Перейти к основному содержанию
123Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии тақдирсози давлат, санади ҳуқуқии таъсисёбандаи кишвар ва ба танзимдарорандаи фаъолияти ҳамаи субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Истилоҳи Конститутсия маънои «барқарор мекунам», «таъсис медиҳам»-ро дошта, таърихи хело ҳам тулонӣ дорад. Аммо ба сифати Қонуни асосии кишвар, низому дастури давлатдорӣ, ки ҳадафи асосиаш аз маҳдуд сохтани ҳокимияти беҳади давлат, танзимкунандаи равобити байни давлат ва мақомоти мухталифи он ва аз ҳама муҳим муайянкунандаи равобити байни давлат ва шаҳрванд, таҳкимбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, мутафаккирон ва муҳаққиқони даврони гузашта ба ин ақида буданд, ки қонунӣ будани ҷомеаи сиёсӣ ва сохти бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Қонуни асосӣ марбут аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин, санади муътабар барои такмил ва танзими ҳуқуқи инсон ва фаъолияти мухталифи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, мавҷудияти гуногунандешии сиёсӣ рӯи кор омад.

Моҳи феврали соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ, таъсис дода шуд ва охири моҳи апрели соли 1992 лоихаи Қонуни асосӣ барои муҳокимаи шаҳрвандони дар матбуоти даврӣ нашр гардид. Бинобар сабаби вазъи нооромии кишвар бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳлати муҳокимаи лоиҳаи Қонуни асосӣ то аввали моҳи июли соли 1992 тамдид карда шуд. Сарфи назар аз ин ва дигар тадбирҳое, ки ҳукумати воқеӣ андешид, аммо вазъияти сиёсӣ аз зери назорат хориҷ гардида то ба сатҳи ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ расид. Табиист, ки дар ин шароит қабул кардани Конститутсияи кишвар ғайриимкон буд.

Пас аз баргузории Иҷлосияи тақдирсозӣ 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таҷлили Конститутсияи нави миллӣ аз нав ба миён омад. Иҷлосияимазкур барои барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар нақши басо бузурге бозид ва вазъи солими ҷомеаро таъмин кард. Дар ин шароит лоиҳаи нави Конститутсия таҷлил гардид ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешнидод шуд.

Муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурӣ, ба маъракаи дар ҳақиқат сиёсии умумихалқии тақдирсоз табдил ёфт ва мардуми кишвар барои такмили мазмуну муҳтавои лоиҳа пешнидодҳои муфид ирсол доштанд. Илова бар ин ба лоиҳаи Конститутсия, коршиносони як қатор кишварҳои ҷаҳон, ба мисли давлатҳои Осиёи Марказӣ, Россия ва Аврупо, инчунин Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар Созмонҳои байналмиллалӣ назару андешаҳои худро изҳор доштанд.

6 ноябри соли 1994 лоиҳа аз тариҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ба худ ҳукми қонуни асосии давлатро гирифт. Ин санади тақдирсоз қонуни олии кишвар мебошад ва номи «Конститутсия»-ро гирифт.

Хислати олӣ доштани Конститутсия дар меъёрҳои ҳуқуқии он дарҷ ёфтаанд. Масъалан, қисми моддаи 10-и он, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши Олии ҳуқуқӣ дошта меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқие, ки бар хилофи Конститутсия мебошанд эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Тамоми қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурӣ ба расмият дароварда ва қабул карда мешаванд. Агар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бар хилофи Конститутсия бошанд онҳо қувваи қонунӣ пайдо намекунанд.

Мувофиқи қисми 2-и моддаи 10 –и Конститутсияи Ҷумҳури, давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя ва иҷро намоянд. Яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди давлат ва ҳамаи сохторҳои мақомоти давлати, шахсони мансабдор, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандони ҷумҳури ва иттиҳодияҳои онҳо вазифаи риоя ва иҷрои талаботи Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиони, қонунҳои Ҷумҳури ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки дар асоси Конститутсия ба расмият дароварда ва қабул шудаанд,гузоштааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини шароити зиндагии арзанда, зиндагии осоишта ва инкишофи озодонаро бо чунин аломатҳояш барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад:

Мувофиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон- Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, зарои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Давлати соҳибихтиёр самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёти худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, интихоби шакли давлатдорӣ ва шакли молумулкиро мустақилона ҳал мекунад.

Риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки таввасути меъёрҳои Конститутсия ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон», ки 14 декабри соли 1996 қабул гардидааст, амалӣ мешавад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худашон ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Вазоратҳо, Кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, макомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муроҷиат намоянд. Бинобар ин, тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ашхоси бе шаҳрванд аз тарафи давлат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бе восита ҳифз гардида, эҳтиромона доир ба масъалаҳое, ки шаҳрвандон муроҷиат менамоянд, новобаста аз мансубият мақомотҳои давлатӣ эҳтиром зоҳир намуда, оиди масъалаҳои пешниҳод шудаи шаҳрвандон роҳу усулҳои ҳалли масъалаҳоро дар доираи Конститутсияи мамлакат ва дигар қонунҳои Ҷумҳурӣ баррасӣ намуда, талаботи муроҷиаткунандагонро қонеъ мегардонанд.

Бедилзода Ҳ- н.и.с., Мудири шуъбаи масоили сиёсии муносибатҳои байнамилалии Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИