Перейти к основному содержанию
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик баҳри пойдории давлатдории навини хеш шакли идоракунии Президентиро ҳамчун намуди беҳтари идоракунии давлатӣ мақбул дониста, бо амали сохтани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ниҳод замина гузошта шуд.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон шакли идоракунии Президенти ин ниҳоди ҷадиди сиёсиву ҳуқуқие мебошад, ки дар он Президент ҳам сарвари давлат ва ҳокимяти иҷроия эътироф мешавад. Истилоҳи президент, ки дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад ба шакли классикии ин ниҳоди мувофиқ аст. Таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон бо назардошти маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории муосир ба ҳисоб меравад.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон идоракунии Президенти ин зуҳуротҳои ҳуқуқие мебошад, ки аз қабули Эъломияи соҳибихтиёрии ҶШС Тоҷикистон, аз 24 августи соли 1990, ки дар худ арзишҳои сиёсиву ҳуқуқии давлатдории навинро таҷассум менамуд оғоз мегардад.

Таъсиси ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ва далели шинохти ниҳодҳои давлатию сиёсии кишварҳои демократӣ мебошад.

Пас аз истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик бунёди давлатдории навини худро поя гузошт. Раванди ин давлатсозӣ тавассути санади олии ҳуқуқӣ - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки танзимкунандаи муҳми муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муайянкунандаи асосҳои сохтори далатӣ ба ҳисоб меравад амалӣ карда мешавад. Мутобиқ ба қисми дуюми моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад».[2.]

Дар моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. [2.]

Дар давлатдории тоҷикон ниҳоди Президент падидаи нав ба ҳисоб рафта, дар баробари Сарвари давлат, инчунин ҳокимияти иҷроияро роҳбарӣ менамояд.

Чуноне ки маълум аст дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ дар сарзамини Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ хуруҷ намуд, ки он аз ҷониби қувваҳои хориҷӣ бар сари миллати тоҷик таҳмил гардид. Ин фоҷиаи фалоктбор ба тамоми сатҳи ҳоҷагии халқи Ҷумҳури таъсири худро расонида ҳатто мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро зери суол қарор дод.

Ба тақдири миллати тоҷик дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардида, баъдан ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон интихоб шуд. [4.263] Аз ибтидои фаъолияти хеш ин шахсияти таърихӣ баҳри ба ҳам овардани миллати тоҷик кўшиш намуданд. Сайъу талошҳои Сарвари давлат имконият фароҳам овард, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони тозаистиқлол хомўш гардад. Ва тамоми самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва низоми идоракунии кишвар ба маҷрои муназами фаъолият ворид гардиданд.

Ин хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисторо ба инобат гирифта халқи тоҷик Сарвари давлати худро ба унвони Пешвои миллат мушараф гардониданд. Ниҳоди Пешвои миллат дар асоси санади ҳуқуқӣ Қонуни кониститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат», мустаҳкам карда шудааст. Дар моддаи 2-и қонуни мазкур омадааст: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.[3.]

Мутобиқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия дорои як қатор салоҳиятҳое мебошад, ки раванди идоракунии давлатӣ ва самти фаъолияти дохилию хориҷии кишварро роҳбарӣ менамояд. Фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои Конститутсия ба ташкил ва фаъолияти ҳокимияти қонунгузор низ алоқаманд мебошад. Аз ҷумла, Президент интихоботҳои навбатӣ ва ғайринавбатиро дар парлумони ҷумҳуриявӣ таъин менамояд; комиссияи марказии интихоботиро ташкил медиҳад. [1.15.]

Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои васеъро дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва нашри қонунҳо доро мебошад.

