Перейти к основному содержанию

Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, 10-11 ноябри 2024

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ барқарор ва инкишоф додани робитаҳои бисёрҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ-молиявӣ, илмӣ – фарҳангӣ, гуманитарӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои арабӣ, мебошад. Вазъи мазкур ба он асос ёфтааст, ки ин кишварҳо имкониятҳои бузург барои рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар аксари соҳаҳо доранд.

Агар нигоҳе ба таърихи қадими халқи тоҷик андозем, дармеёбем, ки тайи асрҳо тоҷикон дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ бо дигар халқу миллатҳо зиндагиву табодули муносибатҳои хубе доштанд. Яке аз намунаҳои ҳамкориҳои пурмаҳсул, ки аз даврони қадим то имрӯз идома дорад, равобити дӯстии мустаҳками тоҷикону кишварҳои араб мебошад, ки дар заминаи муштаракоти фарҳангӣ ва диниву таърихӣ асос ёфтааст.

Дар баробари донишмандони мамлакатҳои араб, ки аксари кашфиёту навовариҳо ва дастовардҳои баъдии мутафаккирони Ғарб аз маҳсули ақоид ва навиштаҷоти онҳо сарчашма мегиранд, тоҷикон низ дар ташаккули улуми дунявию исломӣ саҳми босазое гузоштаанд, ки на танҳо дар минтақа шинохта шудаанд, балки берун аз он низ шукӯҳу шаҳомати хоссаро доранд. Як қатор олимону мутафаккирони форсу тоҷик, ки дар арсаи ҷаҳонӣмаъруфанд, асарҳои илмиву бадеии худро бо забонҳои форсиву арабӣ офаридаанд ва бо эътибору нуфузи баландашон дар арсаи илму маърифат ҷойгоҳи вежаро соҳибанд. Халқи тоҷик аз давраҳои қадим бо олимони варзидаи худ, ки рушддиҳандаи фарҳанги исломӣбуданд, ба мисли Имом Бухорӣ (ҷамъоварӣ ва таҳқиқи ҳадисҳо), Салмони Форсӣ (дар риштаи сиёсату низом), Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит (дар ҷодаи фиқҳ), Абӯалӣ ибни Сино (дар соҳаи тиб), Абӯабдуллоҳ Муҳаммад Хоразмӣ (илми ҳисоб), Абӯрайҳони Берунӣ (ойину фарҳанг), Умари Хайём (нуҷумшиносӣ) ва дигарон дар арсаи ҷаҳонӣмуштаракоти фарҳангиро муаррифӣкардаанд. Бархе аз олимони муосири кишварҳои араб чунин меҳисобанд, ки маҳсули ин мутафаккирони тоҷик, ки ҳамзамон бо забони арабӣ эҷод кардаанд, на ба ҳамаи мардум фаҳмо аст, зеро эҷодиёти онҳо дар сатҳи баланд иншо шудааст, ки ин ифтихори мусулмонони ҷаҳон мебошад.[5]

Дар раванди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳони араб Мамлакати Арабистони Саудӣ мавқеи хосро ишғол менамояд. Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мамлакати Арабистони Саудӣ 11- уми январи соли 1992 эътироф шуда, 22 – уми феврали соли 1992 байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Мамлакати Арабистони Саудӣнахустин кишвари арабӣ мебошад, ки моҳи январи соли 2010 намояндагии дипломатии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуд. [3, с.76-77]

