Перейти к основному содержанию
Сохтмони Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун аз сӯи Идораи кулли энергетикӣ ва барқрасонии Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон дар соли 1968 барномарезӣ карда шуда буд. Моҳи сентябри соли 1976 корҳои сохтмонӣ дар маҳалли нерӯгоҳи Роғун, тавлиди турбинҳову мубаддилҳо дар Украина ва генераторҳо дар Свердловск оғоз шуданд, аммо бо баъзе сабабҳо он дар аввали солҳои 90-ум боздошта шуда буд. Қобили тазаккур аст,ки дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ва обхезиву селгирии 8 майи соли 1993 турбина ва оброҳу роҳравҳои зерзаминӣ қисман зери об монданд.

Дар оғози солҳои 2000-ум, Тоҷикистон баъд аз ҷанги дохилӣ ва дар давраи эҳёи иқтисод ва бозсозии фаъоли зербиноҳои ҳаётию муҳиммаш, тарҳи НБО - и Роғун - ро фаъолона ба шарикони хориҷияш муъаррифӣ кард. Дар давраи баъд аз ҷанги дохилӣ нерӯгоҳи Роғун ба нумоди эҳё ва бозсозии Тоҷикистон табдил гардид.

Дар соли 2004, дар ҷараёни сафари расмии В.В. Путин президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “РУСАЛ” тавоффуқномае барои сохтмони ин нерӯгоҳ имзо шуд. Баъд аз он, корҳои сохтмонӣ дар маҳалли нерӯгоҳ дубора оғоз шуд ва турбинаҳо аз обу рутубат пок карда шуданд. Аммо ба далели мухолифати ҳамсоягони бонуфуз ва рӯшан набудани сарнавишти корхонаи бузурги дигари Тоҷикистон – корхонаи алюминий ё ТАЛКО, танишҳо бар сари ин тарҳ боло гирифт. Ширкати “РУСАЛ” исрор дошт, ки навъи садди нерӯгоҳ тағйир ва иртифоъи он то ба 285 метр коҳиш дода шавад.

Соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талабот ва стандартҳои муосири бехатарӣ ба Бонки Ҷаҳонӣ барои ташхиси байналмилалии лоиҳа муроҷиат кард. Раванди музокирот ва омода кардани ҳуҷҷатҳо барои ин раванд тӯли 3 солро дар бар гирифт.

Асосноккунии техникии иқтисодӣ (TEAS) ва арзёбии таъсири муҳити зист ва иҷтимоӣ (АТЭИ) соли 2011 таҳти сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки ширкатҳои байналмилалӣ ва ду Гурӯҳи коршиносони мустақил – оид ба муҳандисӣ ва бехатарии сарбанд ва арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва экологӣ оғоз карда шуд.

Ҳадафи асосии ин таҳқиқот муайян кардани имконпазирии лоиҳаи пешниҳодшудаи НБО - и Роғун ва арзёбии мустақилона ва объективии лоиҳаи пешниҳодшуда бо назардошти омилҳои техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ мебошад. Ҳама ҳисоботҳои пешакӣ ва ниҳоии баҳогузорӣ барои НБО - и Роғун 1 сентябри соли 2014 интишор ёфта буданд, ки ба охир расидани раванди арзёбӣ мебошад. Тибқи ин арзёбиҳо, лоиҳаи сохтмони НБО - и “Роғун” ҳам аз ҷиҳати техникӣ, аз ҷиҳати экологӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии бехатарӣ эътироф карда шуд.

Дар соли 2008 Тоҷикистон бо нерӯ ва имконоти худ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун шурӯъ намуд. Дар моҳи январи соли 2010 ин корзори миллӣ барои фурӯши саҳмияи ин нерӯгоҳ ба роҳ андохта шуд. Дар тӯли як сол маблағи 820 миллиону 200 ҳазор сомонӣ аз саҳмия ҷамъ гардид, ки бо нархи он замон баробари 186,2 миллион доллари амрикоӣ буд.

