Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илми муносибатҳои байналмилалӣ мафҳуми навро ба мисли «дипломатияи об»-ро ворид намудаанд, ки дар он тамоми ташаббус ва ғояҳои минбаъда оид ба истифодаи захираҳои об дар ҷаҳон гирд оварда шудааст. Кулли ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», Соли байналмилалии оби тоза(2003), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои2018-2028” дар рушди соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ саҳми арзанда гузоштааст.
«Ҳамаи ин ташаббусҳо танҳо ба як ҳадаф, яъне ба таъсиси минбари универсалӣ барои муҳокима ва дарёфти роҳҳои оқилонаи мушкилоти марбут ба захираҳои об, равона гардида буданд. Муаллифи ин ҳама ташаббусҳои ҷаҳонии об Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо андешаҳои созандаи худ дар соҳаи истифодаи байналмилалии об на танҳо обрӯи байналмилалии Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказиро боло бурдаанд. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст: «Об дар рушди башарият нақши муҳим дорад. Мардум аз кадимулайём дар назди манбаҳои об, ки ҳаёту ободӣ мебахшанд, маскан мегирифтанд. Воқеан, об сарчашмаи ҳаёт аст ва инсоният ҳамеша онро ҳамчун сарвати муқаддас ситоиш ва истиқбол кардааст. Дар шароити кунунии афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди иқтисодӣ ва таъсири дигар чолишҳо, ки фишори изофӣ ба захираҳои табииро ба вуҷуд меоранд, арзиши об ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт”. Аз ин рӯ, ташаккули муколамаи созандаи об ва рушди дипломатияи об метавонад барои шарикии дарозмуддати байни кишварҳо дар соҳаи истифодаи об шароит фароҳам оварад ва аз низоъҳои оянда барои об пешгирӣ кунад» [1].
Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамоии сиёсӣ ва ҳамзамон масъулияти худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ устуворона нишон дода, барои муттаҳидсозии минбаъдаи саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус сарварони сиёсии ҷаҳонӣ дар қабул ва татбиқи тадбирҳо ҷиҳати таъмини идоракунӣ ва истифодаи самарноки захираҳои об дар сайёра шароити мусоид фароҳам меоварад. Гурӯҳи байналмилалии дӯстони об, ки бо ибтикори Тоҷикистон таъсис ёфтааст, имрӯз ҳудуди 50 кишвари узвро муттаҳид намуда, дар баррасии мушкилоти об ва қабули қарорҳои дахлдор дар доираи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ саҳми мусбат мегузорад. Ба шарофати хидматҳои хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон имрӯз худро ҳамчун як нақшофари муҳими ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ муаррифӣ мекунад.
Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақсими одилона ва бародаронаи захираҳои об ба тамоми ҳамсоягони худ саҳм гузоштааст, зеро дар ҳаҷми зиёда аз 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ҷамъоварӣ шудааст. Тоҷикистон масъулияти глобалии худро барои сарнавишти минтақаи Осиёи Марказӣ ҳис карда, ҳамзамон Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ва ду комиссияи он –КБҲО ва КБРУро таъсис дод, ки барои баррасии муҳимтарин масъалаҳои оби фаромарзӣ дар минтақа замина фароҳам меоварад.
Бар асоси ақидаҳои болозикр бо масъулияти баланд изҳор менамоем, ки ташаббусҳои пешниҳодкардаи Сарвари давлатамон оид ба об ва дастгирии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҳам обрӯи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ҳам Тоҷикистонро низ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ боло бурд. Ин иқдомҳо ба ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи дипломатияи об дар ҷаҳон таъсири мусбат хоҳанд дошт.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз як Сарвари сиёсии аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣэътирофшуда ва бонуфузи глобалӣ буда, на танҳо дар муайян кардани рӯзномаи сиёсати байналмилалӣ, балки барои ҳалли масъалаҳои доғи глобалӣ қодир аст. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, ки соли 2017 ба кишвари мо сафар кард, аз иқтидори обии Тоҷикистон ба ваҷд омада буд, низ ҳамин гуна ақида дорад. Ӯ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд додааст. Дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои2018-2028» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунташаббускори асосии қабули Даҳсолаи нави байналмилалӣ аввалин шуда даҳсолаи нави обро расман ифтитоҳ намуд. Яъне ӯ ба татбиқи як ташаббуси дигари Тоҷикистон дар кулли сайёра шурӯъ кард. Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои2018-2028» баргузор гардид. Фикр мекунам, ки ба шарофати ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик лоиҳаҳои зиёди байналмилалӣ ба беҳбуди дастрасии мардум ба манбаҳои об, бахусус дар кишварҳои сераҳолии Африқо, Осиё ва Амрикои Лотинӣ амалӣ хоҳанд шуд.
Моҳи декабри соли2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузоштааст, якдилона қабул кард. Иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 кишвари узви ин созмон дастгирӣ карданд. Қабули чунин як қатъномаи муҳим ва муфид барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гардид.
Бар асоси ин қатънома 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуда, ҳамчунин тасмим дар СММ дар бораи таъсиси Хазинаи байналмилалии мақсаднок барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо ва баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид.Ин иқдоми бузурги Пешвои миллат воқеан ҳам барои инсоният ва сайёраи мо аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиату захираҳои об, ҳаёти инсоният дар маҷмӯъ дар сайёраи мо нигаронида шудааст.
Нақши пиряхҳо дар таҳаввулоти Замин ва инсоният хеле калон аст. Инкишофи муҳити ҷуғрофии кураи Замин бо мувозинати гармию намнокӣмуайян карда мешавад, ки он ба равандиташаккул ва тагйирёбии пиряххо хеле вобаста аст.
Пиряхҳо ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани боришот ба иқлими Замин таъсир мерасонанд. Бинобар ин зарур аст, ки инсоният ба обшавии пиряххо роҳнадиҳад. Агар пиряхҳо об шаванд, ҳарорати миёнаи солонаи Замин метавонад баланд шавад ва ба ҳаёти инсон таъсири манфӣ расонад. Гузашта аз ин, пиряхҳо манбаи асосии оби ошомиданӣ буда, ягона захираи оби тозаро дар сайёра ташкил медиҳанд. Ин воқеият на танҳо барои аҳолии Замин, балки барои ҳайвонот ва наботот низ ниҳоят муҳим аст. Пиряхҳо дарёҳои нав ба вуҷуд меоваранд, ки бидуни онҳо зироаткориро тараққӣ додан ва инсониятро бо озуқа таъмин кардан ғайримкон аст.
Дар даҳсолаҳои охир дар ҷаҳон афзоиши тавозуни миёнаи ҳарорат мушоҳида мешавад. Ин руйдод ба “падидаи гармхонаӣ” марбут аст, ки бо ифлосшавии ҳаво алоқаманд аст. Дар натиҷаи ҳамаи ин падидаҳо обшавии пиряхҳо ва хеле кам шудани масоҳати онҳо ба амал меояд.
Имрӯз пиряхҳо дар саросари ҷаҳон босуръат коҳиш меёбанд. Таъкид мешавад, ки то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт. Тақрибан 1,5-2 миллиард нафар сокинони кишварҳои мухталифи Осиё, Аврупо ва Амрико бо камбуди об дучори мушкилот мешаванд ва дарёҳое, ки аз пиряхҳо меоянд, хушк мегарданд. Дар баробари ҳамин сатҳи баҳрҳо ва уқёнусҳо баланд шуда, заминҳои назди соҳилҳо зери об мемонанд. Ин падидаи фалокатбор ба рушди зироат ва зиндагии мардум таъсири манфӣ хоҳад расонид. Яъне обшавии пиряхҳо башариятро бо афзоиши мушкилоти экологии ҷаҳонӣ рӯбарӯ мекунад.
Дар ибтидои асри 21 таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли проблемаҳои ҷаҳонии экологӣ хеле афзуд. Ин падида аз он сабаб ба миён меояд, ки инсоният мушкилоти кам шудани захираи ҳавои тоза ва обро дарк мекунад. Ин воқеиятро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқ мекунанд. Дар ин радиф таҳқиқоти олимон низ манзараи ташвишовари вазъияти сарватҳои табиӣва дурнамои онҳоро нишон медиҳад.
Яке аз таҳдидҳои глобалӣ ба ҳаёти инсонҳо ин коҳишёфтани захираҳои об мебошад. Мушкилоти истифодаи об дар ҷаҳон омили муҳими таъсиргузор ба иқтисодиёт ва иҷтимоёт, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ мегардад. Пас аз афзоиши шумораи аҳолӣ дар сайёраи Замин ҳаҷми истеъмоли об низ афзоиш ёфтааст. Аммо захираҳои об торафт кам мешавад.
«Истеъмоли об дар ҷаҳон, аз ҷумла дар саноат, дар тӯли беш аз 100 соли охир бо суръат афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 700 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар шароити норасоии оби тоза ба сар мебаранд.
Ба ақидаи олимон, то соли 2025 то 3 миллиард нафар,дар сурати наандешидани чораҳои изтирорӣ, бидуни оби ошомиданӣ ва маишӣ хоҳанд монд. Тақрибан дар давраи аз соли 2035 то соли 2045 ҳаҷми оби тозаи истеъмолшаванда ба захираи он баробар хоҳад шуд. Тибқи ҳуҷҷатҳо, танҳо 2,5% оби мавҷуд дар рӯи замин тоза ва ошомиданист.
Набудани оби тоза метавонад боиси мушкилоти ҷиддии иҷтимоии марбут ба саломатии инсон гардад. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 88 дарсади бемориҳо дар ҷаҳон ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва нарасидани оби маишӣ алоқаманд аст.
Таърихи инсоният далели он аст, ки нарасидани об боиси муноқишаҳои мусаллаҳонаи байни давлатҳо мегардад. Тайи даҳ соли ахир дар 46 кишвари дорои 2 миллиарду 700 миллион аҳолӣ низ чунин низоъҳо рух дода, дар 56 кишвари дорои 1 миллиарду 200 миллион аҳолӣ хатари ҷиддии бесуботии сиёсӣ вуҷуд дорад. Хусусан дар баробари бад шудани вазъияти муҳити зист ихтилофи байни давлатҳо дар Шарқи Наздик ва Миёна, Осиёи Миёна ва Африқои Шимолӣтезу тунд мешавад»[2].
Захираҳои маҳдуди об дар ҳавзаҳои дарё рақобатро байни кишварҳо боз ҳам шадидтар мекунанд. Эҳтимолияти ба вуҷуд омадани ихтилофот дар асоси манфиатҳои иқтисодӣ байни давлатҳои ҳамсоя, ки дар сарчашмаҳо ва оғози дарёҳо ҷойгиранд, хеле меафзояд. Дар ин шароит зиддияте, ки бо нарасидани об алоқаманд аст, байналхалқӣ мегардад ва оқибатҳои эҳтимолии муборизаи байни давлатҳоро пешгӯӣ кардан хеле душвор хоҳад шуд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати муосири об ва роҳу усулҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок шудаи ҳалли мушкилоти он ниёз дорад. Дар ин замина сиёсати об бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат дониста шавад. Он бояд воситаи асосии таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ва расидан ба ҳадафҳои миллӣбошад.
Имрӯз омӯзиши амиқи масъалаҳои ҳалли мушкилоти об, сиёсати одилонаи марбут ба минтақаи Осиёи Марказӣ, дарки нақш ва таъсири он ба равандҳои муосири геополитикии минтақа хеле мубрам ва муҳим аст.
Ҳадаф аз ибрози ин нуктаҳо,пеш аз ҳама аз равшанӣ андохтан ба мазмуну моҳияти ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об ва истифодаи самаранок ва оқилонаи он мебошад, ки бо назари мо, ба ҳалли яке аз мушкилотиасосии башарият, яъне раҳо шудан аз буҳрони об нигаронида шудааст.
Дар замони ҷаҳонишавӣ олами муосир буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, маънавию фарҳангиро паси сар карда, нуқтаи гардиши марбут ба оби тоза яке аз муҳимтарин ва мураккаби онҳост.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» моҳи июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе қайд намуданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гармшавии глобалӣ садҳо миллион доллари ШМА зарар дидааст”. Ба ақидаи Сарвари давлати тоҷикон, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ба иқтисодиёти ҷумҳурӣзарари калон мерасонад, зеро Тоҷикистон кишвари кӯҳистон буда, пиряхҳои зиёд дорад.
Дар натиҷаи ин раванд афзоиши бесобиқаи обхезӣ, фурӯпошии пиряхҳо, хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ ба амал омадааст. Дар давоми чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон беш аз ҳазор пирях об шуда, пиряхи калонтарин дар рӯи замин Федченко, ки дар кишвари мо воқеъ аст, 16 километри мукааб ва масоҳаташ 45 километри мураббаъ коҳиш ёфтааст. Дар ин робита ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро барои давраи то соли 2030 қабул кард. Барои назорати ин равандҳо ва андешидани чораҳои мутобиқсозии онҳо ҳукумати Тоҷикистон дар Маркази омӯзиши пиряхҳоро дар назди Академияи миллии илмҳо таъсис дод. Қобили зикр аст, ки майдони пиряхҳо ҳашт фоизи қаламрави кишварро ташкил медиҳад.
Аз ин рӯ, иқдоми навбатии байналмилалии Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон идомаи мантиқии ташаббусҳои марбут ба ҳифзи захираҳои об дар ҷаҳон мебошад.Боз як бори дигар таъкид намудан ҷоиз аст,ки бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби ширин, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», 2013-ро Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалӣ «Об барои рушди устувор» эълон намуданд, ки ҳадафаш беҳбуди истифодаи об ва таъмини баробарӣ дар дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтаанд, ба ҳалли мушкилоти об ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам дар кишварҳои алоҳида мусоидат карданд.
Дар ин росто, баргузории муколамаи созанда дар мавзӯи об, рушди дипломатияи об, ташаббусҳои нави марбут ба захираҳои об, аз қабили эъломияи “2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” метавонад барои ҳамкории дарозмуддати байни кишварҳо дар соҳаи истифодаи захираҳои обшароит фароҳам оварда дар оянда низоъҳои марбут ба ин мушкилотро пешгирӣ кунанд.Дар ин қатъномаи СММ аҳамияти пиряхҳо ба дурнамои рушди инсонӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор таъкид шудааст.
Қобилизикр аст, ки бори аввал дар соли 2009 дар нишасти ҷонибҳо оид ба тағирёбии иқлим дар Дания, инчунин дар нишастҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико ва баъдан дар моҳи марти соли2021 дар ҷаласаи аввали сарони Эътилофи обу иқлим, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари истеъмоли аз ҳад зиёди об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ алоқаманд аст, оқибатҳои ногувор дорад. Қайд гардид, ки паёмадҳои гармшавии глобалӣ ва коҳиши пиряхҳо, бахусус дар манотиқи кӯҳистонӣ, дар сатҳи геополитикӣ, геофарҳангӣ ва геостратегии ҷаҳони муосир боиси падидаҳои фоҷиавӣ мегардад.
Ин аст, ки ташаббуси нави созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани «Соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 марти ҳар сол таҷлил намудани «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», инчунин таъсиси «Махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Хазинаи ҳифзи пиряххо», ки ба наҷот додани инсоният нигаронида шудааст, бояд ҳаматарафа дастгирӣкарда шавад ва он роҳи ояндаи дурахшони Замин ва инсоният мебошад.
Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра, - директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа
Адабиёти истифодашуда:
1. Рустам Хайдаров, политолог: «Эмомали Рахмон своими конструктивными идеями в сфере международного водопользования повысил международный имидж не только Таджикистана, но и всей Центральной Азии». Электронный ресурс// https: khovar.tj/rus/2018/03/rustam-hajdarov-politolog-emomali-rahmon-svoimi-konstruktivnymi-ideyami-v-sfere-mezhdunarodnogo-vodopolzovaniya-povysil-mezhdunarodnyj-imidzh-ne-tolko-tadzhikistana-no-i-vsej-tsentralnoj-azii/ [17.07.2024]
2. Хайдаров Р.Дж. Инициатива Президента Таджикистана по сохранению ледников. Она должна быть всесторонне поддержана и является путём к светлому будущему Земли и человечества. Электронный ресурс //https: khovar.tj/rus/2023/02/initsiativa-prezidenta-tadzhikistana-po-sohraneniyu-lednikov-ona-dolzhna-byt-vsestoronne-podderzhana-i-yavlyaetsya-putyom-k-svetlomu-budushhemu-zemli-i-chelovechestva/ [17.07.2024]
Тавре, ки маълум аст, идеологияи сиёсии Ҳаракати толибон ё толибизм аз замони пайдо шуданаш на танҳо дар Афғонистон, балки дар миёни аҳолии Покистон низ хеле ба осонӣ ва хеле васеъ паҳн гардид. Ин ҳама сабабҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мафкуравӣ дорад: мардуми кишварҳои мазкур аз лиҳози иқтисодӣ дар сатҳи хеле пасти некӯаҳволӣ қарор доранд, ки барои қабули ҳама гуна ақидаҳои динию хурофотӣ ва радикалию террористӣ, инчунин зиддиҳукуматӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Беҳуда нест, ки ҳадафи зиддиҳукуматии терроризмро муҳаққиқони зиёд маҳз дар ҳамин омил дидаанд: «шаҳрвандонро бовар кунонидан ба он, ки ҳукуматҳои онҳо барои пешгирии амалҳои террористӣ қодир нестанд» пас аз бе муваффақият анҷом ёфтани даврони зӯран таҳмил намудани сиёсат ва идеологияи коммунистӣ дар Афғонистон мардуми онро идеологияи исломӣ бештар ҷалб месозад, ки инро толибон барои паҳн намудани идеяҳои худ моҳирона истифода мебаранд.
Дар асоси гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки шароити мавҷудаи иқтисодӣ ва фазои динии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки ҳукмронии идеологияи коммунистиро пушти сар кардаанд, бо сабабҳои минтақавию объективӣ ба шароити Афғонистон баъзе шабоҳатҳо дошта, инро толибон ва ё дигар акторҳои байналмилалӣ метавонанд бо пайдо кардани замону мавзеи мувофиқ барои паҳн сохтани идеологияи сиёсию динии толибизм истифода кунанд. Аз ин рӯ, яке аз оқибатҳои назариявию амалии ин идеологияи иртиҷоиро барои амнияти Тоҷикистон, аз нигоҳи мо, метавон таҳдид ба паҳншавии ин идеологияи иртиҷоӣ ва ё идеяҳои алоҳидаи он дар миёни баъзе диндорон ва шахсони мавқеи устувори шаҳрвандӣ надошта ҳисоб намуд. Роҳҳои мубориза бо инро бошад, метавон чунин муайян сохт: манъи таблиғи идеологияи толибизм тавассути воситаҳои ахбори омма, хусусан, пешгирӣ аз пахши каналҳои телевизиону радиои толибон бо мавҷгирҳои радифӣ; пешгирӣ аз паҳнсозии адабиёти толибӣ дар қатори маводи чопии ба идеологияҳои дигари радикалию динӣ дахлдошта аз тарафи ташкилоти ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ё шахсони алоҳида.
Аз ҷониби дигар, толибон таҷрибаи собиқи иртиботи ҳаракатҳои исломии Тоҷикистон ва Афғонистонро, ки ҳанӯз аз солҳои ҳаштодуми қарни гузашта тавассути ҳамкориҳои ҳизбӣ бо намояндагони ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ оғоз гардида буд, метавонанд эҳё намуда, ба содироти идеяҳои худ ва амалҳои экстремистию террористӣ ба ҳудуди Тоҷикистон машғул гарданд. Мавҷудияти зиёда аз 1400 км ҳудуд миёни ду давлат ва мушкилот дар ҳифзи сарҳадҳо бо сабабҳои ҷуғрофияи хеле номусоиди ин минтақа метавонанд ба барқарорсозии робитаҳо миёни террористони ҳар ду давлат созгор карда шаванд. Илова бар ин, дар минтақаҳои сарҳадии Афғонистон ҷой доштани ҳаракатҳои экстремистию террористии шаҳрвандони тоҷикистонӣ ва шаҳрвандони алоҳида аз ҷумлаи тоҷикони кишвари мо, ки ба ин ё он ҳаракати дигари радикалӣ пайвастаанд, ин гуна таҳдидҳоро боз ҳам зиёд мекунад.
Бо сабабҳои зикршуда содироти идеяҳои толибизм, аз ҷумла, исломи сиёсӣ ва амалҳои экстремистию террористии намояндагони ин ҳаракатро мустақиман ё тавассути истифода аз дигар ҳаракатҳо ва аз зумраи шаҳрвандони Тоҷикистон, ба ақидаи мо, метавон ба номгӯи оқибатҳои назариявию амалии идеологияи толибизм барои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намуд. Инҷо инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки толибон ваъдаи содирот накардани идея ва амалҳои террористиро танҳо ба хоҷагони худ аз зумраи амрикоиён додаанд, на ба ҳамаи давлатҳо. Аз ин рӯ, роҳи асосии ҳалли ин мушкилотро метавон дар таҳкими ҳифзи сарҳадҳо бо Афғонистон ва берун сохтани ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, намояндагони онҳо, махсусан аз зумраи шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои сарҳадӣ дар тамоми тули марзҳои ҳар ду давлат пайдо намуд.
Аз ҳаракатҳои болозикри террористӣ, ки дар Афғонистон фаъолият доранд, беш аз ҳама ба амнияти миллии Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи назариявӣ ва ҳам амалӣ Ҷамоати Ансоруллоҳ ё Толибони Тоҷикистон (ё Таҳрики толибони Тоҷикистон) хавфу таҳдид мекунад, зеро намояндагони он идеологияи толибизмро ба пуррагӣ қабул кардаанд. Ин ҳаракат, ки даврони таъсисаш солҳои 2006- 2010 мебошад, аз ҷониби саркардаи минбаъдаи онҳо Амриддин Табаров ва пасон Муҳаммад Шарифов ё Маҳдӣ Арсалон роҳбарӣ карда шуда, ба амалҳои террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва Афғонистон машғул аст. Аз ҷумла, зимни амали террористии онҳо соли 2010 дар шаҳри Хуҷанд се нафар кушта ва 25 нафар захмӣ шуда буданд. Бо ҳамин сабаб соли 2012 бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҷамоат мамнуъ эълон карда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки ба ҳайати Ҷамоати Ансоруллоҳ на танҳо собиқ ҷангиёни ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ, онҳое, ки бо Созишномаи истиқрори сулҳ аз соли 1997 розӣ набуданд ё фарзандону наздикони онҳо, балки ҷангиён аз Афғонистон, Покистон, Федератсияи Россия ва давлатҳои дигар низ шомил шудаанд. Ин ҷамоат таҳти таъсири идеологияи Алқоида ва Давлати исломӣ (ДОИШ) низ қарор дорад, аммо миёни саркардагону аъзои он беш аз ҳама идеологияи толибизм нуфузи калон дорад. Инро ба назар гирифта, толибон ба Ҷамоати Ансоруллоҳ гузаронидани амалҳои террористиро дар ноҳияҳои Куфоб, Моймай, Нусай, Хоҳон, Шикайи вилояти Бадахшон ва Ҷованду Оби Қамари музофоти Боғдиси Афғонистон бовар карда буданд. Зиёда аз ин, ҷамоати мазкур ҳукумати толибонро ба расмият шинохтааст: «Дар раванди ҳодисаҳои соли 2021, ки шаҳодат аз суқути ҳукумати тарафдорони Амрико медоданд, ҷамоат ба таври оммавӣ дар бораи як ҷузъи ҷудонашавандаи толибон будани худ эълон дошт. Ин амал, ки маънои савганд ёд кардан дар бораи садоқат ба онҳоро дошт, бе таваҷҷуҳ намонд». Маҳз бо ҳамин сабаб ва, аз тарафи дигар, аз «муваффақият»-и толибон илҳом гирифта, саркардаи ҷамоати мазкур Маҳдӣ Арсалон моҳи сентябри соли 2021 ҳуҷум ба хоки Тоҷикистонро таҳти роҳбарии оперативии Ҳаракати толибон ба нақша гирифта буд.
Аз нигоҳи мо, хавфу таҳдидҳои Ҷамоати Ансоруллоҳ ва ҳаракатҳои дигари экстремистию террористиро, аз ҷумла, аз зумраи намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба амниятии миллии Тоҷикистон аз марзу буми Афғонистон, ки ботадриҷ ба пуррагӣ таҳти таъсири идеологияи иртиҷоии толибизм қарор мегирад, ба назар гирифта, бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори он бояд дар кишвари мо як консепсияи мукаммали мубориза ва муқовимат ба идеологияи чунин ҳаракатҳо таҳия, қабул ва дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда шавад.
Оқибати назариявию амалии ногувори дигар ба амнияти миллии Тоҷикистон аз идеологияи толибизм доир ба сиёсати миллию этникӣ сарчашма мегирад. Вобаста ба ин бояд зикр намуд, ки дар муносибат бо Афғонистон давлатҳои ҳамсарҳад мавқеи гуногунро ишғол менамоянд. Покистону Эрон, тавре, ки маълум аст, то андозае ҳамкориро бо онҳо роҳандозӣ намуданд. Оид ба мавқеи давлатҳои ҳамсарҳад бо қисмати шимолии Афғонистон – Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон муҳаққиқи тоҷик С.М. Ворисов сухан ронда, ҳанӯз пеш аз ғасби ҳокимият дар соли 2021 чунин ибрози назар намудааст, ки Туркманистон мавқеъгирии бетарафӣ ва муносибат бо «Толибон»-ро ишғол намудааст. Ӯзбекистон дар муносибат бо толибон мавқеи прагматикӣ дорад. Оид ба мавқеи Тоҷикистон ин муҳаққиқ ҳамчун «мавқеъгирии қотеъ ва яксон дар қиболи «Толибон» сухан ронда ва хавфу таҳдиди идеологияи толибизмро ба амният дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ба эътибор гирифта, чунин таъкид мекунад: «Ин чолишҳои умда ва дурнамои мушкили таомул бо ҳукумати Афғонистон тақозо мекунад, ки кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳампаймонҳои бузурги минтақавияшон, мисли Русияву Чин ва созмонҳои низомиву дифоиву амниятӣ ҳар чӣ бештар ҳамкорӣ намоянд, то ҷилави таҳдидҳои эҳтимолиро дар оянда бигиранд».
Мавқеи Тоҷикистон баъд аз ғасби ҳокимият дар Афғонистон аз ҷониби толибон ба ҳамон шакл ба таври қотеъ боқӣ монд. Оид ба ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз санаи 21 декабри соли 2021 таъкид шудааст: «Мо чунин мешуморем, ки сарҷамъ сохтани тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон мебошад. Такроран хотирнишон месозам, ки мардуми Афғонистон бо имконияту иқтидори бузурги сиёсӣ, тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоие, ки доранд, бояд тақдири имрӯзу ояндаи худро ба даст гиранд. Яъне сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи давлат бо майлу ирода ва раъйи худи мардуми ин кишвар муайян ва муқаррар карда шавад».
Чунин мавқеи Тоҷикистон ва Сарвари давлати тоҷикон сабабҳои объективӣ дорад, ки бо дарназардошти сиёсати барғалати миллӣ-этникӣ аз ҷониби толибон ва идеологияи толибизм рӯи кор омадааст. Агар дар Афғонистон манфиатҳои ҳамаи миллату қавмҳои он ба эътибор гирифта нашаванд, талошу даргириҳои хунин боз солиёни дароз идома меёбанд, ки оқибатҳои ногувори назариявию амалӣ ба таъмини амният дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя дорад. Аз ҷониби дигар, агар табъиз аз ҷониби толибон нисбати забон ва фарҳангу миллату қавмҳои дигар, барканории онҳо дар давлатдорӣ ва амсоли он идома ёбад, намояндагони миллатҳои ғайрипуштуни ин кишвар, махсусан тоҷикон метавонанд гуреза шудан ва муҳоҷирати худро ба Тоҷикистон давом дода, аз нигоҳи мо, дар ду самт мушкилот эҷод намоянд. Аввалан, хавфи боло рафтани мушкилоти демографӣ ва иқтисодӣ (таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ) дар кишвари мо зиёд мешавад. Сониян, миёни гурезагон ва муҳоҷирон метавонанд ашхосе мавҷуд бошанд, ки минбаъд ақидаҳои идеологияи иртиҷоии толибизмро дар байни сокинони Тоҷикистон тарғибу ташвиқ созанд. Ҳар ду омили дар боло зикршуда ҳамчун оқибатҳои ногувори назариявию амалии толибизм ба таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, бо омилҳои барангезандаи онҳо мубориза бурдан зарур аст. Ин масъала ягона роҳи ҳалли худро дорад, ки бояд аз ҷониби мардуми Афғонистон, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамаҷониба дастгирӣ карда шавад - таъсис додани ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсии Афғонистон.