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ се маротиба (1997, 2001 ва 2005) ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо сафарҳои расмӣ ва корӣ ташриф оварда, чандин маротибаи дигар (соли 1994, 2003, 2016, 2017 ва 2023) дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ (солҳои 1994, 1997, 2000, 2003, 2005) ва дар ҳошияи иҷлосияи СММ (соли 2005) бо шоҳ ва вориси Арабистони Саудӣ, инчунин дигар мансабдорони баландпояи ин кишвар мулоқот анҷом дод, ки дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим ва калидӣ доранд. Ҳамчунин бояд дар баробари ин борҳо (1992, 2008, 2009, 2010, 2011, 2012, 2013, 2015) ҳайъати кории Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, зимни он масоили муҳиму мубрам баррасӣ шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ ки аз 30- уми июн то 3 июли 1997 сурат гирифт, тавҷҷуҳи махсусро ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ равона сохтанд. Дар ҷараёни он Пешвои миллат бо муовини Сарвазири Арабистони Саудӣ, валиаҳд, шоҳзода Абдулло ибни Абдулазиз, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, шоҳзода Сауд ал- Файсал, вазири ҳаҷ, раиси Бонки рушди исломӣ Аҳмад Муҳаммад Алӣ, котиби кулли ҷомеаи ҷаҳони исломӣ Убайд Абдулло ва ҷамъе аз тоҷикони муқими Арабистони Саудӣ мулоқот ва суҳбатҳо дошт. Натиҷаи ин сафари расмӣ он буд, ки Бонки Исломии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар 16,7 млн. доллари ИМА қарзи бефоиз ҷудо намуд. Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки Созишномаи куллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудиро дар самти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, савдо, маблағгузорӣ, техникӣ, фарҳанг ва варзиш ба имзо мерасонанд. [2, с. 84]

Сафари дуюми расмии Сарвари давлат ба Арабистони Саудӣ санаи 8 декабри соли 2001 анҷом дода шуд, ки дар аснои ин сафар Пешвои миллат бо Шоҳи Арабистони Саудӣ Фаҳд ибни Абдулазиз Ал-Сауд ва шоҳзодаи валиаҳд амир Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Ал-Сауд мулоқот намуда, доир ба масоили муҳимми ҳамкориҳо табодули назар карданд. Инчунин, дар доираи сафари мазкур 9-уми декабр мулоқоти намояндагони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардид, ки масъалаҳои муҳим ва мубрами равобит ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. [2, с.108]

Соли 2005 ҳамкориҳои Тоҷикистону Саудӣ вориди марҳилаи пешрафтатаре гардид. Зимни натиҷагирӣ аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба Пешвои Миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 апрели соли 2006 ироа гардида буд, чунин таъкид доштанд: Тоҷикистон ба барқарории равобити хуби сиёсӣ бо давлатҳои араб, қабл аз ҳама Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Баҳрайн ва Тунис муваффақ шуд. Вале сатҳи ҳамкории иқтисодии мо ҳанӯз ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддат ва имкониятҳои мавҷуда намебошад. Дар ин самт сохторҳо ва идораҳои дахлдори мо бояд талоши фаъол ва босамар намоянд. [8]

Санаи 17 марти соли 2008 шоҳзодаи СаудӣАл-Валид ибн Талол Абдулазиз Оли Сауд ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуд. Ҷонибҳо дар аснои суҳбат аз сатҳ ва сифати муносибатҳои рушдёбандаи Тоҷикистон бо давлатҳои арабӣ изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба роҳу василаҳои густариши равобити иқтисодӣ, пеш аз ҳама бо Мамлакати Арабистони Саудӣ, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Шоҳзода ба лоиҳаҳои судбахши инвеститсионии Тоҷикистон мароқи зиёд зоҳир намуда, баҳри иштирок дар сармоягузории онҳо арзи омодагӣ намуд. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба густариши муносибатҳои минтақавии иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣтабодули назар карда шуд. [2, с.284]

Аз нуқтаи назари густариши ҳамкорӣтаъсиси комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ аҳамияти махсус дорад. Ҷаласаи Аввали Комиссия 28-29 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор гардид. Шӯрои соҳибкорон ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии ҳамкории бахши хусусӣ байни ду кишвар таъсис дода шудааст. Ҳамчунин аз 1 то 4 апрели соли 2018 дар Шаҳри Риёз ҷаласаи дуюми комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣбаргузор гардид ва дар доираи ин ҷаласа ду форуми тиҷоратӣ дар шаҳри Риёз ва Ҷидда баргузор гардид. Ҷаласаи сеюми комиссияи Байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ 23-24 декабри соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид. Дар натиҷа, суратҷаласаи мулоқот ва инчунин Созишнома дар бораи пешгирӣ аз андозбандии дукарата ба имзо расид. [7]

Бояд қайд намуд, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо захираҳои бойи табиӣ ва таҷрибаи фаровон дар соҳаҳои гуногун, аз қабили саноати нафту газ, сохтмон, молия ва сармоягузорӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ дар минтақаи Ховари Миёна мебошад. Тоҷикистон дар соҳаи истеҳсоли оби нӯшокӣ, афшураҳои табиӣ, асал, меваю сабзавоти тару тоза, меваҳои хушк ва чормағз, маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, саноати коркард ва дигар намудҳои маҳсулот иқтидори бузург дорад, ки метавонад ширкатҳои Арабистони Саудиро ба ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо ҷалб намояд.