НБО Роғун калонтарин нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он тавре дар боло зикр кардем соли 1976 оғоз гардидааст. Иқтидори лоиҳавии ин нерӯгоҳ ба 3600 мегаватт соат баробар буда, нерӯгоҳ дорои 6 агрегат (иқтидори ҳар як агрегат 600 мегават соат) мебошад. Рӯдхонаи барқи обии Вахш айни замон НБО-и Норакро дар бар мегирад, ки дар масофаи 70 км дар поёни Роғун ҷойгир аст ва дар поёноби Норак, сарбандҳои Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Головная ҷойгир аст. Тибқи маълумотҳои Бонки ҷаҳонӣ, Роғун умри НБО-и Норак ва рӯдхонаи Вахшро беш аз 100 сол дароз мекунад. Айни замон дар сохтмони НБО - и Роғун бештар аз 17261 нафар фаъолият мекунанд, ки 90% - и сохтмончиён сокинони маҳаллӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Аз ин шумора 1098 нафарашро муттахасисони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Роғун мактаби бузурги тарбиякунандаи мутахассисони ватанӣ маҳсуб меёбад ва дар ояндаи наздик ва ё ба фарҷом расидани сохтмони НБО - и Роғун талабот ба ин муттахасисони соҳаи гидроэнергетика дар минтақаи Осиёи Марказӣ меафзояд. Кадрҳое, ки дар Роғун ба дараҷаи муттахасисӣ расидаанд, тибқи маълумотҳо дар Қирқизистон, Миср, Русия ва дигар давлатҳо фаъолият доранд. Баландии дарғот ва ё сарбанди неругоҳ ба 335 м баробар буда, дар ҷаҳон баландатрин сарбанд ба ҳисоб меравад. Пас аз анҷоми он, сарбанд баландии умумии 335 метр (м) бо иқтидори тавлиди 3,780 МВт ва тавлиди миёнаи солона беш аз 17,000 гигаватт (ГВт) соат хоҳад буд. Ҷамъи масолеҳи истифодашуда ба сарбанди нерӯгоҳ 80 млн тоннаро ташкил медиҳад. Дарозии сарбанд 1800 метр буда, ҳангоми пурра ба итмом расиданаш пики сарбанд 20 метрро ташкил медиҳад. Паҳноияш бо баланд шудани сарбанд иваз мешавад. Ядрои он 80 метр аст, ки масолеҳи хобондашуда то баландии 30 см хобанда мешавад ва ду тарафи ядро бо баландии 40 см маводи сохтмонӣ рехта шуда, баъди анҷоми он пурра санҷида мешавад ва баъдан барои гузоштани қабати дигар иҷоза дода мешавад. Обанбори Роғунро бо ҳаҷми умумии 13,3 км³ ва ҳаҷми муфиди 10,3 км³ ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои Бонки ҷаҳонӣ барои пур кардани ҳаҷми ниҳоии 13,3 км³ тақрибан 16 сол лозим аст. Барномаи муҳоҷиркунонӣ дар маҷмӯъ 69 деҳаро аз навоҳии Роғун, Нуробод ва Рашт дар бар мегирад, ки бояд то соли 2032 пурра ба анҷом расонида мешавад. Дарозии умумии тунелҳо бештар аз 100 км – ро ташкил медиҳанд. Дар Роғун 50 ташкилот фаъолият доранд, ки аз ин шумора 13 тояш ширкату ташкилотҳои хориҷӣ ба шумор мераванд. Неругоҳи Роғун аз чор ЛОТ иборат аст, ки ҳар кадоми он аз ҷониби ташкилотҳои гуногуни маҳаллӣ ва хориҷӣ сохтмонаш идома дорад.