Дар баробари ҷанбаҳои этникӣ-қавмии идеологияи толибизм омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки оқибатҳои ногувори назариявию амалии онро барои таъмини амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас месозанд. Ин, пеш аз ҳама, ба гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир дахл дорад.
Оид ба гардиши ғайриқонунии аслиҳа сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки муборизаи мусаллаҳона дар роҳи дин ҷузъи ҷудонашавандаи иделогияи толибизм буда, намояндагони Ҳаракати толибон то он даме арзи ҳастӣ доранд, аслиҳаро аз даст нагузошта, хариду фурӯши онро идома хоҳанд дод. Ба ибораи дигар, гардиши ғайриқонунии аслиҳа аз ҷониби толибон ҳамчун таҳдид ба амнияти Тоҷикистон ба ҳайси масъалаи мубрам барои муҳлати номуайян аҳаммияти бештарро аз пеш касб мекунад.
Дар ин самт дар Тоҷикистон бояд ба эътибор гирифта шавад, ки аслиҳа дар дасти террористони даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ солҳои навадуми қарни гузашта, аз ҷумла дар дасти ҷангиёни ТЭТ Ҳизби наҳзати исломӣ асосан аз Афғонистон ворид шуда буд. Дар даврони ҳукмронии якуми толибон дар ин кишвар низ гардиши ғайриқонунии аслиҳа дар сарҳадҳои Тоҷикистону Афғонистон ба мушоҳида мерасид. Ҳоло бошад, толибон аслиҳаи зиёдеро ҳамчун мерос аз амрикоиҳо дар даст дошта, ба қавли мутахассисони соҳа, метавонанд кишварашонро ба бозори бузургтарини фурӯши аслиҳа ба террористону экстремистҳо дар ҷаҳон табдил диҳанд.
Чунонки маълум аст, гардиши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир бо ҳам тавъаманд. Аз ин рӯ, толибон ҳамон се роҳи маълуми фурӯши маводи мухаддирро – аз тариқи Тоҷикистон, тавассути Ӯзбекистон ва аз сарҳадҳои Туркманистон метавонанд барои фурӯши яроқу аслиҳа низ истифода намоянд. Ба шаҳодати муҳаққиқи соҳа Э. Вудс фақат дар Федератсияи Россия дар солҳои охир миқдори яроқу аслиҳаи ғайриқонунии мусодирашуда, ки баромади афғонӣ дорад, зиёд гардида, 9 фоизро аз ҷамъи умумии чунин қочоқ ташкил додааст. Бо ҳамин сабаб, толибон метавонанд таҷрибаи собиқи қочоқи аслиҳаро аз Афғонистон истифода бурда, ба марҳалаи нави гардиши ғайриқонунии аслиҳа оғоз бахшанд, ки дастраси экстремисту террористон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гардида, қабл аз ҳама, ба таъмини амният дар ҷумҳурии мо таъсири манфӣ мерасонад.
Дар Тоҷикистон вазъи баамаломадаро дар Афғонистон дар самти гардиши ғайриқонунии аслиҳа, инчунин қобилият ё хоҳиш надоштани толибонро барои мубориза бо созмонҳои террористии шимоли ин кишвар ба эътибор гирифта, аллакай як қатор тадбирҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, назорат дар сарҳадҳо пурзӯр карда шуда, дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД - ОДКБ) созишномаҳои дахлдор қабул гардидаанд. Аммо инро ба назар гирифта, ки идеологияи толибизм ба муборизаи мусаллаҳона ва ҷангҷӯӣ асос ёфтааст, барои бартараф сохтани оқибатҳои ногувори назариявию амалии он ба амнияти Тоҷикистон, бояд, аз нигоҳи мо, дар доираи дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, хусусан бо Ситоди мақоми зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Тошкенти Ӯзбекистон қарор дорад, ҳамкориҳо дар самти пешгирии гардиши ғайриқонунии аслиҳа аз террористони Афғонистон ва толибон тавсеа дода шаванд.
Таҳлилҳои боло ба куллӣ собит месозанд, ки идеологияи иртиҷоии толибизм ба таъмини амнияти миллӣ дар Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он таъсир расонида метавонад. Аз ин рӯ, зарурати он вуҷуд дорад, ки оқибатҳои ногувори назариявию амалии ин идеология ба тамоми соҳаҳои зикршуда мушаххас карда шаванд.
Чунонки маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ бо кишвари ҳамсояи худ Афғонистон муносибатҳои хуб дошта, робитаҳои сиёсиро бо ҳукуматҳои гуногуни он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда буд. Дар даврони истиқлоли давлатӣ низ Тоҷикистон бо халқи Афғонистон ягон зиддияте надошта, робитаҳои сиёсиро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар даврони ҳукуматдории Бурҳониддини Раббонӣ ва минбаъд Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ низ ба таври сулҳомез амалӣ сохтааст. Аммо инҷо як истисное буд, ки дар даврони ҳукмронии толибон солҳои 1996-2001 ин робитаҳо қатъ шуда буданд, зеро Тоҷикистон ин Иморати Исломии Афғонистонро чун аксарияти кишварҳои дигари олам ба расмият нашинохта буд. Мутаассифона, бозгашти толибон ва ғасб гардидани ҳокимият аз ҷониби онҳо санаи 15 августи соли 2021 робитаҳои сиёсиро боз ҳам ба нестӣ кашид. Сабабгори ҳамаи ин, аз нигоҳи мо, маҳз моҳияти миллатгаройӣ ва радикалӣ доштани идеологияи иртиҷоии толибизм аст, ки на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофи ҳукумати толибонро, ки дорои чунин идеологияи иртиҷоӣ аст, рад менамоянд.
Вобаста ба роҳандозии робитаҳои сиёсӣ бо ҳукумати толибон ҳаминро бояд қайд намуд, ки қатъи чунин робитаҳо ба муҳлати номаълум хавфу хатарҳои зиёд дошта, ҳамчун мушкилот барои таъмини амнияти миллӣ дар Тоҷикистон ва кулли минтақа ба ҳамин муҳлати номаълум боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, муҳаққиқони зиёде ин мушкилотро хатарзо ва ҳалли онро аз худи толибон вобаста донистаанд. Оид ба ин масъала муҳаққиқи россиягӣ Қ. Чакмак барҳақ зикр намудааст, ки толибон бо идеологияи иртиҷоии худ умеди кулли ҷаҳониёнро оид ба барқарор сохтани робитаҳои сиёсӣ бо онҳо барбод доданд: «Яке аз талаботи асосии ҷомеаи байналмилалӣ (аз ҷумла Россия) ба толибон бунёди ҳукумати демократӣ аст, ки ба он бояд ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ ва сиёсӣ шомил карда шаванд. Ҳукуматро ғасб намуда, толибон ваъда доданд, ки инро иҷро мекунанд, аммо дар муҳлати гузашта толибон ба таври равшан нишон доданд, ки ҳадафи онҳо бунёди давлати исломӣ аст. Толибон Ҳамаи амалҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар самти бунёди давлати муосири дунявӣ ва сулҳпарвар дар Афғонистон ба нестӣ бурданд». Чунонки мебинем, талаботи ҳамаи ҷаҳониён ба толибон ҳамчун талаботи Тоҷикистон як аст, аммо идеологияи иртиҷоии толибизм имкон намедиҳад, ки ин иҷро карда шавад. Ҳамаи ин барои таъмини амният дар Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи назариявӣ ва ҳам амалӣ оқибатҳои ногувор дошта метавонад. Раҳоӣ аз он бошад, аз нигоҳи мо, танҳо тавассути ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон муяссар мегардад.
Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон низ дар ҳалли мушкилоти таъмини амнияти миллӣ нақши бузург доранд. Тавре, ки маълум аст, Тоҷикистон аз даврони шуравӣ бо ин давлат ҳамкориҳои қавӣ доштаст. Дар бораи ин ҳамкориҳо сухан ронда, муҳаққиқи тоҷик М.М. Дуллоев қайд мекунад, ки самти муҳимми робитаҳои иқтисодӣ байни ду давлат ин ҳамеша тиҷорат будааст: «Дар бораи таърихи робитаҳои тиҷоратии тоҷикону афғонҳо сухан ронда, бояд зикр намуд, ки корхонаҳои саноатии Тоҷикистони Шуравӣ сол ба сол содироти худро ба ин кишвар васеъ менамуданд. Бо расидани Тоҷикистон ба истиқлоли давлатӣ соли 1991 марҳалаи нави рушди робитаҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон оғоз гардид».
Ногуфта намонад, ки тайи чанд соли охир аз болои дарёи Панҷ купрукҳо сохта шуданд, ки на танҳо тиҷоратро миёни Тоҷикистону Афғонистон миқдорану сифатан боло бурданд, балки дар солҳои барои мардуми афғон хеле ҳассос онро аз вартаи ҳалокату гуруснагӣ дур сохтанд. Исботи возеҳи ин дар он инъикос меёбад, ки дар вазъи набудани робитаҳои сиёсӣ бо ин кишвар бо ҳидоятҳои Пешвои миллат Тоҷикистон ташаббус нишон дода, чандин дафъа ба мардуми Афғонистон кӯмакҳои башардӯстона расонид, бозорҳои наздисарҳадиро барои тиҷорати дуҷониба ифтитоҳ намуд ва ғайра. Зуҳуроти толибизм бошад, рӯз ба рӯз ба коҳиш ёфтани муносибатҳои иқтисодии байнидавлатӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон муосидат карда истодааст.
Инҷо метавон як мисоле аз сиёсати иқтисодии толибон овард, ки аз моҳияти идеологияи онҳо бархоста, вазъро метавонад дар Осиёи Марказӣ муташанниҷ гардонад. Ин мисол ба бунёди канали Қуштеппа дахл дорад, ки дар Амударё сохта шуда, Афғонистон метавонад то 25 фоизи оби ин дарёро ба канал равона созад. Ин амал ба нокифоягии об дар заминҳои поёноби Ӯзбекистону Туркманистон расонида (тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ аллакай ин мушкилоти камобӣ дар вилояти Лебапи Ҷумҳурии Туркманистон пайдо шудааст), мушкилоти баҳри Аралро боз ҳам зиёдтар месозад, ба фалокатҳои экологӣ ва амсоли он меоварад. Беҳуда нест, ки баъзе рӯзномнигорон дар васоити ахбори омма ин амали толибонро дар самти бунёди канал «терроризми обӣ» номгузорӣ кардаанд. Саркардагону намояндагони толибон ва ҳатто баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки ин ҳуқуқи толибон тибқи қонунгузории байналмилалӣ аст: «Афғонистон пурра ҳуқуқ дорад, ки захираҳои обии Амударёро истифода барад, ин бояд ба ҳисоб гирифта шуда, дар санадҳои нави ҳуқуқии байналмилалӣ дарҷ карда шавад».
Албатта, ин амал тибқи санадҳои байналмилалӣ манъ нашудааст, аммо бе дарназардошти вазъи баамаломада дар минтақа бояд тасмим дар бораи бунёди чунин объектҳо баъди ҳисобу китоби илман асоснок, дастаҷамъона, дар машварат бо кишварҳои манфиатдор ва амсоли он сурат гирад. Аз ин рӯ, мушкилоти экологии дар натиҷаи боз ҳам хушкшавии маҷрои дарёи мазкур ба таъмини амнияти миллии Тоҷикистон низ бевосита дахл хоҳад дошт, ки бояд ҳалли худро ёбад. Ба ақидаи мо, барои ҳалли ин масъала бояд дар доираи Бунёди наҷоти баҳри Арал бо иштироки кулли аъзои он, аз ҷумла Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ба толибон низ расонида шаванд.
Оид ба масъалаи камобӣ дар поёноби Амударё дар натиҷаи бунёди канали Қуштеппа бошад сухан ронда, бояд зикр кард, ки дар мадди аввал чунин ба назар мерасад, ки ин ба вазъ дар Тоҷикистон ягон таъсире надорад. Аммо, ба андешаи мо, ин амал ба кишвари мо таъсири бевосита надошта бошад ҳам, тавассути амалҳои дигари бавосита метавонад ба амнияти миллии ҷумҳурии мо низ таъсир расонад. Ба таври мисол метавон қайд намуд, ки кишварҳои поёноб бар асари камобӣ баъди бунёди канали мазкур метавонанд оид ба кам кардани истеъмоли захираҳои обии Панҷ ва дарёҳои дохилии Тоҷикистон, хусусан Вахш ва Кофарниҳон, ки ба Панҷ-Амударё мерезанд, масъалагузорӣ кунанд. Дар ин сурат бунёди канали Қуштеппа ба истифодаи захираҳои обӣ ва истеҳсоли неруи барқ ва тавассути ин ба таъмини амният дар ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мегузорад.
Чунонки аз як мисоли боло мебинем, сиёсати нокомили иқтисодии толибон, ки дар идеологияи онҳо мавқеи равшан надорад, аз нигоҳи мо, аллакай барои Тоҷикистон ва кулли минтақаи Осиёи Марказӣ мушкилоти амниятиро эҷод сохта истодааст. Минбаъд бошад, агар Ҳаракати толибон дар сари қудрат бимонад, ингуна мушкилот танҳо зиёдтар хоҳад шуд.
Таҳлилҳои боло ба чунин хулоса мерасонанд, ки идеологияи толибизм ва амалҳои Ҳаракати толибон ба тамоми соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибатҳои ногувори назариявию амалӣ доранд, ки барои таъмини амнияти миллӣ дар кишвари мо метавонанд халал ворид созанд. Ҳамаи ин аз хусусияти иртиҷоӣ доштани ин идеология, таҳдиди паҳншавии ин идеология ва ё идеяҳои алоҳидаи он дар миёни баъзе диндорон ва шахсони мавқеи устувори шаҳрвандӣ надошта дар кишвари мо тавассути содироти толибизм ва амалҳои экстремистию террористии намояндагони ин ҳаракат, дастгирии Ҷамоати Ансоруллоҳ (Толибони Тоҷикистон) ва дигар ҷунбишҳои экстремистию террористӣ сарчашма мегирад. Ҳамаи ин мушкилоте, ки толибон ба миён овардаанд, хавфу таҳдидҳои толибизмро ба таъмини амнияти миллӣ дар кишвари мо бамаротиб афзун мегардонанд.
Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор, муовини директор оид ба илм ва таълими ИФСҲ ба номи А. Баҳоуддинови АМИТ
Ҳакимов Ҷ.А. – унвонҷӯи ИФСҲ ба номи А. Баҳоуддинови АМИТ,
Аз нимаи дуюми асри XX рақобатҳои сиёсӣ миёни мамолики сайёра, ки ба ду қутб - сотсиалистӣ (бо сарварии Иттиҳоди Шуравӣ) ва капиталистӣ (бо сарварии Штатҳои Мутаҳидаи Амрико) ҷудо шуда буданд, суръат мегирад. Соли 1955 бо баргузор гардидани Шартномаи Варшава, дар муқобили Блоки ҳарбии НАТО, рақобатҳои сиёсӣ боз ҳам тезу тунд мегардад. Дар Иттиҳоди Шуравӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбиаш Ҳизби коммунистӣ аз рӯи таълимоти матералистӣ, ба хусус доҳиёни бузурги он, К. Маркс, Ф. Энгелс ва В.И. Ленин ягона ҳизби ҳукмрон фаъолият мекард ва ба гуфти асосгузори Иттиҳоди Шуравӣ В.И. Ленин ҳамчун қисми пешқадамтарини пролетариат мардумони Ҷамоҳири Шуравии сотсиалистиро дар роҳи идеологияи коммунистӣ ҷалб намуда, барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои асосӣ ва муҳимми ҳизбӣ кӯшиш ба харҷ медод. Қобили зикр аст, ки Ҳизби коммунистӣ ба ҳайси муҳаррик ҷомеаи Шуравиро ба сӯи қуллаҳои баланди ҷомеаи коммунистӣ мекашонд ва аз рӯи барномаҳои тарҳрезинамудаи сарварону асосгузорони он бояд мардумро ба баландтарин қуллаҳои он, коммунизми воқеӣ. ки дар назар шабеҳи афсонае буд, мерасонд. Ба суолҳое, ки чаро ин муҳаррик аз ҳаракат боз истод, чаро ин ҳизби яккаҳукмрон ба буҳрони ҳизбӣ мувоҷеҳ гардид ва ё ин ки чаро чунин як империяи абарқудрат гирифтори буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ шуда, дар муқобил бо ҷаҳони капиталистӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шуд, олимону донишмандон ва ба хусус муҳаққиқони соҳа ба таври гуногун ҷавоб гуфтаанд. Барои равшан намудани масъалаи мазкур лозим медонем то чанде аз мадракотро матраҳ намоем. Агар чӣ миёни уламо нисбат ба суолҳои ироа намудаи мо ихтилофи назар аст, вале то ба имрӯз аксари муҳаққиқон омилҳои асосии аз байн рафтани ин ҳизб ва умуман пошхӯрии Иттиҳоди Шуравиро аз дохил вайроншудани худи Ҳизби ҳукмрон-коммунистӣ, мебинанд.
Дар солҳои 70-ум ва нимаи аввали солҳои 80-ум дар мамлакат пешравиҳои назаррас ба амал омада бошанд ҳам, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ камбудиҳои ҷиддӣ мушоҳида мешуданд. Ин камбудиҳо дар таърихи Давлати Шуравӣ бо номи карахтӣ ё айёми рукуд маълуманд. Бештари зуҳуроти манфӣ на аз сохтори сиёсии мамлакат, балки аз тарзи идоракунӣ бар меомад. Мувофиқи конститутсияи амалкунандаи мамлакат, ҳизби коммунистӣ ядрои сиёсӣ ва пешбарандаи ҷамъият ба ҳисоб мерафт, ки он ба буҳрон кашида шуд. Сохтори идоракунии ҳизбро бюрократизм фаро гирифт ва дар услуби идоракунии он камбудиҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Масалан аз идораҳои болоӣ ба ташкилотҳои ибтидоӣ фармон меомад, ки чанд нафар мард ва ё зан ба сафи ҳизби коммунист қабул карда шаванд. Азбаски ба вазифаҳои ҳизбӣ, давлатӣ ва хоҷагӣ асосан аъзоёни ҳизб пешбарӣ мешуданд, шахсони бе лаёқати мансабпараст бо ҳар роҳ ба ҳизб дохил шуда, соҳиби мансаб мегаштанд.
Баъзе аз муҳаққиқон ба ин назаранд, ки ҳатто суръати пешрафти иқтисодиёт ва хусусан ҳосилнокии меҳнат дар солҳои 70-ум нисбат ба соли 1965 паст рафт. Мутаассифона, нақшаҳои панҷсолаҳои IХ-Х-ум оид ба нишондодҳои асосӣ иҷро нашуда монданд. Ин камбудиҳои ҷиддӣ бояд. дар солҳои паҷсолаи ёздаҳум ислоҳ карда мешуданд, вале ин нақша низ ҷомаи амал напушид. Дар ҳама самтҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ буҳрон ба амал меояд.
Дар соҳаи иқтисодиёт аз як тараф идоракунӣ ва назорат аз болои корхонаҳои истеҳсолкунанда суст шуда, аз тарафи дигар, дар натиҷаи сари вақт ҷорӣ нагардидани техникаи нав ва технологияи пешқадам, паст шудани ҳосилнокии меҳнат, ҳавасмандии моддӣ, риоя накардан ба интизоми истеҳсолӣ ва ғайраҳо ҷой доштанд.
Гарчанде дар ҶШС Тоҷикистон барои сохтмони биноҳову иншоотҳо маблағи зиёд ҷудо мешуд, вале аз худ карда намешуд. Баъзе аз объектҳо, аз қабили нақби Анзоб, ки ҷануби ҷумҳуриро бо ноҳияҳои шимол пайваст мекард ва амсоли он барин иншоотҳои ҳаётан муҳим, аз нақша ба нақша гузаронда ва баъдан умуман аз рӯзнома бардошта мешуд. Муносибати хунукназарона нисбат ба моликияти ҷамъиятӣ-давлатӣ зиёд гардида, дуздӣ дар мамлакат меафзуд, ки он ба сатҳи зиндагии омма таъсири манфӣ расонда, норозигии гурӯҳҳои иҷтимоиро ба амал меовард.
Ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ ҷинояткорӣ, ришвахурӣ, қаллобӣ, маҳалгароӣ, бадмастӣ, нашъамандӣ, дуздӣ, тороҷи молумулки давлату хоҷагии кооперативӣ-колхозӣ рӯз то рӯз меафзуд.
Иттиҳоди Шуравӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосаро соҳиб буда, аз лиҳози истеҳсоли маҳсулот, илму техника ҷои намоёнро ишғол мекард, аммо бо cap задани буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ба вуҷуд омадани давраи карахтӣ маҷбур шуд, то ҷойгоҳи худро дар ҷаҳон иваз намояд. Албатта Иттиҳоди Шуравӣ дорои кадрҳо, техника, базаи бузурги ашёи хом ва умуман табиати гуногунранг буд, метавонист танҳо дар асоси барномаи мушаххас тамоми камбудиҳои айёми рукудро дар кутоҳтарин муддат ислоҳ намояд. Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои соҳаҳои мухталифи ҷомеа Ҳизби коммунистӣ ҳануз аз нимаи дуюми солҳои 80-ум иқдомоте чанд роҳандозӣ намуд, вале ин кӯшишҳо натиҷаи дилхоҳ намедоданд.
Ҳаёти сиёсии мамлакатро низ вазъи буҳронӣ фаро мегирад. Роҳҳои ҳалли муҳимтарин масьалаҳои давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ, аз ҷумла, ҳалли ихтилофҳо дар муносибатҳои миллӣ ҷуста мешуд.
Дар сиёсати хориҷӣ низ камбудиҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омада буд, ки ба обрӯи Иттиҳоди Шуравӣ таъсири манфӣ мерасонд. Барои мисол ба хоки Афғонистон ворид шудани қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ. Бояд гуфт, ки ҷанг бо Афғонистон ба иқтисодиёти мамлакат таъсири ҷиддӣ расонида, ҳам норозигии шаҳрвандонро бар зидди КИМ Ҳизби коммунистӣ меафзояд ва пеш аз ҳама обруву эътибори Иттиҳоди Шуравиро дар арсаи балналхалқӣ, коста мегардонад.
Дар як муддати кӯтоҳ паси ҳам фавтидани роҳбарони кӯҳансолу барҷомондаи ҳизбӣ (ҲКИШ) аз қабили Л. Брежнев, Ю. Андропов ва К. Черненко ба обрӯ ва эътибори ин Ҳукумати марказӣ таъсири манфӣ мерасонд ва аз ҳама муҳимаш нуфузи Иттиҳоди Шуравиро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ коста мегардонад ва низ сабабгори ба вуҷуд омадани як қатор мушкилотҳо дар корҳои идоракунӣ, назири ҷо ба ҷо гузории кадрҳо ва махсусан иқтисодиёти мамлакат мегардад. Умеди аксари мардум аз роҳбари ҷавони ҳизбии Иттифоқ низ бар абас меравад ва он орзӯҳо, ки гӯё роҳбари ҷавон М.С. Горбачёв мардумро аз ҳолати мотамзадагию мамлакатро аз вартаи фалаҷшавӣ мераҳонад, бе натиҷа меанҷомад.
Моҳи марти соли 1985 М.С. Горбачёв, ки 54 сол дошт, пас аз котиби генералии ҲКИШ интихоб гардиданаш, ба гузаронидани як қатор ислоҳотҳои ҷиддӣ дар соҳаҳои мухталифи давлат, ва давлатдорӣ аз ҷумла ислоҳотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки ҳануз аз замони Ю.В. Андропов дар дил мепарварид, даст зад. Аз апрели соли 1987 дар асоси қарорҳои пленуми кумитаи марказии ҲКИШ (КПСС) сиёсатеро бо номи бозсозӣ пеш гирифт, ки онро баъзан «инқилоб аз поён» низ меномиданд.
Бо мақсади баромадан аз ҳолати карахтии замони брежневӣ, ки дар давраи роҳбарии яксолаи Черненко, боз ҳам фасодтар гардида буд, М.С. Горбачёв ҷиҳати ноил гардидан ба ин ҳадаф ба таври куллӣ дигаргун сохтани тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро зарур меҳисобид. Дар раванди бозсозӣ яке аз ҳадафҳои дигари М.С. Горбачёв ин ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани ҳаёти ҷамъиятии Иттиҳоди Шуравӣ ва инчунин паст намудани шиддатнокии вазъи ҷаҳон, махсусан зиддияти байни Иттиҳоди Шуравӣ ва давлатҳои капиталистӣ ба шумор мерафт. Ё ин ки ба таври дигар бигӯем, котиби генералии ҲКИШ М.С.Горбачёв мехост бо ҳамин роҳ ба ҷамъияти сотсиалистӣ руҳияи тоза бахшад, обрӯ ва эътибори онро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардорад. Вобаста ба ин, бо роҳи ҷорӣ намудани ошкорбаёнӣ ва озодандешӣ мардумро аз ҳолати карахтӣ ва муҳосираи ҷамъиятӣ барорад. Дар раванди иқтисодӣ, бо мақсади халос шудан аз корхона ва хоҷагиҳои зараровар, зиёд намудани ҳавасмандӣ дар истеҳсолот, рақобатпазир гардидани маҳсулотҳои истеҳсолшуда, вазифа гузошта шуд, ки тамоми корхонаҳоро ба ҳолати худтаъминкунӣ ва худмаблағгузорӣ гузаронида шавад.
Ҳадафи дигари бозсозӣ, ин хотима бахшидан ба вазъи буҳронӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар истеҳсолот ва қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни мардум, барҳам додани боқимондаҳои сохтори роҳбарии фармонфармоии маъмурӣ ва минбаъд инкишоф додани раванди демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ буд. Бозсозӣ мебоист ҷамъияти сотсиалистиро такмил дода, камбудӣ ва мушкилиҳоеро, ки дар садди роҳи он меистоданд, барҳам диҳад. Аз рӯи барномаҳои тарҳрезигардида, равандҳои асосии гузаронидани ислоҳот муайян ва мушаххас буд ва ин ислоҳотҳои куллӣ мебоист сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро билкул аз камбудиҳо ислоҳ намояд.
Мақсади бозсозӣ гӯё аз байн бурдани тамоми камбудиҳои иҷтимоӣ-сиёсие буд, ки дар сохти давлати шуравӣ ба мушоҳида мерасиданд. Яъне он ҳадафи неке дошт, демократияро барои ҳама танзим кунад, аммо, раванде, ки дар асари он ба мушоҳида расид, яъне шикасти асоси иқтисодию сиёсии шуравӣ, интиқоди қатъии яккароҳбарии ҳизби коммунист, беобрӯ кардани идораҳои амнияти миллӣ ва вазоратҳои интизомӣ, сохти шуроҳо, роҳи ҳар он чи ки дар 65-70 сол ба амал омада буд, ҳамчунин авҷгирии сепаратизм ва миллатгароӣ исбот мекунанд, ки мақсад на таъмири сохти шуроҳо, балки аз байн бурдани сохти шуроҳо будааст.
Барои ҳамин ҳам яке аз маъмултарин ва асоситарин тезисҳои он давр дурӯғ нишон додани дӯстии халқҳои ИҶШС ва ба ин васила ба вуҷуд овардани нобоварии байниҳамдигарии онҳо буд.
Раванди сиёсие, ки дар мамлакат ба амал меомад, аз як тараф ихтилофоти зиёди миллӣ, иҷтимоиеро, ки дар кишвар пайдо шуда буд, ифода намояд, аз ҷониби дигар баёнгари дахолати фаъоли кувваҳои беруна ба ҳаёти иҷтимоӣ маҳсуб мешуд. Аз ин сабаб ҳам дар ҷараёни иҷтимоию сиёсии он вақт ду ҳолати зер ба амал омад:
1. «Дар муҳити пойтахти ИҶШС- ш.Москва, дар мақоми олии ҳизбӣ ва давлатӣ, дохили худи Россия ҳаракатҳое ба вуҷуд омаданд, ки фарсуда шудани идораҳои сиёсии мамлакатро ифода мекарданд ва дар он талошҳои худнамоии гурӯҳҳои сиёсии дар ҳокимият буда, роҳбарияти ҳизби коммунист бештар мушоҳида мешуд. Ин протсес мукаммал набудани системаи идории давлатро ифода мекард.
