Skip to main content

Ба таваҷҷуҳи дӯстдорону ҳаводорони илму адаб мерасонем, ки санаи 12 июли соли 2024 соати 9:00 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи дастури президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ маҳфили илмю адабӣ ва фарҳангии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи адабиёти муосири ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ Аскар Ҳаким баргузор мегардад. Ҳамаи он нафроне, ки ба илму адаб шавқу ҳаваси зиёд доранд даъват менамоем!

Дар маҳфил ҳунармандони маъруфи кишвар:
Афзалшоҳи Шодӣ Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон,
Гулбаҳор Шокирова Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, Хуршед Иброҳимов Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон, Ширинмоҳ Ниҳолова ҳунарпешаи маҳбуб иштирок хоҳанд кард.

  Ба таваҷҷуҳи Шурои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директорони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳамаи воҳидҳои сохтории он расонида мешавад, ки чорабинии ҷамъбастии курси омӯзишии “Зан–Сарвар”, рӯзи 11 июни соли 2024, соати 11:00 дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бо ибтикори президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барномаи омодагӣ ба Озмуни ҷумҳуриявии Илм - фурӯғи маърифат таҳияву тасдиқ гардида, аз чоп баромад.

Қобили зикр аст, ки дар барнома тарзи таҳияи саволномаҳо барои ҳар давр, номгуи мавзӯҳо ва он китобҳое, ки танҳо дар доираи онҳо саволҳо тартиб дода мешаванд, оварда шудаанд. Минбаъд дар ҳамаи даврҳо ҳар як савол мутобиқи номгӯи мавзуъҳо ва китобҳои дар барнома овардашуда тартиб дода мешавад. Ин амал барои таъмини шаффофият барои тамоми иштирокчиёни Озмун аз сартосари ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. Дар меҳвари Озмун на аъзои ҳакамон, балки барномаи озмун меистад.

Ёдовар мешавем, ки шакли PDF - и китобро метавонед аз телеграмканали Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастрас намоед.

https://t.me/akademia55/1412

Subscribe to Эълон!