Перейти к основному содержанию

Имрӯз (19.11.2024) сол таҳти ин унвон бо ташаббуси Институти фаслафа, сиёсатшиносӣва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ва Маркази Мероси хаттӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар Директори Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, Директори Маркази Мероси хаттӣ Давлатов Раҳматкарим ва инчунин як қатор олимон иштирок ва суханронӣ намудаанд.

Чорабиниро Директори Институти фаслафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ доктори илмҳои фалсафа профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин санаи фархунда яъне рӯзи қабули Парчами давлатӣ табрик намуда, қайд намуданд, ки мо баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлатии худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд.

Инчунин Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз доктори илмҳои сиёсӣ узви вобастаи АМИТ дар мавзӯи “Парчам рамзи давлатдории тоҷикон” маъруза намуда, иброз дошт, ки миллати тоҷик ҳануз аз замони қадим соҳиби парчами худ буданд ва онро чун рамзи озодию истиқлол ва саодати миллӣ гиромӣ медоштанд.

Дар идомаи мизи мудаввар номзади илмҳои фалсафа Сарходими илмии Шуъбаи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, Асрори Мирзошорух дар мавзӯи “Парчам - рамзӣ ваҳдату ягонагии миллат” баромад намуда, изҳор дошт, ки дар раванди ташаккули худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ моҳияти парчам бо омилҳои таърихиву фарҳангӣ пайваста гардида, мазмунан он ифодасозандаи ҳолати воқеии кишвар мебошад.

Инчунин Мудири шуъбаи иттилоот ва робитаҳои илмии Маркази Мероси хаттӣ Ғиёсиев Меҳриддин номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи Таърихи парчамдории Тоҷикон баромад намуда вобаста ба таърихи пайдоиши аввалин парчами аҷдодони тоҷик, парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ҷанбаҳои танзими ҳуқуқии он ибрози андеша намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ қайд карда шуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон зери парафшонии Парчами миллӣ, ки парчами сулҳу ваҳдат ва ҳамраъйиву якдилист, дар атрофи Президенти худ муттаҳид буда, дар роҳи бунёдкорию созандагӣ барои рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз устуворона қадам мегузорад.