2. Бо истифода аз озодии сухан дар саросари кишвар ҷунбишҳои қавии сиёсӣ ба муқобили ҳокимияти марказӣ, барои худмухтории воқеии ҷумҳуриҳо ва кӯшиши аз ҳайати шӯравӣ баромадани онҳо ба амал омад, ки дар ин раванд мамлакатҳои назди Балтика бештар таборуз карданд.
Ин талошҳо, аз як тараф, нафрати мардумро нисбат ба идоракунандагони давлат ва роҳбарони ҳизб ифода кунад, аз тарафи дигар, сабаби аз марказ ҳарчӣ бештар дур шудани онҳо мегардиданд. Зеро дар чунин талошҳо шовинизми русӣ баръало ба назар мерасид ва он сабабгори авҷ гирифтани миллатгароии халқхои дигар мешуд. Шояд аз ҳамин сабаб ҳам ё бо дарки ҳамин таъсири шовинизми русӣ ба мардуми мамлакат В.И.Ленин ҳам навишта буд: «Бо шовинизми великорусӣ ё ҳаёт, ё мамот гӯён ҷанг эълон мекунам. Ҳамин ки аз дандони дардноки лаънатиям халос шудам, вайро бо ҳамаи дандонҳои солимам канда-канда мепартоям».
Ин омилҳо боис шуданд, ки эътирозҳои маҳаллӣ, бештар хусусияти сиёсӣ касб карда, авзои иҷтимоӣ-сиёсии кишвар то рафт бадтар шавад. Ба ин беқурб шудани пул, дар асари корпартоиҳо ва митингҳои саросарӣ, баланд шудани нарху наво, аз маҷрои низоми давлатдорӣ баромадани мамлакат илова шуд.
ҶШС Тоҷикистон низ аз раванди бозсозӣ дар канор намемонд. Масъалаи амалӣ гардонидани барномаҳои бозсозӣ дар ҶШС Тоҷикистон дар Анҷумани ХХ-уми ҲК, ки моҳи январи соли 1986 баргузор гардида буд, мавриди муҳокима қарор мегирад. Дар ин Анҷуман оид ба масъалаи мазкур котиби якуми ҲК Тоҷикистон К. М. Маҳкамов маърӯза намуда, вазифа ва роҳҳои татбиқи бозсозиро дар шароити Тоҷикистон пешниҳод намуд. Аз ҷумла, анҷуман нақшаи панҷсолаи дувоздаҳум ва самтҳои асосии тараққиёти ҷумҳуриро то соли 2000-ум муайян кард ва барои баланд шудани самаранокии истеҳсолот қарорҳои лозима қабул намуд. Дар шароити Тоҷикистон, ки асосан ба соҳаи аграрӣ диққати бештар дода мешуд, дар нақшаи панҷсолаи дувоздаҳум роҳҳои тараққӣ додани соҳаи мазкур, аз ҷумла аз ҳисоби ба кор андохтани заминҳои бекорхобида ва дар асоси кашфиётҳои илмӣ, хусусан пеш бурдани пахтакорӣ, боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва ғайраҳо дар назар дошта шуда буд.
Лозим ба ёдоварист, ки ба масъалаи баланд бардоштани некуаҳволии’ шаҳрвандон низ диққати махсус равона шуда, дар ин росто дар ҷумҳурӣ барномаҳои «Бо озуқавории баландсифат таъмин кардани аҳолӣ», «Истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ», «Манзил-93» ва ғайраҳо қабул гардиданд. Дар ибтидо шаҳрвандони ҶШС Тоҷикистон чун дигар сокинони Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати бозсозиро ҷонибдорӣ намуданд. Аммо нақшаҳои азими тартибдодашуда аллакай дар солҳои аввали панҷсола иҷро нагардиданд. Дар соҳаи саноат низ ҳосилнокии меҳнат баланд нашуд, сифати маҳсулот беҳтар нагардид. Маблағҳое, ки ба соҳаи саноат ҷудо мегардиданд, аз худ карда намешуд. Қатъ гардидани сохтмони Нерӯгоҳи обии барқӣ Роғун ва монанди он мисоли равшанест барои исботи гуфтаҳои боло.
Яке аз ҳадафҳои асосии бозсозӣ демократикунонии ҳаёти мамлакат буд. Вобаста ба ин бояд механизме ба роҳ монда мешуд, ки аз як тараф шаҳрвандон дар ҳалли масоили ҷамъиятӣ бевосита иштирок карда тавонанд ва аз тарафи дигар, ҳуқуқи инсон поймол нагардида, барои омма як фарҳанги сиёсии умумибашарӣ дастрас гардад.
Дар нимаи дуюми солҳои 80-ум масъалаи миллӣ яке аз проблемаҳои асосии Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳисоб мерафт ва бояд қайд намуд, ки ин масьала ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии ИҶШС ҳалли худро наёфта буд ва акнун дар солҳои 80-ум бо cap задани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар саргаҳи мушкилотҳои сиёсии давлат меистод. Бозсозӣ, ки ошкорбаёнӣ ва озодандеширо, ки бояд дар чорчӯбаи қонун амал мекард, барои мардум эълон мекунад, нахуст дар ИҶШС, ки аз миллатҳои мухталиф иборат буд, мардум масъалаи миллиро ба миён мегузоранд, ки он сабабгори асосии ба вуҷуд омадани ҷудоихоҳиҳо дар байни мардумони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мегардад. Идомаи ҳаракатҳои ҷудоихоҳонаи мардуми Шуравӣ, нахуст дар Олмон, кишварҳои Аврупои Шарқӣ, давлатҳои назди Балтика ва баъдан мамолики Кавказу Осиёи Миёна ва ҳатто Русия гурӯҳҳову иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ниҳоят ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҳар кадоме дар зери ҳаракатҳои миллӣ бо барномаҳои ҷудоихоҳӣ, ё ин ки ҳал намудани кадом як масъалаи миллӣ баромад менамуданд, ба вуҷуд меорад, ки он ба раванди амалишавии барномаҳои бозсозӣ монеа эҷод мекард ва вазъи сиёсиро дар мамлакат боз ҳам муташанниҷ мегардонад.
Эътирозҳои миллӣ аз исёни донишҷӯёни Ёқутистон дар аввали соли 1986 шуруъ шуд. Баъдтар дар моҳи декабри соли 1986 дар Алмаато, ба сабаби ба вазифаи роҳбарии ҷумҳурӣ омадани шахси ғайри қазоқ исёни донишҷӯёни Қазоқистон ба амал омад, ки дар асари он чанд кас кушта шуданд ва чандин нафар ҳукми қатл гирифтанд. Авзои умумии сиёсии мамлакатро рӯзномаи «Комсомолская правда» чунин шумурдааст: соли 1986 дар Любертси «гурӯҳи ҷанговар»-и наврасони пойтахт ва атрофи он таъсис ёфт, солҳои 1987-1991 дар Зақавказия, Қарабоғи Кӯҳӣ ҷанг ва дар Сумгаит қатли омм ба вуҷуд омад, 22 июли соли 1988 дар вилояти Тамбов ҷанги калони кӯчагӣ шуд, 15-17 апрели соли 1989 дар шаҳри Олмалиқи Узбекистан ҷанги оммавии байни ҷавонони ӯзбек ва русу кореягӣ ба қайд гирифта шуд, моҳи апрел-июли соли 1989 дар Сухуми ҷанги бардавоми ҷавонон сурат гирифт, ки дар асари он 18 кас кушта ва 389 кас маҷрӯҳ гардиданд, 1-2 май соли 1989 исёни ҷавонони Ашқобод, январи 1990 қатли оми арманҳо дар Боку- 54 кас кушта шуд, моҳи июни соли 1990 ҷанги байни ӯзбекҳо ва қирғизҳо дар Ӯш, ки дар асари он 300 кас кушта шуд, 411 хона оташ зада шуд, 54 мағоза ғорат гардид, моҳи июли соли 1990 талоши миллӣ дар Тува, ки дар асари он 140 нафар ҳалок гардид, 1616 кас маҷрӯҳ шуд, бештар аз 1500 кас тарки Ватан кард, 22-24 август дар Челябинск исёни ҳарбӣ ба амал омад, 2 декабри соли 1990 мардуми Намангон ба муқобили аскарони шуравӣ ҷанг cap карданд.
Ошкорбаёнӣ имкон медиҳад, ки шаҳрвандон бо ҳуҷҷатҳо ва филмҳое, ки дар бойгониҳо ба таври махфӣ маҳфуз буданд, шинос шаванд. Ошкор гардидани баъзе аз сирҳои давлатӣ, чеҳраҳои асосии баъзе аз шахсиятҳои воломақоми давлат, бадкунии шахсони мансабдор, баён гардидани камбудиҳои собиқ роҳбарони Ҳизби коммунистӣ обрӯву эътибори ИҶШС-ро чи дар дохил ва чи дар хориҷ поён мебарад ва норозигии мардумро нисбат ба Давлат, пеш аз ҳама Ҳизб афзун намуда, ба ҳаракатҳои ҷудоихоҳона суръати тоза мебахшад.
Дар ҳолати дуруст амалӣ намудани ин ислоҳотҳои пешбинишуда, эҳтимоли беҳтар гардидани ҳаёти ҷамъиятӣ ва аз байн рафтани буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки мамлакатро ба ҳолати ногувор мувоҷеҳ намуда буд, дар назар буд, вале дар амал ин тавр нашуд. На танҳо ба шитобкориҳои беасос роҳ доданд, балки дар зери ниқоби бозсозӣ баъзе чорабиниҳоро гузарониданд, ки оқибаташ барои мардум хело вазнин буд. Феврали соли 1986 анҷумани ҳизби коммунистии Иттифоқ (ҲКИШ) охирин нақшаи панҷсоларо барои солҳои 1986-1990 ва роҳхои асосии инкишофи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакатро барои то соли 2000-ум муайян кард. Мувофиқи он мамлакат асосан бо низоми пештара - нақшавӣ, чӣ дар соҳаи саноату сохтмон ва чӣ кишоварзӣ пеш мерафт. Аммо тобистони соли 1987 дар Иттиҳоди Шуравӣ қонун дар бораи корхонаҳои давлатӣ қабул гардид, ки мувофиқи он бояд шитобкорона тамоми корхонаҳо ба ҳолати худтаъминкунӣ ва худмаблағгузорӣ гузаронида мешуданд. Ҳангоми амалии ин қонун ба эътибор нагирифтанд, ки тамоми корхонаҳои мамлакат вобастаи якдигар мебошанд. Онҳоро ҳамон вақт танҳо ба низоми нақшавӣ пеш бурдан мумкин буд. Аммо қонуни қабулгардида мухолифи низоми нақшавӣ ба ҳисоб мерафт. Дар натиҷа дар мамлакат низоми нақшавӣ зуд моҳияти худро гум кард. Минбаъд ҳар як корхона танҳо барои даромаднокии худ мекӯшид. Доду гирифт ва умуман алоқаи байни корхонаҳо аз байн рафт. Оқибат корхонаҳо, бо сабаби нарасидани ашё, паси ҳам аз кор бозмонданд, коргарон ва мутахассисон бекор гардиданд. Дар мамлакат сафи бекорон рӯз аз рӯз меафзуд.
Фароҳам омадани ошкорбаёнӣ ва озодандешӣ имкон дод, ки мардуми шуравӣ бори нахуст фикру андешаҳои худро озодона, бе ягон тарсу ҳарос, ҳатто оид ба сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ баён намуда, шахсони масъулро ба зери танқид кашанд. Дар ниҳоят чунин танқидҳои сахт, баъзан бо таҳқири якдигар меанҷомид. Барои мисол ин гуна ҳолатҳо, махсусан дар байни роҳбарони олимақоми ҳизби коммунистӣ, аз ҷумла М.С. Горбачёв ва Б.Н.Елтсин сурат мегирифт. Мубоҳисаҳо ва муноқишаҳои роҳбарони олимақоми ҳизби коммунистӣ, ки ба воситаи телевизион ба тамоми мардуми ҷаҳон, хоса Иттиҳоди Шуравӣ пахш мегардид, боиси коста шудани обрӯ ва эътибори ҳизб ва пеш аз ҳама давлат мегардид. Озодандешӣ тамоми камбудиҳои роҳбарони ҳизбро рӯи об баровард ва боиси аз ҳизб дур шудани мардум гардид. Мардум аз тариқи телевизиону радио ва умуман васоити ахбори омма оид ба ноадолатии иҷтимоӣ, аз қабили ҷудо будани боғчаву мактаб ва мағозаҳои азъои ҳизби коммунистӣ, ришвахӯрии мансабдорон, таассубҳои милливу маҳаллӣ ва мазҳабӣ баромадҳо намуда, ҳукуматро ба зери танкид мекашиданд.
Матбуоти озоде, ки дар он замон ба вуҷуд омад, бо дастгирии сармоядорон қудрат ёфт, садои матбуоти марказии ҳизбӣ ва дигар нашрияҳои расмиро пахш кард ва барои густариши сиёсати нави давлатдорӣ дар заминаи плюрализми сиёсӣ замина ба вуҷуд овард. Пайдоиши матбуоти нав дар Россия аслан аз пайдоиши ақидаҳои ба истилоҳ миллӣ дар Россия, таблиғи ифтихори миллӣ ва амсоли он оғоз ёфт. Масалан ба муқобили Маяковский ва Куприн, сарусадои шовинистона барои ба Ватан бозгардонидани боқимондаи ҷасади Шаляпин, гунаҳкор кардани роҳбарони ғайрируси шуравӣ дар марги Киров, даъвои шовинистонаи Солженитсин ба ҳудуди Қазоқистон ва «без» номида шудани мардуми ғайрирус. Мақолаи Солженитсин «Как нам обустроит Россию» 18 сентябри соли 1990 дар «Комсомолская правда» нашр шуд. Он бисёриҳоро норозӣ кард, дар Тоҷикистон ҳам алайҳи он мақолаҳо чоп мешавад. Масалан Р.Ҳодизода дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» 2 октябри соли 1990 бо коми «Дидаи ҳақбин мебояд», И. Усмонов дар рӯзномаи «Паёми Душанбе» 30 ноябри соли 1990 бо номи «Ободии хонадони тоҷик ба кӣ вобаста» мақолаҳо чоп карданд. Аз ҷумла, Р. Ҳодизода аз навиштаҳои зерини Солженитсин ба қаҳр меояд: «Мо аз бори гарони таъзиқовари «Ишкамбаи зиёдатии» Осиёи Миёнагӣ боз ҳам зиёдтар қоматамонро рост карда мегирем».
Баъди ин равия ба ҳам бад кардани халқҳо ба истилоҳ дар бораи «дӯстӣ»-и бардурӯғ, ки онро ҳизби коммунист зӯран ба сари аҳолӣ бор кардааст, баъди он ғайриқонунӣ будани пайвасти ҷумҳуриҳои назди Балтика ба ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ авҷ мегирад. Акси садои ин ҷунбиш дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон возеҳ мушоҳида мешуд. Ҳаракати сиёсӣ дар Тоҷикистон асосан бо иштироки зиёиён-олимони соҳаи гуманитарӣ, адибону журналистон, муаллимони мактабҳои олӣ, донишҷӯён, инчунин кормандони ҳизбию давлатии аз мавқеи худ норозӣ оғоз мешуд. Моҳияти шиорҳо низ аз ҳамин вобаста буданд.
Озодандешӣ пеш аз ҳама иллатҳои масоили миллиро ба миён овард. Нахуст шуда мардуми Ҷумхурии Федеративии Олмон, сипас ҷумҳуриҳои назди Балтика рӯирост даст ба ҷудоихоҳӣ заданд. Эътирозҳои миллӣ дар дигар ҷумҳуриҳо низ возеҳ ба назар мерасид. Аз ҷумла, дар ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷанги байни ӯзбекҳо ва туркҳои масхад, дар Қирғизистон ҷанги байни қирғизҳо ва ӯзбекҳо, дар Молдава ҷанги байни молдованҳо ва русҳо, дар Озарбойҷон ҷанги байни озариҳо ва арманиҳо, дар Гурҷистон ҷанги байни гурҷиҳо, абхазҳо ва аҷарҳо ба амал омад. Эътирозҳои зиддирусӣ дар Украина дар Тотористон низ возеҳ ба назар мерасиданд. Аз ҷумла, дар Тотористон даъвогари мухторияти комил аз Россия гардид. Дар байни иддае аз ҷумҳуриҳои шуравӣ, аз ҷумла Озарбойҷону Арманистон ва Тоҷикистону Қирғизистон ҷанг ё вазъияти ҷангӣ ба амал омад. Моҳи феврали соли 1988 дар Озарбойҷон низоъ оғоз ёфт. Аҳолии вилояти Мухтори Қарабоғи Кӯҳӣ, ки аксарияташонро арманиҳо ташкил медоданд, ба парламенти Озарбойҷон барои аз ҳайати ин ҷумҳурӣ чудо шудан ва ба парламенти Арманистон барои ба ҳайати он дохил шудан, ариза доданд. Табиист, ки инро озариҳо қабул накарданд, аммо арманиҳо дастгирӣ карданд. Ҷанге, ки он вақт оғоз гардид, то ҳол ба сулҳ табдил наёфтааст. Соли 1989 аввалин бор дар Тоҷикистон - дар ноҳияи Исфара қуюди шабгардӣ эълон карда, коменданти ҳарбӣ таъйин шуд. Ҳамаи ин ба он далолат медод, ки сохти сиёсии давлати шуравӣ имконияти худро ҳифз кардан надорад. Ҳам омили дохилӣ ва ҳам омили хориҷӣ барои вайроншавии он заминаро омода кардааст.
Албатта барои онҳое, ки аз ин ҳол нигарон буданд, ба амал баровардани мақсади ниҳоии худ, созмон додани ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои сиёсӣ аз омилҳои муҳим ба ҳисоб мерафтанд. Аз ҳамин сабаб ҳам мубориза барои тағйир додани Конститутсияи ИҶШС, махсусан дар бахши моддаи 6-и он нақши роҳбарии ҳизби коммунистиро барҳам додан, қатъӣ давом дошт ва дар заминаи ин сиёсати бисёрҳизбӣ таблиғ карда мешуд ва ҳамин тавр дар зери фишори талаби мардум, моҳи марти соли 1990 анҷумани 3-юми намояндагони халқҳои ИҶШС, моддаи 6-уми Конститутсияи (Қонуни асосии) ИҶШС-ро, ки дар он ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун ҳизби ҳукмрон (роҳбарикунанда) акс меёфт, бекор карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки дар як муддати кӯтоҳ- то соли 1991 дар Иттиҳоди Шуравӣ бештар аз 50 ҳизб ва ҳаракатҳои сиёсӣ таъсис ёбанд.
Дар охири соли навадум авзои иҷтимоию сиёсии ИҶШС ниҳоят бад мешавад. Натиҷаи сиёсати беандешаронаи М.С.Горбачёв пурра эҳсос мегардад. Дар арсаи байналхалқӣ, ки М.С. Горбачёв мехост бо роҳи гузашткуниҳо ба паст кардани шиддатнокии вазъият ноил гардад ва Давлати Шуравиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намояд, дар амал ин ба барҳам хӯрдани Иттифоқи давлатҳои сотсиалистӣ ба давлати ягона муттаҳид гардидани Олмон, ниҳоят аз Иттиҳоди Шуравӣ рӯ гардонидани ҳамаи давлатҳои собиқ сотсиалистии Ғарб ва ғайраҳо оварда расонид. Заминаи парокандашавии Иттиҳоди Шуравӣ, барҳам додани ИҶШС фароҳам меояд, зеро системаи ҷаҳонии сотсиализм дар Аврупо аз байн меравад, шартномаи Варшава пароканда ва сохторҳои қудратии Иттиҳоди Шуравӣ беобрӯ мешаванд, боварии халқҳои шуравӣ ба ҳам коста мегардад. Дар натиҷа Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар арсаи байналхалқӣ яке аз лидерҳо ба ҳисоб мерафт, чунин мавқеъро аз даст дода, минбаъд ИМА лидери ягона мегардад. Аз ҳама душвортарин ва фоҷеаноктарин он аст, ки бозсозии горбачёвӣ ниҳоят яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани худи Иттиҳоди Шуравӣ гардид.
Ширин Қурбонова муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ доктори илмҳои таърих
Чунонки маълум аст, марзу буми тоҷикон дар асри VIII аз ҷониби истилогарони араб ғасб шуда, давоми ду сада ниёгони мо дар хилофати араб дар асорат умр ба сар бурданд. Аммо, хушбахтона, бо сабаби суст шудани хилофати Аббосиён (750-1258) имкон ба миён омад, ки нахустдавлатҳои тоҷикӣ бо сарварии сулолаҳои Тоҳиёрин (821-873) ва Саффориён (861-900) ҳукуматро ба даст гирифта, минбаъд дар асоси дастовардҳои сиёсию марзии онҳо давлати Сомониён (900-999) бо пойтахт дар шаҳри Бухоро ба вуҷуд ояд. Пайдоиши ин давлат авҷи Эҳёи Аҷам (асри IХ-ибтидои асри ХVIII) ва Эҳёи Тоҷик (асрҳои IX-XI) буд, ки асоси онро зинда кардани анъанаҳои бостонии тоисломӣ ва арзишҳои миллии сирф ориёӣ дар тамоми соҳаҳо ташкил медод. Дар эҳёи ин фарҳанг тамоми сокинони Хуросону Мовароаннаҳр, аз ҷумла тоҷикони шаҳри Балх, ки имрӯз дар марзи Афғонистон ҷойгир буда, дар давлати Сомониён яке аз марказҳои бузурги иқтисодию сиёсӣ баъд аз Бухоро маҳсуб буд, саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар даврони Сомониён, ки марзу буми давлати онҳо Мовароаннаҳр ва Хуросон, аз ҷумла дар баробари шаҳри Балх инчунин Марв, Ҳирот, Нишопур ва шаҳрҳои дигарро фаро мегирифт, забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эълон гардида, дар асоси он дар ин минтақа адабиёти оламшумул, махсусан назми наве бо саромадии устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (858-941) ташаккул ёфт. Аз ин давра, тибқи маълумоти маъхазҳои асримиёнагӣ ва муҳаққиқони муосир номи 57 шоир маълум аст, ки панҷ нафари онҳо аз Бухоро, панҷ нафари дигар аз шаҳри Балх ва боқӣ аз мавзеъҳои дигари тоҷикнишин будаанд. Дар ин бора шоири асри XI Манучеҳри Домғонӣ (с.ваф. 1040-1041) гуфтааст:
Аз Бухоро панҷу панҷ аз Марву панҷ аз Балху боз
Ҳафт нишопурию се тӯсию се Булҳасан.
Сазовори таъкид аст, ки Сомониёни тамаддунпарвар барои тақвияти фарҳангии давлати худ олимону адибонро аз минтақаҳои гуногуни тоҷикнишин ба пойтахт даъват карда, онҳоро аз ҷиҳати моддию маънавӣ бо мақсади саҳмгузориашон дар рушди илму адаб ҳамаҷониба дастгирӣ менамуданд. Аз ҷониби дигар, саъю кӯшиши Сомониён барои ҷамъоварии мероси бостонии ориёӣ ва эҳёи он шоирону олимонеро, ки дар тобеияти араб зиста, ғурури миллии худро то ҳол аз даст надода буданд, ба Бухоро раҳсипор менамуд.
Маҳз бо ҳамин сабабҳо, шоирон Шаҳиди Балхӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Сонеи Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Маъруфии Балхӣ ва дигарон бо амирони сомонӣ ҳамкорӣ намуда, дар рушди адабиёти тоҷик нақши босазое аз худ боқӣ гузоштанд.
Дар байни шахсиятҳои зикршуда Абулҳасан Шаҳид Ҷуҳудонакии Балхӣ (с.ваф. 937-938) шоир ва мутафаккири бузург буда, бо олимони шинохтае чун Абубакр Закариёи Розӣ (865-925) баҳсу мунозираҳои илмӣ доштааст. Ӯ амирону шахсиятҳои дигари бузурги даврони сомониро дар сатҳи баланде мадҳ гуфтааст. Аз мероси Шаҳиди Балхӣ ҳамагӣ 102 байт то даврони мо расидааст, ки ҳамагӣ гувоҳи истеъдоди баланди ин тоҷики зодаи Балх ва хислатҳои илмпарварии ӯянд. Аз ҷумла, дар бораи илму адаб ва дониш шоир чунин фармудааст:
Донишо, чун дареғам оӣ аз он-к
Бебаҳоӣ, валекин аз ту баҳост.
Бе ту аз хоста мабодам ганҷ,
Ҳамчунин зорвор бо ту равост.
Боадабро адаб сипоҳ бас аст,
Беадаб бо ҳазор кас танҳост.
Ногуфта намонад, ки дар вафоти Шаҳиди Балхӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як марсияи ҷонсӯзе сурудааст.
Абулмуайяди Балхӣ низ аз шоирони машҳури даврони Сомониён ва аз ҳамасрони Рӯдакӣ буда, “Шоҳномаи бузург” (ё “Китоби Гаршосп”), достони “Юсуф ва Зулайхо” ва асари насрие бо номи “Аҷоиб-ул-булдон” таълиф намудааст, вале то замони мо ҳамагӣ 22 байт аз ашъори ӯ боқӣ мондааст. Ин абёти пароканда ба пуррагӣ саршор аз панду ҳикмат аст:
Далере, ки тарсад зи пайкори шер,
Зани зоҷ хонаш, махонаш далер!
***
Рав, зи каҷиҳои дарун соф бош,
Ростгарои раҳи инсоф бош.
Аз шоири дигари даврони Сомониён – Сонеи Балхӣ танҳо як рубоӣ то ба мо расидааст, ки онро муҳаққиқон дар саҳифаҳои “Таърихи Систон” пайдо намудаанд:
Хони ғами ту паст шуда, вайрон бод,
Хони тарабат ҳамеша ободон бод!
Ҳамвора сари кори ту бо некон бод,
Ту мири шаҳиду душманат Мокон бод!
Миёни шоирони даврони Сомониён тоҷики дигари зодаи Балх – Маъруфии Балхӣ низ, ки Рӯдакиро “Султони шоирон” хондааст, дар рушди илму адаб дар ин замона хизматҳои шоиста намудааст. Ӯ дар эҷодиёти худ мадҳи шахсият ва фаъолияти амири сомонӣ Абдулмалик ибни Нӯҳи Сомонӣ (955-962) намуда, оид ба ин мавзуъ ва масъалаҳои дигар ғазал, қасида ва байтҳои алоҳида сурудааст. Аз Маъруфии Балхӣ то мо 55 байт расидааст, ки дар онҳо мавзуъҳои лирикӣ, пандуахлоқӣ ва амсоли он инъикос ёфтаанд:
Овози ту хуштар ба ҳама рӯй,
Наздики ман, эй луъбати Фархор.
З-овози намози бомдодин
Дар гӯши ғамин марди бемор.
***
Мардумон гӯянд, к-ин ишқ салим аст, оре
Ба забони арабӣ моргазида-ст “салим”.
Бештар аз шоирони дигар аз зумраи тоҷикони Балх Абушакури Балхӣ дар рушди адабиёти тоҷик дар даврони Сомониён саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ дар ашъори худ на танҳо мадҳи амир Нӯҳ ибни Аҳмади Сомонӣ намудааст, балки дар пайравӣ аз асари бостонии ниёгони мо “Ҷовидон хирад” андарзномае сурудааст, ки минбаъд асос барои таълифи “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ (1200-1291) ва маснавиҳои дигари пандуахлоқӣ дар адабиёти тоҷик гардид. Ашъори то имрӯз боқимондаи Абушакури Балхӣ аз 429 байт иборат мебошад. Аз ин мерос зиёда аз 300 байти он аз андарзномаи шоир аст, ки бо номи “Офариннома” машҳур аст.