Салоҳиятҳои конститутсионии Президент самти роҳбарии фаъолияти ҳокимияти судиро низ дар бар мегирад. Мутобиқ ба қисмҳои 8 ва 12-и Моддаи 69-и Конститутсия Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон “Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд”. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод мекунад. [2]

Тавре аз муқаррароти конститутсионӣ бар меояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳамчунин сиёсати ҳориҷии давлатро низ бар уҳда дорад; давлатро дар муносибатҳои байналхалқӣ намояндагӣ мекунад; бо кишварҳои ҳориҷӣ гуфтушунид мегузаронад; шартномаҳо ва созишномаҳои байналхалқӣ баста, барои ба тасвиб расонидан ба парлумони кишвар пешниҳод мекунад; ифтихорномаҳои тасвибиро имзо менамояд. [4.174.] Президент бо розигии кумитаҳои парлумон оид ба корҳои байналмилалӣ, намояндагони дипломатии Ҷумҳуриро дар кишварҳои хориҷӣ, дар назди созмонҳои хориҷи ва байниҳукумати тайин ва бозхонд менамояд.

Президент ифтихорномаҳои эътимодиро, ки дар назди ў аз тарафи намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ номнавис шудаанд, қабул менамояд.

Дар соҳаи амнияти миллӣ ва мудофиаи давлатӣ бошад, Президент Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Маҳз ҳамин салоҳиятҳои конститутсионии президентӣ аст, ки нақш ва мақоми ин ниҳодро дар идораи давлатӣ муассир гардонида, баҳри эҳтиром гузоштан ба президенти кишвар заминаи ҳуқуқи пайдо мекунад.

Дар ин росто дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз заминаҳои ҳуқуқӣ ба ниҳоди президентӣ эҳтирому манзалат қоил буда, рӯзи 16 ноябрро ҳамчун рўзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст.

Воқеан таҷлили саннаҳои таърихӣ бахшида ба Сарвари давлат дар таърихи давлатдории тоҷикон натанҳо заминаи ҳуқуқӣ дорад, балки ҳамчун нишон эҳтиром ба роҳбари олии давлат, инчунин заминаи таърихию фарҳангиро доро мебошад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон, чунин таҷриба таърихан собит шудааст. Аз ҷумла тибқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ таҷлили ҷашни наврўзро маҳз ба рӯзи ба тахт нишастани шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Мутафаккири барҷастаи тоҷик Абурайҳони Берунӣ оид ба ҷашни Наврўз қайд менамояд, ки «ва боз ид будани наврўзро чунин гуфтаанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рўз бар он нишаст шуд ва ҷину шайётин онро бардоштанд ва ба як рўз аз кўҳи Дамованд ба Бобул омад ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рўзро ид гирифтанд». Аз ин мадорики таърихӣ бар меояд, ки таҷлили иди Наврӯз ба рӯзи бар тахт нишастани Шоҳ Ҷамшед бастагӣ дорад. [5.82.]

Аз ин рӯ, бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки таҷлил намудани рўзи президентӣ чун мақоми олии роҳбари давлат меросияти таърихӣ буда, эҳёи анъаноти аҷдодӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, бо таҳлили масъалаи мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки эълон доштани 16 ноябр ҳамчун рўзи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи фархунда ва талаботи саривақти буда, баҳри таҳкими давлатдории миллӣ шароити мусод фароҳам хоҳад овард. Дар ҳамин асно пешниҳод мегардад, ки ба хотири арҷ гузоштан ба ниҳоди Президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйрот ворид карда шуда “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба рӯзҳои ғайри корӣ гузаронида шавад ва дар кишари азизамон ин рӯз бо чорабиниҳои тантанавӣ ҷашн гардад.

Абдулхонов Ф.М. н.и.ҳ., Ходими калони илмии ИФСҲ-и АМИТ

Адабиёт:

1. Абдулхонов Ф.М. Ислоҳоти шакли идораи давлатӣ: аз президентӣ ба парламентӣ ва баргашт ба шакли идораи президентӣ. //Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди II. - Душанбе: “Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, 2019. – 430 с.

2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 бо таѓйиру иловаҳо аз 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016

3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с., 2016, №11, мод. 872)

4. Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд. Ҷилди IV, -Душанбе: “Матбааи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 2022. – 544 с.

5. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи анъанот ва ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз - Душанбе: 2022. – 250 с.