисодии кишвар баррасӣ мегардад.

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба такмили низоми таълим, навсозии барномаҳои таълимӣ ва мутобиқсозии онҳо ба талаботи замони муосир равона гардидааст. Дар Паёмҳо зарурати бознигарии муҳтавои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо дарназардошти пешрафтҳои илми ҷаҳонӣ ва талаботи бозори меҳнат таъкид карда мешавад. Таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо озмоишгоҳҳои муосир, истифодаи технологияҳои рақамӣ, платформаҳои таълимии электронӣ ва усулҳои интерактивии таълим аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба баланд бардоштани сифати таълим мусоидат менамоянд.

Дар Паёми Пешвои миллат нақши омӯзгор дар рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мавқеи махсус дорад. Омӯзгор ҳамчун шахсияти калидӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии насли наврас ва ҷавонон баррасӣ гардида, баланд бардоштани сатҳи касбии ӯ яке аз вазифаҳои муҳими давлат шуморида мешавад. Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки омӯзгор бояд на танҳо донишманд, балки дорои тафаккури навоварона ва қобилияти татбиқи усулҳои муосири таълим бошад. Такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои амалӣ ва таҳқиқоти озмоишӣ дар раванди таълим ба ташаккули тафаккури илмӣ ва эҷодии хонандагон мусоидат мекунад.

Ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқӣ яке аз ҳадафҳои асосии рушди фанҳои дақиқ ва риёзӣ мебошад. Омӯзиши амиқи ин фанҳо қобилияти таҳлил, хулосабарорӣ ва ҳалли масъалаҳои мураккабро дар хонандагону донишҷӯён ташаккул медиҳад. Дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи дастгирии ҷавонони лаёқатманд таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, баргузории олимпиадаҳо, озмунҳои фаннӣ, таъсиси синфҳо ва мактабҳои тамоили техникӣ ва риёзӣ ҳамчун роҳҳои муассири рушди иқтидори зеҳнии кишвар арзёбӣ мегарданд. Ин тадбирҳо ба омодасозии мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир замина фароҳам меоранд.

Робитаи илм, маориф ва истеҳсолот яке аз масъалаҳои муҳиме мебошад, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид шудааст. Фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бояд на танҳо хусусияти назариявӣ дошта бошанд, балки дар ҳалли масъалаҳои амалии иқтисод ва саноат нақши муассир бозанд. Ҷорӣ намудани таҳқиқоти амалӣ, таъсиси марказҳои илмӣ-инноватсионӣ, рушди стартапҳо ва ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ имконият медиҳад, ки натиҷаҳои илмӣ ба маҳсулоти рақобатпазир табдил ёбанд ва рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардад.

Саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи стратегии миллӣ дар сиёсати давлатӣ мақоми хос дорад. Дар ин раванд фанҳои дақиқ ва риёзӣ заминаи асосии рушди технологияҳои саноатӣ, автоматикунонӣ ва рақамикунонии истеҳсолот маҳсуб меёбанд. Омодасозии муҳандисон, барномасозон, физикон, химикон ва дигар мутахассисони соҳаи техникӣ бевосита ба сатҳи рушди фанҳои дақиқ вобастагӣ дорад. Пешвои миллат ба рушди таҳсилоти техникӣ ва касбӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, онро омили муҳими пешрафти саноат ва иқтисоди миллӣ арзёбӣ менамоянд.

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи илм ва маориф низ яке аз самтҳои муҳими зикршуда дар Паёми Пешвои миллат мебошад. Табодули таҷриба, татбиқи стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ, ҷалби лоиҳаҳои муштарак ва сармоягузорӣ ба инфрасохтори илмӣ ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат мекунад. Ин ҳамкориҳо имконият медиҳанд, ки сатҳи таҳқиқоти илмӣ боло рафта, мутахассисони ватанӣ дар фазои илмии байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намоянд.

Дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ аҳамияти фанҳои дақиқ ва риёзӣ боз ҳам меафзояд. Барномасозӣ, зеҳни сунъӣ, таҳлили додаҳо ва технологияҳои рақамӣ маҳсули рушди илми дақиқ буда, Пешвои миллат ба омодасозии мутахассисон дар ин самтҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Рушди фанҳои дақиқ ҳамчун заминаи асосии рақамикунонии иқтисод ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ баррасӣ мегардад.

Ҳамин тариқ, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат ҳамчун омили асосии пешрафти илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатӣ дар ин самт имкон медиҳад, ки иқтидори зеҳнии кишвар тақвият ёфта, иқтисоди донишбунёд ташаккул ёбад ва сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад. Рушди устувори ин фанҳо на танҳо ояндаи илм ва маориф, балки ояндаи давлат ва ҷомеаи Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард.

Муовини директор оид ба илм ва таълими Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ Каримов Олимҷон Худойбердиевич