Тайи солҳои охир аз ҷониби сарони кишвар якчанд мулоқотҳои судманд анҷом дода шуд, ки ба рушди робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Саудӣ тақвият бахшид. Хусусан мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдулраҳмон ал-Маршад дар шаҳри Душанбе, ки 4-уми декабри соли 2023 сурат гирифт, ҷонибҳо масоили тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Фонди Саудии Рушдро баррасӣкардаанд.

Тибқи иттилои матбуоти Сарвари давлат “Аз робитаҳои судманд бо Фонди Саудии Рушд изҳори қаноатмандӣнамуда, изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Фонд минбаъд низ ба таври назаррас густариш хоҳанд ёфт. Ҷонибҳо зимни мулоқот робитаҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи тарҳҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об, муҳокима карданд”. [6]

Ҳамчунин дар ин раванд санаи 7-уми марти соли 2024 вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулодда ва ваколатдори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи ин вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ дар соҳаи бастабандӣ, коркард, захира, ҳифз ва содироти маҳсулот, инчунин муаррифии маҳсулоти ватанӣ диққати махсус доданд. [9]

Мувофиқи сарчашмаи иттилоотии АМИТ “Ховар” Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода дар бораи тадбирҳои андешидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба тақвияти гардиши тиҷоратии байни давлатҳо, таъсиси марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои муштарак дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ сухан ронд.

Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон дар бораи таҳкими гардиши тиҷорат байни тарафҳо маълумоти муфассал дод ва қайд кард, ки дар солҳои охир ҳарду давлат кӯшиш мекунанд, ки барои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣзаминаи мусоид фароҳам оранд. Аз ҷумла, таъсиси форумҳои байналмилалии сармоягузорӣ, комиссияҳои байниҳукуматӣ ва дигар чорабиниҳои иҷтимоию сиесӣ метавонад ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии ҳарду давлат мусоидат менамояд. Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон изҳор намуд, ки омода аст бо мақсади мусоидат ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ байни давлатҳо бо Агентии содирот ҳамкорӣ кунад. [9]

Бо мушоҳида аз нишондодҳои омори метавон гуфт, ки ҳаҷми содирот ва воридоти Тоҷикистон бо Саудӣ дар солҳои (2016-2020) коҳиш ётааст. Ба ақидаи мо, бо мақсади рушди ҳамкорҳои иқтисодӣ таваҷҷуҳи Арабистони Саудиро ба самтҳои зерин бояд бештар аз пеш ҷалб сохт то сармоягузорӣ дар ин самт тақвият ёбад, ҳамкориҳо ба сатҳи шарикиии стратегӣ бирасанд ва манфиатҳои миллӣ ба даст оварда шаванд:

1. Энергетика. Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, Арабистони Саудӣ аз захираҳои бузурги нафту газ бой мебошад ва маъмулан талаботи энергетикии худро тавассути сарчашмаҳои анъанавии истеҳсоли барқ қонеъ мегардонад. Ин кишвар дар муқоиса бо кишварҳои тараққиёбанда ба энергияи барқароршаванда на аз лиҳози арзонии он, балки аз нуқтаи назари гуногунсозии манбаъҳои энергетикӣ, сарфакорӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сарчашмаҳои анъанавӣ ва барқароршавандаи энергетикӣ тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёс ва маблағҳои бузурги молиявиро талаб мекунад

Тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли энергияи офтоб ва шамол метавонанд яке аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика гарданд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир раванди сармоягузорӣ ба энергияи барқароршаванда дар ҷаҳон бовусъат боло рафта аст. Узви Агентии байналмилалии энергияи барқароршаванда (IRENA) будани Саудӣ шаҳодати таваҷҷӯҳи хоссаи ин кишвар ба рушди энергияи барқароршаванда мебошад.

Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои табии энергияи офтоб аст, вале аз имкониятҳои молиявӣ барои ба роҳ мондани истеҳсоли он маҳрум мебошад. Аз ин рӯ, амалии тадбирҳо барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт ва ҷалб намудани сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаи мазкур бояд дар маркази диққат қарор дода шавад.

