Ҳар як давлати соҳибистиқлолро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рамзҳои давлатиаш мешиносанду эътироф менамоянд. Размҳои давлатӣ Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба ҳисоб рафта, онҳо аз рӯи санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилаливу дохилии худи давлат дар ҷойҳо ва рӯзҳои муайян истифода бурда мешавад, ки ин эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба кишвари соҳибистиқлолро нишон медиҳад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи сарбаландии миллат дар Иҷлосия тасдиқ гардида, чун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба давлати соҳибистиқлоли тоҷик он аз ҷониби сарвари тозаинтихоби Шӯрои Оли бӯсида шуд ва парчам бо парафшонӣ, яъне ҳаракат тавонист барои сарҷамъу муттаҳид намудани мардуми парокандаи кишвар мусоидат намояд.
Ба хотири эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе майдони Парчам бунёд гардида, парчами давлатӣ бо дарозии 60 метр, бараш 30 метр дар пояи баландиаш 165 метр барафрохта ва ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Чун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, имрӯз дар маркази маъмурии тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат Парчам бар пояи баландтарин қомат афрохта, аз сулҳу ваҳдат ва сарҷамъиву муттаҳидии мардуми кишвар зери парафшонии онро нишон медиҳад.
Бо шарофати истиқлолият Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои 193 давлатҳои узви ташкилоти бонуфузи байналмилалии СММ парафшон буда, аз мавҷудияти давлати соҳибихтиёр ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ башора медиҳад.
Рамзи дигари давлатӣ ин Нишон, ки дар Иҷлосияи таърихӣ қабул шуда буд, аз тасвири шери болдор дар мобайни нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулӯъкунанда ҷой гирифта, хӯшаи гандуми бо лентаи серахдор печонидашуда, ҳошиябандӣ шуда буд. Ҳошияро тоҷи бо ҳафт ситораи болои он ба шакли нимдоира ҷойгиршуда оро медод. Нишони давлатӣ, ки ифодагар ва муаррифгари миллати соҳибтамаддун, соҳибдавлату соҳибфарҳанг, неъматҳои табиат, самараи заҳмати халқи кишвар мебошад, бо гузашти вақт зарурати ворид намудани тағйирот ба нишон ба миён омад ва он ба нишони соли 1937 қабулкардашудаи ҶШС Тоҷикистон монанд карда шуд, ки он нишонаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб ёфта, он овози мардум, орзуву ормон ва садои қалби халқро ифода менамояд. Дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ суруди миллии Ватанамон-Тоҷикистон, ки шеъри шоири бузурги кишвар Абулқосим Лоҳутӣва оҳанги Сулаймон Юдаков буда, он моҳи ноябри соли 1946 дар Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда буд, то даврони соҳибистиқлолии кишвар садо медод.
Тоҷикистони соҳибистиқлол чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ мавқеъ ва овози худро пайдо намуд. Вобаста ба талаботи замон, Тоҷикистон роҳи худро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона интихоб кард ва лозим омад, то суруди миллии кишвари соҳибистиқлолро бо мазмуну муҳтавои ҳаёти наву босаодат ва озодию истиқлолияти комили миллӣ интихобу қабул намояд. Барои интихоби беҳтарин матни Суруди миллӣ байни аҳли адаби ҷумҳурӣ озмун эълон гардид.
Ниҳоят моҳи сентябри соли 1994 озмун ҷамъбаст гардида, шеъри шоири маҳбуби мардуми тоҷик Гулназар беҳтарин ва арзанда шуморида шуд. Суруди ӯ мувофиқан ба оҳанги таърихии Сулаймон Юдаков эҷод шуда буд. Ба ҳамин тариқ Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз телевизион ва радиои мамлакат дар иҷрои дастаи ҳофизон ва оркестри симфонӣ дар ибтидои моҳи январи соли 1995 дар қаламрави тамоми сарзамини тоҷикон бо тантана ва шаъну шукӯҳи ориёӣ садо дод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, “Шароити соҳибистиқлолӣ талаб мекард, ки дар кишвар ҳарчи зудтар ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида, Конститутсияи давлати соҳибихтиёр қабул гардад ва дар он мақсаду мароми ҷомеа, давлат ва сохти давлатдорӣ муайян карда шавад”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, санаи 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи худро қабул ва ҳамон рӯз Президенти кишварро интихоб ва шакли давлати президентиро расмӣ гардонид.
Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи соли 1994 чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона роҳи кишвардорию сохтори давлатӣ, табиати қудратофарию реҷаи сиёсии ояндаи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд”.
Барои боз ҳам комилу мукаммал ва ба талаботи замини муосир ҷавогӯй гардидани Конститутсияи мамлакат боз ду маротиба санаҳои 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру илова ворид карда шуда, имрӯз Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсия эътироф карда шудааст.
Рамзу муқаддасоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз чун инъикосгару муаррифгари миллату давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ шинохтаву эътироф гардидааст. Чуноне мақоли халқӣ мегӯяд, “Нон дар нондон азиз аст”. Аз ин лиҳоз, рамзу муқаддасоти давлатии Ватани азизамон пеш аз ҳама барои мо, мардуми сарбаланди Тоҷикистон азизу муқаддас бояд бошад. Барои дар қалбу вуҷуди ҳар сокини мамлакат бедор намудани ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ корбарии якҷояи аҳли ҷомеа бояд аз боғчаву мактаб ва оила оғоз гардад. Зеро рамзҳои давлатӣ оина ва симои давлату миллат дар арсаи ҷаҳонист.
МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академия миллии илмҳои Тоҷикистон Шамсова С.С.