Аз “Офариннома”, ки саросар панду ахлоқ буда, баёнгари он аст, ки дар қатори Дақиқӣ (948/950-978-983) ва Абулқосим Фирдавсӣ (940-1020) муаллифи он Абушакури Балхӣ яке аз саромадони достонсароӣ дар назми тоҷик ба ҳисоб меравад, чунин бармеояд, ки шоир на танҳо андарзҳо гуфтааст, балки алоқамандии худро ба мероси бостонии ниёгони миллати мо нишон додааст. Ҳама ин гувоҳи саҳми ин тоҷики балхӣ дар гиромидошти таърихи гузашта ва Эҳёи Аҷам мебошад. Байтҳои зерин ин нуктаро ба куллӣ собит месозанд:
Ба доноӣ фармой ҳамвора кор,
Чу хоҳӣ, ки корат бувад нигор.
Ки доно ба ҳар кор бошад тамом,
Ба доно супорад замона лагом.
Чунин хондам аз дафтари Зардиҳишт,
Ки доно бувад, бегумон, дар биҳишт.
Чанд мисоле аз эҷодиёти шоирони балхӣ, ки дар аҳди Сомониён ва замони Рӯдакӣ зистаанд, ҳамчун намуна оварда, бори дигар таъкид месозем, ки ин даврон авҷи Эҳёи Тоҷик ҳисоб мешавад, ки онро муҳаққиқи тоҷик, академик А. Турсунов «аҳди тиллоӣ» номгузорӣ кардааст. Ин олими шинохта таъкид доштаанд, ки давлати сирф миллии тоҷикӣ Сомониён аз миён рафта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳангии онҳо ҷовидонӣ боқӣ монданд, зеро барандаву муҳофизатгари он “халқи пуркору пурбардори тоҷик” зинда буд.
Хушбахтона, миёни ин тоҷикони пуркору пурбардор мардуми ҳар ду соҳили Омударё, аз ҷумла тоҷикони Балх буданд, ки барои рушди илму адаб ва фарҳанги миллати худ дар аҳди Сомониён хизматҳои шоиста ба анҷом расонида, имрӯз ҳам дастаҷамъона аз пайи ҳифзу нигаҳдошт ва таҳаввулу такомули ин тамададуни оламшумул саъю кӯшиши пайваста ба харҷ медиҳанд.
Хуршед Зиёӣ - доктори илмҳои фалсафа, профессор
Осиё аз қораи бузургтарин дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубии он бо хусусиятҳои хосси ҷуғрофӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва манобеъи табиии худ аз мавзеъҳои стратегӣ маҳсуб мешаванд. Зимнан, Осиёи Ҷанубӣ бо кишварҳои Афғонистон, Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, Молдиф, Непол, Покистон ва Шриланка тақсимбандии географӣ шуданд.
Покистону Ҳиндустон аз зери салтанаи мустамликадарони англис дар соли 1949 истиқлолият ба даст оварда, иқтисодиёти заифро аз онҳо мерос гирифтанд. Аммо роҳбарияти он давр дар ин кишварҳо дар натиҷаи мудирияти дуруст тавонистанд, ба комёбиҳои назаррас дар даврони инстиқлолияташон ноил гашта, аз кишварҳои стратегӣ пазируфта шуданд.
Дар ин қарина ҷоиз ба таъкид аст, ки роҳбарони минтақаи Осиёи Марказӣ бо дарёфти истиқлолият равобити худро бо Осиёи Ҷанубӣ ба роҳ монда, миёни ҳам созишномаҳову қарордодҳои гуногун ба имзо рассониданд. Дар ин зимн, лоиҳаи интиқоли нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) яке аз лоиҳаи минтақавист, ки ба маблағи 1,2 миллиард доллари амрикоӣ барои расонидани манфиатҳои пайвастшавӣ миёни кишвари Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон мебошад. Инҷо талош шудааст чанд нукоти муҳими лоиҳаи CASA-1000 дар партаву баррасиҳои Бонки Ҷаҳонӣ, ки аз шарикони асосии молии он ба ҳисоб меравад, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирад.
Санги асоси лоиҳа дар моҳи майи соли 2016 аз ҷониби раҳбарони чаҳор кишвари мазкур сурат гирифт ва интизор меравад, то соли 2025 анҷом ёбад. Тибқи тарҳи лоиҳа, интизор меравад, ки кишварҳо қабл аз ба истифода додани лоиҳа як бонки боэътимоди қарзиро барои идоракунии даромадҳо якҷоя интихоб менамоянд. Бонки мазкур дар кишваре ҷой мегирад, ки шарики лоиҳа набуда, ҳамасола мавриди санҷиш қарор хоҳад гирифт. Фоидаҳову даромадҳои содиротӣ пеш аз ҳама барои фаъолияти бефосилаи лоиҳаи CASA-1000, аз ҷумла пардохтҳои саривақтӣ ба истеҳсолкунандагони нерӯи барқ, пардохти қарзҳо, инчунин барои мусоидат ба барномаҳои сарфакоронаи энергия ва дигар тадбирҳо ҷиҳати рафъи камбуди нерӯи барқ дар фасли зимистон аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон ва Қирғизистон истифода мешаванд.
Он аз бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад, ки хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро пайваст ба минтақа таъмин менамояд. Ин ташаббуси созанда натанҳо барои чор давлат муфид буда, балки барои такмил додани низоми интиқоли барқ ва ҳавасмандгардонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷиҳати устуворнамоии ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат менамояд. Ин қадами аввалин дар роҳи ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ аст, ки захираҳои бузурги энергетикии Осиёи Марказиро барои рафъи камбуди нерӯи барқ дар Осиёи Ҷанубӣ дар асоси мутақобилан судманд истифода хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳа тавассути фароҳам овардани имкониятҳо барои рушд ва истифодаи нерӯи оби тозаи барқароршаванда ба мардумони минтақа мусоидат хоҳад кард. Он ба рушди энергетикии чаҳор кишвар кӯмак карда, ҳамзамон дастрасии беҳтар ва устувори мардумро ба нерӯи барқ таъмин мекунад. Лоиҳа баъд аз имзо расидан моҳи марти соли 2014 аз ҷониби Шӯрои Бонки Ҷаҳонӣ бо маблағгузории Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) тасдиқ карда шуд ва корҳои маъмурӣ ва техникии он дар миёни ҳамаи кишварҳои аъзо хело хуб ба роҳ монда шуданд.
Вале ҷараёни ин корҳо дар Афғонистон дар пайи вазъи сиёсӣ дар моҳи августи соли 2021 мутаваққиф шуданд. Пеш аз таваққуфи лоиҳа, тақрибан 18% манораҳо барои қисми Афғонистони хати интиқоли CASA сохта шуда, тақрибан 95% мавод ва таҷҳизоти зарурӣ барои анҷом додани лоиҳа дар кишвар таъмин карда шуданд. Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон татбиқи CASA-1000-ро идома дода, корҳои сохтмонӣ қариб ба анҷом расидаанд.
Ҳамин тариқ, моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Алмаатои Казоқистон баъди ба имзо расонидани як қатор созишномаҳо байни ширкатҳои энергетикӣ ва пудратчиён мутобиқи талаботи пурраи қонун лоиҳаи CASA-1000 пурра ба марҳилаи сохтмонӣ гузашт. Илова бар ин, хати мавҷудаи 220 кВ-и тағйирёбанда байни Тоҷикистон ва Афғонистон барои пайвастшавӣ ба системаи интиқоли барқи ҷараёни баландшиддати мустақим (HVDC) барои интиқоли нерӯи барқ тағйир дода, суръати онро боло барад. Ин навъи тағйирот ба Афғонистон имкон медиҳад, ки то 300 МВт бештар нерӯи барқро аз хатти интиқоли 220 кВ-и мавҷуда истифода кунад. Дар ин зимн, лоиҳа моҳи феврали соли 2020 дар маросиме, ки президенти вақти Афғонистон ва сафири Покистон дар Афғонистон ширкат дошт, ифтитоҳ ёфта, ба тадриҷ моҳи марти соли 2021 тақрибан 30% лоиҳаи Афғонистонро фаро гирифт. Ҳамин тариқ, аз он замон то моҳи апрели соли 2021 корҳои саҳроӣ аз рӯи ҳамаи 10 шартнома оғоз ёфт.
Ҳамин тавр, тибқи маълумоти расмии Вазорати эенергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон лоиҳаи CASA-1000 ба таври зерин нақшакашӣ гардидааст :
• Таҳия ва таъмини хати интиқоли барқи тағйирёбандаи 500 кВ аз зеристгоҳи “Датка”-и Қирғизистон то зеристгоҳи “Суғд-500”-и Тоҷикистон бо дарозии 477 км;
• Эҷоди зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори интиқолдиҳии 1300 мВт дар Сангтуда (Тоҷикистон);
• Таҳия ва ташкили хати интиқоли барқи баландшиддати барқи доимӣ аз Сангтуда (Тоҷикистон ) то Норшева (Покистон) бо дарозии 750 км;
• Ташкили зеристгоҳи конверторӣ бо иқтидори интиқолдиҳии 1300 мВт дар Норшева (Покистон)
Барои дар амал татбиқ намудани лоиҳаи CASA-1000 Шӯрои байниҳукуматӣ ташкил карда шуда буд, ки дар зинаҳои аввал он ҳамкориҳои самараноки минтақавиро таъмин менамуд. Дар доираи Шӯрои байниҳукуматӣ давлатҳо оид ба амалисозии лоиҳа қарор қабул менамоянд, равиш ва қоидаҳои умумӣ таҳия менамоянд ва ҳамчунин стандартҳои техникиву экологии умумӣ барои таъмини бехатарии умумӣ истифода менамоянд.
Пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имкон фароҳам оварда, Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба хусус Покистон ва Ҳиндустон неруи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир намоянд. Лоиҳа стратегияи ҳукумати Покистонро оид ба афзоиши талабот ба нерӯи барқ дастгирӣ намуда, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз ҳисоби истифодаи беҳтари манобеъи барқи обӣ фоидаи молӣ ба даст оварад. Ҳамин тариқ, Афғонистон чун кишвари интиқолдиҳандаи барқ фоида ба даст оварда, ба манбаи иловагии нерӯи барқ дастрасӣ пайдо кунад.
Тибқи баррасиҳо ва назари коршиносони соҳа анҷоми қисмати Афғонистон муҳим арзёбӣ мегарад. Зеро он кишвари калидии байниҳамдигарии хати интиқоли интиқоли CASA-1000 мебошад. Корҳо дар Тоҷикистон, Қирғистон ва Покистон тақрибан ба анҷом расида, ин кишварҳо ба бозпардохти қарзҳо ба Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар маблағгузорон кам-кам шурӯъ кардаанд. Бояд таъкид кард, ки агар лоиҳаи CASA-1000 анҷом наёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода нашавад, барои Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон хисороти зиёди иқтисодӣ ва молиявӣ хоҳад овард, ки тақрибан 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар ин зимн, ташаббусгарони асосии CASA-1000 аз Тоҷикистону Қирғистону Покистон имконоти ҷалби маблағгузории хусусиро барои пӯшонидани хароҷоти фаъолиятҳои лоиҳавӣ дар Афғонистон омӯхта, аз Бонки Ҷаҳонӣ дархост кардаанд, ки лоиҳаро дар Афғонистон бо идомаи маблағгузории аслии худ аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (IDA) як бахши Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки ба кишварҳои камдаромади ҷаҳон кӯмак мекунад, барои анҷоми ин лоиҳа аз сар бигирад. Бинобар ин, Бонки Ҷаҳонӣ тасмим гирифт, ки CASA-1000-ро ба таври ҳалқавӣ аз сар бигирад. Зеро IDA бо грантҳо ва қарзҳои камфоиз ба кишварҳо барои сармоягузорӣ дар ояндаи худ, беҳтар кардани зиндагӣ ва эҷоди ҷомеаҳои бехатар ва шукуфон дар саросари ҷаҳон кӯмак мекунанд.
Сохтори ҳалқаи девордор кафолат медиҳад, ки тамоми пардохтҳои сохтмонӣ ва даромади оянда берун аз Афғонистон идора шуда, ба низомҳои маъмурияти ҳокимони ҳозираи Афғонистон дохил намешаванд. Он инчунин механизмҳои мавҷудаи татбиқро, ки дар замони тасдиқи лоиҳа дар соли 2014 мувофиқа шуда буданд, тақвият хоҳад дод. Ин созишномаҳо истифодаи мушовирони байналмилалӣ барои назорати пешрафт, риояи кафолатҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ ва истифодаи мониторинги тарафи сеюмро барои тафтиши пешрафт ва варақаҳо-фактураҳои пудратчиро тасдиқ менамояд.
Барқарорсозии девори ҳалқавӣ дар ду марҳила сурат мегирад: сохтмон, интизор меравад, ки се сол тӯл кашад ва амалиёт пас аз он. Дар ҳарду марҳила ҳама пардохтҳо берун аз буҷет берун аз назорати маъмурияти ҳокимони ҳозираи Афғонистон ва оффшорӣ боқӣ хоҳанд монд. Марҳилаи сохтмон аз созишномаҳои мавҷудаи шартномавӣ истифода мешавад, ки ширкатҳо берун аз Афғонистон пардохт мекунанд, бо истифода аз маблағгузории мавҷудаи IDA16 сурат мегирад.
Маблағи мавҷудаи 110 миллион доллари амрикоии бақияи пешбининашуда дар лоиҳа, ки дар соли 2021 таваққуф карда шуда буд, барои идомаи лоиҳа истифода мешавад. Дар ин зимн ягон захираҳои нави маъмурияти ҳокимони ҳозираи Афғонистон барои анҷоми фаъолиятҳои лоиҳавӣ дар Афғонистон пешниҳод ё пешбинӣ нашудааст.
Ҳамин тавр, Бонки Ҷаҳонӣ пардохтҳоро мустақиман ба суратҳисобҳои оффшории пудратчиён ва мушовирони байналмилалӣ дар асоси тафтиши ҳисобномаҳо аз ҷониби агентии мустақили мониторинг анҷом медиҳад. Бонки мазкур амалиёти молиро тавассути Бонки Ҳисоби Оффшорӣ дар Абу-Даби барои таъмини он, ки пардохтҳо ва даромадҳо тибқи созишномаҳои шартномавии тиҷоратӣ дар оффшорӣ бо шартҳо оид ба ҳеҷ гуна эътироз барои истифода бо мақсадҳои муайян, аз ҷумла хариди нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи созишномаҳои мавҷудаи CASA-1000 ва дигар қарордодҳо таъмин хоҳад кард.
Дар ин зимн, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4 декабр 2023 дар мулоқот бо президенти Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Аҷай Банга зарурати аз сар гирифтани лоиҳаи хати баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000-ро бори дигар таъкид кард. Ӯ созишномаи интиқоли нерӯи барқро ба кишвари Афғонистон барои манофеи иҷтимоии мардуми он дониста, муҳлати онро тамдид намуд, ки барои суръат бахшидан ба кор дар CASA-1000 мусоидат хоҳад кард. Дар робита ба ин, сарвари давлати Тоҷикистон саҳми БҶ дар маблағгузории тадбирҳои мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва пешгирии онҳо муҳим донист. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳониро аз шарикони аслии Тоҷикистон дар арсаи рушд арзёбӣ карда, аз сатҳи ҳамкорӣ бо он изҳори қаноатмандӣ кард. Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкорӣ дар бахшҳои обу энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди соҳаи тандурустӣ, маориф, шаҳрсозӣ ва коҳиши фақрро баррасӣ карданд.
Ҳамин тавр, зимни мулоқот Президенти Тоҷикистон ба зарурати идомаи татбиқи лоиҳаи хати баландшиддати интиқоли барқи «CASA-1000», ки бозори энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тавассути Афғонистон мепайвандад, бештар таъкид намуданд .
Ҳамин тариқ, бори дигар тарҳи CASA-1000 ба ширкати миллии энержии Афғонистон дар шаҳри Истамбули Туркия бо иштироки мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Покистон созишнома ба имзо расониданд. Аз созмонҳои байнулмилалии молиявӣ мусоидат ба вусъати корҳо дар лоиҳаи CASA-1000 дархост шуд.
Хулосаи калом, ба назар мерасад, ки тарҳи деринтизор ва стратегии пайвандгари Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубиву ғарб эҳё мешавад ва мардумони кишвари Афғонистон ки дар ин тарҳ муҳим дониста мешад, чун ҷониби иҷрокунандаи асосии таъмини бехатариву амнияти лоиҳаи мазкур саҳм гузошта, баҳри сулҳу созандагии минтақа ва сокинони он кӯмак хоҳанд расонд .
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2023 қайд намуданд, ки: «Амалӣнамудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».
Дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои ташкили ҳукумати конститутсионӣ дар соли 1992 ба ин самт таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст. Қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз қадамҳои муҳимму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор меравад, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатиро асос гузоштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд арзиши олӣ эътироф ва муқаррар шудааст. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, ба равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа такон мебахшад. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва нақши калидии шаҳрвандони аз нигоҳи ҳуқуқӣ бомаърифат дар таъмини пешрафти давлатдории миллӣ дар пайи татбиқи иқдомоти пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар мамлакат заминаи мукаммали ҳуқуқию қонунӣ фароҳам омадааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ таҳия ва қабул гардидаанд. Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии содиршавии ҷиноятҳо вайрон намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи шаҳрвандон мебошад. Бояд гуфт, ки донистани ҳуқуқ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст.
Шаҳрвандон бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқиро донанд ва риоя намоянд, зеро дарки моҳияти санадҳои ҳуқуқӣ мавқеи шахсро дар ҷамъият боло мебарад. Нафаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқиқиро медонаду аз талаботи онҳо бохабар аст ва риоя менамояд, метавонад, ҳуқуқҳои худро ҳифз намояд. Риоя, дарк ва эҳтироми қонунҳо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл омадааст: «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёри конститутсионӣ шаҳрвандонро боз ҳам водор месозад, ки дар самти риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда пешоҳанг бошанд.
Маърифати ҳуқуқӣмафҳуми дар назари аввал мураккаб буда, дар асл моҳият, дарк ва фаҳмиши он мушкилӣнадорад — он иҷрои амалҳои ҳаррӯзаи ҳар шахс - шуруъ аз сокини муқаррарӣ то масъули сатҳи гуногуни роҳбариро дар доираи қоидаҳо, қонунҳо, инчунин риояи меъёрҳои умумибашарии қабулшуда талаб менамояд. Дар идомаи моддаи 1 Констутитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз таъкиди он, ки Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, чунин омадааст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Маърифати ҳуқуқӣ ба василаи муҳими танзимкунандаи рафтор ва фаолияти шахс дар ҷомеа ба шумор рафта, омили мусоид баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат аст.
Маҳз сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар дар чаҳорчубаи қонун муқаррар шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти воқеии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳо муваффақ гардад. Дар шароити вусъат пайдо намудани ҷаҳонишавӣ ва рушди равандҳои демократӣ аҳамияти маърифатнокии ҳуқуқӣ ба маротиб боло рафтааст. Моҳиятан дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳар шаҳрванд бояд ба мавқеи мустақили шаҳрвандӣ ва шахсияш муносибати бошуурона дошта бошад ва ба равандҳои гуногуни ҷамъиятӣ бохирадона муносибат намояд. Дар чунин шароит маҳз донишҳои ҳуқуқии зарурӣ, устувории иродаи сиёсӣ ва мафкуравӣ метавонанд фаолияти шахсро дар доираи муайянкунандаи қонун ва тартибот таъмин созанд.
Фазилатпочои Махмадюсуф докторанти PhD курси 1- уми институти фалсафа сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А Баҳоваддинови АМИТ
«Саломатӣ ганҷест, ки барои он на танҳо вақт, заҳмат, меҳнат ва ҳама гуна неъматҳоро дареғ намедоранд, балки барои он як қисми худи ҳаётро қурбон кардан зарур аст, зеро ҳаёт бе он тоқатнопазир мегардад ва хоркунанда» - гуфта буд нависандаи франсуз М. Монтеннер.
Ба консепсияи «тарзи ҳаёти солим» рафтори иҷтимоӣ ва психологии инсон, шартҳои асосии гигиении ташаккули организми инсон дохил мешаванд. Олимони физиолог ва духтурон таъкид мекунанд, ки инсон метавонад аз лаҳзаҳои тавлид шуданаш 100 сол бидуни беморӣ зиндагӣ намояд. Инсон ҳануз аз даврони ба дунё омаданаш дар худ бо тарзи ҳаёти солим зиндагӣ намуданро ҷой дода, ба қонунҳои табиат ва инсоният риоя намояд. Дар ҳуҷҷати стратегии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ"Саломатӣ барои ҳама дар садсолаи 21-ум" ба масъалаҳои сафарбар намудани ҷомеаҳо ба мустаҳкам намудани саломатӣ тавассути ба одамон ва ҷамъиятҳо фароҳам овардани имконияти баланд бардоштани назорати омилҳои мустаҳкамкунандаи саломатӣ диққати махсус дода мешавад. Вобаста ба ҳамин дар сиёсати имрӯзаи давлати Тоҷикон ташаккули тарзи ҳаёти солим бо иштироки ҷомеаҳо дар ҳалли масъалаҳои бахши тандурустӣ аҳамияти муҳим дода мешавад. Танҳо тавассути сафарбар намудани саъю кӯшиши бахшҳои гуногун ва ҷомеаҳо тарзи солими ҳаётро таъмин ва барои саломатӣ муҳити мусоидро фароҳам овардан мумкин аст. Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар кишварҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидааст, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин ҳисоб истисно нест.
Солҳои охир дар тамоми дунё яке аз сабабҳои асосии ба марг ва маъюбият гирифтор шудани одамонро беморииcактаи дил медонанд. Ин беморӣ ҳар сол беш аз 17 миллион одамонро аз байн мебарад. Сабабҳои асосии ин беморӣ- баландшавии фишори хун, болоравии холестерин ва глюкоза дар хун, диабети қанд, сигор кашидан, вазни зиёд, камҳаракатӣ ва истеъмол накардани ғизои солим мебошанд. Тадқиқотҳои илмӣ исбот намудаанд, ки пайдоиши бемориҳои мазкур ба тангшавӣ ва тамоман банд шудани роҳҳои хун дар рагҳои хунгузар вобаста мебошад. Вақте ҳаҷми рагҳо то 70% танг мешавад, норасоии энергияву хун ба мушоҳида мерасад. Ин омил боиси халалдор шудани меъёри талаботи ҷисм ба оксиген ва миқдори дастраснамоии он ба мушакҳои дил мегардад. Норасоии кислород дар бофтаҳо гипоксия ном дорад. Дар илми тиб ин равандро ишемия меноманд. Бемории инфаркт дар натиҷаи қатъ гардидан ё вайроншавии гардиши хун ба амал меояд. Бо мақсади пешгирӣ ва огоҳӣ аз хатари ин беморӣ соли 1999 бо ибтикори Федератсияи байналмилалии дил Рӯзи байналмилалии дил ташкил гардида буд, ки ин иқдомро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНЕСКО дастгирӣ намуданд. Солҳои аввал ин рӯз якшанбеи охири моҳи сентябр таҷлил мегашт. Аз соли 2011 инҷониб ин рӯзро 29 сентябр баргузор менамоянд.
Фаъолияти иҷтимоии инсон, оқилона ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва истироҳати фаъол дар реҷаи рӯз, дуруст ташкил намудани фароғати фарҳангӣ, ҳаракати фаъоли муносиб, гигиенаи шахсӣ, истифодаи қувваҳои шифобахши табиат (офтоб, ҳаво, об), хурду хӯроки дуруст, ҳолати сиҳатии психологӣ дар оила, фаъолияти меҳнатӣ ва таълимӣ дар коллектив. Ҳамаи инҳо бо ҳамдигар вобаста буда, ба омилҳои тарзи ҳаёти солим дохил мешаванд. Меҳвари тарзи ҳаёти солимро, фаъолияти иҷтимоии инсон метавон гуфт. Зеро он ба ташаббускорӣвобаста буда, дар меҳнат, таҳсил ва муомилот ошкор мешавад. Инсон – ин ягонагии ногусастании биологӣ ва иҷтимои мебошад. Шахси фаъол ва мақсаддор намегузорад, ки рӯҳу танаш танбалӣ кунад, муддати дароз ҷавонӣ ва зиндадилиро нигоҳ дошта, ҳатто дар пирӣ низ қувваи созандаи эҷодиашро давом медиҳад. Дар муқобил, беғайратии иҷтимоӣ, даст кашидан аз қуллаҳои мақсад, мурдадилӣ, набудани машғулияти дӯстдошта, бефаъолиятӣ, ба олами ғуссаҳо рафтан, руҳафтодагӣ, афсурдаҳолӣ шахсро ба таназзул оварда мерасонад. Дар ин бора биологи машҳури Канадагӣ, профессор Ганс Селья яке аз асосгузорони назарияи стресс, гуфтааст: «Барои он ки ба зиндагиамон маънӣ бахшем, мо бояд дар назди худ як масъалаи душвор ва дарозмуддат гузорем. Мо бояд чунин ба мақсад расем, ки аз мо кори душворро талаб кунад. Набудани чунин мақсад – яке аз стрессҳои калонест, ки инсонро ба захми меъда, сактаи дил, гипертония ва ё ба ягон хел ҳолати бенишот меоварад. Чи бояд кард, ки фаъолияти иҷтимоии меҳнатиро бештар намуда, барои пешрафти ҷомеа саҳм гузошт.
