Мақоми як фард дар ҷомеа аз чӣ иборат аст? Оё, як фард метавонад дар таърихи инсоният нақши ҳалкунанда ва муҳим дошта бошад ва ҷомеаро бо тамоми шароити мавҷудаш дигаргун созаду мардумро рӯи назму низом дарорад ва боиси сарбаландии инсонҳои он ҷомеа гардад? Таърихи инсоният доир ба ин суолҳо ҷавоби мусбат дорад ва ниёз ба такрор нест, танҳо ҳаминро метавон зикр кард, ки ба қавли бузургҳо ҷасорату қадамҳои устувор ва нияти хайр ва созандаи як нафар метавонад баракату раҳмат биёрад ва сарзаминашро сарсабзу мардумашро саодатманд кунад.
Сарзамин ва мардуми Тоҷикистон баъди барҳамхурии Иттиҳоди шуравӣ бисёр парешониву сахтиҳоро аз сар гузарониданд, чун дар аввали роҳ кишварро хатарҳои гуногун таҳдид мекард. Шаҳрвандон дар баробари қурбониҳову гирифториҳои қашшоқӣ ва тарси аз нав қарор гирифтан зери зулму ситам, ҳаросҳо ва ғуссаҳои гуногунеро дар дил мепарвариданд, ки оқибати ин бесару сомониҳо ба чӣ меанҷомида бошад ва чӣ қисмате насибашон мешуда бошад ва оё дубора ба як зиндагии осоишта ва нек дар як ҷомеаи пешрафта хоҳанд расид ё не?
Шукронаи тақдири нек, ки дурахшиши барқе шуду ба майдон марди шуҷоатманд ва қавиирода бо қадамҳои устувору нияти нек бо номи ЭмомалӣРаҳмон омад, ки як равшанӣ ва умеде буд бар дили мардуми парешону нигарони тоҷик. Дар ҳақиқат дар он аёми сарнавиштсоз ба сари давлат омадани ин шахсияти боиродаву устувор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаммонанди Хуршеде буд, ки оҳиста тулӯъ карда ба сарзамин ва ҷисму дилҳои шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон гармӣ бахшид ва қоматҳои хамидаву чеҳраҳои гирифтаи мардум, дубора дигаргун гардида, қадам ба қадам шурӯъ ба рушду камол карданд ва ин оғози ҳамбастагии мардум ва зиндагии орому боосоиш дар сулҳу субот гашт. Баъд аз гузашти солҳо, ҷои манзилу биноҳо ва хиёбону кӯчаҳои баҳам рехтаву тороҷшударо биноҳои нави замонавӣ ва гулгашту чаманзорҳо гирифт. Шаҳри Душанбе ба як шаҳри ҳозиразамону тамаддунӣ табдил ёфт, ки солҳо пеш ҳатто кас фикрашро ҳам намекард. Дар як муддати нисбатан кутоҳе фазои кишварамон Тоҷикистонро амну амонӣ ва осудагии тасаввур нашавандае фаро гирифт, ки ин бузугтарин неъмате буд, ки тавассути заҳматҳои зиёди Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мардуми мо гардид. Зеро ки амнияту оромиши зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд аз тамоми пулу молу сарвати дунё болотару арзишноктар аст.
Дар бораи кишвардорию шаҳрдорӣ дар ибтидо як мисоле аз ашъори мутафаккири бузурги халқи тоҷик Сайидои Насафӣ, ки дар замони сахттарин, зиндагии вазнину қашшоқонаеро аз сар гузаронида буд, намунае биёрем. Ӯ дар достони «Дар бораи ҳазрати Абдуллохон шаҳри Бухороро ойин бастан» навиштааст, ки баъд аз рӯзгоре ба рӯи тахт омад шаҳриёре, чӣ шаҳи фархундаиқбол ва чӣ шоҳи шаҳзодаи тимсоли хуршед буд ба исми Абдуллохон, ки тамоми зулму истебдод ва харобазорҳоро аз байн бурд:
Ба аҳдаш золимон гаштанд ранҷур,
Гурезон гашта чун тир аз камон дур.
Бухоро пир буд, акнун ҷавон шуд,
Ба даврон Абдуллохон шуд.
Мувофиқи навиштаи Сайидо, маҳз ба баракати қадами хайри ин ҳоким даврон, аз кавкаби ӯ шаҳри Бухоро чароғон гашта, ба зеботарин ва тозатарин шаҳр табдил шуд:
Зи ҳукмаш кӯчаҳо гардида равшан,
Зи шаб то рӯз натавон фарқ кардан.
Баъзе вақтҳо таърих дар як шакле такрор мешавад. Ин дар мисоли «ҷанги шаҳрвандӣ»-е, ки дар сарзамини кишварамон сар зад ва тамоми аҳли ҷомеаро ба ҳам рехта, онҳоро дар вазъияти сахту гирифторӣ қарор дод, падид омад. Махсусан аҳли илму адаб дар вазъияти фақру нодорӣ китобу қаламро як тараф гузошта, ба корҳои гуногуни ба дур аз ихтисоси худ рӯ оварданд.
Аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он буд, ки бо ташаббуси оқилонаи хеш байни шаҳрвандон сулҳ ва ваҳдати миллиро барқарор намуд, ки аз хайртарин ва бузургтарин корҳои Раҳбарамон буд. Тавассути ин фаъолияти хирадмандонаи хеш назму низом ва сулҳро байни шаҳрвандон барқарор намуданд ва ба кинаву адоват, бадбиниву бадфикрӣва ҷудоӣхотима бахшиданд. Ҳамаи ин заҳмату фаъолиятҳои Президенти Тоҷикистон боис гардид, ки мардум ва кишвари азизамон соҳиби Пешвои ягонаи миллӣгаштанд. Маҳз ба қадами устувору нияти неку ҷасорат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибихтиёру мустақил ва бо фарҳангу тамаддун шиносониданд ва муаррифӣ намуданд.
Ҳамчунин баъд аз солҳо, шаҳру деҳотҳои аз назар дурмонда ва роҳҳои рехтаву фарсудаи нообод аз нав рӯба беҳбудӣва бозсозӣ гардиданд ва мактабу мадрасаҳо, боғчаву парваришгоҳи наву замонавӣ ба роҳ монда шуданд. Алалхусус нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки бузургтарин нерӯгоҳдар дарёи Вахш мебошад ва сохти он ноанҷом ва нообод монда буд, бо ташаббус ва талошҳои зиёду қатъии Пешвои миллат аз нав ба кор андохта шуда ба танзим дароварда шуд, ки боиси ифтихору сарфарозии кишвару миллатамон хоҳад гашт.
Саҳми Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи фарҳангу суннати даврони бостонии тоҷикон, махсусан Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва дигар суннатҳои қадима дорои арзишҳои волои тарбиявӣ-маънавӣ, таърихию фарҳангӣва иҷтимоӣ-сиёсӣ мебошад. Ин хизмати пурарзиши Президенти Тоҷикистон барои насли имрӯзаю оянда як ҳадяи гаронбаҳое аст, ки онҳоро дар роҳи ба худшиносию ваҳдат, ягонагию ҳувият, истиқлолияти миллӣ ва ҳамчунин шинохти арзишҳои сарзимини хеш ва хоки он ҳидоят менамояд. Раҳбари қудратманди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи дигар соҳибқудратии тамаддуни давлату мардуми тоҷикро ба башарият муаррифӣ намуданд, ки мо шаҳрвандон ва аҳли илму адаб ин заҳмату талошҳои Пешвои азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд қадрдонӣ кунем ва ифтихор намоем, ки ин шахсияти бузург Раҳбари мо ҳастанд. Дар бораи хизматҳо ва корҳои бузургу арзишманде, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи сиёсату иқтисод, робитаҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсояву хориҷӣ, дар соҳаи илму фарҳангу ҳунар, тарбияи ҷавонону кӯдакон, чопу дастрас намудани мероси ниёгон, баланд бардоштани маърифати мардум дар гузаронидани маросимҳои мухталиф ва амсоли инҳо сухан бисёр гуфтан мумкин аст, ҳарчанд инҷо хеле мухтасар зикр гардид.
Ин буд бозтоби кӯтоҳаз талош ва шоҳкорҳои давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мардумро аз қудратҳои бад ва торикоту зулмот наҷот бахшида, Тоҷикистонро ба як давлати соҳибихтиёр ва соҳибҳуқуқу тамаддунӣ табдил дода, ба тамоми башарияти дунё муаррифӣ карданд.
Сидқан мегӯям, ки мефахрам бо чунин Раҳбару шахсияти хоксору бохирад ва давлатдори бо сиёсату ба ҷаҳони муосир созгор ва дар айни замон мардумпарвару ғамхору меҳрубон ва нисбати мардуму миллати хеш дорои худшиносӣва ҳувияти миллии воло. Бо дастгирӣ ва ташабусҳои Сарвари миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худшиносии миллӣ, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ аз нав эҳё шуд. Аз ин ҷо, мо дар дурахшиши симои ӯ на танҳо як Президент ва Пешвои миллатро мебинем, балки як ворис ва Асосгузори давлати тоҷиконро ҳамчун як инсони комил мебинем.
Бояд зикр кард, ки корҳое, ки дар муддати на чандон зиёд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати давлату давлатдорӣ, нисбати фарҳангу суннат, нисбати иқтисоду сиёсат ва сохтору ба роҳмонии корҳои дохиливу берунии кишвар ба анҷом расонидаанд, ҳарчанд номбар кунем, боз ҳам кам аст. Аз тарафи дигар худи мардум шоҳиди хизматҳои шоёни Президенти муҳтарамон мебошанд ва танҳо дастгирӣ ва қадрдонӣ намудан аз Пешвои хирадманди миллат вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як аз мост.
Муродова Тоҷинисо - номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