Перейти к основному содержанию

(Дар ҳошияи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қувайт)

Дар даврони истиқлоли давлатӣ равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон, махсусан ҷаҳони араб рӯ ба афзоиш намуд. Аз ҷумла ҳамкориҳои гуногунсамти Тоҷикистонро дар муносибатҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ҳам дар ҳолати рушд дида мешавад. Ин ҳамкориҳо бо кушодани якчанд сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои арабӣ ифтитоҳ гардида, заминаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаро ба миён оварданд. Дар ин асно, сафарҳои расмии роҳбарияти Олии кишвар, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои арабӣ ва натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, боиси тақвияти ҳамкориҳои гуногунсамт гардид.

Кувайт як кишвари рӯ ба тараққӣ буда, иқтисоди хеле даромаднок ва аз ҷиҳати захираҳои нафт дар ҷаҳон шашумин кишварикалонтарин аст. Динори Кувайт гаронбаҳотарин пули ҷаҳон маҳсуб мегардад. Дар соли2009 Кувайт дар ҷаҳони араб баландтарин шохиси рушди инсониро дошт. Кувайт яке аз муассисони Шӯрои ҳамкорииКишварҳои Халиҷи Форс, инчунин узви СММ, Лигаи Араб, ОПЕК ва Созмони ҳамкории исломӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт 31 марти 1995 барқарор шуданд. Баъдан 23 июни соли 2013 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар расман ба фаъолият шуруъ намуд ва ҳамкориҳои судманд барқарор карда шуд. Инчунин дар асоси таҳкими ҳамкориҳои тарафайн ва устувории муносибатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон се маротиба (17-19 апрели 1995, 23-25 июни 2013 ва15-17 майи 2016) аз Давлати Кувайт боздиди расмӣ ба амал оварданд. Инчунин дар асари ҳамкориҳои пурсамар, 17 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони кишварҳои аъзои «Муколамаи ҳамкориҳои Осиё» ба Давлати Кувайт сафар намуда буданд.

Барои боз ҳам густариш ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои тарафайн, 3-уми ноябри соли равон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе» ба Давлати Кувайт сафар намуданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Ҷиҳати таҳкиму тавсиаи муносибатҳои ҳамкории тарафайн, дар маҷмуъ 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла 5 санади он дар ҳузури Сарони давлатҳо ва 4-тои дигар дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт рост меояд. Ёддоштҳои тафоҳуми тарафайн оид ба танзими қувваи корӣ дар бахши хусусӣ, оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии миллии иттилоотӣ, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2024-2026 ва миёни Вазорати корҳои хориҷии тарафайн ва миёни Ҳукуматҳо дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маросими баланд имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Дар мулоқоти сатҳи олӣ дар шаҳри Кувайт, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот доир гардид. Дар вохӯрӣ маҷмуаи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуд. Аз ҷумла дар ин сафар таъкид гардид, ки “Мо ба рушди бештари робитаҳои густурда бо кишвари дӯсту бародар – Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”. — изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зеро ду кишвар, Тоҷикистону Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузори барои ҳарду ҷониб судбахш имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла, ҷалби сармояи кувайтӣ дар Тоҷикистон барои ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ ба Кувайт ҳам ба манфиати кор дониста шуд. Инчунин баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, табодули донишҷӯён ва устодон, барқарор намудани тамосҳо миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.

Дар гузашта, Сироҷидин Аслов - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти мабуотии худ, ки бо бархе аз расонаҳои маҳаллӣ зимни сафари расмияш ба Давлати Кувайт баргузор гашт, иброз дошта буд, ки Кувайт яке аз аввалин кишварҳои арабӣ аст, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда, онро ба расмият шинохт. Ин як рӯйдоди муҳими таърихӣ дар робитаҳои дуҷонибаи ду кишвар шинохта шуда буд. Инчунин ҷаноби Аслов таъкид намуда буданд, ки ду кишварро дидгоҳҳо, мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳангсоз дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ муттаҳид мекунад. Ҳамзамон илова намуда буд, ки онҳо ба иттифоқи дуҷониба расиданд ва он дар анҷуманҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дидгоҳҳои яклухт ва ҳимояти мутақобила барои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои ҳар ду кишвар судмандро кафолат медиҳад. Ҳамзамон сафари мутақобилаи ду кишвари дӯст ба қуллаҳои баланди дурнамои ҳамкориҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои дар пешгирифта ҳусни тоза мебахшад.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои араб муносибати неку судманд дорад. Мардуми араб роҳбари давлати Тоҷикистонро ҳамчун як шахсияти бузурги сиёсӣ ва ташаббускор таваҷҷуҳу эҳтироми хосса доранд. Тоҷикистонро дар олами араб чун як сарзамини зебову дорои табиати мафтункунанда ва ҳамзамон соҳибтамаддун дар минтақаи Осиёи Марказӣ эътироф кардаанду мешиносанд. Барои барқарор намудани ҳамкориҳои гуногунсамт бо Тоҷикистон майли зиёд доранд. Зеро Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини дорои сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ ва сарчашмаи ташаббусҳои оби тоза ва захираҳои бузурги обу пиряхҳо медонанд.

Дар ин замина аксари расонаҳои арабӣ, бахусус кувайтӣ ба масъалаҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъалаи дӯстии ду миллатро доимо мавриди таваҷҷуҳи мардумашон мегардонанд. Аз ҷумла миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” расонаи хабарии Агентии Миллии Иттилооти Кувайт ёддошти имзо гардид, ки ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани ин ёддошти тафоҳум хабарҳо дар АМИТ “Ховар” ва АМИК “Kuna” интишор хоҳанд гашт ва аз вазъи ду ҷониб бохабар хоҳанд шуд.

Ҷои тазаккур аст, ки Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориҳои созандаро ба роҳ монда, бо дастгирии роҳбарияти ду мамлакат, табодули Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Кувайт ва Рӯзҳои фарҳангии Кувайт дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, ки ҳамкориҳо дар бахши фарҳанг ду ҷонибро аз расму оин ва таъриху тамаддуни ҳамдигар ошно менамояд.

Инчунин, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт қадаме барои таҳкими ҳамкорӣ ва амали намудани ҳадафҳои сулҳофаринӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд марҳилаи наверо дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ тақвият бахшида, ҳамкориҳои байналмилалиро густариш мебахшад. Ин вохӯрӣ саҳифаи дигареро дар самти сулҳи пойдор ва шукуфонии кишварҳо ба таҳкими амиқ ва ба эҳёи робитаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

ОДИНАЕВ АБДУҲАЛИМ, - ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

ШАҲЛОХОН МУРОДАЛӢ, - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