Энергия дар организм ҳангоми ҳаракат ба вуқуъ меояд. Инсонро табиат барои фаъолияти ҷисмонӣ офаридааст, ки ба он ҳамаи узвҳо ва система бо якдигар мутобиқ карда шудаанд. Зиёда аз ними вазни танро дастгоҳи ҳаракат ташкил медиҳад: скелет ва мушакҳо. Қалб ва хунгарди, системаи нафаскашӣ ва асаб, системаи ҳозима ва ғадудҳои тарашшуҳи дохила – ҳамаи ин тарзе сохта шудааст, ки фаъолияти мунтазами мушакҳоро ба амал меоваранд. Сигналҳое, ки аз мушакҳои ҳаракатдиҳанда ба майнаи сар ворид мешаванд, дар марҳилаҳои муайяни ҳаёти кӯдак, барномаҳои ташшакулёбии ирсии организми ӯро ба миён меорад. Агар ин масъаларо бештар бинем, бояд қайд кард, ки фаъолияти ҳаракат дар инсони даврони ибтидои ҳолати рӯҳиро ба миён оварда, дар инсони замони ҳозира бошад, дар моҳҳо ва солҳои аввали зиндагӣ тараққӣ мекунад. Дар ҳаракат маънои ҳаёт нуҳуфта аст. Организми инсон дар баробари сарф кардани энергия, дар ҳолатҳои гуногун онро аз нав пур мекунад, дар ҳоле, ки агар худи шахс бештар фаъолият намуда талош кунад, ки ғизоҳои энергетикиро истифода намояд. Дар чунин ҳолат энергияи сарфшуда барқарор мегардад. Дар акси ҳол раванди мубодила дарҳол суст шуда, энергия ҷамъ намешавад, инчунин ҳуҷайраҳои мағзи сар ва бадан бо ғизо таъмин нагардида, раванди ташаккулёбии организм рушд намеёбад. Пайваста фаъолияти мунтазам накардан, ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад. Мушакҳои дилро суст карда, ҳолатҳои фарбеҳшавиро ба амал меоварад ва тонуси мушакҳо, кори фикронӣ ва ҷисмонӣ паст мешаванд, эҳтимолияти сар задани бемориҳои асаб, дилу рагҳо, вайроншавии мубодилаи ғизо ба миён меояд. Зарари гиподинамияро бештар дар шахсоне, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд бештар мушоҳида кардан мумкин аст, зеро шаҳрнишинонро зарур аст, ки дар воситаҳои нақлиёт, нишаста ба кор раванд, ки ин ҳолат ба организми онҳо фишори асабӣ ва мушакиро ба миён меоварад. Бисёре аз касбҳои имрӯза дар ҳолати беҳаракатӣ, бо сарфи минималии қувваи ҷисмонӣ ҳастанд. Дар муддати рӯз, мо аз як курсӣ ба як курсии дигар менишинем, ин амалиётҳоро бо гашту гузор ба бозору мағозаҳо иваз менамоем. Ва ҳамаи ин дар ҳолати норасоии вақт, саросемагӣ, ба қавле “шишта саросемаем”. Ва бо ҳамин тарзи зиндагӣ ба мушакҳоямон имконият медиҳем, ки онҳо муддати дароз беҳаракат ва суст бошанд, дар чунин ҳол рӯҳу асаб– муддати дароз фишор мебинанд. Занҷири маъмулии тарзи ҳаёти камҳаракатро кандан душвор аст. Барои аз чунин мушкилӣ баромадан моро зарур аст, ки бештар ҳаракат кунему ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шавем. Бояд қайд кард, ки агар шахс машқҳои ҷисмониро дар табиат ба ҷо оварад, таъсири мусбии он ба организм зиёдтар мешавад. Зеро омилҳои гигиении табиат (офтоб, ҳаво, об) беҳтарин воситаи обутоб ва пешгирии бемориҳост. Дар ҷойҳое, ки сард аст, яъне дар онҷо ҳисси хунукӣ мушоҳида мегардад, ба машқи ҷисмонӣ машғул шудан аз аҳмият холӣ нест. Зеро хунукӣ таъсири хубе ба системаи асаб, дилу рагҳо ва озодона нафас гирифтанро дошта, инчунин мубодилаи ғизоро беҳтар карда, кори узвҳои таносулро дар сатҳи баланд ба танзим медарорад. Омилҳое ҳастанд, ки метавонанд таҳти назорат бошанд ва пешгирӣ шаванд. Аз ҷумла носкашӣ ва тамокукашӣ мебошанд, ки бояд фавран аз он даст кашид. Инчунин шахсе, ки мубталои фишорбаландӣ мебошад, бояд фишори худро дар сатҳи меъёр нигоҳ дорад(120/80), аз вазъи боду ҳаво воқиф бошад, зеро гармои шадид ва тӯфони магнитӣ сабаби баландшавии фишор мешаванд. Ҳамчунин вазни худро дар сатҳи меъёр нигоҳ доштан ва бештар ҳаракат кардану аз ғизои серчарб даст кашидан ҳатмист. «Гирифторони бемориҳои дилро зарур аст, ба ғизои ҳаррӯзаи худ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва барои истеъмол хӯрокҳоеро интихоб намоянд, ки дар таркибашон холестерини кам доранд. Ба онҳое, ки дар таркиби хунашон холестерин аз меъёр зиёд аст, лозим нест, ки якбора аз баҳри ҳама хӯроки дӯстдоштаашон бароянд. Дар ин ҳолат танҳо меъёрро бояд риоя кард. Набояд фаромӯш кард, ки бемориҳои дилгузаранда ва одӣ нестанд ва бо онҳо муносибати сар- сарӣ кардан дуруст нест. Яке аз роҳҳои асосии дучор нашудан ба ин бемориҳо - риояи тарзи ҳаёти солим ва гӯш додан ба маслиҳати табибону аз рӯи он амал намудан аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд барномаҳои миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла «Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010», «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2017», «Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои солҳои 2012-2020», «Барномаи миллии рушди тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026» қабул гардиданд, ки дар онҳо оидба такмили механизми пешгирии бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ дар асоси ҳамкорӣ бо ҷамъият ва баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ ва атрофиён тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба тарзи ҳаёти солим даъват намуда, инчунин қайд мекунанд, ки «Дар оянда мо бояд ба оммавӣ гардонидани варзиш аҳамияти аввалиндараҷа ва таваҷҷӯҳ ҷиддӣ зоҳир намоем, зеро варзиш, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ ба беҳтар намудани саломатии аъзоёни ҷамъият шароити боз ҳам беҳтар фароҳам меоварад». Ғайр аз ин, дар сатҳи ҳукуматӣ дар ҷумҳурӣ Маркази миллии тарғиби тарзи ҳаёти солим ва Маркази миллии мушкилоти ғизоӣ таъсис дода шуда, самаранок фаъолият доранд. Бо мақсади пешгирии камфаъолиятии ҷисмонӣ (тарзи ҳаёти нишастан), ҳамчун яке аз омилҳои хавфи бемории ишемияи дил ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз26 апрели соли 2006 №1740 «Дар бораи рӯзи дави миллӣ» кабул карда шуд, ки он характери оммавӣ пайдо кардааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз2 октябри соли2019 таҳти № 463 «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва тарғиби ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024»-ро қабул намуд, ки ба беҳдошти саломатии аҳолӣ тавассути тарғиби ғизои солим, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим равона шудааст. Дар ҷараёни иҷрои ин барнома маълум шуд, ки13 дарсади аҳолӣ фарбеҳ ва17 дарсади мардум, бахусус занон, вазни зиёдатӣ доранд. Тибқи пажуҳишҳо, фарбеҳӣ дар солҳои охир аз ҳисоби истеъмоли ками маводи ғизоӣ ва афзоиши истеъмоли ғизоҳои тез-фарбеҳ, содаҳои қанд, қанди одӣ ва намак сабаб шудааст. Инчунин, инҳо натиҷаи таъсири мутақобилаи омилҳои гуногун мебошанд: майлияти генетикӣ, парҳези калориянок, фаъолияти пасти ҷисмонӣ ва стресс.
Мувофиқи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, сатҳи зарурии фаъолияти ҷисмонӣ инҳоянд:
Аввалан, кӯдакон ва наврасони аз5 то 17 сола - машқҳои ҷисмонӣ дар давоми на камтар аз 60 дақиқа дар як рӯз; на камтар аз 2-3 маротиба дар як ҳафта, ин фаъолият бояд ҳаракатҳоеро дар бар гирад, ки ба беҳтар кардани ҳолати системаи устухон, рушди қувва ва чандирии мушакҳо нигаронида шудаанд. Дуюм, калонсолони аз 18 то 64 сола: фаъолияти ҷисмонии мӯътадил дар як ҳафта на камтар аз 150 дақиқа ё машқҳои ҷисмонии шадиди ҷисмонӣ на камтар аз75 дақиқа дар як ҳафта, ё вақтро ба маҷмӯи шабеҳи машқҳои ҷисмонии мӯътадил ва шадид ҷудо мекунанд. Машқҳои қувват, ки гурӯҳҳои асосии мушакҳоро дар бар мегиранд, бояд2 маротиба дар як ҳафта ё бештар аз он анҷом дода шаванд. Барои он ки машқҳо фоидаи иловагии саломатӣ расонанд, калонсолон дар ин синну сол бояд давомнокии машқҳои ҷисмонии мӯътадилро то300 дақиқа дар як ҳафта зиёд кунанд.
Сеюм, калонсолони синнашон аз 65 сола ва калонтар - фаъолияти ҷисмонии мӯътадил дар як ҳафта на камтар аз 150 дақиқа бояд дошта бошанд. Одамони ин гурӯҳи синну соли дорои ҳаракати маҳдуд бояд бо фаъолияти ҷисмонӣ машғул шаванд, то мувозинатро беҳтар созанд ва хатари афтиданро дар як ҳафта се маротиба ё бештар аз он пешгирӣ кунанд. Барои он ки дарсҳо ба таҳкими системаҳои дилу раг ва нафаскашӣ мусоидат кунанд, онҳо бояд ба давраҳои на камтар аз 10 дақиқа тақсим карда шаванд. Фаъолияти ҷисмонӣ барои аксари бемориҳои музмин фоида дорад, ки берун аз пешгирӣ ё маҳдуд кардани пешравии беморӣ барои беҳтар кардани омодагии ҷисмонӣ, қувваи мушакҳо ва сифати зиндагӣ фаротар аст. Ин махсусан барои одамони солхӯрда муҳим аст, зеро машғулияти мунтазами ҷисмонӣ сатҳи мустақилияти онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯза баланд мекунад.
Фаъолияти мунтазами ҷисмонӣ ба пешгирии диабети навъи 2, коҳиш додани хатари умумии варамҳои ашаддӣ, пешгирии остеопороз кӯмак мекунад, раванди таназзули вобаста ба синну соли системаи мушакҳо ва устухонҳоро суст мекунад ва зуҳуроти депрессия, стресс ва изтиробро коҳиш медиҳад. Сатҳи пасти фаъолияти ҷисмонӣ яке аз сабабҳои муҳими афзоиши якбораи фарбеҳӣ мебошад. Бо сатҳи мувофиқи фаъолият, шумо метавонед вазни оптималии баданро нигоҳ доред ва ба аз даст додани вазн ноил шавед.
Табобати диабети қанд на танҳо истифодаи мунтазами доруҳои пасткунандаи глюкоза ё таъини инсулин, балки ислоҳи тарзи зиндагӣ - ғизо, фаъолияти ҷисмонӣ, кор ва истироҳат мебошад. Тарзи ҳаёти солим бо диабети қанд асоси саломатӣ ва пешгирии мушкилиҳои беморӣ мебошад. Барои ҳар як бемори диабети қанд, духтур на танҳо доруҳоеро, ки сатҳи шакарро паст мекунанд, таъин мекунад, балки инчунин дар бораи хусусиятҳои тарзи ҳаёт, ки табобати бомуваффақиятро таъмин мекунанд ва ба пешгирии рушди мушкилиҳои вазнин мусоидат менамоянд, муфассал нақл мекунад. Аксар вақт, дар идораи эндокринолог, бемор брошюра бо тавсифи муфассали парҳез, мунтазами истеъмоли доруҳо ва тавсияҳо оид ба фаъолияти оптималии ҷисмонӣ мегирад.
Ифодаи дӯстдоштаи эндокринологҳо: «Дабети қанд беморӣ не, балки тарзи ҳаёт аст». Дар аввал бодиққат ҳисоб кардани ҳар чизе, ки мехӯрад ва менӯшад, дар якҷоягӣ бо шиддати дақиқ ҳисобшудаи фаъолияти ҷисмонӣ барои бисёр беморон дилгиркунанда менамояд, вале дере нагузашта аксарияти онҳо ба чунин зарурат одат мекунанд ва амалан худро нотавон ва аз лаззатҳои зиндагӣ маҳрум ҳис намекунанд. Дар ҳолати диабети қанд, хӯрок бояд мутавозин ва тақсим карда шавад- на камтар аз5 бор дар як рӯз.
Хулоса хурду хуроки дуруст ва фаъолияти ҷисмонӣ яке аз омилҳои асосии тарзи ҳаёти солим мебошад. Чуноне, ки дар боло қайд намудем, ҳаёти асосии инсон аз фаъолияти иҷтимоӣ, некуаҳволии мардум, ки ба кас муоширати кайфияти руҳӣ медиҳад иборат аст. Тарзи ҳаёти солим барои нигоҳ доштан ва беҳтар кардани сатҳи некӯаҳволӣ ва саломатии инсон мусоидат мекунад. Саломатии инсон арзиши ҳаётан муҳим аст ва он аз бисёр ҷузъҳои ба ҳам алоқаманд иборат аст. Дар хотир доред, ки саломатии шумо ва аз ин рӯ саломатии миллат дар дасти шумост! Тарзи ҳаёти солимро пеш баред ва доим солим бошед.
Шабнами Хуршед - ходими хурди илмии озмоишгоҳи пайвастагиҳои калонмолекулаи Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини АМИТ
Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) бидуни муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хидмат мекунад. Бузургии ӯ дар офаридани сухани зебову шевои тоҷикона ба ҳаддест, ки тибқи баъзе ривоёт муҳаққақтарин устодони забони модарии мо, чун шайх Саъдӣ (1184-1291) ҳанӯз дар замони зиндагияш шефтаи сурудаҳои ӯ гаштаанд. Ба ин маънӣ Шамсиддин Аҳмади Афлокӣ дар «Маноқиб-ул-орифин» ҳикояти ҷолиберо ёдовар шудааст. Хулосаи он ҳикоят ин аст, ки шайх Саъдӣ бо хоҳиши ҳокими Шероз ба ӯ як ғазали Мавлоноро бо матлаъи
Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чаппу рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?!
фиристода, дар зимн афзудааст, ки «дар иқлими Рум подшоҳе муборакқадам зуҳур кардааст ва ин нафаҳот мар ӯрост. Аз ин беҳтар ғазале нагуфтаанд ва низ нахоҳанд гуфтан. Маро ҳаваси он аст, ки ба зиёрати он султон ба диёри Рум равам ва рӯмро ба хоки пойи ӯ бимолам…».
Худи Мавлоно низ бо камоли итминон сурудаҳои дилпазири худро дар пайкари забони модарии деринасоли мо оби ҷонбахш ва руҳи нав арзёбӣ кардааст, ки ҳақ ба ҷониби ӯст.
Оби ҳайвон хон, махон инро сухан,
Руҳи нав бин дар тани ҳарфи куҳан [4, 82].
Ба назар чунин мерасад, ки Мавлоно Ҷалолиддин ба зоҳиру ботин нахуст шоир ва донишманди миллӣ ва пас аз он фаромиллист. Муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла забону фарҳанг барои ӯ ҳамчунон азизу маҳбубанд ва Мавлоно ба забону фарҳанги миллӣ дилбастагӣ ва алоқамандии хос дорад. Лаззати табъи сурудани сухани баландро ӯ бегумон аз чашидани қанди забони биҳиштии модарӣ дарёфтааст:
Порсӣ гӯйем, яъне ин кашиш,
З-он тараф ояд, ки омад он чашиш[4, 38].
Ибораи «забони маҳрамӣ» ба маънии забони ҳамдилӣ ва ягонагию ваҳдат сохтаи табъи шакаррези Мавлоност. Вай ҳарчанд ҳамзабониро давлату сарват ва хешию пайвандӣ медонад, дар сурудаҳои худ забони маҳрамиро бар ҳамзабонӣ тарҷеҳ додааст:
Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Безабон шуд, гарчи дорад сад наво…[4, 16].
Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Эй басо ҳиндуву турке ҳамзабон,
Эй басо ду турк чун бегонагон.
Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст[4.с.46].
Вале боз ҳам василаи баёни забони маҳрамии Мавлоно ҳамин забони модарии ӯст, ки садову нидои дили инсонпарвари ӯро бар сари забонҳо андохта, ӯро ба ҷаҳону ҷаҳониён ва ҷаҳону ҷаҳониёнро ба ӯ абадан пайванд додааст. Гузашта аз ин ба фармудаи худи ӯ:
Худ чӣ ҷойи турку тоҷик асту занг?
Фаҳм кардаст ин нидоро чӯбу санг [4, 69]
Шаҳрҳои бостонии Бухорову Самарқанд, ки устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ «ду силсилаҷунбони маданияти тоҷикон» [9, 7-16] ба қалам додааст, барои мардуми мо ҳамеша азизу муътабаранд ва дар ашъори мондагори Мавлоно низ бо беҳтарин сифатҳо тавсиф шудаанд. Аз ҷумла, Мавлоно Ҷалолиддин шаҳри Самарқандро «Самарқанди чу қанд» зикр кардааст, ки ҳамон қавли маъруфи беш аз ҳазорсолаи «Самарқанди кандманд»-и Абулянбағӣ Аббос ибни Тархонро [2, 92] дар тафзили Самарқанд бар Чоч ба ёд меорад:
Набзи ӯ дар ҳоли худ буд бегазанд,
То бипурсид аз Самарқанди чу қанд[4, 20].
Ба замми ин, Мавлоно аз Самарқанд, ки ба андешаи устод Абдулҳусайни Зарринкӯб «ёди маҳалли Сари Пулу кӯйи Ғотифараш барои ӯ ҳамчунон зинда буд» [1, 46] номи ин мавзеъҳоро чун «ёди ёри меҳрбон» ҳамеша дар лавҳи хотир доштааст ва онҳоро дар «Маснавии маънавӣ» ёд кардааст:
Гуфт: «Кӯйи ӯ кадом асту гузар?
Ӯ Сари Пул гуфту кӯйи Ғотифар» [4, 20].
Мавлоно Бухорои шарифро «манбаъи дониш» ва мардуми онро аҳли илму дониш зикр намуда, бо таваҷҷуҳ ба қавли маъруфи «ҳуббулватани мин-ал-имони» ҷони саргардони ошиқро пайваста озими диёри ёри маҳбуб – Бухорои донишпарвар медонад:
Ин Бухоро манбаъи дониш бувад,
Пас, бухороист, ҳар-к онаш бувад…
Гарчи дил чун санги хоро мекунад,
Ҷони ман азми Бухоро мекунад.
Маскани ёр асту шаҳри шоҳи ман,
Пеши ошиқ ин бувад ҳуббулватан[4, 312].
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки хуршеди ҷаҳонтоби ишқу иродат ва муҳаббату самимияти Мавлоно аз Қуния то Самарқанду Бухоро нурпошию шуълафишонӣ кардааст:
То зи Қуния битобад нури ишқ,
То Самарқанду Бухоро соате[3, 1060].
Аз назари мухтасар ба забони баёни осори Мавлоно асосан ду ҷанбаи муҳимми вожашинохтии ин осор ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳар ду ҷанба дар ҳамбастагӣ ба осори ӯ шукӯҳу азамат ва ҳамешагию ҷовидонӣ бахшида, ӯро дар радифи бузургтарин устодони забони тоҷикӣ дар тамоми давраи мавҷудияти он қарор додаанд. Он ду ҷанбаи муҳим инҳоянд:
Якум, истифодаи босамар аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум, бахусус забони тоҷикони рӯзгори муаллиф, ки то ба имрӯз аксари ин вожаву таркибҳо дар забони мо мавриди истифодаву баҳрагирӣ қарор доранд.
Дувум, вожасозӣ ва таркиббандӣ, яъне сохтани вожа ва таркибу ибораҳои нав бо риояи қатъии қоидаҳои вожасозию таркиббандии забони тоҷикӣ.
Дар робита ба истифода аз ганҷинаи вожагону таркибҳои забони адабӣ ва забони зиндаи мардум метавон гуфт, ки осори Мавлоно дар ин замина беҳтарин ва боризтарин намуна ба ҳисоб меравад ва чунин тарзи корбасти босамар аз вожагони забони адабӣ ва калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ дар осори бузургони дигари забону адаби мо камтар ба мушоҳида мерасад.
Ибораҳои зебову дилпазири барои ҳар кадоми мо аз кӯдакӣ ошно, чун «ёри меҳрбон», «реги Ому», «оби Ҷайҳун»…, ки дар шеъри маъруфи устод Рӯдакӣ истифода шудаанд, дар ашъори Мавлоно умри дубора ёфтаанд:
Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрбон ояд ҳаме [3, 1057].
***
Рӯ ниҳод он ошиқи хунобарез,
Дил тапон, сӯйи Бухоро гарму тез.
Реги Омун пеши ӯ ҳамчун ҳарир,
Оби Ҷайҳун пеши ӯ чун обгир[4, 314].
Чунонки мебинем тавсифи Мавлоно дар бобати азми Бухоро кардани ошиқи маҳҷур бо ҳамон шеъри устод Рӯдакӣ ва аз Бодғис осемасар рӯй ба Бухоро ниҳодани амири сомонӣ - Насри писари Аҳмад (914-943) на танҳо шабоҳати зоҳирӣ, балки пайванди амиқи ботинӣ дорад.
Табъи Мавлоно Ҷалолиддин дар интихоби вожаҳои асили тоҷикӣ ниҳоят салим аст. Масалан, вожаҳои зебову гӯшнавоз назири «користон», «шоҳроҳ», «шишадил», ки дар осори ниёкони мо, пештар аз Мавлоно, дар «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ба назар мерасанд, дар сурудаҳои ӯ бо рангу тобиши тоза ҷилва карда, минбаъд дар осори бузургони дигар доираи корбурди бештар пайдо кардаанд. Мавлоно вожаи хушандоми «користон»-ро ба маънии кору амали бузурги шигифтангез бештар ба маънии ҳикояту саргузашт кор бастааст:
Чи користон, ки дорӣ андар ин дил,
Чи бутҳо менигорӣ андар ин дил.
Баҳор омад, замони кишт омад,
Ки дона то чӣ корӣ андар ин дил [3, 489].
Хоҷа Ҳофиз низ баъдан ин вожаро ба ҳамин маънии ҳикояту саргузашт истифода кардааст:
Хами зулфи ту доми куфру дин аст,
Зи користони ӯ як шамма ин аст [8, 59].
Ё вожаи «шоҳроҳ» дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно ба маънии маъруфи имрӯзаи роҳи васеъи ом ба кор рафтааст:
Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ,
Шуд ғуломи он канизак подшоҳ [4, 17].
Аз вожаҳои дар боло ёдшуда вожаи «шишадил» дар сурудаҳои Мавлоно маҷозан ба маънии нозукдил ва нозукмизоҷ истифода шудааст:
Ту чӣ донӣ завқи сабр, эй шишадил,
Хоса сабр аз баҳри он нақши Чигил[4, 196].
Бояд сареҳан таъкид кард, ки дар ашъори Мавлоно калимаву ибораҳои мардумии тоҷикӣ, аз қабили «базӯр», яъне бо азобу машаққат («То ту аз боло фуруд ойӣ базӯр» [4, 361]), «бемалол» («Мекунад такрори гуфтан бемалол [4, 476]), «беморпурс» («Зи ранҷурӣ чу дилшодам, ки ту беморпурсойӣ» [3, 1243]), «берӯзӣ» ба маънии бечораву бенаво («Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд» [4, 16]), «бозорча» («Бозорчаи қасабфурӯшон дигар аст» [3, 1341]), «бузбозӣ» ба маънии ҳилаву найранг («Эй, басо шер, ки омӯхтияш бузбозӣ» [3, 1277]), «вақти ош», яъне вақти хӯрок («Бисёр магӯ, ки вақти ош аст» [3, 143]), «вақту бевақт» («Вақту бевақт аз карам ёдам кунӣ!» [4, 626]), «гавора» - шакли гуфтугӯйии гоҳвора («Дар гавора шир бар тифлон фишонд» [4, 679]), «ганда» ба маънии бад, муқобили нағз («Бар мисоли анкабут он зиштхӯ,/ Пардаҳои гандаробарбофад ӯ» [4, 353]), «гап задан» («Ки зи ҳар ношустарӯе гап занӣ,/ Шарм дорӣ в-аз Худои хеш не» [4, 347]), «меҳнати гарданшикан», яъне кори ниҳоят сахту сангин («Боз мегуфт ӯ, ки гар ин бор ман,/ Вораҳам з-ин меҳнатигарданшикан!» [4, 400]), «гилем» («Ба зери пойи азизон гилембош, гилем» [3, 630]), «гоҳу бегоҳ» («Ба ҷон дар кӯйи ҷонон гоҳу бегоҳ,/ Ба ҷавлониву ҷавлонро надонӣ» [3, 1159]), «гоҷ», яъне аблаҳу нодон («Аждаҳо як луқма кард он гоҷро» [4, 242]), «гузар» ба маънии маҳаллаи шаҳр ё деҳ («Гуфт: Кӯйи ӯ кадом асту гузар?» [4, 20]), «гули садбарг» («Гули садбарг дид он рӯйи хубаш» [3, 129]), «гуфтанӣ» ба маънии ҳарфу сухан («Ҳамчу най ман гуфтаниҳо гуфтаме» [4, 16]), «гуфтушунид» («Бо лаби ӯ чи хуш бувад гуфтушунидумоҷаро» [3, 22]), «гӯгирд» («Дили оташпарасти ман, ки дар оташ чу гӯгирде» [3, 919]), «дарди бедаво» («Эй ишқ, пеши ҳар касе ному лақаб дорӣ басе,/ Ман дӯш номи дигарат кардам, ки дарди бедаво» [3, 5]), «даркор» («Хокпошии ду олам пеши мо даркорнест» [3, 147]), «деглес» ба маънии пасту фурӯмоя («Рав ба пеши косалес, эй деглесдеглес» [4, 292]), «дина», яъне дирӯз («Имрӯз беҳ аз дина, эй муниси дерина» [3, 229]), «додар» ба маънии бародари хурд («Додари он тоҷи шайхислом буд» [4, 536]), «домод» («Домоди хубон мешавӣ, эй хуби шаҳророи мо» [3, 16]), «дуру дароз» («Ба Худо, к-аз сафари дуру дароз омадаем» [3, 588]), «духтарча» («Ҳай, чӣ бисёред, эй духтарчагон» [4, 603]), «ишками холӣ» ба маънии гурусна («Ишками холӣ бувад зиндони дев» [4, 678]), «калла» («Аз ғубор ар пок дорӣ калларо» [4, 597]), «калон» («На аз инам, на аз онам, ман аз он шаҳри калонам» [3, 583]), «кампир», яъне пиразан («Рӯзи шаҳ дар ҷустуҷӯ бегоҳ шуд,/ Сӯйи он кампиру он хиргоҳ шуд» [4, 128]), «коркун» ба маънии коргар («Коркун дар коргаҳ бошад ниҳон,/ Ту бирав, дар коргаҳ бинаш аён)» [4, 138]), «курта» («Пӯстин гӯйӣ, ки курта(й) Юсуф аст» [4, 530]), «куҳнадӯз» («Куҳнадӯзон ҷумла дар кор омаданд» [3, 295]), «куҳнафурӯш» («Навбати куҳнафурӯшон даргузашт» [3, 156]), «лаби нон» («Чу моҳиед, чаро ошиқи лаби нонед?» [3, 337]), «лаби ҷӯ» («Ман тамошои лаби ҷӯ меравам» [4, 593]), «лаб-лаби ҷӯ» («Лаб-лаби ҷӯ сар барорад ёсамин» [4, 627]) «намози дигар» («То намози дигар он кӯдак гирист» [4, 130]), «намози шом» («Аз намози шом то вақти саҳар» [4, 486]), «нағз» ба маънии хубу нек, муқобили ганда («Зиҳӣ ишқ, зиҳӣ ишқ, ки морост, Худоё,/ Чи нағз асту чи хуб аст, чи зебост, Худоё!» [3, 38]), «нимкора», яъне нотамом («Ин нимкора монду дили ман зи кор шуд» [3, 81]), «нодида» ба маънии ҳарису чашмгурусна («Хор дон онро, ки хурмо дидаӣ,/ З-он ки бас нонкӯру бас нодидаӣ» [4, 65]), «ноёфт», яъне он чиз, ки нодир бошад ва ёфт нашавад («Дар ишқ чун Маҷнун шавад, саргашта чун гардун шавад,/Он, к-ӯ чунин ранҷур шуд, ноёфт шуд доруи ӯ» [4, 774]), «нонпора» («Нонпора зи ман бистон, ҷон пора нахоҳад шуд,/ Овораи ишқи мо овора нахоҳад шуд» [3, 222]), «нонреза» («Чу нонреза кунунам, зи хоки роҳ барчин» [3, 756]), «ношукрӣ» ба маънии носипосию ҳақношиносӣ («Ин чӣ ношукриву чӣ бебокӣ аст?» [4, 457]), «оби дида» («Моему оби дида, дар кунҷи ғам хазида, /Бар оби дидаи мо сад ҷой осиё кун» [3, 739]), «оби чашм» («Баҳри ноне чанд оби чашм рехт» [4, 120]), «оштӣ» («Бо ҷазову адли Ҳақ кун оштӣ» [4, 570]), «савдогар» («Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон» [4, 22]), «саломи гарм» («Пас, саломи гарм карду пеш рафт» [4, 506]), «санбӯса» («Зиҳӣ бӯса, зиҳӣ бӯса, зиҳӣ ҳалвову санбӯса» [3, 673]), «тангҳавсала» («Нест шаву хароби Ҳақ, эй дили тангҳавсала!» [3, 835]), «хавотир» («Хавотир раҳбаронанду чу раҳбар мар туро бор аст» [3, 917]), «хатнасур» («Дар он хона симоъи хатнасур аст» [3, 853]), «хомпаз» ба маънии нимхом («Деги хаёли ишқи дилороми хомпаз» [3, 439]), «ҳамакора» («Ту аз он кор надорӣ, ки шудастӣ ҳамакора» [3, 862]), «ҳамсояи деворбадевор» («Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор» [3, 235]), «ҳаққи модарӣ» («Андаро, модар, ба ҳаққи модарӣ» [4, 36]), «ҳаққи нону намак» («Аё сабо, ба Худову ба ҳаққи нону намак» [3, 421]), «шикастабанд» («Гар ҳаст шикастабанд, он ҳам ишқ аст» [3, 1337]), «ширгарм» («Гуфт: Обаш деҳ, валекин ширгарм!» [4, 125]), «чоруқу потоба» («Чоруқу потобалоиқ мар турост» [4, 161]), «ҷомашӯйӣ» («Ҷомашӯйӣ кард хоҳӣ, эй фалон!,/Рӯ магардон аз маҳалли гозурон!» [4, 114]), «ҷони бобо» («Хез бо мо, ҷони бобо, рӯз шуд!» [3, 295]) ва ғайра мавриди истифодаи густарда қарор гирифтаанд, ки имрӯз низ аксари онҳо бо ҳамон мазмуну маънӣ дар истеъмол қарор доранд.
