Перейти к основному содержанию

Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари тоза мустақилгардидаи собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд. Қувваҳои бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ бо нақшаву дастурҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехостанд бар хилофи иродаи мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари халқи мо бор кунанд ва ҳатто саросемавор нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркуш гирифтор карданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.