2. Кишоварзӣ. Ҳанӯз аввали соли 1970 Арабистони Саудӣ барномаи амнияти озуқавориро пешниҳод намуда, дар соли 1984 талаботи дохилии худро бо гандум таъмин ва аз соли 1993 содироти онро ба миқдори 2 млн. тонна оғоз намуд. Дар навбати худ, зиёд намудани истеҳсоли гандум ба норасоии захираҳои обӣ оварда расонд ва Шоҳигарӣ маҷбур шуд, ки то соли 2016 истеҳсоли ин маҳсулотро қатъ намояд. [11] Бар ивази ин Арабистони Саудӣ барои ноил шудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ харид ва иҷораи заминҳои кишоварзиро дар хориҷа ба роҳ монад ва дар ин самт бо Қазоқистон ҳамкорӣ дорад. Дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ ва Осиёи Ҷанубӣ Арабистони Саудӣ ин таҷрибаро ба роҳ монда, заминҳои иҷорагирифтаашро бо тухмию технологияи кишт, ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдорӣ таъмин сохта, ҳамзамон дар сохтмони роҳҳо ва дигар, иншоотҳои коммуникатсионӣ ва истеҳсолӣ сармоягузорӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари камзамин аст, масоҳати умумии заминҳои корам 864, 4 ҳазор гектар ва аз он 592,3 ҳазор гектарро заминҳои обёришаванда ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, имконияти истифодаи самараноки онҳо паст буда, ба маблағгузорӣ ва ҷалби технологияҳои кишту парвариш ва коркарди маҳсулот ниёз доранд. Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамкориро дар самти ба иҷора супурдани заминҳои бекорхобида ва пастсифат ҷиҳати парваришу истеҳсоли на танҳо гандуму биринҷ, балки меваю сабзавот, меваи хушк, полезиҳо, асал ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба онҳо талаботашон зиёд аст, ба роҳ монад. Мавҷудияти хатсайрҳои мустақим интиқоли маҳсулоти истеҳсолшударо ба ин минтақа осон месозад. Аз ҷониби дигар, роҳандозии чунин лоиҳаҳо метавонад ба қадре аҳолии деҳоти ҷумҳуриро бо ҷойҳои корӣ ва музди меҳнати қаноатбахш таъмин созад.

Рушди саноат дар Арабистони Саудӣ ба болоравии сатҳи урбанизатсия мусоидат намудааст ва аз ин лиҳоз аксарияти аҳолии он дар шаҳрҳо зиндагӣ менамояд. Ин раванд дар навбати худ ба кам шудани нуфуси аҳолии деҳоти ин кашвар сабаб гаштааст. Дар муқоиса аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксаран дар деҳаҳо умр ба сар мебарад ва саҳми бахши кишоварзии Тоҷикистон дар таҳияи ММД бо вуҷуди самаранокии пасти он дар таносуб ба соҳаи кишоварзии Саудӣ бамаротиб баландтар аст. Чунин вазъ барои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ метавонад заминаи воқеӣ муҳайё намояд.

3. Оби нӯшокӣ. Захираҳои обҳои заминӣ дар атрофи шаҳрҳои калонтарини Арабистони Саудӣ дар муқоиса бо соли 1990 бештар аз 50% кам шудаанд дар ҳолате, ки ҳаҷми истеъмоли об дар кишвар нисбат ба барқароршавии захираҳои он 7 маротиба зиёдтар аст. Сарфи назар аз он, ки 99,84% сокинони Арабистони Саудӣба оби ошомиданӣ дастрасӣдоранд, ин кишвар ба унвони яке аз кишварҳои камебтарин дар ҷаҳон тасниф шудааст. Дараҷаи мутлақи норасоии об 500 м3 дар як сол аст, дар ҳоле ки ҳиссаи ҳар сари аҳолӣдар Арабистони Саудӣ 89 м3/кас/солро ташкил медиҳад. Дар соли 2020 талаботи умумии Саудӣ ба об аз 13,80 млн. м3 мукааб ба 14,26 млн. м3 афзуда аст. [1, с.95]