НБО – и Роғун ба рукни асосии низоми барқии Тоҷикистон табдил ёфта, барои мусоидат ба декарбонизатсияи системаҳои барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ иқтидори назаррас дорад. НБО – и Роғун таъминоти боэътимоди нерӯи барқро барои қонеъ кардани талаботи афзояндаи дохилӣ бо арзиши дастрас таъмин хоҳад кард, ки ин тавассути банақшагирии муфассали тавлиди камхарҷ тасдиқ шудааст. Обанбори калон инчунин хидматрасонии мувозинати шабакаҳои барқро таъмин намуда, устувории тамоми НБО-и Вахшро, ки 95 фоизи ҳаҷми умумии тавлиди обии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, тавре дар боло ишора кардем, беҳтар мегардонад. Интизор меравад, ки НБО – и Роғун дар сатҳи минтақавӣ дар декарбонизатсияи шабакаҳои барқии Осиёи Марказӣ, ки айни замон барои нерӯи барқ ​​ба ангишт ва газ такя мекунанд, нақши муҳим мебозад. Неругоҳи барқи обии Роғун лоиҳаи ба содирот нигаронидашуда буда, дар назар аст, ки тақрибан 70 дарсади тавлидоти умумии тавлидот содирот мешавад ва аз ин рӯ як қатор бартариҳоро пешкаш мекунад: (1) энергияи сабз ва боэътимоди он ба коҳиши хароҷоти интиқоли нерӯи барқ ​​дар Қазоқистон ва Ӯзбакистон мусоидат мекунад; (2) он ба ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили офтоб ва шамол (дар дохили кишвар ва минтақавӣ) мусоидат мекунад; (3) он амнияти энергетикиро тавассути рушди бозори минтақавии нерӯи барқи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо имзои созишномаҳои дарозмуддати хариди нерӯи барқ барои таъмини нерӯи барқ ​​тақвият хоҳад дод; ва (4) он як ҷузъи калидии лоиҳаи дигари аср CASA – 1000 мебошад, ки минбаъд интиқоли неруи барқи Осиёи Марказӣ то Афғонистону Покистон тақвият меёбад. Азбаски НБО – и Роғун як қисми ҷудонашавандаи рӯдхонаи Вахш аст, ки дар шохоби дарёи Амударё ҷойгир аст, он инчунин иқтидори пешбурди манфиатҳои муштаракро дар байни кишварҳои соҳилӣ дорад. Бо риояи талаботи созишномаҳои мавҷуда оид ба тақсими об байни ҳамсояҳо, метавонанд ба минтақа аз ҷиҳати таъмини нерӯи барқ, рафъи обхезӣ ва эътимоднокии баланд бардоштани обтаъминкунӣ барои обёрӣ ва истифодаи маишӣ фоидаҳои назарраси иқтисодӣ ба даст оранд. Бо вуҷуди ин, протоколҳои амалиётии оянда аз кишварҳо талаб мекунанд, ки бо дарназардошти бархӯрдҳои иқтисодӣ барои истифодабарии рӯдхона дар байни ҳадафҳои идоракунии обхезӣ, обёрӣ ва тавлиди энергия ва барои кишварҳои ҳавза як равиши қобили кор пайдо кунанд. Ниҳоят, бо назардошти манфиатҳои муштарак ва якҷоя дар минтақа, НБО - и Роғун аҳамияти бузург дорад, ки дар ҳамкориҳои минтақавии идоракунии об дар минтақа саҳм гузоранд.

Аҳамияти стратегии НБО – и Роғун барои Тоҷикистон аз нигоҳи ин ҷониб дар он зоҳир меёбад:

1. Ҳангоми сохта ба охир расидани НБО – и Роғун ҳадафи сеюми стратегии Тоҷикистон ба “Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ” комёб мегардад;

2. НБО – и Роғун Тоҷикистонро ба қудрати гидроэнергетикии минтақа табдил медиҳад;

3. Тоҷикистонро ба хаби электрикии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил медиҳад;

4. Тоҷикистонро ба кишвари калидии дипломатияи об, гидрополитика, энергополитика табдил медиҳад ва Тоҷикистон аз обеъкти геополитикӣ ба субъекти геополитикӣ табдил меёбад.

Шарифов Искандар - ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