Перейти к основному содержанию

16 - уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пурнур шаҳчароғӣ, эй раҳнамои миллат,

Раҳҷӯйи бахти халқӣ, эй раҳкушои миллат.

(Низом Қосим)

Мусаллам аст, ки ҳар як давру замон хоҳ - нохоҳ дар арсаи сиёсат калидвожаҳо ва ҳамзамон аз нигоҳи мантиқӣ Лидери миллӣ, Роҳбар ё ин ки ба ибораи дигар гӯем Пешвои сиёсии худро дорад. Доштани раҳнамои сиёсӣ, ин пеш аз ҳама рамзи шукуҳу шаҳомати давлату миллати соҳибиқболу соҳибистиқлол ва мутараққӣ маҳсуб меёбад.

Бояд қайд кард, ки доштани Роҳбари сиёсӣ ва ё худ Лидери миллӣ дар радифи ба дӯш доштани вазифаву масъулияти зиёди сиёсӣ ва инчунин пешбурди корҳои давлатдорӣ, ҳамзамон кафили сулҳу субот, оромию амният ва инчунин муҳофизу нигаҳдории марзу буми аҷдодӣ ва халқу Ватани худ будан аст. Зеро бе мавҷудияти Роҳбари донову тавоно ва соҳибхираду закӣ ва чеҳраи маъруф ҳеҷ як нияти ормонҳои миллӣ амалӣ нахоҳанд шуд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ба дараҷаи Пешвою раҳнаварди сиёсӣ ва ниҳоятан ҳамчун Лидери миллӣ сабзидан хоҳ - нохоҳ доштани саъю талош , дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ, маҳорати фавқулодаи табиӣ, ҳисси баланди масъулият, нотарсию шуҷоат, сиёсатмадори варзида будан ва ҳамзамон ҷуръату масъулияти фавқулодаро тақозо менамояд.

Чунки дар як вазъи басо ҳам муташанниҷу душвор кишвари ба коми оташ фурӯ рафтаву дар натоиҷи манфиатҷӯйии душманони дохилӣ ва хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шударо, ки хавфу хатари аз байн рафтанаш ба вуқуъ пайвастаро наҷот додану ба сулҳу суботу ваҳдати воқеан ҳам миллӣ ва инчунин ба ҳамдигарфаҳмию бахшиш ҳидоят кардан ва ташкили оши оштӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар он айёми дар вазъи ногувору басо ҳам муташанниҷ қарор доштан, ба пиндори мо кори саҳлу осоне набуд.

Лозим ба тазаккур аст, ки давлатсозӣ дар ҳеҷ як давру замон кори осоне набуд ва ҳам давлатмарди асили миллат будан ва ба халқ ҳамчун Пешвои сиёсӣ роҳбарӣ кардану ҳукм фармудан низ осон нест.

Аммо Пешвои муаззаму раҳнамои мо - муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба арсаи сиёсӣ вуруд гардидани худ бо дарки баланди ҳисси масъулият, кордонию маҳорат, истифодаю такя намудан аз донишҳои муваффақи мактаби сиёсию давлатдории башарӣ дар заминаи сиёсатҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар мизони манофеи миллӣ андозагирӣ намуда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ муҳимтарин дастоварди башарӣ - Сулҳу ваҳдат, амнияту ҳамдигарбахшӣ, ҳамзамон ҳамдигарфаҳмию ҳамбастагӣ ва оромиши миллиро ниҳоятан дар сартосари кишварамон таъмин намуданд ва шароити мусоид фароҳам оварданд.

Пешвои миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - тимсоли меъмори сулҳу ваҳдати миллие ҳастанд, ки бо азму иродаи қавӣ аз хиштпораҳои шикаставу барҷоймонда дар сарзамини тоҷикнишин Қасри сулҳу ваҳдати миллиеро бунёд гузоштанд, ки он ба пиндори мо ҳамчун як шоҳкории ҷаҳон маҳсуб меёбад.

Ин кохи баланду бегазандест, ки дар вуҷуди он Сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлоли устувори давлатӣ, эътимоду саодати миллат, илму хирад ва фарҳангу тамаддун ва шоҳкитоби Ваҳдати миллати бузурги тоҷик аст.

Агар ҳамин гуна кӯшишҳои пайваста ва талошу заҳматҳои ин абармарди арсаи сиёсат намебуданд, шояд мо ин гуна рӯзҳо накӯ комёб намешудем ва балки тимсоли қаламрави ҷумҳурии ҳамсояамон -Афғонистони ҷангзада ба майдони тохтутозҳои худхоҳону бегонагон мубаддал мегардидем.

Сад шукри ин марди набард ва сиёсатмадори номдори ориёитабор, ки ҳамчун фариштаи наҷотбахше ба бахти халқу меҳан падид омадаву дар рӯзҳои сахту мудҳишу душвор сафинаи шикастаю дар гирдоби фалокат ғарқшудаю фурӯрафтаи миллати тоҷикро аз баҳри жарфи бесару бесомониҳо ва фитнаю дасисаҳо раҳо бахшид ва ҳамзамон наҷот дод.

Ҳамин тариқ, ба хулосаи камина кору аъмоли накӯи далерона ва хирадсолоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳкитобест, ки бояд бо мурури замон ва гузашти солҳои зиёде ба кулли сиёсатмадорон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирад.

Чунки маҳз ин марди некном ва диловармарди арсаи сиёсат буд, ки Тоҷикистони офатзадаро аз вартаи ҳалокат ба пуррагӣ раҳоӣ бахшид ва сулҳу ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва инчунин сарҷамъии миллатро пурра таъмин карда аз харобот ба кишвари обод мубаддал сохтаву дар натиҷа шиори доимиашро “Тоҷикистон ба пеш!”, номид, ки сад ҳазорон аҳсану офаринаш бод!

Алишер РАҲИМЗОДА, директори Институти математикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон