Skip to main content

2-юми декабри соли равон дар доираи сафари корӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон ташриф оварда, бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Матсумото Хисаши мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, густариши корҳо дар самти рушди илмҳои дақиқ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар ҳарду кишвар суҳбат намуданд. Ҷонибҳо барои дар оянда рушду инкишоф ёфтани корҳои илмӣ миёни ҳарду кишвар, аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Ҷопон, пайвасти илм бо истеҳсолот, муҳайё намудани шароити корӣ барои олимону муҳаққиқон дар ҳарду давлат барои андухтани таҷрибаи корӣ миёни кормандони илмӣ, олимону магистрантону докторантон ва умуман равобитҳои илмӣ - амалӣ ба мувофиқа расиданд.

Давлати Ҷопон яке аз кишварҳои пешрафта дар самти истеҳсоли техникаву технологияи муосир буда, дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бидуни технологияи муосир ғайри имкон аст. Мақсад аз вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои осон намудани кор дар ниҳодҳои илмӣ ба олимону муҳаққиқони ҷавони илмӣ аст.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки минбаъд магистрантону докторантон метавонанд барои сайқал додани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба давлати Ҷопон ташриф бурда, дар шароити хуби корӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотияшонро гузаронда, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст биёранд.

Ҳамчунин, зимни мулоқот таъкид гардид, ки муҳаққиқони давлати Ҷопон низ метавонанд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар шароити хуби ниҳодҳои илмӣ – таҳқиқотӣ омоданамудаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ – таҳқиқотияшонро гузаронида, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оранд.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки Ҷопон бо таҷрибаи худ дар сейсмология бо Тоҷикистон барои таҳияи системаҳои назорати заминларза ва сохтани сохторҳои тобовар ба заминларза ҳамкорӣ мекунад.