Перейти к основному содержанию

Имрӯз (03.10.2024) дар маҷлисгоҳи Институти астрофизикаи АМИТ, семинари илмии “Системаи офтобӣ” гузаронида шуд. Семинари илмиро Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И. ҳусни оғоз бахшид.

Дар кори Семинар маърузаҳои зерин: «Первый свет от видеокамер для метеорных наблюдений в Таджикистане» ва «О возможном механизме распада родительской кометы астероидно – метеороидного комплекса дельта – Канкрид» дар асоси натиҷаҳои илмӣ баррасӣ гардиданд. Қайд кардан зарур аст, ки маърӯзаи аввал натиҷаҳои назарраси илмӣ, ки бевосита таҳти роҳбарии марҳум академик Бобоҷонов П.Б. дар асоси омӯзиши ҷирмҳои метеорӣ ва насби нозири метеорӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор дар солҳои 80 – уми асри гузашта гирифта шудаанд, инчунин насби видеокамераҳои насли нав барои мушоҳидаи метеорҳо, ки дар боми бинои Институт ва Расадхонаи астрономии байналмиллалии Санглох дар соли 2024 насб гардидаанд, бахшида шуда буд.

Видеокамераҳои муосир бартарии худро нишон доданд, ки ин дар ду шаб ба қайд гирифтани 810 метор ва як болид нишонаи ин гуфтаҳост. Маърӯзаи дуюм дар асоси ҳисобҳои назариявӣ муайян менамояд, ки аз як ҷирми модарӣ дар 12 ҳазор сол 13 ҷирми хурди ба Замин наздикшаванда ба вуҷуд омадааст. Корҳои илмӣ аз тарафи ходимони илмии Институт хуб пазируфта шуда барои чоп тавсия дода шуд.