Перейти к основному содержанию
Ҳар як давлати мутамаддин дар шароити ҳозира, бояд дорои конститутсия бошад. Имрӯз конститутсия қонуни асосии қариб ҳар давлати муосири мутамаддин мебошад. Моҳияти дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегузаранд, дар ташаккули қонунгузории конститутсионӣ дарҷ мегарданд. Чунки дар конститутсия принсипҳои асосии давлатдорӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолият инъикос ёфтааст. Конститутсия қоидаҳо, меъёр ва принсипҳои хосаи ташаккул ва инкишофро соҳиб аст.

Албатта, конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва масъалаҳои дигари ҳаётан муҳими ҷомеа таҷассуми ҳукуқӣ меёбанд.

Бояд гуфт, ки конститутсия танзимгари бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, сарчашмаи асосии қабули санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқӣ мегардад. Баланд бардоштани эътибори конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он ба сифати санади асосии таҳкимгар ва такмилдиҳандаи ҳаёти ҷомеа баромад менамояд. Он ба ғояи олии сиёсӣ асос ёфтааст. Конститутсия ҳамчун муқаддасот эътирофи умум пайдо менамояд.

Тавре маълум аст, конститутсия ҳуҷҷати расмии дорои аҳамияти барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар он масъалаҳои асосии инкишофи ҷомеа, асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он, вазъи воқеии инсон инъикос меёбанд. Қонуни асосӣ бештар принсипҳо, арзишҳои олї ва меъёрҳои муносибатҳои байниҳамдигарии инсон ва ҷомеаро муайян менамояд. Конститутсия асосҳо ва захираҳои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инкишофи ҷомеаро ҳамчун қисматҳои муҳимтарин ва асосии системаи ҷамъиятӣ муайян бояд намояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсӣ қабул гардид ва эътибор пайдо намуд. Воқеан ҳам конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати юридикӣ дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои муайян кардани муносибати байни шаҳрванд ва давлат, инчунин танзимкунандаи сохтори қудратии давлатдорӣ - асоси сохти конститутсионӣ мебошад. Аз ин рў, боби аввали конститутсияи Тоҷикистон «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном гирифта, моҳияти давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ тавсиф мегардад. Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ пазируфта мешавад. Мақоми забони русӣ ва забонҳои маҳаллӣ муқаррар карда мешаванд. Рамзҳои давлатӣ ва мақоми пойтахт мушаххас гардонида шудаанд. Арзиши олӣ пайдо намудани худи инсон, ҳуқуқу озодиҳои вай ва дахлнопазир будани ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ҷойгоҳи хосаро пайдо намудаанд. Халқ манбаи ягона ва ҳар гуна ҳокимият (моддаи 6) эътироф гардида, масъалаҳои бевоситаи марбути он мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтаанд.

Дар конститутсия дахлнопазирии сарҳадот ва тақсимнашаванда будани ҳудуди кишвар (моддаи 7) таъкид гардида, дар заминаи плюрализми сиёсӣ амал намудан, фаъолият намудани тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятї муқаррар гардидаанд.

Муносибати Тоҷикистон бо акторҳои дигари сиёсати ҷаҳонї муқаррар карда шудаанд. Санадҳои эътирофшудаи ҳуќуќи байналмилалї ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳукуқии кишвар пазируфта мешаванд ва аввалияти онҳо эътибори хосаро касб намудаанд. Сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати Тоҷикистон дар маркази диққат қарор дода шудааст. Ҳамкории самарабахш бо давлатҳои дигар яке аз ҳадафҳои асосии мамлакатро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тариқ, конститутсия дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҳар як кишвар аҳамияти муҳим дорад. Ҳар як шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллат, ҷинс, эътиқод дар асоси Конститутсия ҳимоя мегардад ва ҳаёти босаодати вай таъмин мегардад.

Шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамдигарро эътироф намоянд, барои пойдорӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар саҳмгузор бошанд. Воқеан ҳам конститутсия санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

Зулайхо Қодирова – ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