Перейти к основному содержанию

Бо мақсади боз ҳам рушд додани илми ватанӣ ва муаррифӣ намудани дастовардҳои илмӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зарур аст.

Қайд кардан ба маврид аст, байни Иститути астрофизикаи АМИТ ва Иститути астрономияи АИР Ёддошти тафоҳум ҷиҳати омӯзиши кайҳон бо мақсади осоишта ба имзо расидааст ва ин ҳама имконият медиҳад, ки таҳқиқотҳои муштараки кайҳон анҷом дода шаванд.

Аз санаи 11 то 18 – уми ноябри соли равон бо мақсади иҷронамудани корҳо дар доираи таҳқиқотҳои муштараки ИНАСАН-ИА АМИТ дар Расадхонаи астрономии байналмиллалии Санглох кормандони Институт Қоҳирова Г.И., Юлчиев А., Латипов М., Сафаров С. якҷоя бо кормандони ИНАСАН Карташова А.П., Копылов Е.А. ва Пузин В.Б. сафари хизматӣ анҷом доданд.

Дар доираи сафар мушоҳидаҳои астроиқлимии Расадхонаи Санглох ба роҳ монда шуда, мушоњидањои астрономии муштарак барои таҳқиқи омилҳои астероидҳои наздизаминӣ ва Тасмаи асосӣ дар телескопи Тсейс-1000 гузаронида шуд. Дар ин давра кормандони илмии ИНАСАН ба кормандони илмии ИА АМИТ нозукиҳои мушоҳидаҳои астрономиро омӯзониданд.

Ҳамкориҳо дар ин самт идома дошта дар пеш Семинари илмии муштарак бо пешниҳоди маърӯзаҳои илмӣ оид ба масъалаҳои мубрами омӯзиши кайҳон ба нақша гирифта шудааст.