Дар баробари ин, корбасти фаровон аз ибораҳои рехта ва зарбулмасалу мақол дар ашъори Мавлоно, чун «дам супурдан» ба маънии ҷон додан («Гуфт: Дамам чи медиҳӣ, дам ба ту ман супурдаам, Ман зи ту бехабар наям дар дами дам супурдано!» [3, 24]), «дил мондан», яъне дилсард шудан («Гӯйӣ, ки чӣ гунаам? Хушам ман!/ Гӯям турушам, дилат бимонад!» [3, 259]), «чашм паридан» («Чашм паррад бар умеди сиҳҳатӣ?» [4, 642]), «бо думи шер бозӣ кардан» («Бо думи шере ту бозӣ мекунӣ» [4, 201]), «дар пӯст нагунҷидан» ба маънии беҳад шод будан («Гар дар ғаму дар ранҷам, дар пӯст намегунҷам» [3, 937]), «калларо бар девору дар кӯфтан» ба маънии пушаймон шудан («Калларо мекӯфт бар девору дар» [4, 446]), «кор аз кор хестан» («Гуфт: Маъшуқам ту будастӣ, на он,/ Лек кор аз кор хезад дар ҷаҳон!» [4, 18]), «корд ба устухон расидан» («Бозхар моро аз ин нафси палид, / Кордаш то устухони мо расид» [4, 178]), «кулӯх ба лаб молидан», яъне сукут ихтиёр кардан («Кулӯхе бар лаби худ мол, бо халқ» [3, 794]), «сар ба девор омадан» («То ба девори бало н-ояд сараш,/ Нашнавад панди дил он гӯши караш!» [4, 498]), «ҷон ба лаб расидан» («Аз роҳзанон расида ҷонам то лаб» [3, 1323]), «Аҳмади порина», яъне он ки ҳамеша дар як ҳол бошад («Имрӯз манам Аҳмад, не Аҳмади порина» [3, 1250]), «аз як даст садо барнамехезад» («Ҳеч бонги каф задан н-ояд бадар,/ Аз яке дасти ту бе дасти дигар» [4, 328]), «шунидан кай бувад монанди дидан» («Кай бувад худ дида монанди шунуд!» [4, 548]), «на сих сӯзад, на кабоб» («То аз он на сих сӯзад, на кабоб!!» [4, 58]), «ҳар чӣ мекорӣ, ҳамон медаравӣ» («Ба доси меҳр ҳамон бидравӣ, ки мекорӣ!» [3, 1207]), «ҷӯянда - ёбанда» («Сояи Ҳақ бар сари банда бувад, / Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад!» [4, 337]) ва ғ. барои маҳбубияти зиёд пайдо кардан ва мақбулу писанди хосу ом гардидани сурудаҳои ӯ бештар мусоидат кардаанд.
Ин нукта ҳам, ки Мавлоно мегӯяд:
Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар набиштан шеру шир [4, 22]
бастагӣ ба шеваи баёни тоҷикӣ дорад, зеро, «шер»-у «шир» ҳарчанд дар алифбои арабиасос навишти ягона дорад, вале талаффузи ҳар ду ин калима дигаргуна аст.
Ҷанбаи дигари муҳимми вожашиносии осори Мавлоноро вожасозӣ ва ибораороиҳои зебову дилнишин ташкил медиҳад. Ба баёни дигар, дар сурудаҳои ӯ вожаву ибораҳои зиёди зебову шево мавҷуданд, ки ба андешаи ғолиби муҳаққиқон шояд бархе сохтаи завқи салими худи ӯ бошанд, зеро ин калимаву ибораҳо дар осори муаллифони пеш аз вай ба мушоҳида намерасанд. Дар зер чанде аз ин вожаву ибораҳо барои намуна оварда мешавад:
Вожаи «арзонбаҳо» ба маънии камбаҳо, ки имрӯз ҳам ба ҳамин маъно истифода мешавад:
Аё, ҳавои ту дар ҷонҳо, салом алайк!
Ғулом мехарӣ арзонбаҳо, салом алайк! [3, 482].
Вожаи «баркор» (дар муқобили «бекор») ба маънии он ки шуғл дорад ё ба коре машғул аст:
Чашми ман хуфта, дилам бедор дон,
Шакли бекори маро баркор дон [4, 206].
Вожаи «бечорапарвар», яъне он ки дастгири бечорагону мискинон бошад:
Дӣ ёри қаҳрбораву хунхора буд, лек
Имрӯз лутфи мутлақубечорапарвар аст [3, 164].
Вожаи «гумонангез» ба маънии ангезандаи гумон, яъне он чиз, ки ҷойи баҳсу шак дорад:
Он гумонангезро созад яқин,
Меҳрро рӯёнад аз асбоби кин[4, 29].
Вожаи «навкор» ба маънии он ки нав ба иҷрои коре ё шуғле оғоз кардааст:
В-он ошиқи ноқисе, ки навкорнавкор бувад,
Гӯшаш нашавад гарм ба шаб бе болиш [3, 1405].
Вожаи «навмурид» ба маънии он ки нав роҳи иродатро пеш гирифтааст:
Хонае нав сохт рӯзе навмурид,
Пир омад, хонаи ӯро бидид[4, 173].
Вожаи «нағзрӯ» ба маънии хубрӯ, яъне он ки зебо ва соҳибҷамол аст:
Нағзрӯён сӯйи зиштон кай раванд?
Булбул андар гулбунон ояд ҳаме! [3, 1057].
Вожаи «пасрав» (дар баробари «пешрав»), ки маънии муриду фармонбар ва тобеъу мутеъро дорад. Ин вожа дар ашъори Фаридиддини Аттор низ ба мушоҳида мерасад:
Варна бошӣ ҳечи ҳеч аз ҳечиён,
Пасрави ҳар дев бошӣ мустаҳон [5, 82 (дафтари дувум)].
Зимнан дар байти боло вожаи «ҳечиён» ба маънии ҳечону ҳечбудагон сохтаи худи Мавлоност.
Вожаи «пасхурд» ба маънии пасмондаи хӯрок, яъне он чи пас аз хӯрдани хӯрок боқӣ монад:
То ки Луқмон даст сӯйи он барад,
Қосидан, то хоҷа пасхурдаш хурад [4, 156].
Вожаи «ҷисмона» маънии ба таври воқеӣ, ҷисманро ифода мекунад:
Ҷисм ҷисмона тавонад диданат,
Дар хаёл орад ғаму хандиданат [4, 61].
Ибораи «роҳи буруншав» ба маънии роҳи раҳоию растагорӣ корбаст шудааст:
Гар фалак роҳи буруншав дида буд,
Дар назар чун мардумак печида буд [4, 41].
Ибораи дилнишини маҷозии «ҳабси хок» маънии дар зери хок пинҳон буданро дорад:
Шоху барг аз ҳабси хок озод шуд,
Сар бароварду ҳарифи бод шуд [4, 50].
Ибораи «марди кор» ба маънии он мард, ки шоистаи кор ё шуғлу пешаи худ аст:
Эй, Саноӣ гар наёбӣ, ёр, ёри хеш бош,
Дар ҷаҳон ҳар марду коре, марди кори хеш бош! [3, 454].
Ҳамчунин дар ин радиф метавон аз вожаҳои айбчин, айбистон, аввалбин, бимдил, борикҳарф, дамсоз, ғайбистон, зиндасухан, ишқомез, обкӯр (носипос), одамзода, охирандеш, охирбин, охурбин, поймард, суханкаш, суханкуш, суханобод, талхгавҳар, хурдабин, ҳоҷатраво, чоштхӯрд, эминобод, якрӯза, охирбин, охурбин, поймард, суханкаш, суханкуш, суханобод, талхгавҳар, хурдабин, ҳоҷатраво, чоштхӯрд, эминобод, якрӯза ва монанди инҳо ёдовар шуд.
Яке аз вежагиҳои дигари вожагонии ашъори Мавлоно бо таваҷҷуҳ ва дар заминаи забони гуфтугӯйии тоҷикӣ кор бастани бархе исмҳои ҷамъ, ҷонишинҳои шахсии шумораи ҷамъ ва феълҳои шакли ҷамъ аст. Масалан, дар ашъори ӯ баъзе вожаҳои шакли ҷамъи арабӣ бо аломатҳои ҷамъи тоҷикӣ -ҳо, -он дубора ҷамъбандӣ шудаанд:
Султони салотинон - Шамсулҳақи Табрезӣ,
Эй аз ту машоми ҷон зебо шудаву гӯё [7, 8].
Ҷонишинҳои шахсии шумораи ҷамъ -мо, -шумо ба гунаи -моҳо ва -шумоҳо низ корбаст шудаанд:
Солҳо дафъи балоҳо кардаем,
Ваҳм ҳайрон, з-он чи моҳо моҳо кардаем… [4, 239].
Гуфт султон: «Имтиҳон хоҳам дар ин
К-аз шумоҳо шумоҳо кист дар даъво гузин?» [4, 104].
Дар сурудаҳои Мавлоно шахси 2-юми шумораи ҷамъи феъли замони ҳозира бо анҷомаи -ет(ба ҷойи -ед) низ омадааст:
Чун шавам ғамгин? Ки ғам шуд сарнигун,
Ғам, шумо будет, эй қавми ҳарун… [4, 81].
Худ гирифтам, ки шумо сангин шудет,
Қуфлҳо бар гӯшу бар дил барзадет [4, 290].
Ёдоварӣ мебояд, ки чунин тарзи баён дар куҳантарин дастури забони модарии мо дар сарзамини Чин, ки аз тарафи Муҳаммад ибни Ҳаким ном донишманди самарқандиасл дар соли 1660 таълиф шудааст, ба назар мерасад [6, 47].
Мавлоно баъзе вожаву истилоҳоти иқтибос аз забонҳои дигарро бо маънию мазмуни наву тоза кор бастааст. Масалан, истилоҳи юнониасли «устурлоб», ки аслан ба маънии олати расад кардани ситорагон ва ҷирмҳои мунир аст, дар «Маснавӣ» ба маънии ойинаи таҷаллии асрори илоҳӣ истифода шудааст:
Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,
Ишқ устурлоби асрори Худост [4, 18].
Ҳосили сухан, ҷилваи ҷамоли забони тоҷикӣ бо ҳама шукӯҳу ҷалол ва ғояти камоли худ дар сурудаҳои дилангезу дилпазири Мавлоно ба дид меояд, ки аслан ниёз ба далелу бурҳон ва таърифу тавсиф надорад. Забони баёни ашъори Мавлоно далели равшани шевоию асолат ва қудрату азамати забони тоҷикӣ барои ҳамаи давру замонҳост. Худи ӯ ба ин маънӣ чӣ бас некуфармудааст:
Офтоб омад далели Офтоб,
Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб[4, 19].
Адабиёт:
1. Абдулҳусайни Зарринкӯб. Пилла-пилла то мулоқоти Худо. Теҳрон, 1379.
2. Алиашрафи Содиқӣ. Таквини забони форсӣ. Теҳрон, 1357.
3. Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Тасҳеҳ ва бозбинии дуктур Низомиддини Нурӣ. – Теҳрон, 1388.
4. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Бар асоси матни Р.Николсон ва муқобила бо нусхаҳои дигар. – Теҳрон, 1379/2001.
5. Маснавии маънавии Мавлавӣ. – Пешовар (бидуни соли табъ).
6. Султон, Мирзо Ҳасан. Куҳантарин дастури забони форсии тоҷикӣ дар сарзамини Чин. – Душанбе: Бухоро, 2018.
7. Султон, Ҳасан. Мухтасари зиндагиномаи Шамси Табрезӣ. – Душанбе, 2006.
8. Фолномаи комили Ҳофиз бо маънӣ. Ба кӯшиши Нарҷиси Зандӣ. – Теҳрон, 1388.
9. Шукуров М. Забони мо ҳастии мост. – Душанбе: Маориф, 1991.
Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
(Нигоҳе ба авзои адабии Афғонистон дар 20 соли гузашта)
Адабиёт ҳамчун ойина инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии як миллат аст. Сайри таърихии ҳар миллатеро метавон дар саҳифаҳои адабиёти он ба роҳати кашф кард. Дар миёни анвои адабӣ шеър бештар аз ҳама жанрҳо ҳамқадаму ҳамрози бани башар будааст. Зарфияти вокуниши ҳамзамон, сароҳати баён, таҳрики эҳсосот ва отифаи башарӣ ҷузъи вижагиҳои хос ва мумтози шеър аст, ки дар дигар анвои адабӣ камтар дида мешавад. Аз ин рӯ, шеър яке аз маҳбубтарин жанрҳои адабӣ дар миёни башар буда, аз оғози таърих то кунун ин рисолати хешро ба хубӣ анҷом медиҳад ва мавриди истиқболи гарми мардумӣ қарор дорад. Ба қавли Ҷорҷ Сампрун: “аз миёни ҳамаи фаъолиятҳои адабӣ, шеър дигаргуниҳои иҷтимоиро зудтар дармеёбад ва ҳатто гоҳе пешопеши онҳо гом бармедорад”. Барои мисол, тамоми масоили сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон, ки муҳаққиқону коршиносони сиёсӣ бар он ишора мекунанд, дар шеъри имрӯзи Афғонистон низ инъикос пайдо кардааст. Афғонистон беш аз чаҳор даҳа аст, ки аз дасти таҷовузи хориҷӣ, таҳаҷҷури дохилӣ, ҷангу хушунат ва тероризму ифротгароӣ ранҷ мекашад. Мардуми бечораи ин кишвар ҳамарӯза зери бомбаборони неруҳои хориҷӣ, гулула ва хумпораҳои мухолифони дохилӣ, ҳамлаҳои терористӣ, инфиҷорҳои интиҳорӣ ва ханҷари таассубу ифротгароӣ кушта мешаванд. Ин хитта имрӯза ба майдони набарди қудратҳои хурду бузурги минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, шабакаҳои байналмиллалии қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, созмонҳои фаромиллии ҷиноӣ ва аҳзобу танзимҳои дохилӣ, табдил шудааст. Зиндагӣ барои мардуми Афғонистон он қадар тираву тор шудааст, ки шояд ин байт мисдоқи воқеияти имрӯзи ин кишвар бошад:
Куҳандиёро, диёри ёро, дил аз ту кандам вале надонам,
Агар гурезам куҷо гурезам, в-агар бимонам куҷо бимонам!
Аз замони ҳамлаи Шуравӣ ба Афғонистон адабиёти ин кишвар низ аз назари идеологӣ ба ду даста тақсим шуд; адибони пайрави мактаби марксизм ва адибони суннатгаро ва ҳофизи арзишҳои таърихӣ. Бо зуҳури ҷунбиши Толибон дар ин кишвар адабиёти муқовимат шакл гирифт, ки меҳвари онро маҳкумияти ҷаҳлу таассуб ва хурофоту ақибмондагӣ ташкил медод. Пас аз суқути режими Толибон ва мустақар шудани неруҳои байналмиллалӣ дар ин кишвар низ дарду ранҷи мардуми Афғонистон камтар нашуд, балки бештар низ шудааст. Қудрат гирифтани созмонҳои терористӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро дар ин кишвар буҳрони Афғонистонро вориди марҳалаи дигаре кардааст. Ҳоло баҳсу чолишҳо дар Афғонистон ҷанбаи идеологии камтаре дошта,бештар гаройиши қавмӣ ва фароқавмӣ касб кардааст. Ин раванд дар адабиёти имрӯзи Афғонистон ҳам бетаъсир набудааст. Тулонӣ шудани ҷанг, афзойиши хушунат, нокомии ҳукумати марказӣ дар таъмини амнияти мардум ва беамалии неруҳои байналмилалӣ дар ин амр, мардуми Афғонистонро ба ояндаи равшан комилан ноумед кардааст. Мардуми афғон дар ҳоли ҳозир на ба неруҳои байналмилалӣ, на ба ҳукумати марказӣ, на ба мухолифони мусаллаҳ ва на ба ҳизбу танзимҳои ҷиҳодӣ, эътимоде надоранд.
Чун таҷриба нишон додааст, ки ба ҳар тарафе, ки рӯ овардаанд, аз он ҷониб силӣ хӯрдаанд. Ин вазъи асафбор дар шеъри имрӯзи Афғонистон ба хубӣ мунъакис ёфтааст. Азбаски ҳаводиси ҷонхарош дар Афғонистон зиёд рух медиҳад, мо ба ночор бо номбар кардани бархе аз ин ҳаводис ва шарҳи бозтоби онҳо дар шеъри имрӯз, қаноат мекунем. Ҳаводисе, ки тайи солҳои ахир қалби мардуми Афғонистонро доғдору ноумед кардааст, аз ин қабил аст: Нокомии ҳукумати ваҳдати миллӣ дар ҷиҳати таъмини сулҳ ва амнияти кишвар, қатли фоҷеаомези Фархунда, гаравгонгирии мардуми мусофир бо ангезаи қавмӣ ва таассуби мазҳабӣ, инфиҷорҳои интиҳории пурқурбонӣ, бахусус, дар Кобул пойтахти мамлакат, зуҳури ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро дар қаламрави Афғонистон, фасоди идорӣ ва беадолатии иҷтимоӣ, афзойиши хушунат алайҳи занону духтарон ва беэътимодӣ ба ояндаи сиёсии кишвар. Аз миёни ин ҳама ҳаводис қатли Фархунда бузургтарин трагедияи инсонӣ буд, ки дар Кобул рух дод. Гарчанде ҳамарӯза дар Афғонистон бар асари ҳаводис даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд, аммо марги Фархунда бо таваҷҷуҳ ба ҳадаф ва ангезаи қатл, фоҷеаи бисёр дардноку мусибатборе буд. Шеваи қатли Фархунда виҷдони бедори башариятро такон дод. Шоирони Афғонистон низ барои ин мусибат осори эътирозии худро падид оварданд. Ҳумайро Накҳат Дастгирзода ин мусибати калонро чунин ба тасвир кашидааст:
Чи рӯзи талху сиёҳе ба чашми дунё буд,
Чи ошкор дили шаҳр зери поҳо буд.
Диле, ки нола баровард санги хоро буд,
Зане, ки сӯхт дар оташ миёни дарё буд.
Ё худ,
Ваҳҳоб Муҷир дар сӯги Фархунда ғазале суруда, ки дар он бо калимаву ибораҳои дардманд ба як мизон аз холиқу махлуқ шикоят мекунад:
Он ҷисми пок лоиқи ин захмҳо набуд,
Фарёд мезадиву дигар эътино набуд.
Дар он миёна ҳеч касе меҳрубон нашуд,
Дар он миёна ҳеч касе ошно набуд.
Вақте ки мезаданд саратро ба санги ҷаҳл,
Дар осмони шаҳр, Худо буд ё набуд?
Он чи марги Фархундаро дардноку фоҷеабор кардааст, ҳиси бегуноҳӣ, танҳоӣ ва мазлумияти як инсон, як зани бепаноҳ дар миёни тудаи маст аз шароби ҷаҳлу таассуб аст. Ҳамон девонагие, ки ҳатто ҳаққи Худоро зери по мегузоранд ва бар асоси хости худ ҳукм содир менамоянд. Мавзуи дигаре, ки дар шеъри имрӯзи Афғонистон инъикос пайдо кардааст, нокомии ҳукумати ваҳдати миллӣ ва сардаргумӣ дар тасмимоте аст, ки аз ду маркази қудрат дар бораи масоили ин ин кишвар содир мешавад. Ин нотавонӣ бахусус, дар ҳаводиси қатли ом ё худ салохии сарбозони лашкари “Шоҳин” дар Балх ва ҳамла ба марказҳои муҳими амниятӣ дар Кобул бештар ошкор мешавад. Ҳисси норизоятӣ ва бознамоии мавқеиятҳои сиёсӣ дар ин дубайтии Самеъ Ҳомид ин гуна ба тасвир кашида шудааст:
Ду раҳбар хуфта дар байни ду бистар,
Ду аскар хаста дар байни ду сангар.
Ду раҳбар пушти мизи сулҳ хандон,
Ду байрақ бар сари гури ду аскар.
Беадолатӣ ва фасоди моливу идорӣ аз дигар мушкилотест, ки дар баробари ҷангу хушунат мардуми афғон аз ноҳияи он дар ранҷу машаққат афтодаанд. Ин падидаҳо этимоди мардум ба намояндагони худ дар ҳукумат ва порлумонро рӯз то рӯз камтар мекунад. Тақсими ноодилонаи сарвату қудрати миллӣ ва ҳатто кумакҳои башардӯстона дар ҷомеа садои эътирози Маҳбуба Иброҳимӣ шоираи ҷавони Афғонистониро ба сӯи осмон кашидааст. Шоир аз ин беадолатӣ садои додхоҳии худро ба даргоҳи Худой баланд мекунад ва аз махлуқи ӯ шикоят мебарад:
Офаридгоро!
Куҷоӣ ту?
Худатро нишон бидеҳ.
Бузург,
на мисли буҷиҳои гандуми эҳдоӣ,
Меҳрубон,
на чун қутиҳои равғани хайротӣ.
Худовандгоро! Худатро нишон бидеҳ,
В-агарна
Бовар мекунам,
Ту ҳамдаст бо ин Раиси ҷумҳури саҳлангор,
Кумакҳои ҷаҳониро,
Байни хешовандонат тақсим мекунӣ!
Ихтилофоти мазҳабию қавмӣ бемории дигари ҷомеаи Афғонистони кунуни аст, ки бо доман задан ба ин зиддиятҳо, бархе қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ аз он суди сиёсӣ касб мекунанд, аммо ранҷу мусибати онро мардуми одии афғон мекашанд. Ҳоруни Роъун зимни маҳкум кардани тақсимбандии шаҳрвандони як кишвар бар асоси тааллуқоти қавмию нажодӣ, ин гуна нигаришро бархоста аз инҷимоди фикрӣ ва таассуби мазҳабӣ медонад:
Гум гашта мусофирони маҳбуси шумо,
Фарҳанги ҷаҳолат аст қомуси шумо.
Яъне, ки ҳазора будан ин ҷо ҷурм аст,
Эй хок ба андешаи манҳуси шумо.
Мусибати аз ин ҳам калонтар, ки дар ҷомеаи Афғонистон ривоҷ пайдо кардааст, ҳамлаҳои кури интиҳорӣ аз сӯи гурӯҳи Толибон ва Доиш ба масҷидҳо, марказҳои фарҳангӣ, бархе ниҳодҳои муҳими давлатӣ ва кӯчаю хиёбони шаҳрҳои калон аст, ки дар ин гуна ҳамлаҳо умдатан мардуми ғайринизомӣ ва занону кӯдакони бегуноҳ қурбонӣ мешаванд. Ҳоруни Роъун дар ин бора месарояд:
Маҷмуаи ғунчаҳо, ки бетақсиранд,
Бо атсаи интиҳор дармегиранд.
Гулҳову парандаҳо дар ин боғистон,
Ҳар рӯз яке, яке, яке мемиранд.
Ин гуна марги ваҳшатнок садои эътирозро дар шеъри имрӯзи Афғонистон то осмонҳо кашонидааст. Бозтобӣ харобӣ ва вайрониҳои ҷангро дар аксари осори шоирони муосири Афғонистон метавон мушоҳида кард. Аз ин ҷиҳат шеъри имрӯз дар ин кишвар барои худ чеҳраи ғамгине касб кардааст. Амвоҷи ғаму андӯҳ ҳатто дар ашъори ошиқонаи шоирон низ ба чашм мехӯрад. Барои мисол, Илёси Алавӣ тарсу ваҳшати худро аз ҳамлаи интиҳорӣ бо маъшуқи хеш ин гуна дар миён мегузорад:
Маҳбубам,
Агар марг ба суроғат меояд,
Кош ба ҳайати сел биёяд,
Ба ҳайати сармо,
На ҳамлаи интиҳорӣ.
Бояд вақт дошта бошӣ,
Муруре кунӣ хотиротатро,
Танатро,
рафтанатро,
На ин, ки бо поҳои худат аз хона бароӣ,
Ва танҳо кафшҳоятро биёбам дар бозор,
Ва дастҳоятро пайдо натавонам...
Қобили зикр аст, ки ҷанг падидаи ваҳшатнокест, ки оқибатҳои он танҳо бо вайронии сохтмонҳо, роҳҳо ва пулҳо хатм намешавад, балки аслитарин паёмади он вайрониҳое аст, ки дар ботини як ҷомеа ва руҳу равони инсонҳо бар ҷой мегузорад. Сохтмони валангорро мешавад дубора бо хишту симон таъмир кард, аммо бо қалби шикаста ва равони аз ҳам гусастаи мардум чӣ метавон кард? Наҷиби Борвар орзуҳои мардуми худро дар ғазале намодин ва дар қиёс бо маросими қурбонӣ, ин гуна ба саройиш гирифтааст:
Кошки мафҳуми қурбонӣ фақат куштан набуд,
Кош дар қомусамон ин расмҳо аслан набуд.
Кош ҷои ин ки мекуштем гову мешро,
Нафси худро кушта будему касе душман набуд.
Кош хунеро, ки мерезем аз инсонҳо,
Бештар аз хуни ҳайвоноти ин барзан набуд.
Кош мешустем аз олудагӣ дастонамон,
Лаккаҳои барбарият ҳеч дар доман набуд...
Аммо ба назар мерасад, ки фарёди эътирози мардуми бегуноҳ ва дармондаи Афғонистон на ба гӯши одамиён мерасад ва на гӯши худои оламиён. Ангор ҳама ба мусибати мардумони ин диёр чашм пӯшидаанд ва дарду ранҷи ононро нодида мегиранд. Ин аст, ки шоир Ризо Муҳаммадӣ ноумед аз ҳамнавъони худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ангушти эътирози худро ба сӯи Худо ба осмон бармедорад:
Норозиам ба ҳадди тамоми ғами замин,
Аз он чи хостему ба мо осмон надод.
Тақсимгар ба халқи дигар ҳар чиро, ки дод,
Моро ба ғайри сухрашуди мардумон надод.
Ёро, агар ту рӯй кунӣ, меравад зи ёд
Он чи ба мо муқассими номеҳрубон надод.
Ҷомеаи Афғонистон як ҷомеаи ба шиддат суннатгаро ва мазҳабӣ аст. Вақте дар ҳамчунин ҷомеае садои эътирози шоир ба сӯи осмон мепечад, бад-ин маънӣ аст, ки чунин ҷомеае дар айнӣ ноумедӣ ва сардаргумӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, шоир дар миёни ин ҳама сардаргумӣ гоҳ аз махлуқ ба холиқ шикоят мебарад ва гоҳ аз холиқ ба махлуқ. Шоир дар миёни ин ду танҳо дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ва адолат аст, дигар ҳеч. Ҷангу хушунат паёмади дигаре низ барои мардуми Афғонистон дошта, ки оворагӣ ва муҳоҷирати онҳо ба чаҳор гӯшаи ҷаҳон аст. Ғами ғарибию ғурбат барои мардуми муҳоҷир камтар аз осебҳои ҷангу хушунат нест. Қанбаралии Тобиш дар шеъре нимоӣ ба шакли намодин ин андуҳро ривоят мекунад:
Одамӣ паранда нест,
То ба ҳар карон, ки пар кашад, барои ӯ Ватан шавад.
Сарнавишти барг дорад одамӣ,
Барг вақте аз баландшохааш ҷудо шавад,
Поймоли обирони кӯчаҳо шавад.
Дар шеъри имрӯзи Афғонистон барои аввалин бор як раванди ҳамоҳангӣ миёни шоирони дохилӣ ва муҳоҷири ин кишвар ба вуҷуд омада буд, ки ин раванд қаблан собиқа надошт. Шеъри имрӯзи Афғонистон кам-кам худро аз сояи идеология берун мекашад ва қасд дорад, ки хориҷ аз мансубияти идеологӣ ва таалуқот ба мазҳабу мактабҳои фикрии гуногун, рисолати аслии худро иҷро кунад. Рисолате, ки ҳадафи он фориғ аз дағдағаҳои мазҳабӣ ва қавмию нажодӣ расидан ба як ҷомеаи амни инсонӣ аст. Акнун, ки бар асари сиёсатҳои дугонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, авҷ гирифтани бозиҳои геополитикӣ ва рақобати қудратҳои бузург бар сари тақсими дубораи ҷаҳон гурӯҳи Толибон дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтааст, авзои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию адабии ин кишвар рӯ ба таназзул оварда, хатарҳои тозае амнияти кишварҳои минтақаро таҳдид мекунад. Афғонистон ба паноҳгоҳи амни гурӯҳҳои ифротгаро ва терористӣ табдил ёфта, шоирону нависандагону донишмандону равшанфикрони ин кишвар дубора овораву ғариб гардиданд.