Кишварҳо маъмулан мушкилоти норасоии обро бо се роҳ бартараф месозанд: бунёди обанборҳо, таҳвили пиряхҳо аз Арктика ва ширинсозии оби баҳр. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ тарзи сеюмро дар амал татбиқ намуда, айни ҳол аз 50 то 70% талаботи худро бо оби ошомиданӣ аз ҳисоби оби ширинкардашуда таъмин месозад. Арабистони Саудӣ аз солҳои 1950 ба ин тараф ба оби тозашуда такя мекунад ва ба тавлидкунандаи оби тозашуда дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҳар рӯз тақрибан 7,6 миллион метри мукааб истеҳсол мешавад, ки ин 22% тавлидоти ҷаҳониро дар соли 2020 ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, ин ба муҳити зист ва амнияти энергетикӣ фишори зиёд мегузорад. Тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2013, ин кишвар барои тавлиди оби тозашуда ва тавлиди нерӯи барқ рӯзона 1,5 миллион бушка нафти хомро сӯзондааст. Гузашта аз ин, шӯршавӣ ба муҳити зист таъсири назаррас мерасонад, аз ҷумла зарар ба муҳити баҳрӣ аз партоби намакоб ва дигар моддаҳои кимиёвӣ ба баҳр, инчунин ифлосшавии ҳаво аз ҳисоби миқдори зиёди партовҳои гази карбон ва дигар газҳои зараровар. Хароҷоти умумии истеҳсол ва интиқоли оби тозашуда тақрибан 0,87 доллар/м3 дар соли 2006 то тақрибан 1,09 доллар/м3 дар соли 2010 бо суръати миёнаи солона 4,6% афзуда аст. Бо ин мақсад ҳар рӯз зиёда аз 14% ҳаҷми умумии истихроҷи солонаи нафти кишвар сарф карда мешавад. Коршиносон афзоиши норасоии оби ошомиданро дар солҳои наздик пешгӯӣ менамоянд ва дар ин росто тахмин кардан душвор нест, ки дар ояндаи наздик Арабистони Саудӣ ҳаҷми нафтеро, ки барои истеҳсоли об истифода мешавад, бамаротиб афзоиш диҳад. Дар маҷмуъ, оби ширинкардашудаи баҳрӣ дорои се хусусияти манфӣ – арзиш гарон, хатар барои саломатӣ ва хавф барои муҳити зист мебошад.

Дар ин самт захираҳои ғании оби ошомидании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо имконият фароҳам меорад. Тоҷикистон таваҷҷӯҳи худро доир ба созмон додани консортсиуми байналмилалӣ оид ба истифодаи захираҳои оби кӯли Сарез, ки зиёда аз 16 километри мукаабро ташкил медиҳанд, ҳанӯз соли 2007 эълом доштааст. [10]

Бо дарназардошти норосоии оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза дар Арабистони Саудӣ бояд ба ин масъала низ таваҷҷуҳи махсус равона карда шавад. Зеро кӯҳҳои Тоҷикистон аз дарёҳову чашмасорони мусаффо фаровон буда, чунин вазъ барои ҳамкории Тоҷикистону Саудӣ дар соҳаи оби нӯшокӣ метавонад заминаи воқеӣ муҳайё созад.

4. Сандуқҳои молиявӣ. Иқтисоди Арабистони Саудӣ бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ММД 1.827 триллион долларро ташкил медиҳад. Дар ин кишвар сандуқҳои молиявӣ фаъолияти пурсамар доранд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо ҳамкории зич дорад. Аз ҷумла, Фонди Саудии Рушд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои муҳим бо Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва зиёд намудани ҳаҷми маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории кишвари мо зарур аст.

5. Сайёҳӣ. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар бо ҷалби сармояи ширкатҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва муарифии тамоми имкониятҳо ва зарфиятҳои Тоҷикистон дар ин бахш, метавонад дар ояндаи наздик яке аз бахшҳои сердаромад ва тараққикардаи иқтисодиёти мамлакат гардад. Бештар намудани хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳам аз мафиат холӣ нест. Вобаста ба ин, рақобатпазирии хизматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ бояд яке аз авлавиятҳои ширкатҳои ватанӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ бошад.

