Перейти к основному содержанию

“Обшавии босуръати пиряхҳо, ки яке аз манбаъҳои асосии оби тоза мебошанд, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об бар асари афзоиши теъдоди аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ, метавонад боиси оқибатҳои бағоят манфӣ гардад. Возеҳ аст, ки ин масъалаи доғ бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ қарор дошта бошад”.

Эмомалӣ РАҲМОН

Бахшида ба эълон гардидани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”

Мусаллам аст, ки маҳз натиҷаи саъю кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 14 - уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории Иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд бо иттифоқи оро қабул кард.

Ҳамин тариқ, иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид якдилона пазируфта шуд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни баргузории нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътирофи обу иқлим Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иброз дошта буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо, дар радифи зиёдтар гардидани истеъмоли об, ки аз афзоиши босуръати аҳолӣ ва инчунин рушди иқтисодӣ марбут аст, дар натиҷа метавонад, ки ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

Маҳз бо дарназардошти ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтавои худ зикр карда буданд, ки айни замон обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ марбут аст, дар натиҷа метавонад, ки ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бинобар ин Роҳбари давлати тоҷикон зимни баромади худ пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан дар ин хусус дар сатҳи байналмилалӣ эълон доштан ва таҷлили “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва инчунин ҳамасола баргузор намудани “21-уми март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, бар замми ин дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Хазинаи боварии байналмилалӣ барои саҳмгузории ҳифзи пиряхҳо ва ҳамзамон соли 2025 баргузор намудани Конфаронси сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба масоили ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ва инчунин дигар чорабиниҳои марбут ба ин масоил баргузор карда шаванд.

Бояд қайд кард, ки қабули чунин Қатъномаи муфид ва саривақтӣ бо ибтикори бевоситаи Роҳбари дурандеш ва хирадпешаву башардӯсти мо њамзамон як платформаеро ба вуљуд овард, ки олимон, муҳаққиқон ва кулли љомеаи љањониро вазифадор менамояд, ки ба масъалаи роњњои омўзиш, таҳқиқ ва њифзи пиряхњои ҳудуди кишварамон боз ҳам љиддитар машѓул гардида, њамзамон ба таври мушаххас ва бо далелҳои илмӣ ва дақиқу асоснок онро дар амал татбиќ намоянд.

Дар раванди эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» тибқи иҷрои дастуру ҳидоятҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22-юми декабри соли 2017 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27-уми марти соли 2018 таҳти рақами 162 ва инчунин Қарори махсуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз санаи 23-юми апрели соли 2018 Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин рӯйдоди басо муҳим дар ҳаёти стратегии кишвар, воқеан як воқеаи басо ҳам фараҳбахш ва ниҳоят муфид маҳсуб меёбад.

Маркази мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор бо дарназардошти мавқеи занон дар татбиқи сиёсати давлат ва инчунин бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа бонувонро низ ба масоили омӯзиши пиряхҳои ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз марзи кишвар ба таври мунтазам сафарбар менамояд, ки анъанаи нек маҳсуб меёбад.

Бояд қайд кард, ки бо ин мақсад аз рӯзи таъсисёбии маркази зикршуда ҳамзамон дар назди он Анҷумани “Бонувони пиряхшинос” ташкил карда шуд, ки айни замон дар он беш аз 16 нафар бонувони донишманду далеру шуҷоъи маркази номбурда шомил мебошанд. Барои далел бонувон дар ҳамаи чорабиниҳои марбут ба масоили ҳифзи пиряхҳо саҳми муносиби худро гузошта, ҳамзамон онҳо ҷиҳати ба роҳ мондану ташкили экспедитсияҳои минтақавӣ ба пиряхҳои ҷумҳурӣ ба таври фаъолона ширкат варзида, ҳамзамон дар баландиҳои то 5500 метр аз сатҳи баҳр корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ба анҷом расониданд.

Ҳамин тариқ, саҳми назарраси бонувон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани омодагиҳо ба баргузории ҷашни дар пеш истодаи “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бениҳоят калон аст.

Барои мисол айни замон бо ҳамкории шарикони рушди устувор дар Маркази мазкур озмоишгоҳи изотопӣ амал менамояд, ки дар он дастгоҳи замонавии “ПИКАРО” фаъол буда, ҳамзамон омӯзиши параметрҳои он ба роҳ монда шудааст, ки инчунин бонувони Марказ ҳамарӯза омӯзиши ионии таркибии маводро азхуд менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ташкил ва гузаронидани дарсҳои кушод, озмунҳо ва конференсияҳо бахшида ба “Соли 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣва инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ гузаронида шуданд, ки дар рафти баргузории ин чорабиниҳои муфид мактаббачагон фаъолона ширкат варзида дар ҷамъбасти он аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бар замми ин мунтазам бонувони марказ бо тарзҳои фосилавӣ –зондиронӣ омӯзиши пиряхҳои набзонӣ, пиряхҳои бо морена пӯшидашуда, саҳми пиряхҳо ба иқтидори гидроэнергетикии пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон, вазъи гидрологӣ ва метеорологии ҳавзаи дарёи Ванҷ, омодасозии бюллетенҳо вобаста ба параметрҳои метеорологӣ, радиатсионӣ ва динамикии пиряхҳои калонтарини Тоҷикистонро ба таври доимӣ ба роҳ мондаанд.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷроиши иқдомҳои беназири сатҳи байналмилалӣ аз қабили таҷлили “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва инчунин ҳамасола баргузор намудани “21-уми март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби бонувони Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мунтазам иҷро гардида истодааст ва ҳамзамон занони пиряхшиноси кишвари зебоманзару дорои кӯҳҳои сар ба афлоку соҳибиқболу соҳибистиқлоламон дар ин самт саҳми муносиби хешро мегузоранд.

Адолат ДАВЛЯТОВА, - ходими илмии Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»