Иштироки Илҳом Мирсаидзода дар чорабинии паҳлӯӣ "Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар коҳиши хатари марбут ба иншоотњои меросӣ дар Осиёи Марказӣ" дар ҳошияи 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии АБНА
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиологӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Илҳом Мирсаидзода, дар чорабинии паҳлӯӣ бо мавзӯи "Нақши ҷомеаи байналмилалӣ дар коҳиши хатари марбут ба иншоотњои меросӣ дар Осиёи Марказӣ", ки 16 сентябри соли 2024 дар доираи 68-умин ҷаласаи Конфронси Генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар маърӯзаи худ, Илњом Мирсаидзода аҳамияти корҳои солимгардониро, ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия анҷом дода шудаанд, қайд кард. Ӯ зикр намуд, ки ин кӯшишҳо саҳми муҳим дар таъмини амнияти экологӣ ва радиатсионӣ дар иншоотњои меросӣ, ки хатари эҳтимолӣ барои саломатии аҳолӣ ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ доранд, мебошанд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни суханронии худ, Илњом Мирсаидзода дар бораи ҳамкориҳои идомадор бо шарикони байналмилалӣ дар соҳаи коҳиши хатарҳои радиатсионӣ ва солимгардонии минтақаҳое, ки аз барномаҳои ҳастаии қаблӣ таъсир дидаанд, маълумот дод. Ӯ ба Федератсияи Россия барои дастгирии техникӣ ва молиявӣ, ки ба таври назаррас бехатарии радиатсиониро дар як қатор объектҳои муҳими меросӣ дар Тоҷикистон беҳтар намуд, миннатдорӣ изҳор намуд.
Ин чорабинии паҳлӯӣ, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои мухталифро гирд овард, ки онҳо тадбирҳои ҷорӣ ва ояндаро барои коҳиши хатарҳои марбут ба иншоотњои меросӣ, инчунин роҳҳои беҳтар намудани ҳамоҳангии кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ барои ҳалли ин мушкилотро муҳокима карданд.