Ҷиҳати рушд ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанба ва мутақобилан судманд бо Арарбистони Саудӣ, инчунин ҷалби сармояи он ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон омил ва имкониятҳои зиёде мавҷуд ҳастанд. Вале шарти асосӣ барои расидан ба ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама заминаи мустаҳками муносибатҳои сиёсӣ бо ин кишвар мебошад.

Ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ

Созмони Ҳамкории Исломӣ (минбаъд-СҲИ) – Созмони байналхалқии байниминтақавӣ буда, 25 сентябри соли 1969 дар конфронси сарони кишварҳои мусулмоннишин дар Работ ба хотири таъмини ҳамрайъии исломӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, мубориза бар зидди низоми истеъморӣ ва нажодпарастӣ (расизм), дастгирии Созмони озодибахши Фаластин таъсис дода шудааст. Қароргоҳи он дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷойгир шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти нақши афзоишёбандаи СҲИ дар арсаи байналмилалӣ, чанде пас аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ, 1 декабри соли 1992 ба узвияти он пайваст. Аз рӯзҳои аввалини узвияти худ дар ин Созмон Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар асоси умумияти таърихию фарҳангӣ ва тамаддунию динӣ, ки замири онҳоро ҷанбаҳои инсонӣ ташкил медиҳанд, муносибатҳои байнидавлатии ҳасанаи худро бо кишварҳои арабӣ ва мусулмоннишин ба роҳ монда, ҳаматарафа тақвият бахшад. Ин аст, ки ҷумҳурӣ ҳамкориҳои васею гуногунҷабҳаро бо давлатҳои узви СҲИ ва сохторҳои махсуси он ба таври васеъ ба роҳ монда, масъалаҳои таъмини манфиатҳои миллии худро дар доираи ин Созмон пайваста пайгирӣ менамояд.

Дар доираи СҲИ Ҷумҳури Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ як қатор мулоқотҳо анҷом доданд, ки барои тақвият ва рушди муносибатҳои дуҷониба самара бахшид. Яке аз ин мулоқотҳо ташрифи Пешвои Миллат ба Арабистони Саудӣ буд, ки моҳи декабри соли 2001 анҷом дода шуд. Дастоварди муҳимми ин сафар он аст, ки бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ва Осиёи Миёна танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, то хонаи Каъбаро бо даъват ва ҳамроҳи Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд дар дохили он, зиёрат кунанд. Бояд зикр намуд, ки дар он замон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои мусулмонони тамоми олам ин кор аз имкон берун буд, зеро танҳо Шоҳи Арабистони Саудӣ, он ҳам ба ҳайси Ходим-ул-Ҳарамайн, яъне хидматгори ду мавзеи муқаддастарини аҳли ислом - Макка ва Мадина ҳақ дорад, ки дар як сол як бор ба дохили он ворид шавад. [2, с.108]

Соли 2011 ҳайати бонуфузи соҳибкорони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва шароити мувофиқи кишвар аз наздик шинос шуданд. Бо мақсади ҷалби сармояи Саудӣ санади нави ҳамкорӣ бо маблағи 50 миллион доллари амрикоӣ ба тасвиб расид. Ин санад оғози хуби робитаҳои мустақим миёни соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣгардид.

Дар он замон 3 ширкати муштараки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ - ҶДММ “Амин Корпорэйшен”, ҶДММ “Фарел”, ҶДММ “Автодом” фаъолият мекарданд, ки онро самараи фаъолияти умедбахши Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣмаънидод кардан мумкин аст. [1]

Ҳамчунин санаи 11 – уми ноябри соли 2023 ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва як қатор роҳбарони кишварҳои созмон ширкат варзиданд. Масъалаи меҳварии ҷаласа баррасии низои Исроил дар қаламрави Фаластин, ба вижа дар минтақаи Навори Ғазза маҳсуб меёфт. Кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ қотеона амалкарди Исроилро дар хоки Фаластин маҳкум карда, хостори он гардиданд, ки ҷиноятҳои ҷангии Исроил ҳарчӣ зудтар хотима дода шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронии худ нигаронии худро оид ба куштори кудакону занон дар Фаластин баён намуда, аз таъсиси давлати соҳибистиқлоли Фаластин бо пойтахташ дар Қудси Шарқӣ ҳимоят намуд. [13]

Бояд зикр намуд, ки маҳз бо мусоидат ва ҳамкории Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СҲИ як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд:

· Дар сатҳи байналмиллалӣ баргузор намудани ҷашнҳои мутафаккирони барҷастаи фарҳанги исломӣ - Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ ва Имом Бухорӣ (2010);

· Барқарорсозии ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кулоб ва Истаравшан, Панҷакент ва Ҳисор, Рушон ва Муъминобод (2016);

· Тарҷума ва нашри Қуръони шариф ба забони тоҷикӣ ва паҳн кардани он ҳамчун тӯҳфа ба ҳар як оила, инчунин нашри асарҳои мутафаккирони бузурги ҷаҳони ислом (2014);

· Соли гиромидошти Имом Азам-Абуханиф Нуъмон ибни Собит (соли 2009);

· ба таъминоти давлатӣ гузаронидани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон (2008);

· Бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва тадбирҳои дигар барои ҳимоя ва густариши арзишҳои волои исломӣ ва ҳифзи сарватҳои маънавии ниёгон дар кишвар (2023). [12]

Хулоса метавон гуфт, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакатҳои араб ҷойгоҳ ва мавқеи махсус доранд ва кишвари мо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ бо онҳо робита барқарор намудааст.

Боиси хушбахтист, ки дар натиҷаи талошҳои дуҷониба солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ масири рушди мунтазамро пайдо кардаанд ва марҳила ба марҳила тақвият меёбанд. Ба андешаи мо, барои пурсамар кардани робитаҳои мутақобилан судманд тавсеаи тамоси доимии сиёсӣ ва гуфтушунидҳои пайвастаи дипломатӣ, инчунин, табодули сафарҳои кории ҳайатҳои тасмимгиранда ҷиҳати шиносоии бештар бо шароит ва имконоти ишвари мо муҳим ба шумор меравад. Новобаста аз рушдёбанда будани ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҳамкориҳо дар самтҳои сармоягузорӣ, гардиши молу маҳсулот, энергетика, оби нӯшокӣ, сайёҳӣ ва илмӣ- фарҳангӣ ба манфиати ҷонибҳо мебошад.

Давлатова Фарида, ходими хурди илмии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Рӯйхати адабиёт

1. Амриев Санҷар Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо мамолики Шарқи Наздик/Кори магистрӣ 2024. 109 саҳ.

2. Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз. Дар ду ҷилд. Ҷилди 1. (Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ) Силсила: Сиёсати хориҷии Тоҷикистон. Душанбе: «Ирфон», 2009, 296 с.

3. Cиёсати хориҷии Тоҷикистон дар масири истиқлолият. Зери назари Ҳамрохон Зарифӣ Силсила: Душанбе: «Ирфон», 2011, 340 с.

4. Тоҷикистон: 30 - соли Истиқлолияти давлатӣ маҷмӯаи оморӣ / Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2021 – 702 с.

Сомонаҳо:

5. Арабистони Саудӣ — шарики муҳим дар раванди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон https://sadoimardum.tj Санаи муроҷиат: 25.04.2024)

6. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд https://pressa.tj/ Санаи муроҷиат: 07.02.2024)

7. Муносибатҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ https://mfa.tj/ru/main/view Санаи муроҷиат: 13.08.2024)

8. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. URL: http://president.tj/node/198 Санаи муроҷиат: 03.03.2024)

9. Расширяются экономические и торговые отношения Таджикистана и Саудовской Аравии https://khovar.tj/rus/2024/ Санаи муроҷиат: 20.07.2024)

10.Фонди Саудии рушд барои сохтмони НБО-и «Роғун» 100 миллион доллари ИМА қарзи боимтиёз ҷудо менамояд. URL: https://khovar.tj/2023/ (Санаи муроҷиат: 01.05.2024)

11.Эҳтиёҷоти об дар Арабистони Саудӣ бори гарони сарвати нафт аст. URL: https://www.reuters.com/article/ (Санаи муроҷиат: 14.05.2024)

12.Ҳамкорӣмиёни Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории исломӣ https://mfa.tj/tg/main/view/192/tojikiston-va-sozmoni-hamkorihoi-islomi (Санаи муроҷиат: 26.08.2024)

13.https://mo.tnu.tj/.../na-shi-sozmoni-amkori-oi-islom-dar.../ (Санаи муроҷиат: 26.08.2024)