Перейти к основному содержанию

Дар доираи иҷроиши мавзӯи илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии имҳои Тоҷикистон аз ҷониби кормандони шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ, таълиму омӯзиш ва хизмтрасониҳои техникии Агентӣ дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мониторинги радиатсионӣ гузаронида шуда истодааст. То ин замон мониторинги радиатсионии объекти таърихии “Аҷинатеппа”, “Ҳулбук”, “Саразм” ва “Карон” гузаронида шуда буданд. Имрӯзҳо кормандони шуъба ба гузаронидани мониторинги радиоэкологӣ дар ноҳияҳои Қабодиён, Шаҳритус ва Носири Хисрав машғул мебошанд. Дар доираи ин экспедитсия мониторинги радиатсионии минтақаи таърихии “Тахти сангин” гузаронида шуд. Дар ин раванд тавоноии дозаҳои минтақаҳо чен карда шуда, намунаҳои хок, оби дарёҳо ва обҳои нушокии мавзеъҳои аҳолинишин барои санҷиш ва муайянкунӣ гирифта шуданд. Ғайр аз ин дар минтақаҳои сайёҳии “Чилдухтарон” ва мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” низ мониторинги радиатсионӣ гузаронида шуданд. Гузаронидани мониторинги радиатсионӣ дар маконҳои таърихӣ ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон идома дорад.