Аз соли 2002 то 2021 насли наве аз шоирону нависандагон дар Афғонистон зуҳур карда, як давраи ҷадиди адабӣ дар таърихи ин кишвар оғоз гардида буд. Маҳз дар ин давра дар шаҳрҳои мухталиф анҷуманҳои адабӣ ташкил шуда, маҳфилҳои муназзами нақду баррасии китоб, китобхонӣ ва ҷашнвораҳои адабию фарҳангӣ баргузор гардида, осори адибон мураттаб чоп мегардид. Теъдоди асарҳои чопшуда дар бист соли гузашта (2001-2021) нисбат ба дигар давраҳо бесобиқа будааст. Илова бар ин аз назари гуногунии мавзуъ ва жанр ин гуна навоварӣ дар хеҷ давраи дигаре аз таърихи адабии Афғонистон такрор нашудааст. Яке аз хусусиятҳои хоси ин давра зуҳур ва ҳузури занони эҷодкор дар арсаи адабиёту фарҳанги ин кишвар будааст. Бо бозгашти дубораи толибон ба қудрат тақрибан тамоми чеҳраҳои маъруфи адабиёт Афғонистонро тарк карда, дар кишварҳои дуру наздик паноҳанда шудаанд. Ва ин вазъият аз поён ёфтани як давраи адабии дурахшон дар Афғонистон хабар медиҳад.
Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО, - мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Дар дунёи муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ омили зарурии бақову суботу устувории давлат мебошад. Аносири ҳувияти миллӣ аз арзишҳои муштарак дар зиндагиву рӯзгори мардум, ба монанди намодҳои миллӣ, забон, таърихи миллат, ҳудуд, расму оин, тафаккури миллӣ (менталитет), хешии хунӣ, огоҳиҳои миллӣ ва осори бостонист. Ҳувияти миллӣ яке аз муаллафаҳои ҳувияти фард аст, ки иборат аз гароишҳо ва нигаришҳои як шахси дорои унсури созандаи гуногуне чун арзишҳои миллӣ, динӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ аст. Ҳувияти миллӣ вижагии табиӣ нест ва он аз огоҳиҳои бадастомада аз ҷомеа, фарҳанг, таъриху забон ва донишу ҷаҳонбинии фард бармехезад ва ҳомиёну посдорандагони ҳувияти миллӣ нигаҳдоранда ва пешбарандаи тамаддуни миллӣ мебошанд, зеро
Фард мегирад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад низом.
Унсурҳои ҳувиятсоз дар фардро зеҳният, ҷаҳонбинӣ, дину оин, рафтор, сабки зиндагӣ ва арзишҳои маънавӣ ташкил медиҳанд.
Яке аз унсурҳои ҳувиятсоз – зеҳн маҷмуае аз тавоноиҳои фикрист, ки иборат аз хирад, тасаввурот, идрок, тафаккур қазоват ва забону ҳофиза мебошад. Ба қавли солори сухан Фирдавсӣ:
Хирад раҳнамойу хирад дилгушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Аз ӯ шодмонӣ в-аз ӯят ғамист,
В-аз ӯят фузунӣ в-аз ӯят камист.
Мактабу маориф аз аркони асосӣ дар ташаккули ҳувияти миллии фард маҳсуб мешавад, зеро «дар ҷаҳони муосир,- таъкид мекунад Сарвари давлат,- танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста» аст.
Маорифу илм аз аркони муҳимми пешрафти давлат аст, аз ин рӯ Сарвари давлат, ҳукумату ниҳодҳои давлатӣ тамоми кӯшишу талошҳоро барои рушди ин соҳа ба харҷ медиҳанд. Президенти кишвар рӯзи 30-уми май дар мулоқот бо аҳли маориф ва илми кишвар таъкид карданд, ки: “Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст”.
Дар фарҳанги суннатии мо илму дониш ҷойгоҳи вижа дошта, ҳамеша мадҳу ситоиш мешавад. Чунончи: “Дониш андар дил чароғи равшан аст...” (Рӯдакӣ), “Илм нони ҷони тусту нон туро илми тан аст” (Носири Хусрав), “Дониш талабу бузургӣ омӯз...” (Низомӣ). Дар адабиёти динӣ, ки ҷузъе аз фарҳанги мост, ҳамчунин илму дониш андӯхтан талқин мешавад. Аз ҷумла дар яке аз нахустин асар андар фиқҳи ханафӣ “Ас-савод-ул-аъзам” – Абулқосими Самарқандӣ омадааст: “Пас далел омад, ки илм бартар аз имон. Ва дигар далел он аст, ки Худои азза ва ҷалла ҳамаро дар имон баробар кард ва дар илм тафовут ниҳод” (Ас-савод-ул-аъзам, 94). Ва мо ифтихор аз он дорем, ки вориси “фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом ҳастем, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад” мегӯяд Сарвари давлат.
Ҷаҳонбинӣ яке аз аносири ҳувияти миллист, ки маҷмуи умумии арзёбии назароти мардум дар мавриди ҷаҳон аст. Ҷаҳонбинӣ нигариши инсон аст, ки бар мабнои эҳсосот, таҷрибиёт, хулқу хӯйи отифӣ шакл мегирад ва зуҳур меёбад. Муаллафаи фикрӣ (интелектуалӣ) – ҷаҳонбиниест, ки шомили арзишҳои миллӣ, нигаришҳо, арзёбиҳо, афкор, дониш, дину оин аст. Инсон ҷаҳонро он тавре ки ҳаст, намебинад, балки онро аз тариқи маншури тасаввурот ва мафоҳими худ мебинад ва барои он ки инсон дарки воқеъбинона дошта бошад, мебояд ҳама бардоштҳову мушоҳидаҳояшро бар асоси пояҳои илмӣ қабул кунад ва дар зеҳни худ устувор кунад, зеро заъфи пояҳои илмии афроди ҷомеа моро ба сӯйи хурофот ва хурофот миллатро ба бадбахтӣ меорад.
Дигар аз унсури ҳувиятсози миллӣ фарҳанги миллист, ки дар бистари таъриху расму оину кеши мардум, иқлиму равиши зисту рӯзгори мардум шакл мегирад. Фарҳанг мафҳуми васеъ буда, аз назари таърихӣ ба тамаддуни миллӣ мепайвандад ва дар ҳоли зуҳури воқеи замонӣ ба арзишҳои иҷтимоӣ, маҷмуи русум, одоб, равиши фикрию амали ҳунарӣ алоқа мегирад. “Бинобар ин, вақте дар бораи фарҳанги як халқу миллат сухан мегӯем, паҳлуҳои зиёди фаъолияти ҳунариро дар назар дорем, ки рушди авзои маънавии он қавмро муайян мекунад. Фарҳанг шаклан айнияти воқеӣ буда, дар муқобил ва рӯбарӯйи ҳаводиси зиндагӣ, муносибат, маърифат ва асолаташро таҷрибаи рӯзгор месанҷад. Ҷомиаи гузаштаи халқи мо қариб ҳамаи анвои фарҳанги ҷаҳониро дошт. Инҳо адабиёт- иборат аз назму наср, мусиқӣ, наққошӣ, хаттотӣ, кошикорӣ ва монанди онҳо буд, ки тамоми паҳлуҳои завқӣ ва ҳунариро, ба андозаи қонеъ гардонидани эҳтиёҷи одамӣ, басанда буданд. Ҳамаи ин анвои фарҳангӣ ба камӣ умри бештар аз ҳазорсола дорад” (Х.Шарифзода). Мусаллам аст, ки тамаддуну фарҳангҳои бузург ва ғанӣ, ки дар муддати хеле тӯлонии таърихӣ ташаккулу такомул ёфтаанд, ҳангоми бархурди тамаддунҳо аз худ муқовимат ва муқобилату устувории матину ҳайратангез нишон дода, ҳатто тарафи муқобилу зӯровар аз ин фарҳанг ғанӣ чизҳои арзишмандеро пазируфтааст. Аммо дар ҷаҳони муосир бархурдҳои фарҳангӣ шакли зӯровару хушунатомез касб кардаанд. Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар бораи равандҳои номатлуб ва нигаронкунанда қайд намуданд. Мову шумо имрӯз дар ҷаҳони муосир шоҳиди “бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд” ҳастем. Маҳз бо шарофати Истиқлолу озодии сиёсиву фарҳангии кишварамон “мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”. Фаромӯш насозем, ки замони шуравӣ агарчи рӯйрост ҳам набошад, интишори адабиёти динӣ мамнуъ буд ва маҳз ба шарофати истиқлол ва бо ибтикори сарвари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд. “Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон, хусусан, ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд. Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд”.
Аммо вақте ки афроди ҷомеа аз заминаи фарҳанги миллӣ дур шуд, миёни ӯ ва мардум аз мавқеи ҳамин суннатҳои бунёдии илмию фарҳангию маънавӣ як навъ ҷудоӣ ва садди азими фарҳангӣ ба вуҷуд меояд.
Рукни асосиву муҳимми фарҳанги мо забони мост. “Вақте забон бори бештар аз ҳазору садсолаи фарҳангиро бар дӯш дорад, доираи таҷассуми фарҳангӣ, маънавӣ ва ҳунарӣ дар он аз ҳудуди ҳар гуна тахмину шумури хаёлӣ бузургтар аст” (Х.Шарфизода). Дар шаклгирии ҳувияти миллӣ забон муҳимтарин нақшро дорад. “Забон, - ба андешаи устод Қодирӣ,- як ҷузъи таърифи мафҳуми "миллат" аст, яъне ҳимоят ва нигаҳдории он масъалаи сиёсӣ ба шумор меравад”(Қодирӣ С. Айбро ҳунар надонем//Маърифати омӯзгор,№7.-Душанбе.2008.-С.30-41).
Забони куҳанбунёди мо собиқаи таърихии беш аз 2500 сола дорад ва дар тули таърих ҷабру фишори зиёде кашидааст. Ин забони куҳанбунёд замоне дар Ғарб то кишварҳои Балкан, дар Шарқ – аз Хуросону Мовароуннаҳр то Ҳинду навоҳии Тсин-зияни Чину Туркияи Усмонӣ интишор ва нуфуз дошта, ба расмият шинохта шуда буд. Забони имрӯзаи тоҷикии Тоҷикистон минбари баланди забони тоҷикони саросари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва бори масъулияти ҳифзу устувору пойдор ва поку беолоиш нигоҳ доштани он бар дӯши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Вай намуна аз гӯйиши тоҷикии тоҷикони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва махсусан Ӯзбекистон аст ва ба қавле “дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон, сарҳадди тоҷик забони тоҷик аст”. Мегӯянд, ки безабонӣ нишонаи марг аст ва марги забону миллат ба ҳам меоянд, ки таърихи тоҷикони баъзе манотиқи Осиёи Миёна инро комилан ба исбот расонидааст.
Мутаассифона, имрӯз як ҷараёни номатлуб ва басо нороҳаткунанда ва нигаронкунанда ба назар мерасад, ки бархе аз афроди ҷомеаи мо фарҳанги миллию суннатиро мояи намуна ва ифтихор намедонанд ва ба назари беътиноӣ ба фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ менигаранд. Забони мо аз маънавият, рӯҳоният, илму дониш, фарҳанг ва таҷрибаи таърихии мо ҷудо нест ва онро ба хотири тамосу пайвастагӣ бо тамаддуни бештар аз ҳазорсолаамон нигоҳ бояд дошт.
Сарвари давлат перомуни покизагии забон, ишора намуданд: “зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем”.
Дигар аз аносири ҳувияти миллӣ чеҳра, намуди зоҳирӣ ва сару либоси мардумони миллат аст, ки мавзуи баҳси илми этнография – мардумшиносӣ аст. Дар ҷаҳони муосир кишварҳоро аз рӯйи вижагии унсури ҳувияти миллӣ – пӯшиши миллиашон метавон чунин дастабандӣ кард: 1) миллатҳои тамаддуну фарҳанги қадима дошта, ки ин унсури муҳимро аз умқи таърих то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; 2) миллатҳое, ки таърихи начандон қадима доранд ё дар натиҷаи нуфуси бештар пайдо кардан, бар пояи фарҳангу суннатҳои миллии дигар ақвом унсурҳои ҳувияти миллии худро сохтаанд; 3) миллатҳои “маснуӣ”, ки ба лутфи шароити сиёсӣ аз иттиҳоди ақвоми мухталиф бофта шудаанд низ чунин намодҳое доранд; 4) гоҳе ин унсур бар асоси далоили мазҳабӣ шакл мегирад, барои мисол ҳиҷоб, бурқаъ, мақнаъӣ дар кишварҳои мухталифи Шарқ ва Африқо роиҷ аст.
Ҳар миллате либоси миллии ба худ хосро дорад, ки сарчашмаи бои таърихиву этнгорафиву ҳунарӣ дорад ва таҳқиқи он метавонад гузаштаи таърихии мардумро рушан кунад. Либоси миллӣ муҳимтарин муаллафаи зиндагии инсон ва ҷомеа аст. Муҳаққиқон онро ба унвони як мероси фарҳангии арзишманди мардум медонанд ва ҳамчунин либоси миллӣ баёнгари мансубияти миллии фард буда, вижагии фарҳангии ӯро мушаххас мекунад ва мояи ифтихору ғурур аст. Беҳуда шоирон нагуфтаанд, ки
Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас.
Ё ин ки:
Эй куртачакан, эй зеби чаман...
Ё ин ки шоир Шаҳрия дар шеъри “Куртаи чити қаламӣ” духтари тоҷикро чунин васф мекунад:
Бо ҳамон куртаи чити қаламӣ,
Пеши чашмони ту хушрӯ будам...
Дар танам куртаи шоҳӣ дорам,
Саду якранг бувад мисли баҳор...
Албатта, эрод гирифтани либоси бонувон ва дахолат ба ҳарими хусусии онон ба табиату одоби мардуми тоҷик созгор нест, аммо имрӯз ин масъала боиси нигаронии шадид шудааст. Сарвари давлат мардуми тоҷикро аз вазъи нигаронкунанда ва пайомади он ҳамагонро ҳушдор доданд: “Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”.
Мухотаби он пурсишҳое, ки Сарвари даврат дар мулоқот бо ходимони дин доданд, маҳз ҳамон афродест дар ҷомеа, ки масири нодурустро пеш гирифтаанд: “Чаро мо бегонапарастӣ мекунем? Чаро мо бегонаҳоро ин қадар ташвиқу тарғибот мекунем? Ман намефаҳмам, чунин рафтор ба мо чӣ медиҳад? Чаро миллатро гумроҳ мекунем?”
Ташаккули тамоми аносири ҳуввиятсози миллӣ – забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, донишу ҷаҳонбинӣ дар кӯдакону наврасон, пеш аз ҳама, ба зиммаи модарон аст. Занон сангинтарин масъулият – тарбияи хонавода ва ба навъе ҷомеаро бар уҳда доранд ва «онҳо содиқ ва эътимодбахшанд — ман дар таҷрибаи сиёсии худ ба ин боварӣ ҳосил кардам», — мегӯянд Пешвои миллат.
Сарвари давлат дар ҳар мулоқоту вохӯриҳояшон аз фидокории занони тоҷик, меҳнату заҳмати содиқонаи онҳо таърифу тавсиф мекунанд. Аз ҷумла дар Паёми имсола қайд карданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.
Хушбахтона, ҳоло шумораи занон дар соҳаи маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Муҳимтарин ва арзишмандтарин вазифаҳое, ки зан метавонад иҷро кунад, вазифаи модарӣ ва ҳамсарӣ аст, ки дар пайи садсолаҳо бар пояи суннатҳову фарҳанги миллӣ устувор шудаанд, зеро ниҳоди муқаддаси хонавода рукни асосии бунёди ҷомеаи солим аст. Агар чунин набошад, бахши зиёде аз ҳувияти иҷтимои инсонӣ нобуд мешавад.
Воқеан мо имрӯз дар замони бисёр ҳассос зиндагӣ дорем ва аз хавфу хатарҳои геополитикӣ бояд миллату сарзамини худро эмин дорем, сидқан ва аз дилу ҷон аз тамоми аносири ҳувиятсози худ, аз асли хеш дифоъ кунем ва онро дар мақоми шоиста нигоҳ дорем. Сарвари давлат возеҳу рушан таъкид мекунад, ки “фарде, ки дар Тоҷикистон ношукрӣ аз ин сарзамин мекунад, аз ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ ношукрӣ мекунад, оҷиз мешавад!”
Дарди ҷомеа дарди ҳар фарди бедордилу баору номуси ҷомеа аст ва аз ин рӯ бояд бетараф набошем.
Бетарафии мову ту теша задан ба реша аст,
Дур шудан зи асли хеш маҳву заволи миллат аст.
Тоҷикон дар тӯли таърих пайваста дучори фишору таъқибҳо шудаанд, аммо ҳувияти миллии худро ҳифз кардаанд. Таърихи башар арсаи омӯзишу ибрат буда, ҳар кӣ майли аз он омӯхтан надорад, ниёзмандиҳои зиёде ӯро дар пеш аст. Унсурҳои ҳувиятсози мо тоҷикон – забону фарҳанг, дину ойину расму русум, реша дар умқи таърих дорад ва ҳайфу дареғ аст, ки мо имрӯз масири нодурустро интихоб кунем, зеро заволи аносири ҳувияти миллӣ заволи миллат аст.
Шарифзода Фарангис директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ
Дар мақолаи мазкур яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти қавму миллатҳои замони муосир – ҳифзи худшиносии миллии онҳо аз пайомадҳои имконпазири раванди ҷаҳонишавӣ, махсусан, қувват гирифтани нуфузи ҷомеаи иттилоотӣ, ки оламро ба як “деҳи калон” табдил додаст, баррасӣ гардидааст.
Аз ҷумла таъкид шудааст, ки ҷомеаи иттилоотӣ наметавонад хуб ё бад бошад. Оқибатҳои хуб ё бад ба бор оварданаш аз он вобаста аст, ки элитаи сиёсии мамолики дунё, аз ҷумла Тоҷикистон то кадом андоза аз имконияту захираҳои ин тамоил самаранок истифода бурда метавонад. Кӯшишҳои канораҷӯӣ кардан аз ин тамоил ва ё нодида гирифтани он маънои ба мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангӣ мувоҷеҳ кардани миллатро дорад.
Дар партави тағйиротҳои сайёравии мафҳумҳои анъанавии “давлатдории миллӣ”, “сарҳади миллӣ”, “истиқлолияти миллӣ” , “сиёсати дохилию хориҷӣ” ва “анъанаю фарҳанги миллӣ”, ки ҷаҳвари худшиносии миллиро ташкил медиҳад, зикр карда мешавад, ки ягона роҳи халосӣ ин на пинҳон шудан дар “пероҳани танги миллӣ”, балки фаъолона ворид шудан ба ин маҷро ва ба ҳамин васила дастраси ҷаҳониён гардонидани арзишҳои миллии худ мебошад.
Вобаста ба ҳамин нукта дар мақола як қатор саволҳои рӯзмарра ва ҳамзамон ҳалталаб, аз қабили “Давлат то кадом андоза қобилияти назорат кардани иттилоотро дорад?”, “Оё ҷомеаи иттилоотӣ давлатҳои миллиро иваз карда метавонад?”, “Кадоманд роҳҳои таъмини дурусти хостаҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва худшиносии миллӣ?”, “Роҳҳои таъмини бақои арзишҳои миллӣ кадоманд?” ва ғайра ба миён гузошта шуда, зимни омӯзиш ва таҳлили ҳар яке аз онҳо тавсияҳои дахлдори назариявию амалӣ пешниҳод карда гардидааст.
Калидвожаҳо: ҷаҳонишавӣ, ҷомеаи иттиллоотӣ, худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, нахустин давлатҳои ҷаҳонӣ, иттилоот, технологияҳои коммуникативию иттилоотӣ, фарҳанги иттиллоотӣ, сомонаҳои интернетӣ, мавҷи тамаддунҳои кишоварзӣ, саноатӣ ва пасосаноатӣ.
Имрӯз инсоният, махсусан қавму миллатҳои гуногун марҳилаи басо мураккаб ва печидаеро пушти сар карда истодааст, ки ба масъалаи ҳифзи давлатдорию асолати миллӣ ва арзишҳои неки суннатӣ алоқаманд мебошанд.
Аз як сӯ, қувват гирифтани тамоили ҷаҳонишавӣ ва аз дигар сӯ, ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки ҷаҳонро “ба як деҳи калон” табдил додаанд, мамолики дунёро водор месозад, ки на фақат дар бораи таҳдидҳои муосири берунӣ, балки хатарҳои дохилӣ низ андеша намоянд.
Ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ, бозори ягонаи молу хизматрасонӣ, ба селаҳои асъори ҷаҳонӣ фаро гирифта шудани иқтисодиёти кишварҳо ва қабули санаду уҳдадориҳо ва тартиботи ягона заминаҳои асосие мебошанд, ки раванди ба гирдоби ин ду тамоил кашида шудани онҳоро зиёд мекунад.
Дар партави ин тағйиротҳои сайёравӣ моҳияти мафҳумҳои анъанавии “давлатдории миллӣ”, “сарҳади миллӣ”, “истиқлолияти миллӣ”, “сиёсати дохилию хориҷӣ” ва “анъанаю фарҳангҳои миллӣ” то андозае тағйир ёфта, дастнигарии давлатҳои миллиро аз субъектҳои бозори сиёсию иқтисодӣ ва “нахустин давлатҳои ҷаҳонӣ” пурзӯр менамоянд. Ҳол он ки маҳз ҳамин арзишҳо ҷавҳари ҳастию бақои миллатро ташкил медиҳанд. Пас метавон гуфт, ки дар сурати наандешидани чораҳои зарурӣ тамоилҳои ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ пеш аз ҳама барои истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва худшиносию ҳувияти миллатҳо пайомадҳои ногувор ба бор оварда метавонад.
Дигар хел шуданаш ҳам амри муҳол аст. Зеро ки ҳадафи ниҳоии тамоили ҷаҳонишавӣ ин баробар кардани сатҳи тараққиёти кишварҳои олам дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва билохир дар ҳамин поя яксон кардани онҳо мебошад. Пӯшида нест, ки монеаи асосӣ дар роҳи пиёда кардани ин ҳадафҳо давлатҳои миллӣ, махсусан, фарҳанг, забон, худшиносию ҳувияти миллӣ ва расму русуми онҳо мебошад. Чунки маҳз ҳамин арзишҳо меъёрҳои калидии ташаккули худшиносӣ ва “Ман”- ро аз “Вай” фарқ кардани ин ва ё он миллат аст.
Имрӯз дар баробари ҷаҳонишавӣ ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ низ ба раванди фароҷаҳонӣ ва бебозгашт табдил ёфтааст. Сабаб ҳамин аст, ки ягон давлати миллӣ аз васеъшавии майдони иттилоотӣ канораҷӯи карда наметавонад. Нодида гирифтани ин тамоил маънои ба мушкилиҳо мувоҷеҳ кардани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакатро дорад. Аз ин рӯ, қисми зиёди сиёсатмадорони кишварҳои ҷаҳон на роҳҳои гурехтан ва ё дар “пироҳани миллӣ” пинҳон шуданро аз таъсири ин тамоилҳо, балки бо талаботи ин ду тамоил мутобиқ кардани арзишҳои миллиро ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам берун аз он ҷустуҷӯ менамоянд.
Дар ҳошияи ин падидаҳои нав як қатор саволҳо, аз ҷумла дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ давлат то кадом андоза қобилияти назорат кардани иттилоотро дорад? Оё ҷомеаи иттилоотӣ давлатҳои миллиро иваз карда метавонад? Худишиносӣ ва ҳувияти миллиро чӣ гуна пайомадҳо интизоранд? Роҳҳои таъмини бақои онҳо кадоманд?, аҳамияти хоссаи назариявию амалӣ пайдо намудаанд.
Пеш аз ҳама як нуктаи хеле ҳам ҳассос ва муҳимро таъкид кардан бамаврид аст, ки ҷомеаи иттилоотӣ наметавонанд хуб ва ё бад бошад. Он ҳамчун шакли ҳаёти иҷтимоӣ хусусияти бетарафӣ ва беғаразона дорад ва бо ҳамин сабаб пайомадҳои хуб ва ё бад ба бор оварданаш аз он вобаста аст, ки бозингарони арсаи сиёсати ҷаҳонӣ онро бо кадом мақсад истифода мебаранд ва элитаи сиёсии мамлакатҳои алоҳида то кадом андоза аз имконият ва захираҳои ин тамоил самаранок истифода бурда метавонад.
Ғайр аз ин боз як нуктаи дигар аз табиати беғаразона доштани ин падида гувоҳӣ медиҳад, ки иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ ва фазою шабакаҳои он аслан натиҷаи рушди ниҳодҳои шаҳрвандӣ мебошанд.
Бо вуҷуди бо сохторҳои ҳокимият робитаи бевосита доштан ҷомеаи иттилоотӣ пеш аз ҳама барои субъектҳои иҷтимоӣ имкониятҳои бештареро барои интихоби арзишҳое, ки ба даст овардани онҳо дар доираи ҷомеа ва давлат маҳдуд аст, фароҳам меоварад.
Бештар аз ин иттилоотро, ки аксаран аз назорати ҳокимияти расмӣ берун аст, “ҳокимияти чорум” меноманд. Иттилоот аз азал табиати байналмилалӣ дорад ва аз мансубияти миллию динӣ орӣ мебошад. Барои он сарҳадҳои миллӣ вуҷуд надорад. Яке аз сабабҳои асосии мушкил будани назорати сарҳадҳои миллӣ аз хавфи воридшавии иттилооти зараровар низ дар ҳамин аст.
Чуноне ки Ҷ. Бабет мегӯяд, дар замони муосир давлат қобилияти назорат карданро на фақат аз болои селаҳои молиявие, ки аз пеши чашми он мегузаранд, балки аз болои иттилоот низ надорад.
Чунин вазъ метавонад сабаби ба фазои иттилоотии ҷумҳурӣ ворид шудани маводи номатлуб, арзишҳои носолими мафкуравӣ ва бар ҷурми ин ба буҳрон гирифтор шудани ҳувияти миллӣ шавад. Дар чунин ҳолат давлат на ҳамеша имконияти дар руҳияи арзишҳои ахлоқии барои устувории пояҳои ҳокимият зарур ва миллию анъанавӣ тарбия кардани аҳли ҷомеаро самаранок истифода бурда метавонад. Барои он ки мардум имконияти дастраст кардани қисми зиёди иттилоотро аз дигар манбаъҳои ғайридавлатию алтернативӣ пайдо менамояд.
Ба ҳамин минвол идома ёфтани кор метавонад барои пойдории давлатҳои миллӣ, алалхусус худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ хатарҳои ҷиддӣ эҷод намояд ва нигоҳ доштани оромии сиёсӣ ва назму низоми иҷтимоиро мушкил гардонад.
Худшиносии миллӣ табиатан доираи хосси фаъолият, заминаҳои муайяни ташаккулу рушди худро дорад ва вазъи чи гуна ташаккул ёфтани он аз бисёр ҷиҳат на фақат аз имконияти иттилоотро назорат кардан, балки аз он вобастагӣ дорад, ки давлатҳои миллӣ то кадом андоза ба ҷомеаи иттилоотӣ ворид шудаанд.
Бо дарназардошти он ки имрӯз беш аз 80% аҳолии ҷумҳурӣ ба фазои иттилоотӣ ворид шудаанд, метавон гуфт, ки тарҳи ҷомеаи иттилоотӣ дар ҷараёни ташаккулёбӣ қарор дорад. Агар такрор шавад ҳам, таъкид кардан ба маврид аст, ки дар чунин сурат нодида гирифтани оқибатҳои харобиовари он барои худшиносию ҳувияти миллӣ ва кӯшишҳои канораҷӯи аз таъсири он номумкин аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки кӯшишҳои бархе аз давлатҳо барои дар қаламрави кишвари худ тавассути омилҳои ниҳодӣ маҳдуд кардани фаъолияти сомонаҳои иттилоотӣ ба нокомӣ анҷомиданд.
