«Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдатӣ миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии ҷумҳуриамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».
Эмомалӣ Раҳмон
Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, тамоми пояҳои давлатдориро аз тариқи раъйпурсӣ ва интихобот эҳё, барқарор ва устувор намудааст. Маҳз самараи ҳамин раванд буд, ки имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳафтгонаи беҳтарин Конститутсияҳои давлатҳои пешрафта шомил гаштааст.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардида, ба меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи инсон асос ёфтаанд. Зеро дар боби 1-уми моддаи 1-уми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ шудааст. Давлат нисбати тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла ятиму наврасон, оилаҳои камбизоат, пиронсолону беморон, маъюбон ва ғайра ғамхории хоса мекунад.
Ҳарчанд чунин санад доштем, вале ба ҳадафҳои давлату миллат ҷавобгӯ набуд ва пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати танзими самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Забони тоҷикӣ расман забони давлатӣ эълон шуда, рамзҳои давлатӣ муқаддас дониста шуданд. Мутобиқи талаботи Конститутсия кор, ҳуҷҷатгузорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бақайдгирии ҳуҷҷатҳои шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Ҳамзамон, тибқи Конститутсия мазмуни қонунҳо ва фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро таъмин, эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад ва дар раванди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши муҳим дорад.
Шахсе ҳуқуқҳои худро истифодаю ҳимоя карда метавонад, ки уҳдадориҳои худро иҷро менамояд ва маърифати баланди ҳуқуқӣ дошта бошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи маърифаткунонии аҳолӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки “инсон дорои маърифати ҳуқуқӣ қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад”.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ро ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки ин омил барои баланд бардоштани маърифатӣ ҳуқуқӣ ҳисси баланди ватандорӣ ва барои бедор намудани ҳуввияти миллии мо - ҷавонон рощандозӣ мекунад.
Маърифати ҳуқуқӣ бо паҳн намудани дониши ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ алоқаманд буда, бо мафҳумҳои тарбияи ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, алоқаманд аст. Маърифати ҳуқуқӣ натиҷаи фаъолияти муташакилонаи давлат ва ҷомеа (мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираи васеи шаҳрвандон) мебошад, ки самти сиёсати давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ буда, мақсадҳо ва вазифҳои худро дорад, бо истифодаи тарзу воситаҳо ва шаклҳои муайян амалӣ карда мешавад.
Конститутсия асосҳои низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлатро муқаррар намуда, он ҳуҷҷати асосии бунёдии давлат мебошад, ки тақсими ҳокимият, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро таъмин менамояд. Асоси қонунҳо, Конститутсия ва санадҳои меъёри - ҳуқуқӣ барои ба танзим даровардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, муайян намудани муносибатҳои давлат ва шаҳрвандон, муносибатҳои байниҳамдигарии шаҳрвандон, ҳифзи моликият, тантани адолат дар ҷомеа мебошад, ки барои қабули он зарурат ба вуҷуд меояд. Конститутсия санади асосии ҳуқуқии давлат буда, қонуни асосӣ ва қонуни қонунҳо, асоси рушди муносибатҳои сиёсӣ - иҷтимоӣ кафолати таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар ҳар як кишвар мебошад. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати юридикӣ дар ҷомеаи мутамаддини муосир барои муайян намудани муносибати байни шаҳрванд ва давлат, инчунин танзимкунандаи сохтори қудратии давлатдорӣ ва асоси сохти конститутсионӣ мебошад.
Конститутсия қонуни асосии ҳар давлати муосири мутамаддин мебошад. Моҳияти дигаргуниҳое, ки дар ҳаёти сохтори иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегузаранд, дар ташаккули қонунгузории конститусионӣ дарҷ мегарданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти миллиро доро мебошад, пурра ҷавобгӯи талаботи нави замон буда, дар воқеъ қонуни Ваҳдати миллӣ ва рушду нумуи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгири менамояд.
Самтҳои асосии рушди ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба предмети танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян мегардад. Пайдоиш ва камолоти муносибатҳои ҷамъиятии ҳуқуқии конститусионӣ ба худ шакли хос пайдо карда, ба ҳадди татбиқи онҳо мусоидат менамояд. Раванди қабули қонунҳои нави конститутсионӣ ва қонунҳои ҷорӣ, мукаммал намудани онҳо беист идома ёфта, ба устувории ҳуқуқӣ конститутсионӣ замина мегузоранд.
Ҳамин тариқ, ҳуқуқи конститутсионӣ ҳамчун соҳаи намоёни ҳуқуқи Тоҷикистон аз марҳаллаи таъсисёбӣ то ҳол мунтазам такмил ва ривоҷ меёбад. Баробари ин, онро пурра такомулёфта донистан ҳанӯз барвақт буда, дар танзими муносибатҳои ҷамъиятии дар сатҳи меъёрҳои ҳуқуқии конститутсионӣ муайяншуда, масоилҳо мавҷуданд ва кӯшиши бартарафсозии онҳо ба рушди ҳуқуқи конститутсионӣ мусоидат менамояд.
Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории муосир санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи Конститутсия ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. (Конститутсияии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи10, қисми3).
Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои навин, қонунҳои масъалаи таҳкими соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар маркази таваҷҷуҳи олимон қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари тозабунёд, соҳибистиқлол дунявӣ ва ягона мебошад. Халқи Тоҷикистон дар назди худ мақсади бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузоштааст ва дар назди наслҳои оянда ӯҳдадор мегардад, ки барои онҳо ҳаёти бошарафона рушди иҷтимоӣ ва сиёсии босуботро мерос гузоранд.
Ҳамин тариқ давлат ҳамаҷониба мардуми худро зери ҳимояи худ гирифта, барои ҳимояи ҳуқуқу уҳдадориҳо тамоми шароитро муҳаё намудааст, имрӯзҳо аз ҷониби олимони сиёсӣ як қатор китобҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, кодексҳои меҳнат ва ба монанди инҳо ба рӯй чоп омадаанд, ки барои роҳу воситаҳои осоиша ба зиндагии мардум кумак расонад.
Махмедов Муҳаммадҷон, ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