Бояд таъкид кард, ки имрӯз на фақат ташаккули миллатҳо, худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ифтихори миллӣ, хотираи таърихӣ ва ватандӯстӣ, балки рушди дастовардҳои иқтисодӣ ва дар ин асос мустаҳкам кардани легитимияти сиёсии (қонунӣ будани) ҳокимият ва боло бурдани сатҳи ваҳдати миллию иҷтимоии шаҳрвандон аз он вобаста аст, ки ин ва ё он кишвар то кадом дараҷа имконияти истифода бурдани иттиллоот ва технологияҳои иттилоотию комуникатсиониро доро мебошад.
Ҳақ ба ҷониби С. Бондаренко аст, ки гуфтааст: “Имрӯз ҳувияти сиёсиро дар фазои кибернитикӣ бояд аз диди назари ҳувияти иҷтимоии фарду гуруҳҳо баррасӣ кард, вагарна фаҳмидани ақидае, ки эътиқоди мафкуравӣ ягона заминаи муттаҳидшавии одамон дар ҷомеаҳои самти муайяни идеологидошта буда наметавонад, мушкил мегардад” .
Ба инобат гирифтани ин нукта махсусан дар шароите, ки муборизаи мафкуравӣ дар шабакаҳои интернетӣ шакли ошкороро ба худ касб намудааст, муҳим аст. Инро дар баҳсҳое, ки дар Интернет роҷеъ ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд, мушоҳида кардана мумкин аст. Пӯшида аст, ки аксар вақт бисёр ҳодисаҳои таърихӣ, рамзҳои миллӣ, ки ҳукми қонунӣ пайдо карда, заминаи худшиносӣ ва ҳувияти миллии давлатҳои Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд, мавриди ҳуҷумҳои таҳлилию иттилоотӣ ва таҷдиди назар қарор дода мешаванд. Аксар вақт баҳсҳо дар шабакаҳои интернетӣ хусусияти ниҳонӣ, яъне бе нишон додани ному насаби муаллиф, кишвар ва муассиса баргузор мешаванд. Аз ҳама ташвишовараш дар он аст, ки вақтҳои охир сарварони сиёсӣ, намояндагони алоҳидаи элитаи сиёсӣ ва шахсияти ходимони маъруфи илму санъат ва вазъи иҷтимоии мардум мавриди танқиду таҳриф қарор дода мешаванд, ки ҳамаи ин дар ниҳояти кор метавонад эътиқоди аҳолиро нисбат ба ҳокимият коҳиш диҳад.
Дуруст аст, ки имрӯз Интернет ба озмоишгоҳи иҷтимое табдил ёфтааст, ки дар он ҷиҳати обод ё хароб кардани ҳаёти давлатҳои тозаистиқлол таҷрибаҳо гузаронида мешаванд.
Тавассути шабакаҳои он бархе аз мамлакатҳо барои таҳрифи воқеияти таърихӣ, ба миллати худ мансуб донистани дастовардҳои халқҳои дигар ва тарғиби бузургманишинию худкомагӣ кӯшиш менамоянд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ташаккули ҳувияти сиёсӣ низ қисми таркибии лоиҳаҳои иттилоотӣ мебошанд ва онҳо ба худшиносию ҳувияти миллӣ қувваи иловагии қонунӣ мебахшанд.
Дуруст аст, ки худшиносии миллӣ ба туфайли арзишҳо ва асолату сарҳадҳои муайяни миллӣ зинда аст. Бинобар ин ҳамеша бо ҷомаеи иттилоотӣ, ки ин арзишҳо ва сарҳадҳои ҳудидиро бераҳмона рахна менамояд, дар муқовимати доимӣ қарор дорад. Вале ҳамзамон дар хотир бояд дошт, ки маҳз ба туфайли ҳамин технологияҳои иттилоотӣ мо имконият пайдо мекунем, ки он арзишҳо ва рамзҳои миллиеро, ки метавонанд ба ташаккул ва рушди худшиносию ҳувияти миллӣ мусоидат намоянд, дар як мудати кутоҳ дастраси аҳолии манотиқи гуногуни кишвар намоем.
Пас чӣ бояд кард, ки хостаҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва худшиносии миллиро ба созиш оварем? Дар сурате ки якумаш манфиатҳои фаромиллӣ ва дуюминаш ниёзҳои ҷомеаҳою давлатҳои миллиро ифода мекунад.
Барои ҷавоби дуруст додан ба ин савол пеш аз ҳама бояд аниқ кард, ки давлат то кадом андоза ва дар кадом сатҳ равандҳои иттилоотиро назорат ва танзим карда метавонад.
Таҷрибаи мамолики пасосаноатӣ ва кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта аз он шаҳодат медиҳанд, ки чунин қобилияти назорат кардан аз он вобаста аст, ки давлат дар кадом “мавҷи тамадун” қарор дорад. Агар давлат дар “мавҷи тамаддуни кишоварзӣ” қарор дошта бошад, он гоҳ назорат ҳамафарогиранда мебошад. Зеро ки дар он барои иттилооти озод ҷойи холӣ хеле маҳдуд аст. Дар чунин шароит фазои озоди иттилоотӣ насиби шабакаю ниҳодҳои ғайрирасмӣ аст.
Дар давлатҳои дар “мавҷи тамаддуни саноатӣ” қарордошта назорат аз болои иттилоот суст мешавад, вале афзалияти худро нигоҳ медорад. С. Бондаренко бо дарназардошти ҳамин хусусияти ин марҳила навиштааст: “Элитаи сиёсӣ бошад, дар фазои кибернитикӣ барои ташаккули лоиҳавии ҳувияти сиёсии бозингарони ба ӯ наздик имкониятҳои зиёдтаре доранд, ки дар натиҷа барои ташаккули шабакаҳои дахлдори маҷозии ҷомеа афзалият пайдо мекунад”.
Дар ин замина ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар “мавҷи тамадуни пасосаноатӣ ё худ иттилоотӣ” дастрасии одамон ба захираҳои иттилоотӣ баробар мешавад. Чунки шаҳрвандон барои гирифтани иттилоот, бидуни манбаъҳои расмии давлатӣ, ки зери назорати элитаи сиёсӣ мебошад, имконияти бештареро пайдо мекунанд.
Чунин имконият пайдо кардани шаҳрвандон чӣ оқибат дорад? Аз ин савол чунин ҷавоб бармеояд, ки на ҳама гуна иттилоот дорои масъулият ва ҳақиқат мебошад. Пас меъёри масъулият доштани иттилоот ва ҳақиқӣ будани он чӣ вобаста буда метавонад?
Пеш аз ҳама дар хотир бояд дошт, ки легитимияти худшиносии миллӣ аз рӯи он муайян карда мешавад, ки он дорои субъект ё гуруҳи субъектҳои муайян ҳаст ё не, зеро ки барои иттилооти интиқолдода ва ё пешкашнамуда онҳо масъул мебошад. Ҳамзамон ин иттилоот дар фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад”нусхаи” оддии воқеият бошад, ки ҳамчун ҳақиқат ба назар расад. Аз ин ҷо зарурати ташаккули фарҳанги иттилоотии аҳолӣ ба миён меояд. То ин ки онҳо ба масъалаи дастрас кардан ё интиқол додани иттилоот дар сомонаҳои интернетӣ масъулият ҳис ва маводи муфид ва ё хавфнокро фарқ карда тавонанд.
Дар хусуси он ки ҷомеаи иттилоотӣ пайгирона давлатҳои миллиро иваз мекунад, ҳаминро бояд гуфт, ки ин бофтаи сегона – давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ маҳсули талаботи ҳаётии инсон мебошанд ва дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва динӣ манфиати онро ифода мекунад.
Бештар аз ин, ҷомеаи иттилоотӣ ин намуди нави сохти иҷтимоӣ набуда, фазоеро инъикос менамояд, ки дар байни ин ду низоми иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки ҷомеаи иттилоотӣ бо вуҷуди ҳамчун низом ташаккул ёфтани худ, на фазои ниҳодӣ, балки фазои вазифавӣ, яъне таъмин намудани робитаи байни онҳоро ишғол менамояд.
Ҳамин хосияти ҷомеаи иттилоотӣ ба мо имконият медиҳад, таъкид намоем, ки дар айни замон дар бораи фаноёбии давлатҳои миллӣ ва ҳамчунин таназзули худшиносии миллӣ фикр кардан барвақт аст.
Бо дарназардошти зиёд шудани падидаҳои иртиҷоии динӣ зикр бояд кард, ки имрӯз ҳаракатҳои ифротии динию сиёсӣ, ки худ парвардаи бозингарони асосии раванди ҷаҳонишавӣ мебошанд, арзишҳои сунатии мардуми мусалмон, ҷашнҳои миллӣ ва расму русуми онҳоро бидъат эълон намуда, барои давлатҳои миллӣ ва худшиносию ҳувияти миллии онҳо хатару таҳдидҳои наву бештаре эҷод карда истодаанд. Ин қабил ҳаракатҳои ғайрианъанавӣ дар ислом иттилоотро барои вайрон кардани арзишҳои сохтори давлат, барпо кардани низоми ягонаи робитаҳои динӣ ва татбиқи ҳадафҳои бунёди хилофати исломӣ, ки ҳамагуна сарҳадҳо, фарҳанг ва анъанаю расму русуми миллиро инкор мекунад, хеле васеъ ва айёрона истифода мебаранд. Мубориза барои дар амал татбиқ кардани ин лоиҳа аксари ин гуруҳҳои сиёсатзадаи исломиро ба содир кардани амалҳои номатлуб водор месозад.
Дар чунин шароит худшиносии миллӣ ягона “лангаре” мебошад, ки аз як тараф, ҷомеа ва давлатро аз парокандагӣ ва аз тарафи дигар, асолати миллӣ, фарҳанг ва расму русуми миллиро нигоҳ дошта метавонад. Дар тақвият додани ин раванд нақши элитаи сиёсӣ ҳамчун тарҳрез ва ташаккулдиҳандаи худшиносии миллӣ назаррас аст.
Ҳамин тариқ, аҳамияти нақши худшиносии миллӣ дар ҷомеаи иттилоотӣ дар он аст, ки тавассути таъмин намудани таносуби арзишҳои миллӣ ва байналмилалӣ вазъи муътадили сиёсии ҷомеаро ба миён меоварад. Дар ин асос гуфтан мумкин аст, худшиносии миллӣ на ба маҳдуд кардани фазои иттилоотӣ, ки барои ташаккул ва рушди он беҳтарин восита аст, балки ба мақсадҳои бунёдкорӣ истифода бурдани он манфиатдор аст. Зеро ки худшиносии миллӣ дар фазои ниҳодҳои давлатӣ қарор дорад ва имконияти фароҳам овардани шароити заруриро барои рушди ҳам ниҳодҳои давлатӣ ва идеологияи он дар шакли рамзҳои миллӣ ва ҳам ташаккули арзишҳои шаҳрвандӣ, ки моҳиятан унсурҳои муҳимтарини худшиносии миллиро дар бар мегиранд, дорад.
Чуноне ки дар боло зикр карда шуд, дар замони муосир яке аз масъалаҳои баҳснок ин раванди ба ҷомеаи иттилоотӣ ворид шудани давлатҳои миллӣ ва тақдири ояндаи онҳо дар ин ҷомеа мебошад. Мувофиқи ақидаи Э. Тоффлер ва Д. Белл ҳомиёну намояндагони давлатҳои миллӣ бояд донанд, ки замони онҳо бо фарорасии “мавҷи дуюми тамаддун”, яъне давраи саноатӣ ба охир мерасад. Зеро ки баъди давраи саноатӣ замони пасосаноатӣ оғоз меёбад [2, С.176 ]. Ба ибораи Э. Тоффлер, давраи пасосаноатӣ ё ин ки иттилоотӣ арзишҳои куҳнаи ниҳодиро ба арзишҳои наве иваз мекунад, ки ҷавобгу ба талаботи замони муосир мебошанд. Ба ақидаи вай, бо қадри тағйирёбии мавҷҳои тамаддун шаклҳои назорати иҷтимоӣ низ дигар мешаванд. Омили асосии назораткунандаи ҷомеа ҳокимият мебошад, ки дар ин асно ба се омил - зӯрӣ, сарват ва дониш такя мекунад.
Агар дар “мавҷи якуми тамаддун”, яъне ҷомеаҳои тосаноатӣ (кишоварзӣ) назорати иҷтимоӣ дар шакли зӯри (қувва) ба амал бароварда шавад, он гоҳ дар “мавҷи дуюми тамаддун”, яъне ҷомеаҳои саноатӣ ин назоратро сарват, дороӣ иваз мекунад. Танҳо дар ҷомеаи иттилоотӣ ҳокимият зӯрию сарватро ба шакли сифатан нав – дониш ва иттиллот иваз мекунад. Дар натиҷа дониш ҳамчун арзиши олӣ ва моли асосӣ ба заминаи бунёди сохтори инноватсионии ҷомеа табдил меёбад.
Дар ин хусус яке аз асосгузорони мафҳуми “ҷомеаи иттилоотӣ” Д. Белл чунин гуфтааст: “Дар садсолаи омадаистода барои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, барои тарзи истеҳсоли дониш, инчунин барои хусусияти фаъолияти меҳнатии инсон ба вуҷуд омадани уклади нави иҷтимоӣ, ки ба телекоммуникатсия асос меёбад, аҳамияти ҷиддӣ пайдо мекунад. Инқилоб дар ташкил ва коркарди иттиллот ва дониш, ки дар он нақши марказиро компютер мебозад, маҳз дар ҷомеаи пасосаноатӣ оғоз меёбад. Барои фаҳмидани инқилоби телекоммуникатсионӣ ба инобат гирифтани се ҷанбаи ҷомеаи пасосаноатӣ муҳим аст: гузариш аз ҷомеаи саноатӣ ба ҷомеаи хизматрасонӣ: аҳаммияти ҳалкунанда пайдо кардани дониши назариявии рамзишуда барои татбиқи инноватсияҳои технологӣ: ба муҳимтарин омили таҳлили бонизом ва назарияи қабули қарорҳо табдил ёфтани “технологияи зеҳнӣ”.
Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир олимони тоҷик масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷумҳуриро дар партави раванди ташаккули ҷомеаи иттиллотӣ мавриди таҳқиқ ва хулосабарорӣ қарор додаанд. Вале боиси афсус аст, ки дар аксари ин корҳои илмӣ диди назари асосгузорони назарияи ҷомеаи иттиллотӣ Э. Тоффлер ва Д. Белл нодида гирифта шуда, муаллифон ба он ақидаанд, ки гӯё дар Тоҷикистон ҷомеаи иттилоотӣ кайҳо боз ташаккул ёфта, фаъолият менамояд . Ҳоло он ки ҷомеаи Тоҷикистон дар марҳилаи омодагӣ барои гузариш аз ҷомеаи кишоварзию саноатӣ ба ҷомеаи саноатию кишоварзӣ қарор дорад.
Ғайр аз ин дар бархе аз асарҳои таҳқиқотӣ ба хонанда андешаҳое пешкаш мегардад, ки чандин фарсахҳо аз воқеият дур буда, зарурат ба танқид ҳам надоранд. Масалан, муҳаққиқ Нодирхонов Г.Г. дар рисолаи номзадии худ навиштааст, ки “... ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон бо тамоми зуҳуроташ як раванди ногузири объективи барои ташаккули шахсият мебошад” . Дар ҳамин саҳифа такя ба ақидаи С.Р. Ишанова таъкид менамояд, ки “... ҷомеаи Тоҷикистони муосир дар асоси омӯзиши таҷрибаи кишварҳои нисбатан инкишофёфта, ба монанди Чин, Ҷопон, Сингапур ва ғайра, ки тавонистанд, бидуни сохтори агросаноатӣ, ба марҳилаи ҷомеаи иттилоотӣ гузаранд, метавонад бар асоси ҳувияти худ, пурра аз марҳилаи агросаноатӣ ба ҷомеаи муосири иттилоотӣ, ки мувофиқи стандарти ҷаҳонӣ бошад, гузарад”.
Вобаста ба ин як нуктаро таъкид кардан зарур аст, ки асоси ҷомеаи иттилоотиро ду сарват – дониш ва иттилоот ташкил медиҳад. Онҳо ҳамчунин қувваи асосии истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва идоракунии ҷомеа мебошанд. Ҷомеаҳое, ки дар ҳоли рушд қарор доранд, онҳо сараввал бояд ба марҳилаи саноатӣ ва баъдан ба давраи иттилоотӣ гузаранд.
Бо дарназардошти ҳамин масъала академик Р.К. Раҳимов нишондодҳои асосии рушди инсониро дар ҷумҳурӣ таҳлил намуда, навишта аст.: “Бо сабаби ҷузъи асосии андӯхтани сармояи инсонӣ будани таҳсилот баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ҳамчун самти муҳимтарини маблағгузории рушди сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Чуноне ки дар ҳисоботи таҳлилии Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, сатҳи таҳсилоти аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол хеле баланд - 99,3% аст. Чуноне ки ҳисобу китоб нишон медиҳад, дар маҷмуъ, яъне аз рӯи ҳамаи намудҳои таҳсилот, сатҳи таҳсилоти аҳолии машғули кори ҷумҳурӣ 27,8%, аз ҷумла дар шаҳрҳо 40,7% , дар деҳот 22,2%, мардҳо 36,6% ва занҳо 15,3% мебошад. Ин рақамҳо барои хулосабарорӣ ҷиҳати он ки дар байни аҳолии машғули кор шахсоне, ки таҳсилоти касбӣ доранд, ҳиссаи ночизро ташкил медиҳанд, асос шуда метавонад .
Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки Тоҷикистон имрӯз ба гирдоби ҷомеаи иттилоотӣ кашида шудааст ва барои гузариш ба он бояд пеш аз ҳама заминаи хуби техникию технологӣ, дастгоҳҳои пешқадами иттилоотию коммуникативӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаро фароҳам оварад. Сатҳи имрӯзаи иқтидори таҳсилотӣ ва иттилоотӣ барои гузаштан ба ҷомеаи иттилоотӣ имкон намедиҳад.
Табиист, ки имрӯз баланд бардоштани нақши сармояи инсонӣ, алалхусус, иқтидори таҳсилотии вай ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат қарор дода шудааст. Ғайр аз ин, ақидаи олимони ҷавон дар бораи он ки кишварҳои минтақаи ҷанубу шарқӣ ба туфайли ҳувияти миллӣ марҳилаи аграриро пушти сар карда, ба давраи иттилоотӣ гузоштаанд, асоси илмӣ надорад. Ҳарчанд ки ҳувият ва нангу номуси миллӣ яке аз муҳимтарин омилҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеаҳои мухталиф ба ҳисоб меравад. Чуноне ки таҷрибаи ба сатҳи ҷомеаи иттилоотӣ расидани онҳо нишон медиҳад, кишварҳои мазкур дар баробари ҳувияти баланди миллӣ доштан, ба ҳама мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва молиявию техникӣ нигоҳ накарда, техникаю технологияҳои пешқадами мамолики ғарбро харидорӣ карда, фаъолияти онҳоро дар пояи арзишҳои ахлоқию фарҳангии миллати худ ба роҳ монданд. Яке аз сабабҳои асосии ба чунин сатҳи баланди рушд расидани онҳо низ дар ҳамин аст.
Ҳамин тариқ, агар андешаи Э. Тоффлер ва Д. Беллро ба инобат гирем, пас метавон гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон дар байни сатҳи якум ва дуюм, яъне аграрию саноатӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, бо вуҷуди ба фазои миллӣ роҳ ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ ва арзишҳои фаромиллӣ сабаби ҷой доштани баъзе аломатҳою унсурҳои ҷомеаи иттилоотӣ шуда бошад ҳам, дар бораи ҷомеаи иттилоотӣ будани Тоҷикистон сухан гуфтан хилофи воқеияти ҳол аст. Кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати аз пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ ва арзишҳои авомӣ ҳифз намудани фазои фарҳангии кишвар яке аз иқдомҳои ҷиддиест, ки элитаи сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ барои ба даст овардани ин ҳадаф ҷаҳд карда истодааст.
Бояд гуфт, ки сатҳи худшиносию ҳувияти аҳолӣ аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки минтақаҳои ҷумҳурӣ то кадом андоза байни худ робитаҳои доимии иқтисодию хоҷагӣ ва фарҳангӣ доранд. Бинобар ин шабакаҳои иттилоотӣ, Интернет, алоқаҳои мобилӣ, чун роҳҳо, ба воситаи муҳимтарини мубодилаи афкор, ҳамкорӣ ва рафту омад табдил ёфта истодааст. Он беҳтарин воситаи ба мардум расонидани хабарҳои оҷил, муҳтавои сиёсати давлат ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд.
Бидуни оқибатҳои манфие, ки дар партави буҳрони умумиҷаҳонии иқтисодӣ, аз ҷумла буҳрони иқтисодию молиявие, ки солҳои 90-ум ва ибтидои солҳои 2000-ум дар ҷумҳурӣ ҷой дошт, элитаи сиёсӣ санадҳои зарурии меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуда, барои фароҳам овардани заминаҳои кофии моддию техникӣ ва технологию кадрӣ ҷиҳати гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст. Зеро он хуб мефаҳмад, ки сатҳи зарурии иқтидори иттилоотӣ муҳимтарин ва самараноктарин стратегия барои таъмини Ваҳдати миллӣ, мутташакилии иҷтимоӣ, ташкилу сафарбарнамоии аҳолӣ ва рушди худшиносию ҳувияти миллӣ мебошад.
Набудани имкониятҳои таъсиррасонии иттилоотӣ, махсусан, дар шароити ҷуғрофии Тоҷикистон, метавонад сабаби пайдоиши бисёр ҳолатҳои хурофотие шаванд, ки ба рушди устувори сиёсии ҷомеа хатар эҷод намоянд.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки рушди шабакаҳои иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ падидаи мусбат аст. Канораҷӯӣ намудан аз он метавонад сабаби ба фазои иттилоотии кишвар роҳ ёфтани дигар воситаҳои коммуникатсионӣ, аз ҷумла тарғиби шифоӣ ва маҷозӣ дар гардад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ягона роҳи ҳифз намудани асолати миллӣ, арзишҳои миллӣ ва худшиносию ҳувияти миллӣ ин фаъол намудани раванди воридшавӣ ба ин фазо, ташаккули фарҳанги иттилоотии мардум ва фароҳам овардани заминаҳои зарурии моддию техникӣ, технологию кадрӣ ва тавассути онҳо дастраси ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонидани ин арзишҳои волои моддию фарҳангии миллат ва ба ин васила дар қатори дигар қавму миллатҳои мутамаддин нигоҳ доштани ҷовидонии он мебошад.
С. Ҷононов – д.и.ф, профессори кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Расму оинҳо ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳангии миллии тоҷикон маҳсуб меёбанд. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ расму оинҳо ҳамчун ифодакунандаи тамаддуни ҳар халқияту миллат дар ҳаёти фарҳангию маънавӣ нақши муҳим доштаанд. Вобаста ба шароити ҳар давру замон расму оинҳо ташаккул ва тағйир ёфта, шакли нав касб менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар суханрониашон дар маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои халқӣ (9 июли соли 2007) ишора намуда буданд, ки: “Танзими расму оин ва анъанаҳо ҷанбаи хеле муҳими масъалаи миллӣ мебошад. Аз ин хотир, мо вазифадор ҳастем, ки пеш аз ҳама боигариҳои маънавии қадимаи халқамонро ҳамчун манбаи нодиру гаронбаҳо дар тарбияи ҷавонон истифода барем. Вале ин кор муносибати оқилона мехоҳад. Маълум аст, ки рушду ободии кишвар танҳо тавассути мардуми босавод, соҳибмаърифат ва равшанфикри ҷомеа имконпазир аст.
Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрўз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем. Муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба инкишоф диҳем. Аммо, танзим намудан маънои маҳдуд кардани анъана ва расму ойинҳоро надорад, балки яке аз роҳҳои мусоидат намудан ба густариши худшиносӣ ва маданияти халқамон мебошад”.
Ин қонуни сарнавиштсоз то имрӯз Тоҷикистони азизро аз бӯҳрони иқтисодӣ берун баровард ва мардум оҳиста-оҳиста дарк карда истодаанд, ки ин қонун танҳо ва танҳо ба фоидаи худи эшон аст. Аммо, дар баробари дастовардҳо боз ҳам баъзе норасоиҳо ва қонунвайронкуниҳо дар амалияи қонун ба назар мерасанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзе нафарон дар ҷомеа то ҳол он ҷашну маросиме, ки қонунгузорӣ манъ намудааст, ҷузъи фарҳанги худ ҳисобида, ошкору пинҳон ба қонуншиканӣ даст мезананд. Дар натиҷаи қонуншиканӣ кардан, он шахс аз нигоҳи эътиқоӣ ҳеҷ хиҷолате намекашад. Дар ин ҷо бояд дар баробари танзими қонунӣ “танзими эътиқодӣ” ба кор бурда шавад. Вақте танзими эътиқодӣ мегӯем, диққати бештар бояд ба имону виҷдон дода шавад, зеро дар ҷомеаи анъанавӣ эътиқод бахши муҳими зиндагии ҳар шахс ба ҳисоб меравад. Ривоҷ доштан ва ё анъанана будани як амалро дар ҷомеа эътиқод муайян меноманд. Пас дар натиҷаи ин таърифи эътиқод ба мо маълум мегардад, ки аксарияти ҷашну маросиме, ки қонунгузорӣ манъ намуд, онҳо тўли солҳои зиёд дар зиндагии ҷомеаи мо як амали роиҷ буданд.
Вобаста ба муҳимияти ин санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ҳадафи асосии қабули он ҳифзи арзишҳои ахлоқию динӣ ва таърихию фарҳангии халқи тоҷик аст, Пешвои миллат чунин ибрози андеша кардаанд: “Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом даровард”.
Маврид ба зикр аст, ки зарурати қабули "қонуни танзим" танҳо ба хотири арҷгузоштан ба арзишҳои миллию динӣ, ҳифзи мероси ниёгон, роҳ надодан ба исрофкорию хурофотпарастӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба миён омадааст. Чун шумораи зиёди аҳолии кишварро пайравони дини Ислом ташкил медиҳанд, чунин хурофотпарастию исрофкориҳо дар каломи Раббонию аҳодиси набавӣ ба таври қатъӣ манъ карда шудааст. Аз ҷумла, "Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати (яъне, либос) худро бигиред ва бихўреду биошомед ва исроф макунед, ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дўст намедорад" (Сураи Аъроф: 31); "Ва ба соҳиби қаробат ҳаққи вайро бидеҳ ва (низ) ба дарвеш ва роҳгузар ва исроф макун исроф карданӣ. Ба дурустӣ, ки исрофкунандагон бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст" (Сураи Исро: 26-27); "Ва исроф макунед, ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дўст надорад" (Сураи Анъом: 141); "Ва ононанд, ки чун ҳаҷ кунанд, исроф нанамоянд ва бухл наварзанд, балки миёни ин ду ҷониб мӯътадил бошанд" (Сураи Фурқон: 67). Амали зишту номатлуб будани исрофкорию зиёдаравӣ дар ҳадисҳои Паёмбари ислом низ ишора шудааст. "Исроф фақру тангдастӣ меоварад", "Дар исроф ва зиёдаравӣ хайре нест ва дар корҳои хайр исроф нест", "Офати саховатмандӣ исроф аст", "Касе, ки дар зиндагиаш сарфакор бошад, Худо ўро рўзӣ медиҳад ва касе, ки исроф ва зиёдаравӣ кунад, маҳрумаш мекунад". Ҳамчунин сарфу харҷи зиёдатӣ тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ манъ карда шудааст.
Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки қонуни мазкур як қатор ҷашни анъанаву маросими бегонаи динниро аз байн бурд ва фарҳанги софу миллиро дар худ нигоҳ дошт. Инчунин қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои вазифаи асосии худ, яъне барои баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии мардум нақши асосӣ ва ҳалкунанда бозид.
Илҳом Қурбоншоев н.и.ф и.в мудири шуъбаи масалаҳои фалсафии дини ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